13 майи соли 2011

  Хаёл мекунам, ки имруз хама «коршинос»  ва «тахлилгар»-у «мунаккид» шудаанд: хам точир,  хам кабир, хам бекор  ва хам чаккафурушу кабудифуруш. Дар сартарошхонахо холо масъалахои глобариро «хал» мекунанд, занхои куча болоравии нархи бензинро ба ким кадом ходисаи дар  кадом дехаи дурдасте рух дода робита медиханд, курутфуруш аз курби доллари амрикои ва  кометаву «охири замон» «кисса» мекунад…

Имруз дар мавриди ду гурухи аскарбачахо,  накши мини-юбка  дар Шоу-бизнеси точик,  рохбарони «гамхор», як харф аз як мисраи Олимхон Исмати, хохиши кухнавардии занхо ва вазифаи богхои бе чарогу бе рушнои навиштам.   

  •  Мирон /Меер/ Семенович ВОВСИ- Сартерапевти Артиши Шурави дар солхои 1941-1950 таваллуд шудааст (1897)

         Холо барои ду гурухи духтурон кор кардан нихоят «душвор» аст: духтурони коммисариатхои харби ва Артиш. Барои он, ки махз дар хамин нуктахо «зарурат» пеш меояд, ки  касалро  «здоров»  ва ё «годен»  нависиву  сихатро «не годен»!

 

  • Александр РЫБАК-голиби озмуни Евровидение- 2009, зодаи Белоруссия таваллуд шудааст (1986)

У дар он озмуни мусики Норвегияро муаррифи карда буд. Холо дар Шоу-бизнеси точик  мардуми курсинишин,  хунармандон ва мухлисон хамдигарро дар остонаи хамин гуна чашнвора ва озмунхо «мешиносанд».  Масалан Шумо кормандони кадом вазорат ва ё кумитаро хамон замоне хуб мешиносед, ки ба озмуну рузхои фархангие  Шуморо неву ким-кадом бонуи «миниюбка»-дорро мефиристанд!

  

  • 90 сол кабл Совнаркоми Шурави Декретро дар бораи таъсиси хонахои истирохат нашр карда буд (1921)

            Такдим ба рохбароне, ки парвои истирохат ва фарогати зердастонашонро надоранд:

Бегонараву зура ба кор кам биги ту,

Дар мачлису махфило сара хам биги ту!

Зики ту накун, фикр накун, хаста нашав,

Коргар, ки бимурд, мурад, факат дам биги ту!!!

 

  • Бо пешниходи Папаи Рим  ИОАНН ПАВЕЛИ  II Рузи байналмилалии беморон таъсис дода шудааст, ки хамасола 11 феврал кайд карда мешавад (1992)

Хаёл мекунам, ки шоири хуби мо Олимхон Исмати  як вакт бехабар хангоми эчоди мисрахои худохофизи шиори «хуб»-еро барои «табибон» навишта буд:

…Эй мардуми БЕМОР, панохтун ба Худо…

  

  • Элисон ХАРГРИВЗ –як зани англис танхо ва бе кислород ба куллаи Эверест баромадааст (1995)

            Занхо чанд гуруханд: баъзеашон аввал ба «кулла» мебароянду баъд ба шавхар мебароянд, баъзеи дигарашон аввал ба шавхар мебароянду баъд ба «кулла»  мебароянд.  Аммо хастанд нафароне, ки мехоханд факат дар болои «куллахо»  бошанд…

 

  • Боги ботаникии  ПОМИР таъсис ёфтааст (1940)

Бай бога биё, ки фасли гул мегузарад,

Камкориву хам доштани пул мегузарад.

Кошке гузарад кимматии бензину гушт,

Дар як мижжа фасли «нул ба нул» мегузарад!

 

 

 

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: