18 майи соли 2011

  Афсонаи навро шунидед? «ХУДОВАНД  замину осмон, обу кулу дарё, куху ЗАМИН, долу дарахт…хулоса, ки ХАМА ЧИРО офарид ва онхоро порча-порча  таксим карда, ба ихтиёри чанд нафар гузошт. Ва хамин тавр кард, ки он чанд нафар хешу табор ва ошнову чура бошанд. Он чанд нафар хеч гох пир намешуданд, онхо човидона буданд, онхо аз дигарон фарку бартари доштанд, онхо метавонистанд хама чиро фурушанд, харанд, фуру баранд ва бо як ченак  чен кунанд-ПУЛ… Шояд ХУДОВАНД хамин гуна хоста буд, ки онхо Интернетро надонанд, блогу сомонаву хатто почтаи электрониро нафахманд ва факат аз хисоби ВА ГАЙРАВУ ВА ХОКАЗОХО дар сафар бошанд. Будани дигарон дар пахлуи онхо гуё ГАЛАТ ва ХАТО шуда бошад…»

Ин афсона дигар давом надорад ва хам маълум аст, ки анчоми он мисли афсонахои момаи Иззатмох хубу гуворо нест. Аммо мехостам пурсам, ки «Шумо ягон бор ба кабулгохи  Раиси нохиятон рафтаед?  Шумо медонед, ки чаро расман МУОВИНИ АВВАЛИ РАИС хасту МУОВИНИ ОХИР нест? Раиси кумитаи заминсозии нохияи Шумо медонад, ки дар 1 $ сурати ки аст…?

Имруз дар мавриди бозори занон, дарди  овозхон Субхони Саид, ислохкунии инсонхо, ном ва таъсираш ба одамон, депозит дар бонке, ки вучуд надорад, филмхо бо як камера, занону духтарони «дастнорас» ва «осорхонаи Ракибовхо» дар Файзобод ва Фейсбук  навиштаам!

 

  • Имруз шоиру форсу точик, файласуф, табиб, риёзиётдон, мусикишинос Умари Хайём таваллуд шудааст (1048)

Асрори занонро на ту бофтиву на ман,

 Тумори занонро на ту кофтиву  на ман.

Сад танга ба киссаву дусад танга ба каф,

Бозори занонро на ту ёфтиву на ман!

 

  • Мишель КРЕТУ –ромишгари фаронсави, асосгузор ва рохбари гурухи «Enigma»  таваллуд шудааст (1957)

         Аз макоми рохбари ягон ансамбл ва ё оркестр рафтан аламовар нест.  Аламовар хамон вактест, ки ба ту баъди хама шогирдонат УНВОН медиханду ту дигар пойи омадан надори ки онро кабул куни…  

 

  • Пьер Огюстен БОМАРШЕ /насаби асосиаш  КАРОН/ -драматург ва публитсисти фаронсави вафот кардааст (1799)

У дар чавониаш соатсоз будааст. Ба сатхи соатсози шохи расида, хамзамон худро дар самтхои дигар хам месанчад. У гох сарватманд мешуд  ва гоххо ба дарачаи факири поин меомад. Баъзехо уро нихоят дуст медоштанд, аммо баъзехои дигар бадаш медиданд. Шухратро бошад ба у адабиёт овардааст. Фигароро ки намедонад?

Одамонро ислох кардан мумкин аст. Факат бояд ба онхо нишон дихи, ки онхо дар асл чи гуна хастанд!

Пьер Огюстен Бомарше

 

  • Александр Васильевич СУВОРОВ – генералиссимус вафот кардааст (1800)

         Кудаконеро, ки ояндаи дурахшон насиб аст, аз насабашон шинохтан мумкин аст. Барои хамеша руи асп будан насаб бояд СУВОРов бошад. Бо насаби Гуломов ё Гуломзода на хамеша СУВОРи асп будан насиби кас мешавад!!!

  

  • Малика ЕЛИЗАВЕТА ПЕТРОВНА ба Сенат фармон медихад, ки Бонки давлатиро таъсис бидиханд. Хамин супориш огози бунёди аввалин Бонк дар Руссия буд  (1753)

 

Дар сар хама накшаву ният титу пит аст,

Аз мотами ишки ман туро курта чит аст?

Мехрат нашавад кам, ки фоиз дорад,

Дар бонки дилам ишки ту чун депозит аст!

 

  • Дар Санкт Петербург дар бинои №46-и Хиёбони Нева аввалин кинотеатр дар Руссия кушода шудааст (1896) Хамин руз 115 сол аз ин ходиса сипари мешавад.

«Ру бар суи маърифат» кадум, суи ту шуд,

«Мехроб»-и дилам хамон ду абруи ту шуд.

Сад лашкару «Хомиён»-накуштанд маро,

Бишкаст «Сукут»-у  дори ман муи ту шуд!!!

         

  • Мухандиси фаронсави  Антуан БАРНАЙ  барои ихтироъи телефон бо ракамчинаки доирави патент гирифтааст (1923)

         Замони шурави нафареро, ки дустдоштаашро ба телефони хонагии дорои ракамчинаки даврзананда  монанд кунад, ёфтан душвор ва хатто номумкин буд. Аммо холо баъзехо дустдоштахои худро ба телефони мобили монанд мекунанд ва боз инро исбот хам мекунанд: «дустдоштаам мисли  телефонии мобили аст, агар ман пул надошта бошам, у муваккатан ДАСТНОРАС  аст!»

 

  • Аз соли 1978 бо карори ЮНЕСКО 18 май чун Рузи байналмилалии Осорхонахо кайд карда мешавад. Ин Руз бо ибтикори СССР дар соли 1977 хангоми баргузории конфронси 11-уми Генералии Шурои Байналмилалии осорхонахо пешниход шуда буд.  

         Имруз гумонам  мардум факат таъсиси  осорхонахои гайриодиро интизоранд. Он гуна осорхонаро бошад таъсиси додан душвор нест. Факат бояд хама «муттахид» шаванд.  Масалан,  «осорхонаи гами Ракибовхо» — ро дар Файзобод миллион кас ба воситаи  Фейсбук  алакай  «тамошо» кард…  

 

Один ответ

  1. Салом акаи Субхон, бояд икрор кунам ки чанд муддат аз блогатон дидан накарда будам…. Вале ин субх ният кардам, ки хатман имруз хама маводи блогро мехонам. Бехтарин навиштахо , бахусус хамун мисрахои шеъри))))))))….. Акнун малум мешавад ки туморро занхо фикр кардаанд????

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: