Либос нишони одамият?

       Давраи донишчуии ман ба охири солхои  90-ум рост омад. Холо хам ба ёд дорам, ки чи гуна аз манзиле ба манзил, аз махаллае ба махалла мекучидем. Дар махаллахои Чашмасор, Рудаки, Гоголь, Фурудгохи кухна, кучаи П. Сулаймони, Тунис, И. Сомони ва  Бадахшон ичоранишин будем. Аз як манзил агар худамон рафта бошем, аз дигараш моро пеш кардаанд: гох хонаашонро фурухтани мешуданд, гохо ичоранишини серпултаре меёфтанд ва гохо ба чои мо, ки чанд чавонписар будем, духтарони зеборо ба ичора мегирифтанд. 

Хатто холате хам буд, ки баъди дарс вакте ки мо ба хонаи ичораамон омадем, ончо занеро бо  кудаконаш дидем, ки дарро кушода, рохат менишастанд.  «И  хонаи додармай, хонама карздорои шум кашида гирифтан, омадем ича….» У дигар кор надошт, ки додараш каблан барои се мох пули моро гирифта буду мо хамаги 1 мох буд, ки ичоранишинем!

Хамааш гузашт. Гурусна дарс рафтанхо, шабнишинихо, «маслихатхо»  бо муаллим, интизории автобусу троллейбус ва мисли инхо. Аммо он вакт ба ёди ман нест, ки касе аз устодон моро барои сару либосамон аз дарсхона пеш карда бошад. Мо -хамкурсон хамаги аз оилахои мардуми миёнахоле будем, ки бо маоши кам зиндаги мекарданд. Галстук намебастем ва шими чинс  хам мепушидем. Лекин дар хона ним тахтаи синфи доштем, ки дар он дарс тайёр мекардем, накша мекашидем, ба машгулиятхои иловаги мерафтем, аз китобхонаи факулта хам китоб мегирифтем…

Бовар кунед, ки ин гуна «чидди»  шудани масъалаи сару либоси донишчуёнро ман фахмида наметавонам. Ман медонам, ки агар  масалан, дар Академияи милиса тахсил кунам,  бояд либоси милисаро пушам, ман медонам, ки коргоху муассисахо вобаста ба низомнома ва талаботи дохилиашон тартиб ва коидахои либоспуши доранд. Аммо ман намедонам, ки либос ба савияи дониши донишчу  чи робита дошта метавонад? Гузашта аз ин мувофикат накардани шиму костюму курта ва  галстуки «хатми» -и донишчуёнро  хам намефахмам.

Дируз дар шабакаи facebook  номаи донишчуеро гузоштанд, ки  бе гуфтани ному насабаш  онро ба идораи як хафтанома фиристодааст. Уро муовини декан аз дарс пеш кардааст. Бечора донишчу хайрон аст, ки чи кор кунад: бо либоси «хатми»  ба дарс рафта аз хунуки бемор шавад ва ё либоси гарму зимистона пушида, берун аз синфхона  монад?

Хаёли ман, ки бо чори кардани хамин коидаи «нестандарчахон»  (ва баъди он хам) аз чанд омил сарфи назар шудааст:

·         Донишчу ва волидони у барои харидории чанд шиму костюм ва мувофики он галстук кудрат ва имкони моли доранд? (Ё худ бехтар нест, ки донишчу озодтар либос пушаду хар хафта бо се  чор намуд сару либос ба дарс ояд нисбат ба он ки бо як шиму костюм ва галстуки арзону бесифат  донишгохро хатм кунад? Ректору декану муовинонаш ба андешаи шумо хар руз хамон як галстуку шимро мепушанд?)

·         Донишчуе, ки чанд соат пештар довталаб ва як бачаи оддии дехоти буд, метавонад, ки бо гузашти чанд соат худро комилан дигар кунад? Боз хам дар холе ки вазъи молиявии баъзе оилахо инак чанд сол аст, ки бетагир аст!

·         Чаро донишчуён пахтаву  сохтмону маршировкаро ба «калла» мегиранду либоспушии хатмие, ки холо чори аст, онро не? Онхо колаби будан намехоханд ва ё масъулон нодуруст «мачбур» карда истодаанд? (Хаёли ман, ки агар хамин корро мачбури неву бо шухи ва ба кавли чавонони имруз бо «прикол» анчом медоданд, натичаи бехтаре ба даст меомад!🙂 )

·         Онхое, ки донишчуёнро аз дарс пеш мекунанд,  дар бораи мувофикат кардани либосхои гуногунранг бо хамдигар, бо галстук, бо пойафзол ва мисли инхо  чи кадар иттилоъ ва то кучо маълумоти дакик доранд? Ва оё боре бо донишчуашон дар ин маврид сухбат кардаанд?

·         Агар хамин тагиротро ба тадрич чори мекарданд, чи мешуд?

·         Дар чанд муддате, ки ин коида амал мекунад, чанд фисад сатхи дониш ва савияи маърифату фарханги донишчуён боло рафтааст? Кани омор? (Баракс, донишчуёне «машхур» шуданд, ки одамро куштанд, героин мефурухтанд ва дуздиву горат мекарданд.)

·         Ба андешаи Шумо (- онхое, ки аз дарс донишчуро пеш мекунед!) донишчу намехохад, ки чанд чуфт либоси зебо ва арзанда дошта бошаду онро пушад? (Дар холату вазъи  имрузи хизматрасонии наклиёт  хохиши омузиш доштан ва ба дарс рафтани донишчу худаш арзандаи тахсин аст!)

·         Мачбуркунии «ихтиёри», ки имруз хаст, колаби ва саркубу андешакуб кардани донишчу нест? Агар чунин шуморем, ки  ин амал  поймол сохтани хукуку озодии шахс нест! (Дар холе, ки хама дар хама чо кушиш мекунанд, ки насли чавонашон озодандешу рангинхаёл ва на колаби бошанд!)…

Шуморо дар Донишгохатон мачбур мекунанд, ки хамеша либоси расми  пушида, галстук бандед?

Ман бо хамин савол ба донишчуёне мурочиат кардам, ки дар Руссия тахсил мекунанд:

·         Мархамад Балаев — донишчуи бахши панчуми Донишгохи Давлатии иктисод ва молияи шахри Санк-Петербург :

-Дар донишгохи мо тарзи либоспуши комилан озод аст, хамон тавре, ки  хохем,  ба дарсхо меравем…. Хатто бо ришу баъзан либосхои дарида хам. Мухим дар донишгохи мо савод аст…

·         Фарход Олимов — донишчуи соли сеюми Донишгохи Давлатии шахри Самара.

— Дар Донишгохи Давлатии ш.Самара, ки ман мехонам, либоси муайяни расми ва хатми нест. Тарзи пушидани либос тамоман озод аст. Мо метавонем  хатто ба шортихое, ки бо вай дар пляж мегардем, ба дарс дароем. Инчунин дар тамоми Донишгоххои дигари шахри Самара ва умуман кариб хама муассисоти олии Россия пушидани тамоми намуди либос озод аст. Дар миёни муаллимони мо  хам онхое, ки галстук доранд, кам хастанд.

       Ман фикр мекунам, ки замони донишчуи дар баробари замони тахсилу тадрис замони ёфтани роху равиши зиндаги хам хаст. На хама аз руи ихтисосаш кор мекунад, аммо аксарияти онхое, ки  муассисахои олиро хатм мекунанд, як роху вазифаву машгулиятеро дар ин шахр пайдо мекунанд, ки сабаби рузгузарони ва бехтар сохтани вазъи ичтимоии худашону оилахояшон аст. Бехтар аст, агар барои онхо дар ёфтани хамин роху равиш кумак кунем, бигзор у бо мошин хам ба дарс наояд, рохи конунии пул ёфтанро барои харидани мошин ёд бигирад, бигзор у фарханги либоспушии мардумони оламро донад, бигзор бо Интернет сару корро ёд бигирад (якчо бо аксарияти устодонаш албатта!), забонхои гуногунро омузад, фикрашро озод ва бе тарси он,  ки уро аз донишгох хорич мекунанд, ба хар кас ва дар хар кучо,  масалан дар ВАО гуфта тавонад…

Холо хамин тавр шудааст, ки донишчу бештар кушиш мекунад, як галстукро баста, ба дарс раваду «худро нишон  дихад». Яъне, таваччухи бештараш ба он аст,  ки чи бояд пушад, пулро барои шиму костюми хуб ва галстук аз кучо гирад?

Максади ин коида  агар «замонави»  ва «шахри»  кардани донишчу аст, пас бояд пушидани шиму костюми аз 1000 сомони арзонтар, галстукхои ба куртаву шиму кастюм мувофикат накунандаи арзон, пойафзолхои хитои ва на чарми, муйи сари бо 5 сомони кутох кардашударо хам манъ кунанд!?

    Акнун фикр кунед, ки ин хама мачбуркуниву ташвишу тахлука ва аз дарс пеш карданхо дар холест, ки донишчуи имруз на  стипендияи «халол» дорад, на шароити хуби зиндаги, на чои кор (якчоя бо тахсил ва хатто баъди он!)…ва на мошину на телефони мобили!

Хулоса, донишчуи мо бояд аввалтар аз хама аклу  саводу хирад ва имкону шароити  арзандаву сихатии комил дошта бошад. Он вакт бо доштани мошину телефон, либоси чинсу хатто шорти хам дигар масъулиятшиносу ояндадору «бехавф» хохад буд!

Дар анчоми ин мавод ман чанд далели шавковарро вобаста ба донишчуён меорам:

  • Донишчуён дар Чеченистон чанд ранг либосе доранд, ки дар он рамзи муассисаи олии таълимиашон  мавчуд аст. Духтарон бошанд, руймол доранд.
  • Дар Донишгоххои Оксфорд ва Кембридж анъанаи кадимаи либоспуши мавчуд аст. Онхо аз пушидани хамон либос ва кулох фахр мекунанд.
  •  Дар шахри Коимбраи Португалия баъди хатми Донишгох мухассилин лентахоеро, ки рамзи факултахояшон аст, дар зарфи калоне месузонанд ва бо ин гуфтани мешаванд, ки хаёти донишчуиашон ба охир расид.
  • Дар Донишгохи Вроцлав (Польша) донишчуён шаби дипломгириашон ба як мучассаме, ки дар сахни Донишгохашон хаст, либосхои чандаву дарида мепушонанд. Ин ба хукми анъана даромадааст.
  •  Дар Донишгохи Йельск баъди имтихони хатмкуниро супоридан донишчуён дав ташкил мекунанд. Шарт хамин аст, ки онхо бояд дар ин давидан либос надошта бошанд. Бале, луб-лучи модарзод медаванд!
  • Дар Донишгохи Оксфорд як анъанаи кадимае хаст, ки мувофики он  донишчу хангоми имтихон  метавонад аз устодаш як бокал пиво талаб кунад. Ин тартиб дар ин муассисаи таълими хануз дар асри 18 чори шуда буд.
  • Донишчуёни чопони хангоми имтихон бо худ як шоколади «Kit Kat» мегиранд. Бояд гуфт, ки худи ибораи «kitto katsu» дар талафузи чопони маънии «галабаи бе чуну чаро» -ро доштааст.
  • Дар Норвегия маълумоти олиро бепул гирифтан мумкин аст. Илова бар ин давлат барои донишчуён стипендия мукаррар карда, ба онхо замони донишчуиашон карз (кредит) медихад, ки камбудихои рузгорашонро бартараф кунанд.
  • Сину соли миёнаи донишчуён дар Шветсия калонтарин дар Аврупо аст -25,5 сола!

-Муаллим либоси сафедеро, ки як доги сиёхи хурде дошт, ба шогирдонаш  нишон медихад ва мепурсад, ки чиро мебинед?

Онхо хама чавоб медиханд, ки «доги сиёхро»

Муаллим афсус мехурад, ки  дар чанд сол натавонистааст ба шогирдон амикназариро омузонад. У мегуяд, ки «ягон нафари шумо нагуфтед, ки ман либоси сафедро мебинам!»

Онхо як нукта доги сиёхро диданду як майдони сафедро аз он либос не!

комментариев 7

  1. Бисер ба маврид кайд гардидааст! Хуб мешуд, ки диккати чиддиро на ба сару либос, балки ба шууру саводнокии донишчуен диханд. Ба назар мерасад сатхи пасти дониш. Аммо сад афсус, ки махсулини муассисахои таълимии оли ба ин масъалахо эътибори чидди намедиханд…..

  2. бехтарин мавод. намешавад дар мачаллахои серхонанда нашр созед?

  3. Салом акаи Субхон.Ба шумо саволи кутохакаке дорам,Оё ягон вакт мешавад,ки радиои точикро низ тарики интернет яъне ба таври онлайн мо гуш кунем?

    • Cаломалейк….Мо хушбахтона хамин гуна Радио дорем, ки пахши он лайн дорад. Аммо мутаасифона ин Радиои «Ватан» нест🙂

      • Хеле хурсанд мешудем,агар радиои Ватан хам пахши онлайн медошт

  4. Ташаккур, акаи Субхон, ки гами мо донишчуёнро акаллан Шумо мехуреду, моро дастгири мекунед. Дар мо одат кардаанд, ки донишчуи бечораро хама танкид мекунаду хама айбро сари мо бор мекунанд. Гуё ки донишчуи хозира намехонда бошаду оянда мутахассиси хуб намешавад. Аммо мухтарам масъулин (Вазир-ректор-муовини ректор-декан-омузгор ва г.) фикр намекунанд, ки оё худи онхо вазифаи худро ичро карда истодаанд ё не. 100% бовари дорам, ки агар шароити мусоид фарохам оранд, донишчуи ТОЧИК бо донишу малакаи худ дунёро тасхир мекунад!!! Аммо масъулин одат кардаанд ба дуругнависиву дуруг хисобот доданхо….. Масалан, ман боварии комил дорам, ки дар ягон донишгохи кишварамон барои корхои илми-тадкикоти лабораторияи бо хама лавозимот мучаххаз мавчуд нест!!!! Аммо масъулин ба «боло» хисобот медиханд, ки хама шароит фарохам аст….Хуллас, масъулини мо бо галстуку ришу муйи сару телефону мошини студент банд хастанд….дигар кор надоранд!

  5. Ман модари ду донишчуй хастам ва бисер мехостамки дар донишкадахои Чумхуриямон хам мисли дигар давлатхо( россия, америка …) либоси озодона бошаду таълими хубтар, аз донишчуен бисертар дарс талаб кунанд

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: