Бакои зиндаги!

Бахшида ба 80 солагии доктори улуми иктисод, профессор –

Облокул Тошев

Огоз:

            -Инсонхои бузург шабехи ситораанд, ба онхо замони афтиданашон таваччух мекунанд. 

-3 сол аст, ки он донандаи хуби улуми иктисод, доктор ва профессор миёни мо нестанд. Он кас ними умри бобаракати худро барои тарбияи насли чавон сарф карда буданд. Устод дар  чанд муассисаи олии таълимии Точикистон бо эхсоси баланди масъулиятшиноси чанд насли мутахасисро  ба воя расонидаанд. Зери назари у ва бо рохбариашон чандин нафар рисолахои номзади ва доктории худро химоя кардаанд. 12 феврал профессор Облокул Тошев мебоист 80 сола мешуданд…

(зиндагинома) 

            «-Облокул Тошев. Дар оилаи хизматчи таваллуд шудааст.  Соли 1939 тахсилро дар мактаби миёнаи  ба номи С. Разин огоз мекунад. Соли 1950 мактаб-интернатро хатм карда, ба факултаи географияи Институти педагоги (холо Донишгохи омузгории ба номи С. Айни) дохил мешавад. Баъди хатми курси пурраи он ихтисос бо тавсияи Вазорати Маорифи халки Точикистони Шурави ба мактаби ба номи Жданови шахри Кургонтеппа ба хайси муаллими фанни география ба кор фиристода мешавад. Аз он чо соли 1954 ба аскари меравад. Баъди адои хизмат соли 1957 дар шуъбаи чавонони донишчуи КМ Иттифоки Чавонони Комсомоли Ленини ба хайси Инструктор кор мекунад. Аз мохи августи соли 1957 то мохи сентябри соли 1960 дар мактаби хизбии шуравии назди Кумитаи Ичроияи Хизби Коммуниссти Точикистон аз иктисоди сиёси дарс мегуяд. Баъди бархам хурдани ин мактаб Облокул Тошевро ба кафедраи иктисоди сиёсии Институти Давлатии Педогоги мегузаронанд. У он чо муаллими калони кафедра буд.  Аз 15 ноябри соли 1962 то 2 июли соли 1964 асспиранти Донишгохи Давлатии шахри Маскав буда, хамон чо рисолаи номзадии худро химоя мекунад. Баъди химоя низ дар  кафедраи иктисоди сиёсии Институти педагоги фаъолияти омузгории худро идома медихад. Соли 1967 тарики озмун ба макоми доцент, профессор ва декани факултаи гоибонаи Институти хочагии кишлок (холо Донишгохи аграрии Точикистон) мерасад. Соли 1973 Облокул Тошев рисолаи Доктории худро  дар Институти иктисоди Академияи улуми СССР  химоя  мекунад. Дар макоми декани факултаи гоибона дар Институти хочаии кишлок  то соли 1981 кор  мекунад.  Аз мохи апрели соли 1981 бо тарики озмун ба макоми мудири кафедраи иктисоди сиёсии Институти педагогии шахри Душанбе  мерасад. 23 октябри соли 1998 Облокул Тошев академики АУ омузгори ва итимои интихоб мегардад.  Аз чониби у маколахи зиёди илми ва 6 монография дар мавзуъоти гуногуни иктисоди чоп шудааст. Чандин нафар олими чавон махз зери рохбарии илми ва назорати Облокул Тошев рисолахои илмии худро химоя карданд.»

12 феврали соли 1932. Точикистони Шурави. Панчакенти бостони. Он руз дар оилаи раис — Накиб Тошев ва хамсараш Анзурат ид буд. Онхо писардор шуданд. Ин писар хеле хостаниву эрка буд. Зеро кабл аз у раис ва хамсарашон писарчаи нахустини худро аз даст дода буданд. Навзодро Эркин мегуфтанд. Эркин ин кадар дустдоштаи падар буд, ки хатто гуноху хатоаш дар кудакиву навраси аз чониби падар бе чазо мемонд.

 «Эркини ман, одами бузург мешавад» -ин чумларо падар доимо такрор мекард. Ва гуё хамин чумла хам хитоб ба модар буд, ки кам –кам пинхони аз падар Эркини шухро барои кадом гуноху хато  сарзаниш мекард ва хам гуё дуои неки падар буд, ки баъд мустачоб гашту Эркинро маъруфу  машхуру донишманд кард.

Облокулро дар мухити оила падар хамеша Эркин ном мебурд. Дусташ медошт, дуои некаш медод, ба у бовар дошт, медонист, ки Эркин хамин мухаббатро, ки аз у мегирад то зиндагии шахсиаш мебарад, ба фарзандонаш кисмат мекунад, ба шогирдонаш арзони медорад…                   

Чанги 2-юми чахони нагузошт, ки падар канори 3 фарзанди ба ноз парварида бошад ва рафт пайи химояи марзу буми Ватан. Эркин, ки акнун писари калону сарвари оила буд, барои таъмини маишати модару ду хамшираи дигараш дар пахлуи модари колхозчи ва мехнатии худ рост шуд. Дар ин хол у наметавонист, ки тахсилашро дар мактаб-интернат идома дихад. Падарро ёд мекард, номахояшро аз фронт интизор мешуд ва баргашта мехонд. Хамаи онхо пур аз мехр, самимият ва хумор буданд — мехру хумори дидор, огуш ва фазову чехраи гарми оилаву наздиктарин нафарон. Облокул дар хар нома сатреро махз барои худ пайдо мекард. Он охирин дуо, насихат ва васияти падари бузургашон буд:

«-Писарам, чигарбандам, ба модарату наздиконат  кумак намо, бо мехнати халол зиндаги кун ва новобаста ба хама гуна холату вазъ тахсилро идома дех, онро тарк накун, ман ба ту бовар дорад, умед дорам, ки инсони хубу бузургу ба обуру мешави…

Дуогуят, падарат Накиб Тошев, аз фронт»

            -Падари Облокул Тошев дар чанг ба халокат мерасад. У акнун рузона ба модар кумак карда, шабона тахсилро дар мактаб давом медод. Соли 1950 баъди хатми мактаб-интернат Облокул Тошев ба факултаи географияи институти педагогии шахри Душанбе дохил мешавад. Баъди хатми пурраи ин курс бо таъиноти Вазорати маорифи халки Точикистон ба шахри Кургонтеппа фиристода мешавад. У аз мохи август то мохи ноябри соли 1954 ба шогирдон аз фанни география дарс мегуяд. Баъди ин муддат замони хизмати худи у  низ дар сафи куввахои мусаллах фаро мерасад. Ду соли хизмати аскариро сарбаландона пушти сар карда, ба Душанбе бармегардад. Уро инчо чойи кор, дустону наздикон ва мухимтар аз хама – духтари зебое, ки баъд кисматашро бо у пайваст, интизор буданд. 

Он духтар баъдтар хама мухаббату самимиятро барои зиндагии орому зебо, тавлид ва тарбияи фарзандони солеху донишманд арзони медорад. Фарзандон дар тарбияи падари кордидаву мехнатдуст, модари мушфику гамхор мухаббатро ба волидон ва хамдигар, дилбастагиро ба мехнат ва дониш меомузанд. Облокул Тошев ва хамсари мехрубонашон ин кадар дилбаставу пайваста буданд, ки аввали рехлати дуюмиро дер тахаммул карда натавонист ва рафт гуё ба  сурогаш….

Облокул Тошев мохи июли соли 1964 баъди тахсил дар аспирантураи ДДМ ба номи М. Ламоносов зери рохбарии академик Евгений Иванович Капустин рисолаи номзадии худро химоя мекунад. Ин марди донишманд баъдтар рохбари кори илмии духтари устод Облокул Тошев –Д. Кандиёрова буданд. Капустин нисбат ба ин  чавони дидадарои точик эхтиром ва боварии зиёд дошт, ки он ба дустии бегаразона ва самимияти хос табдил ёфт. Он ин кадар поку табии  буд, ки хатто замони чанги шахрвандии Точикистон- замони нооромихои кишвари мо хам идова ёфту катъ нагардид.

Академик Е. Капустин шогирди вафодори худро дар макоми доктори улум дидан мехост. Ва хамин тавр хам шуд, ки баъди тахсилу такмили донишу тачриба Облокул Тошев рисолаи доктории худро хам дифоъ кард. Капустин мушовири илмии ин рисолаи доктори буд.

Доктор Облокул Тошев аз чавонони хеле матинирода ва донишманде буд, ки хануз дар сини 42 солаги ба макоми ДОКТОРИ ИЛМ расида буд. У аввалин нафар аз зодагони водии Зарфшони зархез буд, ки ба ин гуна макоми баланди илми сазовор шуда буд.

            Бояд гуфт, ки тули хамаи ин солхо аз аспиранти одди то профессори илм Облокул Тошев тахсил ва таълимро ба хам омезиш дода, дар чанд муассисаи оли ба шогирдон дарс мегуфт. Замоне дар институти педагоги ба хайси  муаллими калони кафедраи иктисоди сиёси, соли 1967 декани факултаи гоибонаи Институти хочагии кишлоки Точикистон, аз мохи апрели соли 1981 тарики озмун мудири кафедраи асосхои назарияи иктисодии  Институти давлатии педагогии Душанбе кору фаъолият кардааст. 23 октябри соли 1998 у академики Академияи улуми педагоги ва ичтимоии  ва Академияи мактабхои олии Русия интихоб мешавад. Облокул Тошев хамон сол ба гирифтани унвони корманди шоистаи Точикистон мушарраф мегардад.

            Баъди тахсилу омузиш ва химояхо акнун замоне расида буд, ки Облокул Тошев худашон барои бо рохи илм рафтани шогирдону ояндадори худ талош кунанд. Устод Облокул Тошев рохбари илмии даххо рисола ва корхои илми буда, беш аз 350 сахифа кори илми ва  6 монография дар мавзуъоти гуногуни иктисоди ба нашр расонидаанд.  Дар химояхои зиёди илми ба хайси оппонент ва рецензент ширкат карда, борхо шурои десертатсиониро сарвари кардаанд.

            Облокул Тошев дар катори хамаи ин масъулияту ташвишхои кори ва илми  шавхари мехурбону падари гамхор буд. Дар катори ин аз онхо ифтихор хам мекард. Духтари бузурги эшон Дилбар Кандиёрова доктори улуми иктисод ва мудири кафедраи Донишгохи сохибкори ва хизмат буда, анъанаи омузгориро ки аз падарашон мерос гирифтаанд, идома медиханд. Писари калонии устод  -Сухроб Тошев номзади илмхои иктисод буда, корманди Кумитаи гумрук хастанд. Писари хурдиашон Фарход устоди варзиш буда,  хамзамон фаъолияти омузгориро анчом медиханд. Духтари хурдии устод Зарина Донаева   рохи модари гамхорро интихобкарда, табиб хастанд, барои сихати мардум талош мекунанд.

            Тошева  Раъно Самиевна — хамсари устод Облокул Тошев солиёни зиёд барои тандурустии миллат захмат кашида, шогирдони зиёдеро ба воя расонидаанд. Он нафар асосгузори маркази кудаконаи нефрологи буда, усулхои санчидашуда ва боэътимоди табобатиро пешниход кардаанд, ки хануз хам мавриди истифода аст. Хамкоронаш ба ёд меоранд, ки замони нооромихои кишвар низ он кас ба коргох меомаданд, зеро дар шуъбаи эхёгари кудаконе бистари буданд, ки ниёз ба гармии дасти табибе чун Раъно Самиевна доштанд. Хамкорони чавони он кас  низ хамин масъулиятшиносиро дидаву омухта, хамеша дар пахлуи устодашону хамкорашон буданд.

            -Имруз бехтарин ва арзишмандтарин чизе, ки аз устод Облокул Тошев барои наздику пайвандаш ба мерос монда хамон номи наку, эътибору эхтироми шогирдону хамкорону дустон аст, ки боиси ифтихори эшон аст.  Онхо имруз хамчунин ифтихор мекунанд, ки падари бузургашон бо мехнат, бо илму ихтироъу таълим барои рушди иктисоди Точикистон, барои тарбияи шогирдону олимони чавон накши арзанди худро гузоштаанд.  Ва худ низ барои нигохдории хамин эхтиром кору зиндаги карда, хар кадоме ба кадри тавон барои рушди Точикистони сохибистиклол кору фаъолияту талош  мекунанд.

            Бузургии инсонхои комил  хам дар хамин зухур меёбад, ки онхоро ёд мекунанд, эхтиром мекунанд ва дуст медоранд. Ва ин гуна инсон мисли Облокул Тошев хамеша дар ёди мардум- наздику пайванд ва дустону шогирдон   зиндаанд. Онхо харфу сухан, насихату маслихати устодро хамеша ва хар кучо ба ёд доштаву  неку хайр зикраш мекунанд.

Зиндаву човид монд, хар ки накуном зист,

К-аз акибаш зикри хайр зинда кунад номро….

 

Один ответ

  1. Ёдашон ба хайр!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: