Чаро дигаронро тахкир мекунем?

Мо точикон хазорон хусусияти хубу нек дорем, аммо дар баробари ин хусусиёти хуб гохе низ ба вижагихое бармехурем, ки чандон хушоянд нестанд. Бархе аз мо дар хона, коргох, мактаб, куча ва ё чои дигар одат дорем, ки дигаронро тахкир кунем, ба таври мисол барои дигарон ном бигзорем ё бо таъна ва киноя ба онхо неш ва захми забон бизанем… ва гайра.

Чанд руз кабл аз як муаллимае, ки зиёда аз 20 сол собикаи кори дорад, мегуфт, ки як хонандаи синфи «11» барои ин ки муаллима ба у бахои «3» гузоштааст, бо муаллима чанчол кардааст, ки чаро ба ман бахои «3» мондед? Ва боз чанд гапи пасту баланди дигар. Харчанд ки муаллима ба у сабабашро мефахмонад, вале у гуш намедихад. Баъд аз суханхои пасту баланди он хонанда муаллима, холаташ тамоман бад мешавад ва ду руз худро тамоман нохуб хис мекунад. Ва аз худи хамон муаллима хам шунида будам, ки гуфта буд: «Агар хамон хонанда дар ин мактаб хонад, ман дигар ба ин синф дарс намегуям!»

Ин факат як мисоле буд, ки ман овардам. Тахкир на факат дар муносибат байни устоду шогирд дида мешавад, инчунин бо пиронсолон ва хатто бо волидайн хам баъзан вакт мебинем, ки ин боиси таассуф аст. 

Аз тарики радиё хам дар ин хусус сухбатхо зиёд буданд. Ин холат дар куча ва ё наклиёти чамъияти низ дида мешавад, ки касеро тахкир мекунанд, новобаста аз он ки у чавон аст ё пир. Хатман шумо хам афродеро дидаед, ки бо тахкири дигарон лаззат мебаранд ва ин рафторро абзоре кардаанд барои дастёби ба хостаашон. Ин гуна рафторхои нописанд афродро дучори мушкилоте мисли афсурдаги ва изтироб мекунад. Аз суи тахкиркунандагон аглаб ба хотири рафторе, ки аз кудаки бо онхо шудааст ба ин рафтор руй меоваранд.

Мегуянд, ки одат шудан ё одат кардан ба хар коре сабабе дорад. Хостам, дар ин мавзуъ чизе аз равоншиносон бифахмам, ки шояд дар бораи сабабхои аз чи ё аз кучо пайдо шудани ин хислат дар одамон чизе гуфта бошанд ва ё умуман фахмидан мехохам, ки онхо дар ин хусус чи назар доранд. Ва дар яке аз сомонахо, ки бо хатти арабиасос навишта шуда буд, сухбати яке аз равоншиносон бо номи Али Асгар Асгарнажод-ро пайдо кардам, ки у дар ин ин бора чунин мегуяд:   

Ба акидаи равоншинос, Али Асгар Асгарнажод касе, ки худро аз дигарон бартар медонад ё рафтори дигарон ба у ин эхсосро медихад, ки аз онон бартар аст, рафторе тахкиромез нисбат ба онхо дар пай мегирад, ки боис мешавад дигарон эхсос кунанд, ки шаън ва шахсияташон зери суол рафтааст.

Агар фарде, ки мавриди тахкир карор мегирад ин ичозаро ба тахкиркунанда надихад, ки уро тахкир кунад, ё бидонад дар баробари он фарде, ки ба тахкири у икдом кардааст чи тавр бояд рафтор кунад. Агар фард битавонад арзёбии дурусте аз вазъият дошта бошад, хеч касе наметавонад ба тахкири у бипардозад. Бархе афрод саъй мекунанд ба хар далеле бо зери суол бурдани шахсияти дигарон ва кучак кардани онон бартарии худро нисбат ба онон нишон диханд.

Тахкиркунандагон тахаммули бохтро надоранд

Ба акидаи ин коршинос, ин гуна рафторхо ба далели ангезаи бартариталаби аст, ки дар вучуди тахкиркунандагон вучуд дорад. Ин гуна афрод пархошгар хастанд ва саъй мекунанд ба хар кимате, ки шудааст барандаи майдони мубориза бошанд. Ин афрод тахаммули бохтро надоранд. Хамчунин тахаммули ин ки бо фарди дигаре дар шароите яксон карор бигиранд, надоранд ва саъй мекунанд бо харакат, нигох ва рафторашон дигаронро тахкир кунанд, то битавонанд бартариашонро ба нахве тахким кунанд.   

Тахкиркунандагон талабкоранд

Асгарнажод дар бораи афроде, ки ба тахкири дигарон мепардозанд, гуфт: Афроде, ки ба тахкири дигарон мепардозанд, инсонхое хастанд, ки ин гуна рафторро дар нигох, харакат ва рафторашон метавон дид. Ин афрод холати талабкоронае доранд ва бисёр магрур  хастанд. Онхо барои арзишхои дигарон арзиш коил нестанд ва дар ивази стандартхо ва усул худро бисёр боарзиш медонанд. Ин гуна афрод мехоханд дар хар шароите баранда бошанд ва ин корро ба хар кимате, ки шудааст анчом медиханд ва саъй мекунанд масоили мухталифро бар хилофи майли дигарон ба онхо тахмил кунанд.   

Рафтори афроде, ки ба тахкири дигарон мепардозанд, боис мешавад, ки дигарон дар мукобили онон тоби муковимат надошта бошанд. Онон тасаввур намекунанд, ки битавон бо музокира ба тафохум бо дигарон расид. Аз ин рў аст, ки ба чунин рафторе бо дигарон мепардозанд.

Тахкиркунанда аввалин курбонии тахкир аст

Хонавода аввалин мактабе аст, ки инсон дар он матолиби фаровонеро меомузад. Рафтори волидайн метавонад маншаи рафторхои фаровоне дар афрод бошад, ба ин шакл, ки кудакон рафторхоеро дар волидайнашон мушохида мекунанд ва меомузанд ва ин рафторхоро метавон дар солхои ояндаи зиндагии афрод низ мушохида кард.

Ин равоншинос мегуяд: Афроде, ки ба тахкир кардани дигарон одат кардаанд, панч дар сад беш аз дигарон мустаиди бемории калби хастанд. Ин афрод дар дарачаи нахуст ба саломати ва шахсияти худ ва дар дарачаи баъд, ба саломати ва шаъни ичтомии дигарон латма ворид мекунанд. Тахкири дигарон бо асабоният, хашм, пархошгари ва хусумат хамрох аст. Ин афрод беш аз хар каси дигаре, ки тахкир мекунанд, худашон зачр мекашанд. Ба ин маъни, ки худашон курбонии рафторе мешаванд, ки дар пеш гирифтаанд.

Ин тавр рафторхоро дар кудакон хам метавон дид. Албатта, кудакон наёмухтаанд, ки бо музокира ва сухбат кардан метавон мушкилотро барраси ва хал кард ва аз назари сатхи фикри низ ба хадде нарасидаанд, ки битавонанд ин гуна мавзуотро дарк кунанд. Кудакон дар солхои баъдии зиндагиашон хам камубеш вижагихоеро, ки дар даврони кудаки доштаанд, хифз мекунанд.  

Равоншиноси дигар Иброхимии Мукаддам дар бораи иззати нафс ва робитаи он бо эхтиром ба дигарон мегуяд:

Харчи иззати нафси мо солимтар бошад ба дигарон эхтироми бештаре мегузорем ва бо онхо бархурди бехтаре мекунем, зеро онхоро тахдиде алайхи худ дар назар намегирем. Аз ин гузашта, эхтиром гузоштан ба худ мукаддима ва шарти лозими эхтиром гузоштан ба дигарон аст. Дар назар дошта бошед, ки бо доштани иззати нафси хуб ва солим бадхохи дигарон намешавем, аз беэътиноии дигарон наметарсем ва нигарони тахкир ва хиёнат намешавем.

Тавзехот ва нукоте дар мавриди афроде, ки шуморо тахкир мекунанд:

Онхо мехоханд шуморо асабони кунанд то бархурди шадиде аз худ нишон дихед, онхо мехоханд шумо эхсоси бади нисбат ба худатон пайдо кунед ва касдашон танхо озор додан ва осеб расондан аст. Шумо бо чавоб додан ба онхо дар хакикат вориди бозии сохтагиашон мешавед. Мумкин аст баъдан ба хотири харфхое, ки дар асабоният аз дахонатон хорич шуда пушаймон шавед. Дар чунин холате чи коре метавон анчом дод? Бехтар аст яке аз мавориди зерро имтихон кунед:

Яке аз вокунишхои муносибе, ки дар мукобили ин афрод метавонед аз худ нишон дихед, ин аст, ки ба онхо бигуед: «Хеле саховатманди, вале ман ниёзе ба тавсияхои ту надорам» ва баъд ба идомаи кори худ бипардозед. Бо баёни ин иборат шумо дар хакикат ба бахс поён медихед. Онхо мунтазир хастанд, ки шумо аз худ аксуламал нишон дихед ва замоне ки ин корро анчом намедихед, дигар чизе барои гуфтан нахоханд дошт. 

Осори равони дар касоне, ки мавриди тахкир карор мегиранд беш аз танбехи бадани асаргузортар аст. Ин буд он чизе ки равоншиносон Али Асгар ва Иброхимии Мукаддам дар ин хусус гуфтанд ва мо онро ба таври мухтасар ин чо овардем.

Тахкир, хакорат, бадбини, кинаву адоват, душмани, дилозори… ва мисли инхо хама дар мачмуъ хислату одатхое мебошанд, ки мо бояд тарки  онхо кунем. Ва кушиш кунем то бо рафторхои нохуби худ, касеро норохат насозему дили касеро наёзорем ва «биёед бо якдигар мехрубон мешавем!»            

комментария 3

  1. Бисёр хуб гуфте ака… Биёед бо якдигар мехрубон мешавем!

  2. Руз ба хайр аки Субхон. Солхои мактабхонии шумо хам ягон устодро хафа карда буданд ё не? Аз давраи мактабхонии худатон хотираи фаромушнашавандае ки сахт дар хотиратон мондааст бошад, менавиштед?

  3. Бисёр дуруст кайд кардед, бародар. Ачаб замоне шудаст, ки мутаасифона гохо мебини ки падару модар дар назди фарзанди худ кадре надорад…

    Духтаронро хама чанг асту чадал бо модар
    Писаронро хама бадхохи падар мебинам…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: