Маъруфтарин зани чосуси таърих!

      Маргарета Гертруда маъруф ба «Мата Хари». У 7-уми августи 1876 дар шахри Леуварден дар кишвари Голландия ба дунё омад. Аз байни чор фарзанд у дувумин фарзанди Адам Зелле (2 октября 1840 – 13 марта 1910) ва Антье ван дер Мёлен (21 апреля 1842 – 9 мая 1891) буд. Падари у як магозаи кулохфуруши дошт ва бо як сармоягузории муваффакиятомез дар нафт он кадар пулдор шуд, ки тавонист як зиндагии ашрофи барои духтараш эчод кунад.       

 

Ин масъала боис шуд Маргарито то синни 13-солаги дар гаронтарин мадраса (мактаб) ба тахсил машгул шавад, аммо дар соли 1889 падараш варшикаст (муфлис) гардид ва волидайни у аз якдигар чудо шуданд. Дар соли 1891 модараш даргузашт ва падараш бо Сюзанна Катрина (11 марти 1844 – 1 декабри 1913) издивоч кард, аммо ин издивоч фарзанде дар пай надошт. Издивоч мучиби аз хамгусехтагии хонавода шуд ва Маргарита ба назди падарбузургаш рафт. У талош намуд то муаллимаи кудакистон шавад, аммо замоне ки рохбари муассиса ба шакле ошкор бо у ба муошака пардохт падарбузургаш уро аз он чо хорич кард. Пас аз чанд мох у ба хонаи амакаш шахри Гаага накли макон кард.

Гертруд дар 18-солаги ба тарзи ачибе бо як афсари олмони издивоч кард. Ин афсари олмони дар як рузнома як гувохи дода буд ва ба дунболи хамсари муносибе барои худаш мегашт. Ин мард як сарханги артиш буд ва Рудолф Мак-Леод (1 марта 1856 – 9 января 1928) ном дошт. Гертруд хам ба ин тартиб бо Рудолф Мак-Леод ошно шуд ва онхо дар 11 июли 1895 дар Амстердам издивоч карданд ва сипас ба Ява дар Инданезия накли макон намуданд. Дар он чо онхо сохиби ду фарзанд шуданд, ки писараш Норман-Чон (30 января 1897 – 27 июня 1899) ва духтараш Жанна-Луиза (Нон) (2 мая 1898 – 10 августа 1919) ном доштанд. Аммо муддати кутохе аз ин издивоч нагузашта буд, ки у аз коре, ки карда буд пушаймон шуд. Издивочи онхо саршор аз яъс ва ноумеди буд. Мак-Леод як майзадаи мустабид буд, ки хамсараш нисфи синни уро дошт ва хамеша зиндагии сарде доштанд.

Ин масъала мучиб шуд, ки Гертруд хамсарашро тарк кунад. У ду сол бо ин шароит зиндаги кард ва дар нихоят бо як афсар ошно шуд ва фирор кард ва ба як гурухи театри махалли пайваст. Дар соли 1897 у номи Мата Хари, ки дар забони бумиёни индонези ба маънии чашми руз (яъне хуршед) мебошад, ба худ гузошт.    

Андаке баъд бо исрори Мак-Леод Мата Хари ба хона бозгашт, аммо тагйире дар авзоъ дида намешуд. Мата Хари саъй намуд бо омухтани фарханги бумии индонези аз ин мухити хастакунанда фирор кунад. Андаке баъд писараш Норман дар соли 1899 эхтимолан бар асари бемории сифилис, ки ноши аз волидайни у буд даргузашт. (Инчунин баъзе манобеъ иддао кардаанд, ки душманони Рудолф барои куштани хар ду фарзанд дар хуроки шоми онон захр рехтанд). Пас аз бозгашт ба Голландия онхо дар соли 1902 аз якдигар чудо шуданд ва соли 1906 талок гирифтанд, вале Рудолф духтарашро назди худ нигах дошт. У баъд аз Мата Хари дубора издивоч намуд.     

Дар соли 1903 Гертруд ба унвони як аспсавори Сирк ба Париж рафт. Дар он чо уро ба лакаби «бону Мак-Леод» мешинохтанд. Ду сол баъд у дубора ба ичрои намоиш баргашт ва дубора исми Мата Хари истифода кард. Хамин масъала боис шуд, ки у бо теъдоди зиёде аз одамхои низоми ва сиёсатмадорхои машхур ошно шуд. Хамин ошноихо буд, ки заминаи кори у ба унвони чосусро фарохам кард.

Дар соли 1910 у дорои тарафдорони чидди дар байни сарони артиш дар Фаронса ва теъдоде аз саршиностарин сиёсатмадорон дар Аврупо шуд. Иддае эътикод доранд, ки як афсари пулис ба Мата Хари дастур дода буд то дар Фаронса ба нафъи Олмон чосуси кунад.

Дар як сомонаи дигар омадааст, ки:

«Яке аз афсарони иттилооти Британия ба у пешниход кард, ки барои фаронсавихо чосуси кунад ва у пазируфт. Ва 3 сол баъд у барои олмонихо чосуси кард ва касе хануз намедонад, ки у чи тавр ва ба василаи чи касе вориди ин кор шуд».

Ё чое дигар оварда шудааст:

«Бо вучуди ин ки Мата Хари голланди буд, аммо дар даврони чанги чахонии аввал барои Фаронса кор мекард. Баъдхо мутаваччех шуданд, ки Мата Хари ба таври хамзамон барои олмонихо низ чосуси мекунад. Мата Хари ба иттихоми омили дугона будан эъдом шуд, аммо пас аз чандин сол ки асноди давлати марбут ба чанги чахонии аввал мунташир шуд, маълум гашт ки Мата Хари бегунох будааст».

Дар 13 феврали 1917 Мата Хари дар яке аз утокхои мехмонхонаи PLAZA ATHENEE дар Париж дастгир шуд ва мавриди бозчуи карор гирифт. Мата Хари дар тамоми муддат бозчуи ва мухокимаи ин масъаларо, ки як чосуси дучониба аст рад кард.      

У кабл аз додгох дар зиндон махбус шуд ва кабл аз додгохи низоми 17 бор мавриди бозчуи карор гирифт. Уро аз дигар зиндониёни ин зиндон чудо карда буданд ва дар хабси инфироди карор дошт. Дастгирии у махрамона нигох дошта шуд ва у имкони навиштани нома ва ё таъвизи либосхояшро надошт. У кабл аз ин ки мавриди бозчуи карор бигирад, як нома барояш навишт ва дар он иддао кард, ки бегунох аст ва аз шароити бади зиндони шудани худ шикоят намуд. У навишта буд: 

 «Икдомоти шумо маро бисёр ранч медихад. Хоших мекунам ин масъаларо тамом кунед. Ман хеч пуштибоне ва кудрате надорам».

Мата Хари дар номае дигар навишт:

«Хохиш мекунам азият ва озори маро дар ин зиндон мутаваккиф кунед. Ин икдомоти шумо маро бисёр заиф мекунад ва икомат дар ин чо боиси девона шудани ман мешавад. Ман хеч икдоми чосуси дар Фаронса анчом надодаам. Маро дар ин чо шиканча накунед ва ичоза дихед (ба таври муваккати) то огози додгох озод шавам».

Танхо як нафар буд, ки рузона ба мулокоти Мата Хари меомад. Ин фард вакили у буд, ки як марди 74 сола буд. Дастгирии Мата Хари барои муддати чанд мох аз умум махфи нигох дошта шуд ва то кабл аз огози додгохи низоми дар 24 июли 1917 ин масъала ифшо нашуд. Бо ифшои дастгирии Мата Хари гавгое дар миёни мардум падидор шуд ва онхо бо худ меандешиданд, ки чи гуна у ба фалокат мубтало шудааст. Мата Хари пас аз додгох махкум ба эъдом шуд. Додгох эълом кард, ки у мучиби марги хадди акалли 50 хазор нафар аз сарбозони артиши Фаронса дар чанги чахонии аввал шудааст. У дар 15-уми октябри соли 1917 кушта шуд.

 

 Аз сабабе, ки пас аз эъдоми Мата Хари хеч як аз аъзои хонаводаи у барои гирифтани часади у мурочиа накарданд, часади у барои омузиши илми пизишки истифода шуд, аммо сари у дар музеи анатомии Париж нигахдори мешуд. Дар соли 2000-ум мушаххас шуд, ки сари у низ нопадид шудааст. Эхтимол дода шуд, ки сари у дар соли 1954 ва ба хангоми тагйири макон гум шуда бошад. Бар асоси ёддоштхои дафтари музей дар соли 1918 аъзои бадани у ба музей интикол дода шудааст, аммо чизе дар бораи боки мондани бадани у навишта нашудааст.   

http://fa.wikipedia.org   

http://www.2onya.net  

Один ответ

  1. Салом ба ровии Субхи ватан. Бори авал аст ки аз сайти шумо дидан мекунам. Дар ин сахифаатон дидам, ки дар бораи чанде аз олимони машхур (Менделеев) навиштаед, хеле чолиб аст. Вале аз занхои машхур факат хаминро пайдо кардам. Пурсидан мехохам, ки оё занхои машхуре хастанд ки аз руи ягон ихтирооташон машхур гардида бошанд, ягончи ихтироъ карда бошанд? Мисли Александ Белл, Папов ва дигарон. Агар бошад барои мо менавиштед?
    Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: