Мусбатандеши ва натичаи он дар зиндаги!

      Хар иттифоке, ки дар зиндагии мо пеш меояд аз назари мо ё хушоянд аст ё нохушоянд. Пас хар амре метавонад боиси хушхоли ва ва хушбахтии мо ва ё боиси нокоми ва норохатии мо шавад. Мусбатандеши ба мо кумак мекунад, ки битавонем тагйироти муфиде дар рафтор, гуфтор, кору зиндагии худ эчод кунем.

Калимот низ таъсири бисёре бар афкор ва эхсосоти мо мегузорад. Калимот метавонад моро бисёр хаячонзада, мутаассир ё хушхол кунад. Пас диккат кунед калимотатонро дар чихати мусбат ва зебо кардани афкор ва эхсосотатон ба кор бибаред. Ба кор бурдани вожахо ва ибороти таъкидии мусбат дар зеботар шудани афкор ва аъмоли мо ва бехбуди кайфияти зиндагиямон таъсири бисёр зиёде дорад ва боиси эчоди шуру шавк дар зиндаги мешавад.    

Хеч гох мушкилот ва сахтихои зиндагиятонро лаънат ва нафрин накунед. Ин фикрро, ки «дунё саршор аз мушкил аст» аз сари худ дур кунед ва дар иваз хар гох мавкеияти номатлуб ё масъалаи нохушнуде дар зиндагиятон пеш омад, ба дунболи роххои мусбат барои халли он масоил бошед. Ба кор бурдани ин равиш боиси эчоди ризоят дар шумо ва хал шудани масоили зиндагиятон ба гунае мусбат ва хуб мешавад.   

Нахваи изхори назар кардан дар мавриди дигарон ва корхояшон низ бисёр мухим аст. Саъй кунед сареъ ва манфи дар мавриди чизе изхори назар накунед. Ибтидо дар мавриди он фикр кунед, баъд назари худро аз чанбаи мусбат матрах кунед, то таъсири бештаре бар мухотабатон дошта бошад.

Дар атрофи хамаи мо афроди манфибофе хастанд, ки бо афкор ва гуфтори манфиашон саъй доранд, боиси тазъифи рухияи мо шаванд. Саъй кунед то хадди имкон бо чунин афроде хамнишин нашавед.

Бисёре аз мардум афкори манфиро дар зиндагияшон мадди назар карор дода ва ба онхо бахо медиханд. Хатто дар сухбатхояшон бо якдигар мудом  аз сахтихои корашон, камхобихои шабона, надоштани истирохат гила мекунанд ва хамин амр таъсири манфи бар фикри онхо гузошта ва боиси хастаги ва ноумедиашон мешавад. 

Мутмаин бошед, ки атрофиёнатон хеч алокае ба шунидани суханхои манфии шумо надоранд. Саъй кунед дар мавриди чанбахои мусбати зиндаги ва коратон барои дигарон сухбат кунед. Зеро шунидани онхо метавонад барои дигарон хам чолиб бошад.

Агар ба тамоми лахазоти зиндагиямон фикр карда ва онхоро мурур кунем, мебинем, ки дар тули зиндаги лахазоти хушоянд ва лаззатбахши зиёде барои мо рух додааст. Пас, чаро ба чои фикр кардан ба лахазоти шоду зебои зиндагиямон ба лахазоти сахт фикр кунем? Фаромуш накунед, ки афкори манфи метавонад як рузи сафедро хокистари нишон дихад ва афкори мусбат хатто як рузи хокистариро зебо ва сафед мекунад. 

Фарз кардем, агар шумо шуглатонро аз даст додаед, пешниход мекунам ба чои таассуф ва норохати хушхол бошед, зеро ин масъала паёми мусбате барои шумо дорад. Аз даст додани шуглатон бад-ин маъност, ки шумо бояд вориди кори чадид ва бехтаре шавед ва фаромуш накунед, ки дар хар амре хатто ба зохир норохаткунанда, чое барои хушхоли ва муваффакият вучуд дорад.   

Хар гох ходисаи норохаткунандае дар зиндагиятон пеш омад, ба чои ин ки маъюс ва нигарон шавед, ба ин фикр кунед, ки катъан рохи дигаре барои саодат ва хушбахтии шумо кушода шуда ва мебоист он рохро биёбед. 

Саъди дар байти зер ба зебои ин мавзуъро баён мекунад:

«Худо гар ба хикмат бибандад даре

Ба рахмат кушояд дари дигаре»

 Дар зер ба чанд маврид аз тавсияхое, ки боиси эчоди мусбатандеши мешаванд ишора мешавад:

1. Хар руз субх, ки аз хоб бармехезем бо нигох кардан ба манзарае зебо, рузи худро бонишот огоз кунем.

2. Саъй кунем дар гуфтор ва бархурдхои рузона аз калимот ва чумалоти мусбат истифода кунем.

3. Афкори худро мутаваччехи хубихо ва чанбахои мусбати зиндаги кунем, то ба мурур мусбатнигар шавем.

4. Бо хушбини саъй кунем дастуротеро ба зехни худ бидихем, ки андешахои чадиди мусбат шакл гиранд.

5. Ба мушкилот ба унвони махаке барои арзёбии тавоноихои худ нигох кунем ва харгиз натичаи бадеро пешбини накунем, зеро мушкилот факат ба андозае мухим хастанд, ки мо онхоро мухим мепиндорем.

6. Аз тардид ва дудили дури карда ва корхоро бо чиддият дунбол кунем.

7. Ба кудрати бекарони Худованд эмон дошта бошем ва бо худ такрор кунем, ки ман лаёкати бехтаринхоро дорам ва бо лутфи Худованд ба онхо хохам расид.

8. Аз миёни ахдофи худ хадаферо интихоб кунем, ки умеди бештаре ба муваффакияти он дорем ва дар талош барои тахаккуки он, ба фикри таъйид ё такзиби дигарон набошем.

9. Дар таъриф аз афроди хонавода ё дустон аз калимоти мусбат ва рухиябахш истифода кунем.

10. Аз хасодат, ки боиси эчоди афкори манфи мешавад дури ва саъй кунем равиши худро худамон интихоб кунем.

11. Харгиз шиори «хостан тавонистан аст»-ро фаромуш накунем ва бидонем, ки дар сояи саъй ва талош ба он чи бихохем мерасем.

12. Кадри лахазоти зиндагиро бидонем ва онхоро ба хуби истифода кунем, зеро харгиз такрор нахоханд шуд.

13. Барои тагйири авзоъ ва шароити номусоид икдом кунем ва мутмаин бошем, ки метавонем онхоро аз байн бибарем.

14. Худро аз кайду бандхои озордиханда рахо сохта ва сода зинда кунем, то фикру хаёли осудае дошта бошем.

15. Хар вакт, ки эхсос кардем афкори манфи ба сурогамон омадааст, вазъияти худро тагйир дихем ва ба коре саргарм шавем.

http://migna.ir/ravanshenasii/

=======================================================  

Один ответ

  1. Салом ба ровии Субхи Ватан. Навиштаатон оли буд акаи Субхон!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: