Писари асилзодаи муфлисшуда — Шохсутуни илм!

    Олими забардасти итолиёви Галилео Галилей яке аз шохсутунхои зархалини касри илми чахони ба хисоб меравад. Офарандаи физикаи классики Исаак Ньютон коил шудааст, ки у ба шарофати осори илмии Галилео Галилей ва дар такя ба китфони хузарби ин олими итолиёви ба кашфиётхои тозаи илми сохиб гаштааст.

Эчодиёти Галилей асосан механика ва астрономияро дар бар мегирад ва бо он ки ба мохияти ходисахо ба таври амик фуру меравад, аз эчоди дигар олимон фарк карда меистад. Аз ин ру Галилейро ба маънои имрузааш асосгузори илми физика метавон гуфт. Вай асоси механикаи замонавиро бунёд гузошт: гояи нисбияти харакатро пешниход намуд, конунхои инерсия, харакату озодафтии чисм ва сохти харакатро муайян кард.

Галилео Галилей 15 феврали соли 1564 дар шахри Пизаи Итолиё, дар оилаи асилзодагони муфлисшуда ба дунё омадааст. Падараш Винченсо Галилей навозандаи мохир ва охангсози бомахорате буд. Вале санъат барои пешбурди зиндаги кумаки казоие намерасонд ва падари олими оянда мачбур мешуд, ки ба фуруши мохут даст занад.

Дар солхои навраси Галилей ба кашидани накшаи хар гуна бозичахои механики шавк дошт, мошинчахо, осиёб ва киштичахо месохт. То ёздахсолагиаш дар Пиза зист ва дар мактаби мукаррари хонд, баъдтар онхо ба Флоренсия кучиданд. Дар ин чо дар дайри мардона ба омузиши грамматика, арифметика, риторика ва дигар фанхо идома бахшид.

Дар 17 солагиаш Галилей ба донишгохи Пиза шомил гашта, мехост табиб шавад. Чавони донишписанд ки буд, дар вактхои фарогати асархои оид ба математикаю механика, алалхусус осори Уклидусу Архимедро мутолиа мекард. Баъдтар пайваста мегуфт, ки Архимед устоди маънавиаш аст.

Аз сабаби тангдастии волидайн Галилей донишгохро тарк сохта, ба Флоренсия бармегардад. Шабхо пас аз кори хона ба омузиши мукаммали математикаю физика мепардохт. Ин фанхо хамеша шавку рагбаташро меоварданд. Соли 1586 у нахустин кори илмиашро навишт. Макола «Тарозухои хурди гидростатики» унвон дошт ва муаллиф, каме хам бошад, шухрат овард. Пас аз чопи макола бо чанд нафар олим шиносои пайдо намуд. Бо дастгирии яке аз онхо, муаллифи «Китоби дарсии механика» Гвидо Убалдо дел Монте, Галилей соли 1589 кафедраи математикаи донишгохи Пизаро сохиб гашт. Дар 25-солаги профессор шуд, боз дар хамон донишгохе, ки онро хатм карда натавонистааст.

Галилей ба донишчуён аз риёзиёту кайхоншиноси сабак медод, хар гуна тачрибахо мегузаронд. Аз манораи Пиза хар хел чисмхои вазнину сабукро ба тарзи моил поён мепартофт, донистан мехост, ки оё онхо мувофики таълимоти Арасту ба замин меафтанд? Чавоб манфи буд.

Таълимоти Арастуро оид ба озодафтии чисмхо соли 1590 дар асараш «Дар бораи харакат» мавриди танкиди шадид карор медихад. Дар омади гап, вай дар матлабаш навишта буд: «Агар акл ва тачриба дар масъалае ба хам мувофик оянд, ба ман дигар ахамияте надорад, ки он ба акидаи бисёрихо мухолиф аст».

Дар хамин давраи зиндаги Галилей ларзиши хурди баробармуддати раккосакро новобаста аз амплитуда мукаррар сохт. Гвидо дел Монте ба Галлией хамчун механик бахои арзанда дода, уро «Архимеди замони нав» меномид.

Танкиди таълимоти Арасту оид ба харакати чисмхо бисёр олимони чонибдори физикаи Юнони Кадимро бар зидди Галилей шуронд. Аз ин ру профессори чавон аз Пиза рафту рохбарии кафедраи физикаи донишгохи Падуяро бар душ гирифт. Пажухишгари чуянда дар ин шахр бахт ёфт, такдирашро бо духтараки якаву танхо Марина Гамба пайваст. Завчааш ба у солхои 1600–1601 ду духтараки зебо ба дунё овард. Соли 1606 писардор шуданд. Галилей аз соли 1606 ба кайхоншиноси мегаравад. Мохи марти соли 1610 «Ахборномаи ситорахо» — асари илмиаш аз чоп мебарояд. Чун хабар ёфт, ки дар кишвархои хоричи олимон дурбин сохтаанд, бо як шавку рагбати беандоза ба бунёди телескоп даст зад. Вай аз линзахои дуруя фурухамида ва дуруя барчаста истифода бурда, дастгохи мушохидаи кайхони беканорро омода сохт. Ба кавли Галилей телескопаш як муъчиза буд, бо ёрии он чисмхои осмони то хазор бор калон карда ва 30 маротиба наздиктар оварда мешуд.

Шаби 7 январи соли 1610 вай телескопашро суи само нигаронд. Чизе, ки вай дар он чо дид – табиати махтоб, занчираи куххо ва куллахои сояафкан, водихо ва бахрхо шахсро ба андеша водор менамуданд, ки Махтоб ба Замин монанди дорад. Ин бошад ба манфиати догмахои дини ва таълимоти Арасту оид ба мавкеи махсуси Замин дар байни дигар чисмхои кайхони набуд.

Тасмаи бузурги сафеди осмон – Рохи Кахкашон ба шарофати телескоп ба ситорахои алохидаи дурахшон чудо мешуд. Олим дар шафати Муштари ситорачахои хурдро ба мушохида гирифт: аввал сето буданд, баъд чорумаш пайдо шуд. Дар шаби навбати онхо аллакай мавкеи худро дар нисбати сайёра дигар карданд. Галилей зуд ба хулоса омад: «Ситорачахо хамсафарони табиии Муштарианд». Ин кашфиёти илми буд.

Баъдтар Галилей хорикаи Зухалро кашф намуд, вале сабабашро нафахмид, ки дар чист. Кашфи авзои Зухра низ ба у мутааллик аст. Вай ба мушохида гирифт, ки чи тавр доги Офтоб дар руи Офтоб чойи худро тагйир медихад, аз ин ба хулоса омад, ки Офтоб низ дар гирди мехвари худ чарх мезанад. Дар асоси мушохидахо Галилей хулоса кард, ки дар гирди мехвари худ чарх задан ба хамаи чисмхои осмони хос аст.

Хангоми мушохидаи кайхон Галилей коил гашт, ки шумораи ситорахо аз он ки мо бо чашми оди мебинем, хеле зиёд аст. Вай хамин тавр акидаи Чордано Бруноро дар хусуси бехудуди ва беинтихоии Кайхон собит сохт.

Баъди ин гуна кашфиётхо Галилей ба чунин натича расид, ки акидаи Коперник дар хусуси системаи гелиосентрии олам билкул дуруст аст. Яъне Офтоб маркази харакати сайёрахо мебошад. «Ахборномаи ситорахо»  ба муаллиф шухрати бекиёс овард. Дар Аврупо номи Галилей ва кашфиёташ вирди забонхо буданд. Херсоги Тоскания Козимои II Медичи ба у пешниход намуд, ки вазифаи математики дарборро ба ухда гирад. Галилей аз чунин пуштибони кави фоида бурда, акидахои Коперникро дар хусуси сохти кайхон бештар ва муттасил таргиб менамуд.

Аз чониби мутаассибон барои сиёх намудани Галилей номахои игвогарона суи Рим ба парвоз омаданд. Соли 1616 мутолиаи китоби Коперник «Оид ба гардиши гунбази фалак» мамнуъ дониста шуд. Истифодаи дигар китобхое, ки ин асари Коперникро пайрав буданд, низ котеъона манъ гашт. Кардинал Белармино Галилейро ба Рим даъват намуда, мулоимакак фахмонд, ки минбаъд ба навиштани асархои зиддидини дар хусуси сохти дунё даст назанад.

Галилей мачбур шуд, ки ба ин амр сар фурорад. Вай хануз дар хотир дошт, ки нофармонбари чи окибати баде барои Чордано Бруно оварда буд. Гайр аз ин, у хамчун файласуф медонист, ки чизе ки имруз «бидъат» аст, фардо ба хакикат табдил меёбад.

Соли 1623 рафики Галилей кардинал Маффео Барберини бо номи Урбани VIII папаи Рим баргузида мешавад. Олим аз ин шод гашта, чониби Рим рох мегирад, то ки мухри мамнуъро аз «гипотезахои» Коперник бардорад. Аммо папа хохиши рафикашро рад менамояд.

Галилей ба навиштани асари нав огоз мебахшад ва онро соли 1630 ба итмом расонда, ба Конгрегатсия пешниход менамояд. Баъди ду соли санчиш сензура чопи онро ичозат намедихад. Галилей ба Флоренсия баргашта, устокорона сензураи онро ба гафлат меандозад ва соли 1632 ба нашри китобаш муваффак мешавад.

«Гуфтугу оид ба ду системаи асосии сохти олам» ном дошт асари нави олим. Он дар намуди сухбати се нафар асилзода оид ба сохти олам аз нуктаи назари птолемейию коперники эчод гашта буд. Хонандаи асар бо бисёр кашфиётхои Галилей ва хам таълимоти олими барчаста Коперник шинос мешуд. Китоб кахру газаби калисоро ба миён овард. Фуруши «Гуфтугу…»-ро манъ намуданд. Галилейро ба Рим, ба суд хонда, мачбур сохтанд, ки аз акидахояш баргардад. Уро дар Арчетри ба хабси хонаги махкум карданд. Вай имкони бо шогирдон сухбат намуданро низ надошт. Вале иродаи пири хирадро калисо шикаста натавонист. Галилейи бемору нотавон, аммо кавирух, ду сол дар зиндон ба эчоди «Сухбатхо ва исботхои математики…» мепардозад. Асар ба итмом мерасад, лекин тамоми олами католики (Итолиё, Фаронса, Олмон, Австралия) аз чопаш хазар менамояд. «Сухбатхо» дар шахри Лейдени Холландия мохи июли соли 1638 аз чоп мебарояд. Он замон чашмони Галлией хира шуда буданд ва ин пири тирачашм дигар наметавонист китобашро равшан бубинад. Онро танхо бо мехри беандоза ба сандуки синаи афгоргаштааш пахш мекард. Галилей 8 январи соли 1642 дар руи дасти шогирдони содикаш, олимони шинохта В.Вивиани ва И.Торичелли дунёи фониро падруд гуфт.

Мохи ноябри соли 1979 Иоанн Павели II, папаи Рим, ба таври расми коил гашт, ки инквизитсия соли 1633 ба хатои рох дод, ба таври зури мачбур сохт, ки Галилей назарияи Коперникро рад намояд. Ин нахустин ва ягона ходиса дар таърихи калисои католикист, ки барои ноадолатона чазо додани «бидъаткор» пас аз 337 соли вафоташ расман икрор шавад.   

(С.Мусский, И.Семашко. «100 инсони бузург»,

 дар тарчумаи Курбон Мадалиев, Душанбе, 2010)  

комментария 3

  1. Салом. Аз рузгору зиндагии Абуали Сино хам ягончи менавиштед?

  2. Акаи Субхон икдоми хуб. Саломат бошед!

  3. Salom. Akai Subhon ajib bud…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: