Вакте хамсарам хамкорам мешавад!

 Дар мавриди ин ки «кор кадани зану шавхар дар як коргох хуб аст ё не?», назархо гуногунанд. Яке мегуяд ки хуб аст, дигаре ба ин назар аст, ки якчо кор кардани зану шавхар дар як корхона ин хуб нест, савуми бошад, мегуяд ки: «Чизе гуфта наметавонам, зани ман кор намекунад, барои хамин ман намедонам, зеро ман уро намегузорам, ки кор кунад. Ба назарам, ки хеч хуби хам надорад! Боз хаминаш намерасид, ки якчо кор кунад!»…   

Ва хам ахиран, яке дигар дар саволи ин ки «оё зану шавхар метавонанд бо хам якчо кор кунанд?» мегуяд, ки «ба назари ман, мухим нест ки онхо якчо кор мекунанд ё чудо. Мухим ин аст, ки байни онхо якдигарфахми бошад».  

Пеш аз хама хотиррасон карданиям ва мехохам бигуям, ки максади мо аз пешниходи ин мавзуъ ташвик кардани хамсарон барои кор дар як муассиса ё коргох нест. Ва ё ин ки бахо додану ташхис кардан, ки якчо кор кардан хуб аст ё чудо, ин хам нест! Мо факат мехохем, ки дар ин бобат каме мулохизарони кунем. 

Акнун, назари дигаронро, ки доир ба ин мавзуъ чи мегуянд, ин чо мехонем:     

  • Хамкор ва хамсар дар канори хам

Бархе низ бар ин боваранд, ки кор дар канори хамсар фурсате фавкулода аст. Албатта, хама чиз бастаги ба созгории хамсарон ва рафтори онон дорад. Гохе афрод метавонанд дар мавкеиятхои душвори кори, ба кумаки хамсарашон аз стресс ва афсурдагии худ бикоханд. Яке аз нукоти асоси ин аст, ки хангоми кор кардан бо хамсаратон бояд ба акоид, назарот, тасмимот, авлавиятхо ва озодии у эхтиром бигзоред, ки хамин нуктаи ба зохир ночиз дар пайванди бештари шумо бисёр муассир хохад буд.

Дар хар сурат бояд бидонем, ки хуб ё нохушоянд будани ин робита амре нисби аст ва ба вижагихо ва хусусиёти кор ва рухияи зану шавхар бастаги дорад. Аммо дар хар сурат хамеша хуб аст, ки масоили мушкилоти корро дар мухити кор бигузоред ва зиндагии шахсиро барои хона.

  • Агар шавхар хамкори занаш бошад

Мумкин аст зан ва шавхаре монанди ду хамкори идори дар як идора ё муассисае кор кунанд. Вакте махалли корашон хам дар як уток ва зери як сакф бошад. Дар ин сурат зану шавхар корро бо хам таксим мекунанд. Бад-ин тартиб, ки шавхар микдоре аз кори идории занашро анчом медихад, то занаш дар хона битавонад бештар ба корхои манзил бирасад ва агар хам сарехан чунин набошад, такрибан чунин хохад буд ва шавхар голибан микдоре аз масъулиятхоро ба ухда мегирад, то фишори кор руи дигаре камтар бошад.

Табиист, ки вакте зан ва шавхаре дар як идора ва ба хусус дар як уток бо якдигар хамкор шуданд, шавхар хамеша мурокиби харакоти занаш хохад буд, ба музокироти у гуш хохад дод ва равобити уро бо дигарон дар назар хохад гирифт, зеро билохира у масъули шаръи аст ва бо у пайванде дорад. 

Табиатан, шавхар аз иштибох ё хатои занаш дар кор дифоъ хохад кард ва ногузир дар бисёре аз умури марбут ба у дахолат хохад кард, дар холе ки агар занаш набуд ва факат хамкор буд харгиз чунин дахолатеро чоиз намедид. Бад-ин тартиб равобити ин ду хамкор дар идора мавриди таъбир ва тафсири соири кормандон карор хохад гирифт.  

  • Агар шавхар раиси занаш бошад

Дар холате ки шавхар раиси занаш бошад дар ин сурат мумкин аст занашро мукаллаф ба кори камтаре созад, то неруе дар у барои корхои хона боки бимонад ва ё ин ки барои анчом додани корхое ки ба у мурочиа мекунанд, фурсати бештаре ба у бидихад. Ва хамчунин эхтимол дорад, ки дар кадом соат ба кор омадан ва соати чанд аз кор рафтанаш хам зиёд диккат накунад. Хамчунин дар додани мураххаси ва ичозаи хуруч аз идора.

Ва низ имкон дорад, ки натичаи кори занашро дар идора бештар ва бехтар аз он чи хаст ба шумор оварад ва барои бехбуд ё афзоиши кори у супорише накунад ва дар айни хол барои дарёфти изофаи хукук ё рутба ва соири мазоёи идори барои у бикушад. Дар ин сурат оё фикр мекунед соири кормандони зердасти раис аз равиш ва рафтори у рози хоханд шуд. Эхтимол дорад, ки дар чунин идора яке аз кормандон, ки часуртар аст, эътироз кунад. Дар ин сурат раиси идора барои он ки ба истилох захри чашм аз дигарон бигирад, бадехи аст ки бо он корманд нихоят хушунатро раво хохад дошт ва чи басо барои он ки ибрате барои соирин бошад уро аз хидмат мунфасил хохад кард.

  • Аммо агар равобити зан ва шавхар хуб набошад

То ин чо фарзхо ва эхтимолоти мо дар сурате буд, ки равобити зану шавхар дар нихояти сулху сафо буда, созгори ва хамохангии комил миёнашон баркарор бошад. Вале оё чунин чизе дар олами заношуи барои хамеша ва дар тамоми марохил мумкин аст? Оё хеч намешавад, ки зан ва шавхаре нисбат ба хам кудурате пайдо кунанд? Оё хамеша ва хамвора равобити онхо бо сулху сафо мегузарад? Ё ин ки гох-гох миёни зану шавхар кудуратхое пайдо мешавад ва мунозиоте бо якдигар пайдо мекунанд. Бадехи аст, ки ин кудуратхо гох ва бегох дар чахони заношуи миёни зан ва мард пайдо мешавад ва дар мухити кори онхо низ ба хусус агар хамкор бошанд, таъсир мегузорад. Дар чунин холате хар амал, нигох ва харакате аз чониби яке бар рухияи дигаре асар мегузорад. 

Ва хам агар дар чунин холатхо мард раиси занаш бошад пайдост, ки зан харгиз ин робитаро нахохад пазируфт ва ба амру нахйи вай эътиборе нахохад дод, ба майли худ кор мекунад, ба майли худ ворид ва хорич мешавад ва хулоса, хар кореро ки дуст дорад анчом медихад ва харгиз робитаи кориро ки байни худ ва хамсараш вучуд дорад дар назар намегирад.

  • Хифзи робита бо хамсар

Вакте шумо ба ин наздики бо хамсари худ кор мекунед барои доштани робитае солим ва муваффак бояд равобити худро бо хамсаратон беш аз афроди дигар хифз ва таквият кунед. Бикушед, ки дар тамоми сахтихо ва такрорхои харрузи мухити кор, нуктае чадид барои бехбуди робитаи худ биёбед.

  • Кавонини хоси хамсарон

Кор кардан хамрох бо хамсар ва дар як макон чандон сода хам нест. Шумо бояд шароит ва кавонине барои кор кардани канори якдигар таъйин кунед, то зиндагии муваффак ва дур аз дарди сар дошта бошед. Хатто муваффактарин ва хушбахттарин завчхо низ хамеша ва дар хар мавриде тавофуки назар надоранд ва ин масъала ба хусус замоне ки марбут ба масоили моли ва кори бошад, бештар ба чашм меояд. Яке аз далоили аслии ин холат низ тафовути тасмимоти кори миёни зан ва мард аст. Тафовуте ки аз зот ва табиати онхо нишот мегирад.

  • Кор ё хона

Шояд яке аз роххо ин бошад, ки хонаро аз махалли кор чудо кунед. Албатта, барои касе ки берун аз хона кор мекунад, чудо кардани зиндагии шахси аз зиндагии кори амре мухим ва хаёти аст. Бо ин хол барои хамсароне, ки хамрохи хам кору зиндаги мекунанд, ин тафовут ахамияте вижа меёбад. Пас, конуне бигзоред, ки масоили кори дар мухити кор ва масоили хонаводаги дар хона боки бимонанд.

 Мо чанд холати мавзуъро барраси кардем. Шумо хам агар чизи гуфтание дар ин хусус дошта бошед, метавонед назари худро баён кунед.  

http://www.vista.ir

комментариев 5

  1. Салом акаи Субхон. Чаро мавзуънависиро ки дар хар хусус менавиштед бас кардед? Чанд вакт шуд ягон гапи нав нест?

  2. Салом! Акаи Субхон чаро чанд вакт мешавад, ки дигар доир ба ягон мавзу чизе наменависед? Сабаб чист?

  3. Руз ба хайр!
    Шояд каме аз мавзуъ дуртар биравам, вале дар авал бояд бигуям ки акаи Субхон шумо бисёр дуруст кайд кардед ки касеро ташвик кардани нестед. Хар кас сохибихтиёр аст. Ва касе хаст ки ба кор ниёз дорад, касе не. Ин аз шароити хар кас вобаста аст. Ва ин авалтар аз хама аз шавхари хар зан вобаста аст, ки ичозати кор карданро ба у бидихад ё не.
    Баъдан, ман хам чанд оиларо дидам, ки дар як корхона кор мекунанд, вале байни онхо нашунидаам ки низоъ ё чанчол рух дода бошад. Онхо хамрох хурок мехуранд ва хамрох ба кор меоянд ва баъд аз кор ба хона мераванд.
    Вале яке аз сабабхои чанчол байни онхо ба гайр аз корхои корхона, ба гумонам шояд хамон рашк хам шуда тавонад…

  4. Ба фикри ман зану шавхар агар хамкасб бошанд хуб аст. Чунки пас аз рузхои кори метавонанд бо хам баъзан оиди фаъолияти кориашон сухбат намуда, аз хамдигар навовари бигиранд. Аммо дар сурати хамкор будан ман зидди ин мебошам. Дар тачрибаи кории худ 3 маротиба зану шавхари хамкорро дидам, ки дар як корхона фаъолият мекарданд. Агар бовар кунед умуман нодиданбоб. Хама вакт рашку кина ва баъзан чанг дар мобайни коллективи кори. Ва ба фикри ман паст будани натоичи кории онхо буд. Зану Шавхар коригар бошанд кофи хаст дар хайёти оилави (агар зан нохонда бошаду кор накунад, ин хам барои баъзехо хуб аст, чунки дар хона нишаста ба кору бори хона ва тифлакон машгул мешаваду хуб монда гашта хатто вакти чанчолкуни бо шавхар намеебад — е ин ки баръакс).Бехуда намегуянд — Худованд инсоф дихаду сабри чамил

    • Аз рузе, ки занамро ба кор рафтан иҷозат додам таоми нағзро дар хона надидам. Либос шустану дарзмол карданам ба зиммаи духтарчаам аст. Танҳо чизе, ки мисли пештара боқи мондааст ин ҳар ҳафта аз ман пулгириашай. Барои ин ба қароре омада истодаам, ки беҳтараш боз дар хона шина.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: