24 марти соли 2011

 Имруз рузи чахонии мубориза бо маризии СИЛ аст. Як шухии дустам, ки ташкилоти чамъияти дошт, ба ёдам меояд: «коре  мекунанд, ки сафи хамин гуна беморихои сирояти кам нашавад. Агар кам шавад, дигар пул намедиханд-да…». Ин факат як шухии у буд, ки гумон намекунам пурра галат буд ва факат шухи буд. Муборизаи хакики барои сихатии чомеа кори мухим ва савоб аст. Факат мардум, ки пул надорад ва он созмоне, ки пул медихад,  бояд муборизаро аз «мубориза» фарк кунад!

Имруз дар мавриди чубчахои Кох ва барангезандахои хануз муайян нашуда, таъсири зан ба кори нафари №1-и вазоратхонахо ва буйи шоу бизнеси имруза навиштам.

  • Бактериологи олмони Роберт КОХ барангезандаи бемории силро кушодааст. Баъди як сол у барангезандаи бемории холераро хам мекушояд. Соли 1905 у Чоизаи Нобельро дар сохаи физиология ва тиб  мегирад (1882)

Аз хамин ихтироъ 24 март Рузи Чахонии мубориза алайхи бемории СИЛ аст.

  Акнун олимони гузашта кори олимони имрузаро хеле осон кардаанд: хама гуна барангезандахои беморони мухиму хавфнокро муайян карданд. Имруз факат хамин мондааст, ки олимони мо «барангезанда» — хои «бемори»-и хешутабори ва порагириву ислохнашавиро муайян кунанду халос!

 

  • Зане аз Канада бо ном ва насаби Мэри Смит ба макоми ВАЗИР дар музофоти Колумбияи Бритониёи мерасад. У нахустин зан-вазир дар таърихи Империяи Британия буд (1921)

Мо имруз дар кишварамон ягон зан-вазир надорем. Вале ин маънои онро надорад, ки занхо дар идораи вазоратхонахо ва маслихатдихии худи вазирон сахм надошта бошанд. Ба фикри Шумо руймоли сари донишчудухтари  дехоти, ки бе  кадом супориш  хам онро дар курси 2  мепартояд, бештар  ба  ки писанд намеояд? Ки хисоб кардааст, ки вазир барои чои кор ёфтани чияни худаш бештар ба касе занг мезанад ё барои чиянхои хамсараш? 

 

  • Александр Николаевич БУЙНОВ —  поп-овозхони рус таваллуд шудааст  (1950)

        Вокеан хам насаби хамин овозхон ба шоу-бизнеси имруза хеле мувофикат мекунад. Он имруз БУЙи гурур ва такаббури, БУЙи вохима, БУЙи «кидат», БУЙи «дузди» ва БУЙи «хавову хавас» мекунад!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: