21 марти соли 2011

  Навруз  омад! Иде, ки акнун дар сатхи олам чашнаш мегиранд. Муборак ва фархунда бошад!  Вакти он нест, ки андешахоро нав кунем? Инсонхо аз хар чизе, ки доранду кухна ва фарсуда мешавад,  хаёлам факат хамин андешаро метавонанд, ки нав кунанд, дигар на либосу чихози дигарро! Мухим имруз ва хар рузи дигар навгониро хостан ва дарк кардан аст. Дар миёни нафароне, ки колабро дуст  медоранду аз дигаргуни ва навовари харос доранд, РУЗРОву андешаро НАВ кардан осон нест. Вале ба хар сурат НАВРУЗ бароИ хамаи Шумо МУБОРАК БОШАД!!!  

   Имруз дар мавриди Навруз, хонаи шоирон, дарахти пул, чавонон ва вазифахои хуб, гами модарони араб, футбол ва пул, фигони ЗАМИН, диспечерхои асри 21,   руйхати сарватмандони точик ва миннахои кисаи Гитлер навиштаам.   

  • Имруз Рузи байналмилалии НАВРУЗ аст!!!

Дар чехраву муйи духтарон НАВРУЗ аст,

Гулрезиву ишки човидон НАВРУЗ аст!

Дар рузи кухан бимонад он харчи кухан,

Бедории чисму руху чон НАВРУЗ аст!

 

  • Дар чаласаи 30-юми конфронси генералии ЮНЕСКО карор шуд, ки хар сол хамин руз Рузи байналмилалии НАЗМ (поэзия) (World Poetry Day) кайд карда шавад. Бори авввал ин руз дар Париж –дар кароргохи ЮНЕСКО тачлил шудааст (1999)

        Дехаи дурдасте. Шоир боми хонаи навашро дуруст карда истодааст. Хамдехаи у, ки аллакай точири муваффаке аст ва дар шахр зиндаги дораду ба катори «точикони нав» кайхо ворид шудааст, аз дохили мошини хоричиаш ин манзараро назорат карда мегуяд:

        -Ма шумо шоирора нафахмидум. Шумо аввал огилотона соз мекуне, баъд хона месозен???

        У намедонист, ки шоир мехмонхонаашро аввал сохта, бомашро пушида истодааст! Бо нуги  калам нон ёфтану ном ёфтанро у ягон вакт намефахмад!!!

Шоир андар синаи миллат чу дил,

Миллати бешоир аст анбори гил!

  

  • Имруз Рузи Дарахт кайд карда мешавад (Итолиё)

Ин чашн дар Итолиё таърихи кадима дошта, баёнгари робитаи зичи инсон ва табиат аст.

Дарахти бепули сад реша дорад,

Факир аз серпули андеша дорад.

Нагу, ки пул ки дори, човидони:

Ачал дар хар ду дасташ теша дорад!

  

  • Дар Тунис як руз баъди мустакилият, яъне  хамин руз Рузи Чавонон тачлил мешавад (Youth Day in Tunisia).

        Чавонон – яъне кихо? Онхое, ки имруз барои вазифахои мухим «хануз чавонанд»  ва фардо  дар он вазифахо «бигзор чавонон кор кунанд»!!!

  

  • Дар давлатхои арабии Шарки Наздик  чун Миср, Лубнон, Урдун, Сурия ва Бахрайн имруз Рузи Модарон тачлил мешавад.

Дастони ТУ сад хароба обод кунад,

Аз мехри Ту кас зиндаги азёд кунад.

Дар рузи гамат, модари гамсузи араб,

Ку бачаи хубат, ки Туро шод кунад!

  

  • РОНАЛДИНЬО ГАУШУ  /Рональдо де АССИШ МОРЕЙРА/ /RONALDINHO GAUCHO (Ronaldo de ASSIS MOREIRA)/ — футболбози бразилияги, Чемпиони Чахон дар соли 2002, дорандаи Чоизаи биринчии Олимпиадаи 2008, Голиби Лигаи Чемпионхои соли 2006, бехтарин футболбози дунё дар солхои 2004 ва 2005, сохиби «Туби тилло» дар соли 2005  таваллуд шудааст (1980).

Обу руву шухрату шараф — футбол аст,

Гох дар руи регу гох алаф — футбол аст.

Ман садкаи пири бозиву ФИФА шавум —

Пул ранги ба ранг зи чор тараф — футбол аст!

 

  • Имруз Рузи байналмилалии ЗАМИН аст.

        Ман бо истифода аз фурсат хамаи онхоеро, ки барои заминфуруши хабс шудаанд ва ё аъмоли чиноии онхо тафтиш мешавад, хамаи нафарони мансабдорро, ки шароити ногувори мардуми мухточ ба заминро нодида гирифта, ба онхо як порча замин надоданд, хамаи онхоеро, ки аввал барои мардум заминро фурухтанду баъдтар бо дасти дигарон хонахои онхоро вайрон карданд, хамаи онхоеро, ки аз тарси кормандони макомоти кудрати барои онхо (ки шояд нав 1 мох аст барои кор ба он нохия ё шахр омадаанд) китъаи замин чудо карда, худро «ширин»  карданд, хамаи онхоеро, ки «як бало карда», аз чавобгарии маъмури ва чинояти вобаста ба заминсозиву заминфуруши халос шуданд, хамаи онхоеро, ки барои гирифтани китъаи замин ба касе ПОРА додаанду баромадани кадом карор ва огози таксимоти заминро интизоранд, хамаи онхоеро, ки ба китъаи замини  бечорае, ки ончо  «супермаркет»  ва «котедж» сохта наметавонад,  ало-ало нигох доранд  ва хамаи онхоеро, ки шояд интизор хастанд, то  як руз порчаи заминро барои гуронидани марди камбагале  ба наздиконаш  фурушанд  бо Рузи  Байналмилалии  ЗАМИН  «табрик» мегуям!

Имруз туро касри забарчад созанд,

Таъриф кунанд, аз ту Мухаммад созанд.

Чун даргузарему гурхамсоя шавем,

Кабри ману ту баробари кад созанд!

(Лоик)

 

  • Морис Фарман таваллуд шудааст. У пешсаф дар самти авиатсияи фаронсави ва нафаре буд, ки аввалин тайёраи мусофирбарро дар дунё сохт (1877)

Сарнишини тайёра:

        -Замин, замин, мухаррики тайёраи мо аз кор баромад  ва мо ба замин афтида истодаем. Чи кор кунам?

Диспечер:

        -Гап нестай, ай руйхат хатут задум!

 

  • Чон Рокфеллери сарватманд хамин руз таваллуд шуда буд (1906)

        Хаёлам, ки баъди нашри руйхати мардуми сарватманди дунё сарватмандони Точикистон хайрон мешудагистанд, ки чи гуна нафаре дар бораи сарвату дороияш ошкор мегуфта бошад? Аз онхо шояд дар сад соли охир хам хамин гуна маълумоти дакику мушаххасро гирифта нашавад.

Ё шумо холо хам фикр мекунед, ки депутати аз хама сарватманди парлумони мо М.Кабири аст?

 

  • Як кушиши суикасд ба чони Гитлер бенатича анчомид. Ду мина дар киссахои шинели у наметаркад (1943)

        Агар бонатича анчом меёфт, гумонам, гулу себарга дар сахрохои пур аз тиру сухта ва хандакхову сангархои набард мешукуфт ва ба тани чандапуши аскарони фидои мисли он, ки  дар НАВРУЗ  ба тани табиат кабои сабз меояд, руху чони сабз ва гарм медамид!!!

 

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: