20 майи соли 2011

Имрузу фардо ва фардои дигар рузи таваллуд ва вафоти  нафарони шинохта ва махбубу машхур аст. (Мумин Каноат, Лоик, Нигина Рауфова, Сайф Рахимзоди Афарди, Малика Собирова). Онхо тавонистанд, ки ба дили мардум чо бигиранд. Онхоро фаромуш намекунанд! Аммо кам нестанд нафароне, ки дар зиндаги аллакай фаромуш шудаанд. Онхо рузи вафоташон гуё нав  таваллуд мешаванду боз хамон лахза мемиранд…

Имруз дар мавриди инсонхои ба сифр (о) монанд, дахонхои воз, хиллаи коргардонхои кино, охирин Хунарманди СССР, асрори БДА, кухнабозор, мурочиат ба  котил ва мардхое, ки танхо ба истирохатгоххо мераванд навиштаам.   

  • Оноре ДЕ БАЛЬЗАК /Honore de BALZAC/–нависандаи фаронсави таваллуд шуда буд (1799)

Баъзе инсонхо ба ноль монанданд. Дар пахлуи онхо хамеша бояд ягон ракам бошад! (Оноре де Бальзак)

  • Алексей Андреевич ТУПОЛЕВ сарконструктори Бюрои конструктории ТУ таваллуд шудааст (1925)

Такдим ба духтарони зебои стюардесса:

ТУ чахони роз боши, ки пур аз хумору ноз аст,

ТУ навову  соз боши, зи ТУ сад дахон воз аст…

 

  • Актёр —  Александр Викторович ДЕДЮШКО таваллуд шуда буд (1962)

(Сериалхои  «Оперативный псевдоним», «Сармат», «Псевдоним «Албанец»»)  У 3 ноябри соли 2007 дар натичаи як садамаи наклиёти якчо бо писар ва хамсараш ба халокат расида буд.

         Субх. Духтари зебое, ки орзуи актрисаи синамо шуданро дошт, аз канори марди сохибхона хеста, гиря мекард:

         -Чаро  бегох нагуфти,  ки ту режиссер-мультипликатор хасти???

 

  • Олег Иванович ЯНКОВСКИЙ –актёри театр ва кино, охирин Хунарманди мардумии СССР вафот карда буд (2009)               

                                     
Хайрият, ки у дар кишвари мо зиндаги накардааст, вагарна баъзехо фурупошии СССР-ро хам ба нахсии дасти у вобаста мекарданд ва аз мачлису махфил ва дурбинхои ТВ тамоман дураш месохтанд!

 

  • Джейкоб ДЖЕРМАН  аввалин ронандае шуд, ки уро барои аз меъёр баланд кардани суръати мошин  дар Нью Йорк ба хабс гирифта буданд. Он замон факат 12 миль дар як соат харакати мошин ичозат буд (1899)

         Аз ким кадом нашри хабари: «Дируз дар буриши кучахои Сино ва И. Сомони мошини ким-кадом сарватманде,  ки  суръати баланд дошт, ба бинои «Барки Точик»  бархурд. Кормандони БДА муайян карданд, ки дар ин ходиса бинои «Барки Точик»  гунахкор аст!»

 

  • Хамин руз Шоири халкии Точикистон, барандаи Чоизаи Давлатии ба номи Рудаки Лоик ШЕРАЛИ таваллуд шуда буд (1941)

 

Аз рафтани ёр бар дили зор озор монд,

Сад кухнаву бидрида дар ин бозор монд.

Бозор бикучид, дигар на шур асту шар аст,

Лоик, ту биё бубин,  ки аз гул хор монд!

 

  • Сайф Рахимзоди Афарди –собик Раиси Кумитаи ТВ ва Радиои назди Хукумати Чумхурии Точикистон хамин руз кушта шуда буд (2000) 

Чи фазои нахсу  торик, на нишони сидку нанг аст,

Ту биё бикуш маро, ки бари ман чахон танг аст!

 

  • Саламшо Мухаббатов – ба ичрои вазифааш дар макоми Раиси Муассисаи Вохиди Давлатии сайёхии «Сайёх» огоз карда буд (2004)   

         Зане шавхарашро, ки ба курорт мерафт то дами дарвоза гусел мекунаду  ноаён аз кудаконаш ба вай мегуяд:

         -«Барои он чизе, ки дар хона бепул ба даст меори, ончо пулхоятро сарф накун. Илтимос !»

 

комментариев 6

  1. Салом. Субхон чаро чанд муддат блогатон фаъол нест?

  2. Хиёнат бар Ватан, бошад ба Модар,
    Ба зан, хохар, ба ёру бар бародар.
    Ба раѓми нохчавонмардон барои
    Чавонмардон сазад бардошт согар.

  3. Акаи Субхон мегум чихели, корко чи хелай. Ба Шумо тани сихат хотири чамъ таманно дорам.

  4. Субхон бахшиш, ки бе огахи ба Шумо сабидам ин маводро. Умедвори онам, ки лагв намекуниву, чавонон метавонанд аз кори нек бахраар гарданд. Ташаккур барои дастгириат

  5. ЭЪЛОН

    Бо дастгирии Институти ба номи Гётеи Олмон дар доираи барномаи «Филми мустанад дар мадди назар» озмун барои иштирок дар мастер-класс эълон карда мешавад. Мастер-класс аз 6 то 29 июл дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Коргардони олмонӣ ва синамогарони тоҷик ба иштирокчиён асосҳои филми мустанади муосирро меомoзонанд. Дар охири машғулият иштиоркчиён филми мустанади омoзишӣ месозанд.

    Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод созанд:
    1. Дархостнома
    2. Маром (Мотивация)
    3. Шарҳи ҳол (дар шакли СV)

    Барои дастраснамудани дархостнома ба нишонии зер муроҷиат намоед:
    Иттифо-и синамогарони Тоҷикистон (кинотеатри Зебуннисо)
    шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ, 131
    Телефон: +992 919-33-96-23.
    Почтаи электронӣ: robiaatoeva@hotmail.com

    Мoҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо – 16 июни соли 2011

    Мутассадӣ : Фариштамоҳ Гулова
    Телефон: +992 918765880
    Email: farishamoh@gmail.com

  6. Тоҷикони Чин: «Мо ба хатти форсӣ менависем.»

    Бо вуҷуди он ки тоҷикони Чин дар зери таъсири туркзабонҳо мондаанд, вале ҳанӯз худро тоҷик мешуморанд.
    Ҷони ман бодо фидоят, ассалом эй Гулбутта,
    Ҳар замон оӣ ба ёдам, моҳи тобон Гулбутта.

    Офиятулло, сокини Тошқурғони Чин баъд аз муаррифӣ кардани худ ва огаҳӣ ёфтан аз ҳадафи мо сӯҳбаташро бо ҳамин сурудаи машҳури мардумӣ оғоз кард.

    Вай ҳамзамон мехост завқи баланди худро нисбат ба шеър ва дилбастагиашро ба забони тоҷикӣ нишон диҳад ва собит кунад, ки фолклор дар зиндагии онҳо чӣ ҷойгоҳе дорад.

    Аз ӯ мепурсем, оё ба забони тоҷикӣ шеърҳои дигар ҳам хонда метавонад?

    Офиятулло: Ман як шеъри машҳури шоири бузурги тоҷикон, Мирзо Турсунзодаро бароятон мехонам:

    То тавонӣ, дӯстонро гум макун,
    Дӯстони меҳрубонро гум макун…
    Дӯст ояд сахт бар оғӯш гир,
    Расми хуби тоҷиконро гум макун.

    Тоҷикони Чин
    Сӯҳбатро бо ҳамсӯҳбати дигарамон Абул Асанхон идома медиҳем.

    Озодӣ: Абул Асанхон, Шумо сокини куҷо ҳастед?

    -Ман дар Тошқурғон, дар мамлакати Чин, дар ноҳияи Шинҷон зиндагӣ мекунам, яъне Шаҳристони мухтори тоҷикнишини Чин.

    Озодӣ: Дар хона Шумо ба кадом забон сӯҳбат мекунед?

    -Бо забони маҳаллии ин ҷо, бо забони сари кӯҳӣ (сари қулӣ).

    Озодӣ: Забони тоҷикиро аз куҷо ёд гирифтед?

    -Забони форсӣ 80 сол пеш аз ин дар ин ҷо роиҷ буд. Вале ҳоло ҳам дар баъзе аз хонаҳо ба ин забон сӯҳбат мекунанд. Махсусан дар рустоҳо. Дар ин ҷо фолклор, масалҳо ба ин забон зиёд аст.

    Аз Офиятулло мепурсем, ки ба назари вай дар оянда ин фолклор боқӣ мемонад ё оҳиста-оҳиста аз байн меравад?

    Офиятулло: На, аз байн намеравад. Ҳоло дар шаҳристони мо мардум ба забони форсӣ хеле алоқа доранд. Мо ҳоло як клос (курси омӯзишӣ)-и форсӣ таъсис кардем. Ба бачаҳо форсӣ дарс медиҳем.

    ҲАМ ФОРСӢ, ҲАМ ЧИНӢ

    Замир Сайдулло, устоди донишгоҳи Урумчии Чин аз ҷумлаи онҳоест, ки солҳои зиёд дар тарғиби забону фарҳанги тоҷикӣ саҳм дорад. Ба ҷуз аз ин ки вай дар донишгоҳ забони тоҷикиро ба шогирдон тадрис мекунад, дастурамалҳои зиёди омӯзиши забони тоҷикӣ низ таълиф кардааст. Аз вай мепурсем, оё дар минтақаи Шинҷони Чин барои тоҷикзабонон таҳсил ба забони тоҷикӣ иҷоза дода шудааст?

    Замир Сайдулло: Тақрибан ду сол шуд, ки дар Шинҷон тадрис ба ду забон ба роҳ монда шудааст. Тоҷикон бояд аз рӯи ҳуҷҷат (қарор) забони модариву забони чинӣ биомӯзанд. Аммо тоҷикӣ аз соли 1937 ин тараф аз тадрис гирифта шудааст. Тақрибан 70-80 сол мешавад, ки дар тадрис нест. Барои ҳамин якбора онро бар роҳ мондан хеле душвор аст, чун муаллим надорем, китоб ҳам нест. Ҳозир кӯшиш карда истодаем, ки ҳамин солҳои наздик забони тоҷикӣ-форсӣ ба клосҳои мактабҳои тоҷикнишини Чин бояд ворид шавад. 40 нафар донишҷӯ забономӯзиро хатм карда баргашта ба минтақаҳо рафтанд. Бояд вақтҳои наздик як ё ду клоси дигар биёянд забон омӯзанд. Дар худи Тошқурғон 80 нафар забони форсиро омӯхта истодаанд.
    http://www.ozodi.org/content/article/24182776.html

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: