Чи кунем хасуд набошем?

Хасад холате аст нафсони ва хасуд, касе аст, ки натавонад неъматеро, ки Худованд ба дигаре иноят кардааст, бартобад ва чун онро мушохида мекунад, гаму андух бар чонаш менишинад ва нестии онро орзу мекунад. Ин холат дар даруни инсон чандин дарача дорад: нахуст, он ки хасуд наметавонад бубинад, ки дигаре аз неъмате бахраманд бошад, зеро худ ба он чашм духтааст ва мехохад онро дошта бошад.     

Хама медонанд, ки хасодат сифате нописанд аст. Бо ин хол хамаи мо дар миёни атрофиён ва ошноён афродеро сурог дорем, ки ба хасодат шухрат доранд ва худамон хам дар бархе умури зиндаги аз хасодат дар амон намемонем. Албатта, хисоби хасодатро бояд бо он чи дар адабиёт, рашк номида мешавад аз хам чудо кард. Рашк ба маънии хасрат бурдан нисбат ба дигаре аст ва дар пайи он талош ва эчоди ангеза барои иртикои худ ва дастёби ба он чи надорем ва дигаре дорад.   

Дар хакикат рашк монанди хасодат чанбаи тахриби надорад ва ба касе, ки нисбат ба у рашк бурда мешавад осебе намерасонад. Аз ин манзар рашк метавонад барои пешрафт дар зиндаги хусусияте муфид ва корбурде бошад. Хатман шунидаед, ки бархе мегуянд «бидуни хасодат кардан ба чое намерасиданд». Манзури ин афрод рашк бурдан аст ва ба иштибох ба чойи он вожа хасодатро ба кор мебаранд. 

Холо барои фуру нишондани оташи хасодат дар худ ва чилавгири аз он чи бояд кард?  

  • Баландназар бошед

Тангназари решаи хасодат аст. Ин ки фарде аз пешрафти модди ва маънавии дигаре ва бархурдории вай аз неъматхои зиндаги норохат ва озурда шавад чи маъное чуз тангназари метавонад дошта бошад. Дигарон мумкин аст бино ба казовати мо ба хак ё нохак аз сарват ва дорои, арзишхои ичтимои ва… назири хушноми ва шухрат бархурдор бошанд. Холо бояд андешед, тагйири вазъияти онон ё эхтимоли талош барои худшадор кардани шароити онон ё бадгуии пушти сарашон, чи суде ба холи мо дорад ва чи манфиате бароямон ба армугон меоварад. Хасудхо гумон мекунанд агар дигарон пешрафт накунанд ё аз неъматхо бархурдор набошанд, онон зиндагии бехтаре хоханд дошт!

  • Хушбин бошед

Пешрафти дигарон, бояд беш аз он ки мояи беэътинои ё хасодати мо бошад, боиси хушхолиамон шавад. Барои мисол, агар дар миёни афроди хонавода фарде аз назари иктисоди ва шугли муваффак бошад, ин имконро барои соири ошноён падид меоварад, ки онон низ пешрафт кунанд. Агар хонадоне муваффак дошта бошед, ки метавонанд зери болу пар шуморо хам бигиранд боиси хушхолиатон аст ё агар атрофиёне факир бо вазъияти нобасомон дошта бошед, ки аз шумо пул карз бихоханд ё захмататон бидиханд, ки зомини фалон вомашон шавед. 

  • Мукоиса накунед

Аз кадим гуфтаанд даст болои даст бисёр аст. Он ки ба у хасодат мекунем худ нисбат ба дигарон хасодатхои рангоранге дорад ва шароити имрузи мо низ барои бисёри мояи хасодат ва хасрат аст. Агар карор бошад шароити худро бо дигаре, ки аз мо болотар аст, мукоиса кунем ва хасрат хурдан ва хасодат варзидан дар ин бораро раво бидонем, бояд аз кору зиндаги даст бикашем ва биншинем субх то шаб гусса бихурем ва бадгуи кунем.

  • Барои шахсияти худ арзиш коил бошед

Дигарон хасодатро мешиносанд ва онро дар миёни рафтор ва гуфтори шумо ташхис медиханд. Хамон тавр ки шумо ин тавоноиро доред, ки хасодати дигаронро ташхис бидихед. Дарки хасодати шумо шахсиятатонро назди дигарон камтар мекунад ва казовати манфии ононро бармеангезад. Хасодат монанди хар разилаи ахлокии дигаре фурсатхои ноши аз эътимоди дигарон нисбат ба шуморо аз байн мебарад. Хатто мумкин аст афроде, ки суиният доранд бо шинохти ин сифат ё эхтимоли бурузи (зохир шудани) он ва дар хакикат шиносоии ин нукта заъфи шуморо барои максадхои худ ба кор гиранд. Хасодат хамон кадар мояи палиди ва фасод аст, ки дуруг, гайбат ва соири разоили ахлоки. 

  • Аз рухи худ мухофизат кунед

Аз кадим гуфтаанд «хасуд наёсуд!». Хасудон ба бемории рухии музмин (давомдор) гирифторанд, ки оромиши дарунии ононро зарра-зарра мехурад ва ононро музтариб мекунад. Стресси даруни ноши аз хасодати батадрич заминаи соири инхирофоти рухию равониро падид меоварад. Касоне ки бар хасодат галаба накунанд ва таслими он шаванд бо анвои мушкилихои равони мувочех мешаванд, ки барои фирор аз онхо рохе намеёбед. Хасудхо дар маърази лагзишхо хастанд ва чи басо оромиш ва саодати худро ба пойи хасодаташон бирезанд.  

Паёмбар (с) мегуяд: Аз хасодат бипархезед, зеро хасад некихоро мехурад, чунонки оташ хезумро мехурад.

Имом Содик (а) мегуяд: Аз хасадварзи ба якдигар бипархезед, зеро решаи куфр хасад аст.

Имом Али (а) мегуяд: Хасуд зуд хашмгин мешавад ва дер кина аз дилаш меравад.

Баргардон аз сахифаи  www.seemorgh.com

комментария 2

  1. Salom barodar! gaphoi Xub navishted. Salomat boshed.

  2. Субхатон ба хайр аки Субхон! Бисёр суханони чолиб овардед. Лекин агар камтарак дар бораи рашки мардон низ маълумот меовардед ва мегуфтед ки Мардхо кадом вакт рашк мекунанд? ачоиб мешуд. )))

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: