«Интиќод» доруест талх, аммо муфид!

       Хар фард дар тули хаёти худ мумкин аст борхо тавассути дигарон мавриди арзёби карор гирад. Бархе аз ин арзишёбихо дорои чанбахои ташвики ва бархе дигар мунтакидона аст. Интикод аз дигарон дар сурате, ки хушмандона анчом гирад, осори бисёр муфиде хохад дошт, дар гайри ин сурат мумкин аст бо вокунишхои манфии мухталифе мувочех шуд. Ин рафтор, хунаре аст, ки бояд омухт ва бидуни огохи аз равиши корбурди он, зиён бор хохад буд.

Пазириши интикод аз дигарон байни табакоти мухталиф мутафовит аст. Барои мисол дар бештари мавкеъ интикод аз суи афроди хонавода кобилияти пазириши бештаре дар мукоиса бо соирин дорад. Ба таври маъмул мо дар баробари казовати афроди бегона осебпазирии бештаре дорем. Бархе аз анвои интикод иборатанд аз:

1. Интикоди созанда:

Ин равиш дар бисёр маврид метавонад чанбаи созанда ва мусбат дошта бошад. Агар лахни интикодкунанда дустона бошад, бештар муассир вокеъ шуда ва шунаванда бидуни он ки мавриди хамла карор гирад аз айбхои худ огох мешавад. Бетардид барои хеч кас хушоянд нест, ки бишнавад «бад гизо мехуред» ва ё «дар либос пушидан бадсалика хастед». Барои он ки интикод созанда ва муассир бошад мунтакид бояд маворидеро риоят карда ва пурсишхоеро матрах кунад, ки хар як аз онхо дар расондани вай ба хадаф худ накши мусбате ифо кунад. Ин суолот мебоист мухтавои иттилоотиро, ки лозим аст мубодила шаванд, дар бар гирад. Хамон гуна, ки гуфтан ва чи гуна гуфтан иртиботи наздике бо хам доранд, мухтаво ва шеваи интикод низ бари хам таъсиргузоранд. Дар таъйини мухтавои як интикод бояд ибтидо аз худ пурсид, ки аз чи рафторе мехохем интикод кунем? Ин равиш метавонад бисёр муфид вокеъ шавад, зеро аз ба кор бурдани чумалоти кулли ва калимоти пучу озордихандае чун «хамеша хамин корро мекуни», «хеч вакт бамавкеъ намеои» ва чумалоте аз ин кабил чилавгири мешавад. Хангоме ки интикод аз рафтори хосеро бо котеият ва ба таври дакик матрах мекунем, барои интикодшаванда ин имконро фарохам месозем, ки манзури моро ба дурусти дарк кунад.

2. Интикоди гайримустаким:

Интикод метавонад ба сурати гайримустаким баён шавад. Барои мисол, агар тарафи мукобили шумо хусусияти баде дошта бошад, дар байни гуфтугу ба у бигуед: «Ба назари шумо одамхое, ки дорои ин хусусияти ахлоки хастанд, гайрикобили тахаммул нестанд?» ин шеваи интикод боис мешавад, ки як хисси хушёри дар вай бедор шавад ва вай мутаваччех шавад, ки дорои чунин мушкиле аст. Хатман ин масалро шунидаед, ки мегуяд: «ба дар мегуянд то девор бишнавад». Ин як мисоли мутадовил дар фарханги мо барои ибрози хамин мавзуъ аст.

3. Интикоди хамрох бо таъриф ва тамчид:

Дар ин равиш ибтидо метавон ба таъриф ва тамчиди вижагихои арзишманди фарде, ки мавриди интикод аст пардохт. Барои мисол «Ту духтари хеле бохуш хасти» пас аз корбурди як мукаддимаи муносиб назари интикодии худро баён ва саъй кунед онро дар пушише аз суханони хуб ва дилпазир карор дихед. Албатта, манзури шумо аслан тамалукгуи (хушомадгуи) нест, балки нахуст хусусиёти хуби уро гушзад карда ва баъд интикоди худро иброз доштаед.

4. Интикоди тахочуми ва сарех:

Ростгу будан ва ошкор гуфтан нишонаи сарохат ва садокат аст, вале хамеша барои мухотаб хушоянд нест, бахусус агар хеле нопухта баён шавад. Ин навъ интикод хеч навъи созандаги дар бар надорад. Бехтар аст, ки интикод бо бакоргирии як сиёсати дуруст анчом шавад.

5. Махкум кардан:     

Гохе ба чои интикод хамрох бо рохнамои, интикодкунанда мухотабро дар як додгох яктарафа мухокима ва махкум мекунад. У ба худ ин хакро медихад, ки дар мавриди дигарон изхори назар карда ва фикри худро ба вай тахмил кунад. Ин гуна бархурдхо на танхо созанда нест, балки бисёр номуносиб аст.

6. Интикоди дертар аз муддат:

Ин гуна интикодот, замоне сурат мегирад, ки хеч кумаке ба рафъи мушкил намекунад. Ба иборати дигар замон барои чилавгири аз хато вучуд надорад. Бар хеч кас пушида нест, ки интикод дар чунин замоне барои чилавгири аз такрори иштибох буда ва агар ташхис дода шавад, ки таъсире дар оянда нахохад дошт, бехтар аст хеч гох иброз нашавад.

  • Шеваи дурусти интикод кардан

Риояти нукоти зер метавонад дар замони интикод бисёр ёридиханда бошад:

Оё рафтори мавриди интикодро метавон тагйир дод?

Оё шахси мавриди интикод кароргирифта, алокаманд ба шунидани он аст?

Эхтимоли кабули тарафи интикодшаванда чи кадар аст?

Аз интикодшаванда суол кунед; оё манзури шуморо дарк кардааст?

Ба фарди интикодшаванда фахмонед, ки интикодатон бозтоби содаи акидаи шумост.

Аз интикоди тахаккумомез (ба кор бурдани зури) дури кунед, зеро ин гуна интикодхо билофосила фардро дар мавзеи дифои карор медихад.

Саъй кунед интикодро ба сурати нигариши шахсии худ ба мавзуъ баён кунед ва кушиш кунед уро ба шеваи нигариши худ кунчков кунед.

Мавзуъро тулони ва интикодро ба суханрони табдил накунед, зеро шунавандаро хаста ва бехавсала мекунад.

Интикодро дар замон ва макони муносиб иброз кунед, на дар лахзае, ки тарафи мукобил омодагии шунидани онро надорад. Аввал, сабр кунед то мухотаб дар оромиш карор гирад то эроде, ки аз у мегиред муассир вокеъ шавад.   

Бо таваччух ба сатхи дониши мухотаб интикодро баён карда, то барои мухотаб кобили дарк бошад. Наметавон аз як равиш барои тамоми афрод истифода кард.

Вакте интикод мекунед, кушиш кунед бидуни суи ният (зиён) буда ва факат ба манзури кумак ва рохнамои бошад.

Бо мушкилот ва эхсосоти фарди мукобил хамдили кунед.

Бехтар аст интикод хузури ва бидуни восита бошад ва аз интикод кардани гайримустаким бипархезед.

Барои хифзи обуруи ашхос, аз интикод ва насихат кардани фард дар хузури дигарон худдори кунед.

Чунончи бихохед интикоди шумо бо вокуниши мусбат ва созандае хамрох бошад, бояд нишон дихед на танхо ба он чи гуфтаед ухдадор хастед, балки ба рафтори фард дар мукобили интикоди худатон арч менихед. Харгиз дар интикод тарафи мукобилро бо касе мукоиса накунед. Мукоиса кардан боиси дилгирии мухотаб шуда ва мумкин аст бо вокунишхои бисёр номуносибе мувочех шавед. Агар шахсият ва эхтироми мухотаб дар назар гирифта нашавад, на танхо интикоди муассир вокеъ намешавад, балки метавонад ба катъи робита боис шавад. Интикодоте ба натича мерасанд, ки бисёр бодиккат ва хушмандона матрах шаванд ва мухотаб бидуни он ки озурдаи хотир шавад, аз айбхои худ огох шавад. Хеч гох дар интикод аз дигарон тасаввур накунед, ки он чи назари шумост хатман сахех буда ва мебоисти шунаванда бидуни чунучаро онро бипазирад.

  • Интикод аз хамкорон

Ракобат дар тамоми сутухи хар созмоне вучуд дорад. Яке аз иллатхои он дастёби ба имтиёзоти бештар дар мукоиса бо хамкорони дигар аст. Ин имтиёзот ба сурати гирифтани подош, иртикои шугли (ба мартаба расидан) ва… мебошад. Ба таври кулли хар фарде бо се сатх дар як созмон иртибот дорад: зердаст, хамкорони хамрадиф ва хамкорони сатхи болотар. Он чи бисёр шомили ахамият аст, он аст, ки бидонем дар хар сатхе чи гуна интикодоти худро баён кунем. Агар бихохем аз як равиш барои интикод аз афроди мухталиф истифода кунем, як иштибохи бузург муртакиб шудаем ва чунин шевае дорои натоичи бисёр ногувор аст. Дар бисёре аз созмонхо дида шуда афроде, ки ба таври кулли аз дигарон ба вижа аз афроди болотар аз худ интикод мекунанд, мавриди бемехри карор гирифта ва дар гирифтани имтиёзот ва рутбахо хамеша бо мушкилоти мутааддиде мувочех мешаванд.

Баррасии равишхои интикод бисёр печида ва дорои нукоти фаровоне аст. Интикоди сахех, «доруи талх, вале муфиде аст» ва замоне муассир хохад буд, ки бамавкеъ ва дуруст љой дода шавад, дар гайри ин сурат на танхо боиси бехбуди намешавад, балки боис ба ташдиди бемори хохад шуд. 

 

http://vista.ir

комментариев 5

  1. Руз ба хайр акои Субхон. Бисёр дуруст кайд кардед, ки интикод доруи талх аст, аммо муфид аст. Бехтарин суханон навиштед. Мехостам дар хамин маврид назари худро каме менавиштед, ки агар шуморо касе танкид кунаду камбудие дар корхои шуморо бубинад шумо хафа мешудед? Шумо чи хел назар доред? Хафа мешавед ё ин ки не?

  2. Бехтарин..! Саломат бошед акаи Субхон! Боз хаминхел мавзухои ачоибро нависед барои мо.

  3. Салом аки Субхон. Хеле хуб буд.
    Аки Субхон, агар аз мавзуи танкид гузашта ба мавзуи таъриф гузарем, ба фикри шумо одам бояд худро таъриф кунад ё бояд уро дигарон таъриф кунанд? Шумо ба одамоне ки худро таъриф мекунанд чи назар доред?

  4. Салом алайк акаи Субхон! Рости гапро гуям, ин мавзуи навиштаатон ба ман бисёр писанд омад. Бештар хамон чанд шеваи дурусти интикод кардан, ки ин чо буд бароям хонданаш чолиб буд.
    Чун сухан дар бораи танкид рафт, мехостам аз шумо суол кунам, ки оё тули чанд соле ки шумо дар радио кор мекунед касе шуморо танкид кардааст ё не? Ва шумо ба танкиди дигарон чи гуна чавоб мегуед?

  5. салом акаи Субхон

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: