Тафовути занон ва мардон

Тафовут байни зан ва мардро на факат дар либоспуши ё дар зохир дидан мумкин аст, балки тафовут байни зану мард дар зехн, эхсосот ва тафаккур низ дида мешавад.

Чунонки мухаккикон ва донишмандону равоншиносон андешахои худро дар хусуси тафовутхои зан ва мард аз назари идрок: идроки шунавои, кудрати бинои, эхсос ва идроки буёи, кудрати чашои, тафаккури ибтидои, тафаккури халли масъала, тафаккури файласуфона, аз лихози хуш ва гайра баён кардаанд.

Инчунин дар яке аз сомонахо чунин суханонро рочеъ ба ин мавзуъ пайдо кардам, ки оварда шудааст:

Оё медонед тафовутхои бисёр зиёд ва чолибе дар амалкарди равоншиносии занон ва мардон вучуд дорад?

На танхо сохтори магзи занон ва мардон бо якдигар мутафовит мебошад, балки мардон ва занон аз магзашон ба тарзи мутафовите истифода мекунанд. Дар магзи занон иттисолот ва иртибототи бештаре байни ду нимкураи чап ва рост вучуд дошта, ки ба онхо ин тавоноиро медихад то аз махорати гуфтории бехтаре нисбат ба мардон бархурдор бошанд.

Бештари мардон метавонанд эхсосоти худро нишон диханд. Магзи мардон сода, аммо магзи занон печида аст. Бахши чапи мардхо хангоми сухбат кардан фаъол мешавад. Аглаб барои хонумхо ин пурсише пеш меояд, ки чаро мардон ин кадар барои хомуш кардани телевизор хангоми занг задани телефон исрор доранд?

Занхо бо тааччуб аз худ мепурсанд: чаро мардхо вакте машгули хондани рузнома ё тамошои телевизор хастанд, наметавонанд суханони хамсари худро бишнаванд? Далели чунин заъфи ин аст, ки магзи як мард барои анчоми як кор дар як замон шакл гирифта. 

Аммо зан метавонад аз хар ду нимкураи магзи худ бахра бибарад. Зан метавонад чанд кори мутафовитро дар як замон анчом дихад. У метавонад дар як замон бо телефон харф бизанад, гизо бипазад ва телевизор тамошо кунад. У метавонад дар холи ронандаги ба радио гуш дихад ва бо телефони хамрохаш сухбат кунад. Аммо агар марде дар холи дуруст кардани гизо бошад ва шумо бо у сухбат кунед, мумкин аст ба далели аз даст додани тамаркузаш бар нахваи дуруст кардани гизо асабони шавад.

Дар соли 1995 гурухе аз донишмандон озмоишхоеро руи мардон ва занон анчом доданд ва муайян карданд, ки дар мардон нимкураи чапи магз барои забон фаъолият мекунад. Дар холе, ки дар занон хар ду нимкура фаъол мешавад. Нимкураи чапи магзи як духтар сареътар аз нимкураи чапи як писар рушд мекунад, яъне духтарон бехтар ва сареътар аз писарон сухбат мекунанд. Дар писарон нимкураи рости магз сареътар аз духтарон рушд мекунад. Писарон дар риёзиёт, сохтмонсози ва халли мушкилот кавитар аз духтарон хастанд.

Сухбат кардан махорати аслии хонумхост. Хонумхо дар як замон хама бо хам сухбат мекунанд ва дар хамон мавкеъ хам ба суханони якдигар гуш мекунанд. Аммо ин тавонои барои мардон имконпазир нест. Магзи занон монанди педал задани дучарха (велосипед) бо сухбат кардан энержи мегирад. Агар хонумхо бихоханд бо мард сухабт кунанд, бояд ба ин нукта таваччух кунанд, ки танхо як матлабро дар як замон матрах кунанд. Як мавзуъро бигуянд ва катъ кунанд. Агар мутаваччех шуданд, ки у матлабашонро дарк кардааст, он гох матлаби дигареро матрах кунанд. Ин бад-он чихат аст, ки магзи мардон дар як замон танхо метавонад бар як мавзуъ тамаркуз кунад.

Магзи мардон дар руи як кор тамаркуз мешавад, вале магзи занхо метавонад руи чанд кор мутамарказ шуда, яъне метавонад чанд корро бо хам анчом диханд. Мардхо дар он вохид метавонанд аз як нимкураи магзашон истифода кунанд, вале занхо аз хар ду нимкура истифода мекунанд. Магзи мардхо тахассуситар аз занхост, вале магзи занхо умумитар аст. Нимкураи рост бо идрок ва эхсос кор дорад ва нимкураи чап бо мантик ва тахлил ва…

Чанд чумлаи шухиомез ё нимчиддиву нимшухи:

1. Хангоми ёд кардан аз рузи туйи арусиву домоди, занон дар мавриди «маросими чашн» сухбат мекунанд, мардон бошанд дар бораи «мехмонихои даврони мучарради». 

2. Вакте марде мегуяд, ки барои берун рафтан хозир аст, яъне барои берун рафтан хозир аст. Вакте зане мегуяд, ки барои берун рафтан хозир аст, яъне 4 соат баъд, вакте ороишаш тамом шуд, омода хохад буд.

3. Як марди муваффак касе аст, ки бештар аз он чи хамсараш харч мекунад даромад дошта бошад. Зани муввафак касе аст, ки битавонад чунин мардеро пайдо кунад.

4. Зан ба умеди ин ки шавхараш тагйир кунад бо у издивоч мекунад, вале мард ба ин умед бо хамсараш издивоч мекунад, ки тагйир накунад, вале тагйир мекунад.

5. Занхо ба забони бадан (харакати абру, чашм, даст …) ошноии комил доранд, аммо мардхо ошнои надоранд. Аз ин лихоз мардхо агар хостанд дуруг бигуянд, дуруг нагуянд, чунки забони бадани онхо дуруги онхоро ошкор мекунад.

6. Агар мард бемор шавад, зан зуд мефахмад, вале мардхо бисёр дер мутаваччехи бемор шудани хамсарашон мешаванд. 

7. Мардхо бештар руи шури ва талхи хассос хастанд, вале занхо нисбат ба ширини хассосанд ва бештарин муштарии каннодихо занхо мебошанд.

8. Занхо аз харид кардан лаззат мебаранд, аммо мардхо тахаммули каме дар ин маврид доранд.

9. Мардон дар тафаккурот ва аъмолашон истиклол доранд, дар холе ки занон тамоил доранд аз руи акида ва пешниходи дигарон пайрави кунанд.

10. Мардон ва занон дорои хисси хасодати яксон буда, аммо мардон бехтар метавонанд ин хисро пинхон созанд.

11. Зан листе аз чинсхои мавриди ниёзашро тахия намуда ва барои харидани онхо ба фурушгох меравад. Мард бошад хар чизеро ки хуб ба назар бирасад мехарад.

12. Мардхо худбин ва магрур хастанд, онхо худашонро факат дар ойина нигох мекунанд. Занон бошанд худро дар хар чизи сайкали — ойина, тирезахои магоза, тирезаи мошин, кошук … ва г.

13. Як зан хама чизро дар мавриди фарзандаш медонад: дустони наздик ва самими, гизохои мавриди алока, орзухо… мард бошад ба таври сарбаста ва мубхам факат медонад, ки бархе афроди камсинну сол хам дар хона зиндаги мекунанд.

14. Занон харчанд рузе як бор либосхои худро мешуянд. Мардхо дар холи чиркин шудани либосхояшон, куртахои кухнаи чанд сол пеш харидаашонро бо навбат пушида ва хангоме, ки охирин куртаашон хам чиркин шуд, онхоро чамъ карда ба хушкшуи мебаранд.

15. Мардон телефонро ба унвони як василаи иртибот барои ирсоли паёмхои кутох ва зарури ба дигарон дар назар мегиранд. Як зан ва дусташ метавонанд, ба муддати ду хафта бо хам бошанд ва баъд аз чудо шудан ва расидан ба хона, телефонро бардошта ва ба муддати 3 соати дигар бо хам шуруъ ба сухбат кунанд.

16. Харфи охирро дар бахс занхо мезананд. Хар чизе, ки мард баъд аз он бигуяд, шуруъ ба як бахси дигар хохад буд.

17. Зан вакте ба мусофират меравад аз шавхараш хохиш мекунад, ки ба гулхо об дихад. Мард ба гулхо об медихад. Зан 5 руз баъд ба хонаи пур аз гулхо ва гиёхони пажмурда бармегардад. Касе намедонад чаро ин иттифок афтодааст.

http://zanemrozodiroz.blogfa.com

http://ravanshenasan.mihanblog.com

комментариев 6

  1. Барои бо завки баланд чамъовари ва ба мо, мухлисон пешниход кардани ин маводхо ба ШУМО ташаккур мегуям

  2. Бародари азиз СУБХОН!!!
    Бори дигар Зодрузатон муборак!!!
    Бо арзи эхтиром бародарон Рачабовхо (Хайриддин ва Точиддин) аз командаи НУР-и Интеллект-шоу!!!!!!

  3. Салом акаи Субхон. Дар соли 2012 барои блогатон чи накшахо доред? Ягон навигари ё кушодани сахифаи нав шояд?

  4. Акаи Субхон дар оинаи мошин нигох карда мешавад, вале дар кошук чи хел? ))) Шумо ягон занеро дидаед, ки худро хатто дар кошук нигох карда бошад? )))

  5. Акаи Субхон ин чанд чумлаи шухиомез ки навиштен аз тачрибаи худатон аст ё аз шунидахоятон? )))

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: