Як пора аз зиндагиномаи Пабло Пикассо!

Пабло Пикассо на танхо рассоми хуб буд, балки донандаи хуби забони бонувон хам буд. Бисёре аз бонувон худашон аввалин шуда изхори мухаббат мекарданд. Ва хангоме, хис мекарданд, ки акнун ба у лозим нестанд, ё худкуши кардаанд, ё бакияи умри худро дар девонахонахо гузаронидаанд.

Пабло Пикассо 25-уми октябри соли 1881 дар Испания таваллуд шудааст. Падараш дар рассоми ба макоми профессори расида буд. У хангоми дар Академияи шохигарии Мадрид тахсил карданаш, хамеша профессоронро нодону камсавод гуфта, ба дарс намеомадааст. Пас аз чанд муддат якчо бо дустонаш ба Париж сафар мекунанд. Он вакт у 23 сол дошт. Хамон сол у мухаббати аввали худро меёбад (Фернандо Оливе). Фернандо пас аз чанд вакт кудак доштан мехохад. Ин дар накшахои Пабло Пикассо набуд. У аллакай бонуи дигареро ба дил писанд ёфта буд. Расми уро бо номи «Паричехраи ман» тасаввур мекунад. У Ева Гуел ном дошт. Ба ин изхори мухаббати пинхони Ева мусбат чавоб медихад. Баъди ин, хар ду ба саёхати Аврупо мебароянд. Бахори соли 1915 ба хулосае меоянд, ки оиладор шаванд, вале туй барпо намешавад. Арус бемори саратон будааст. Мохи декабри хамон сол Ева вафот мекунад. Ин барои Пабло Пикассо зарбаи бисёр гароне буд.

Соли 1918 рассом дар Рим барои ороиши сахна ва либосхои барои балети парад чалб мешавад. Пикассо он чо балеринаи 26-сола Олга Хохловаро мебинад, дили уро хам бо тасвири як сураташ меёбад. 12-уми июли соли 1918 туйи онхо баргузор мешавад. Баъди 3 сол писари ягонаи конунии Пабло Пикассо ба дунё меояд. Шароити зиндаги рассомро хаставу парешон мекунад. Инро аз расмхои хамон давра тасвиркардааш фахмидан мумкин аст.

Мохи январи соли 1927 у дар рох бо бонуи зебое шинос мешавад. Он бонуи 17 сола Мария Тереза Волтер ном дошт. Бо вай Фаронса ва Испанияро давр мезанад. Барои у рассом касри Буагеларо мехарад. Он чо устохона месозад. Акси Мария Тереза дар хама тасвирхои Пабло Пикассо буд. Яке аз онхо «Бону бо гулдон» ном дорад, ки соли 1927 ба намоишгохи чахони дар Париж гузошта шуда буд. Огози соли 1935 Мария Тереза обистан мешавад. Пикассо мехост бо у оиладор шавад, вале барои ин бояд аз Олга чудо мешуд ва дороияшро таксим мекард. Рассом инро намехост ва рози буд, ки бо ду оила зиндаги кунад. Олга инро намедонист ва факат аз Пикассо хохиш мекунад, ки зудтар ба касри Буагела кучанд. Пикассо бо хар бахона онро рад мекунад. Он вакт Мария Тереза духтарча таваллуд мекунад ва уро Майя ном мегузоранд.

Мохи октябри соли 1936 Пабло Пикассо бо аксбардори югослави Дора Маар шинос мешавад. Акнун у дар байни хамсараш Олга, писраи у Пабло, хамсари дуюмаш Мария Тереза ва духтарчаи у Майя ва маъшукаи наваш монда буд. Охири ду зани дигар доштани Пабло Пикассоро медонист. Хулоса, бо Олга расман чудо шуда, бо Мария Тереза вохуриро идома дода, дар байни мардум факат бо Дора Маар пайдо мешуда. Сурати уро хам рассом тасвир кардааст.

Перка Бан зиндагиноманависи Пикассо оварда, ки у хатто дар 60 солагиаш хам хамон гунае боки монда буд, ки дар 20 солагиаш буд. Соли 1943 бо пахлуяш будани Дора Маар нигох накарда, у бо бону Франсуаза Жило вохуриро сар мекунад. У хам рассом буда, аз Пикассо 40 сол хурд буд. Пикассо расми уро хам зиёд тасвир кардааст. Рассом бо Мария Тереза вохуриашро идома дода, барои дустдоштаи наваш касри Грималдаро харидори мекунад. Мусаввараи «Гулбону» рамзи мухаббату якчоягии онхо мешавад ва у он замон гуё дубора чавон гашта буд. Аз ин зан (Франсуаза) мохи майи соли 1947 писарчааш Клод ва баъди 2 сол духтарчааш Палома чашм ба олами њасти мекушоянд. Франсуаза аз Пикассо меравад. Хам барои он ки онхо никохи расми надоштанд ва хам барои ин ки у баъзан сари кахру газаб хатто сигори фурузонро дар рухсорахои Франсуаза хомуш мекардааст. Пикассо аз дороияш ба онхо як тин хам намедихад.

Баъди 8 соли аз Франсуаза чудо шуданаш аз Пикассо хохиш мекунанд, ки насаби худро ба фарзандонаш бидихад. Пикассо шарти гайриоди мегузорад. У мегуяд ки: «Аз шавхарат чудо шуда, бо ман хонадор шав ва ман ин корро анчом медихам». У рози мешавад. Вакте ки Пикассо мефахмад, ки Франсуаза аз шавхараш чудо шудааст, дархол у зани дигар мегирад. Франсуаза дар бораи хамин гуна амалу рафтори Пикассо китобе менависад. Он чо хама дахшатхои хаёти якчояашро бо Пикассо накл мекунад. Аз руи хамин китоб баъдтар филм ба навор мегиранд.

Соли 1955 дар Кан Пикассо бо бонуи дигаре ё охирин дар хаёташ Жаклин Рок вомехурад. Пикасо барои у ва худаш дар Кан хонаи бохашамате харидори мекунад. Мохи марти 1961 Пикассо – он муйсафеди кариб 80 сола пинхони бо Жаклини 34 сола оиладор мешавад. Баъди туй Жаклин дидорбинии хамаи кудакону хамсару маъшукахояшро ба Пикассо манъ мекунад. Вакте ки рассом аз кувваи сомиа ва босира махрум мешавад, Жаклин барояш хурок дода уро шустушу мекардааст. Пикассо 8-уми апрели соли 1973 дар синни 92 солаги вафот мекунад. У хамон ним миллиард доллар, 80 хазор мусаввара, се касру ду хонаи бохашаматашро ба касе васият намекунад. Баъди 4 соли вафоти Пикассо Мария Тереза Волтер дар гаражи худ, худро ба дор меовезад. Олга Хохлова ва Дора Маар ба девонахона меафтанд. Жаклин Рок бошад, дар хонаи хобаш портрети калони хамсарашро гузошта дар хама кор бо у ба кавле маслихат мекардааст. Баъди 9 сол ба сари кабри хамсараш омада худро мепаронад. Писари у худкуши мекунад. Палома (духтари Пикассо) дар кудакиаш мехостааст, ки чун падараш расм бикашад, вале Пикассо ба у ичозат намедодааст. У ба сохтани айнак, чатр ва истехсоли зарфхо машгул буда…

Як гуфтаи  Пикассо:

«Санъат дуругест, ки ба мо барои дарки хакикат мадад мерасонад»

комментария 4

  1. Bale akai Subhon, kori khub mekuned! Sahifai nagz. Man tavajuh nakarda budam ba sahifahoi shumo dar in bakhshho. Dar hakikat Shumo dar hama soha Sheri … Aka!

  2. Икдоми хубро пиёда кардед!

  3. Асалому алайк акаи Субхон. Кори нагз кардед, ки ин зиндагиномаро ба забони точики навиштед. Чунки ман медонам ки сайтхои бисёр дар бораи зиндагии донишмандони зиёд хаст, вале ба забонхои англиси ё руси бештар. Ба забони точики кариб ки каманд ё нест, ё ин ки маълумоти пурра дода нашудааст.
    Ман як пешниход доштам ба шумо.
    Чи мешуд ки шумо дар сайтатон кам кам зиндагиномаи нобигахоро хамин гуна ба забони точики барои хонандагон менавиштед?

    • Саломалейк…..Шояд Шумо бовар накунед, вале ман айнан хамин корро кардани хастам. Дар мавриди аввал порахо аз зиндагиномаи чанд тани дар разведка пешсафу машхурро тарчума кардам, ки рузхои наздик мехонед. Хамин гуна ин икдомро бо назардошти имкону вакти худам пиёда кардани хастам. Ташаккур барои шумо, ки аз ин сахифа дидан мекунед!!!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: