14 майи соли 2011

  Имруз шоир Хайрандешро дар вохурие бо хонандагони Гимназияи Донишгохи Давлатии Тичорати Точикистон хамрохи кардам. Бори аввал вориди он муассисаи таълими шудам. «Берунаш» хам устода «кушт»-у хам маро! Мо дар зиндагии худ факат эчодкории кам дорем! Тамом! Дигар пули каму имкони кам бахонае беш нест! Бахоначухо! Мархамат ба Донишгохи Давлатии Тичорати Точикистон! Онхо хам дар хамон шароите зиндаги мекунанд, ки Шумо хам доред, онхо хам бензинро 6 сомони мехаранду гуштро кариб 30 сомони, онхо хам пули барку обу замин медиханд…Аммо як бор лоакал ба хавлии он ворид шаведу бубинед, ки аз хавлии коргохи шумову муассисаи шумо чи тафовут дорад? Дасти касе  дар гулгулшукуфии он муасиисаи таълими расидааст, ГУЛ аст. Дасташ ГУЛ аст! Офарин!!!

Имруз дар мавриди зердастони бепарво, фолбинхои хукумати, ишктуфанг, истифодаи вазелин ва муъчизаи телевизион навиштаам!

  • Вильгельм СТЕЙНИЦ –шохмотбози олмони, аввалин чемпиони Чахон оид ба шохмот таваллуд шудааст (1836)

Мегуянд, ки хамин санаи таваллуди у хам дакик нест. Вильгельм дар оилаи точири хурде таваллуд шудааст. То таваллуди у дар он оила 12 фарзанди дигар буд. Баъди хатми мактаби миёна  у ба мактаби политехникии Вена дохил мешавад. Баъди чанде у мизочи доимии кахвахонае мешавад, ки ончо бехтарин шохмотбозон гирд меомаданд. У тахсилро тарк карда, пурра ба шохмот дил мебандад. Замони чемпион шуданаш  у 50 сола буд.

         Як раисе дар Точикистон бо ким кадом зердасташ шохмотбози мекунад. Зердаст хеле хуб бози мекардааст ва раисро дар холати ногувор мемонад. Касе мепурсад, ки : «раис, ин коргаратон, хуб шохмотбози мекардааст, у чи кора аст?» Раис чавоб медихад, ки «баъди хамин бозиаш хиччи кора J»

 

  • Николай Александрович ТИХОНОВ-Раиси Шурои Вазирони СССР (аз соли 1980) таваллуд шудааст (1905). Махз у барои ба макоми рохбари пешниход кардани М. Горбачёв зид баромада буд.

Дар хама Хукуматхо як нафаре хаст, ки мисли фолбину дилбинхо тахмину шубхахояш рост мебароянд. Ин гуна нафар гумонам дар солхои охири Хукумати Шурави Тихонов буд. Аммо муллохое, ки аъзоёни Хукуматхо  доимо ба наздашон рафта, хохишхои худро мегуянду «андоз» месупоранд, як нафару ду нафар нестанд, онхо зиёданд.

 

  • Николай Федорович МАКАРОВ-конструктори аслиха, муаллифи туфангчаи машхури МАКАРОВ хамин руз вафот кардааст (1988)

Такдим барои нафароне, ки зебову хостани вале баднозу магрур хастанд:

Ишкат чу шароби ноб нуш аст маро,

Нозат чу туфанги бехи гуш аст маро!

 

  • Номи  «вазелин» чун тамгаи тичорати патенти карда шудааст. Онро як мухочири кории англис —  Роберт ЧЕЗБРО, ки дар Амрико кор мекард, чун маводи ороиши ва табобати ихтироъ кардааст.

Вазелин аз ду калима «wasser» —калимаи олмони, ки маънии «об»-ро дорад ва калимаи юнонии  «elaion», ки маънии «равгани зайтун»-ро дорад, иборат аст. Пайи захму чарохате, ки ин нафар факат барои санчидани вазелин ва ихтирои он дар чисмаш гузошта буд, шифо ёфтанд ва у 96 сол умр дида дид.

Гармиву сарди,

Дармони дарди,

Пусти шахшула,

Шутала карди-

Аё вазелин,

Аё вазелин!

 

Буят чи хуш аст,

Дил дар хуруш аст,

Баъди молидан,

Чои ту чуш аст-

Аё вазелин,

Аё вазелин!

  

Кормон  осон шуд,

Дардо дармон шуд,

Харчи РОБЕРТ хост,

Ба худо, хамон шуд-

Аё вазелин,

Аё вазелин!!!

 

  • Телевизиони Кулоб ба фаъолият шуруъ кардааст (1992)

ТВ  дар мачмуъ чизи бад нест: аз ончо шухрат, пул, обру ва оила хам  ёфтан мумкин аст. Лекин холатхои баракс хам хаст, ки баъзехо махз  дар ончо хама чиро гум мекунанд — хам шухратрову хам пулро, хам  оиларову хам обруро…

 

 

Один ответ

  1. Акаи Субхон! Шуморо бо хамрохии устоди бузургвор Хайрандеш ба Донишгохи давлатии тиббии Точикистонба номи Абуали ибни Сино даъват менамоем!!! Биёеду аз даргохи маърифати мо низ дидан намоед!!!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: