20 марти соли 2011

Пагох  НАВРУЗ  аст! Он руз саодату сабзи ва баракат меорад! Мабодо, ки моро дар куча интизор наёбад, мабодо, ки дар хона набошем, мабодо, ки дари хонаву дари диламон баста бошад…

Имруз дар мавриди дару дарвозахои кушода, реклама ва зиндагие навиштам, ки гох бо кулолгариву гох бо чодугари мегузарад.

  •          Фернандо ТОРРЕС –футболбози испани, хамлагар, Чемпиони Аврупо дар соли 2008 ва бехтарин футболбози хамин мавсими футбол таваллуд шудааст (1984).

Дар зиндаги гах кулолгари, чодугари,

Гох бадруи гох хушруи ту мисли пари.

Гар пушти ту холист, кучо хамлаву зур?

Гар пушти ту пур бувад, ту пас хамлагари!

 

  • Лев Иванович ЯШИН вафот кардааст (1990)

Яшин бехтарин дарвозабон дар футболи чахони буд. У 5 карат Кахрамони СССР, Чемпиони Олимпи дар соли 1956, голиби Чоми Аврупо дар соли 1960, сохиби «Туби тилло» ва бехтарин футболбози Аврупо дар соли 1963 буд.

Зи бегона хама сират панох кун,

Ту азми кори неки худ сабох кун.

Равад файзу барори мо, ту Яшин,

Биё, дарвозаи моро нигох кун!

  

  • Дар Петербург барои дар боми бинои №23-и  дар Хиёбони Нева гузоштани аввалин рекламаи чароги ичозат додаанд (1912)

Як чумла дуруги хубу тар — реклама,

Чашми хама куру гуш кар — реклама.

Реклама ба росту пешу поёну ба чап,

Болои шутуру пушти хар —  реклама!!!

 

комментариев 6

  1. Дуруд ба ровии Субхи Ватан! Ин чо дар бораи реклама гап рафт. Акаи Субхон шумо бори авал кадом рекаламаро хонда будед? Ва он реклама ба фикри худатон дуруг буд ё хубу тар? )))

    • Салом…Рости ба ёд надорам, ки бори аввал кадом рекламаро хонда будам, хаёлам ки хамон ишорахои Радиои «ВАТАН» бошад. Зеро дар Радиои Точикистон замоне ки ман кор мекардам, рекламасози набуд. На хама рекламахо дуруганд, мисли он ки хама маводи рекламашаванда сазовори хамон чумлаву таблиганд. Як шухи ба ёдам меояд, ки «реклама шуморо мачбур мекунад, бовар кунед, ки ба чизе ки бори аввал дида истодаед, эхтиёч доштед:) » Аммо дар мавриди «хуби ва тари» бошад, хаминро бояд нависам, ки аксар вакт рекламахои хубу тар хам дуруганд🙂

  2. Ин навиштахом реклама нест))))))) ин хамту))))) ки медонад шояд реклама хам бошад)))))))))))

  3. Салом Субхон ин лахзахо соат дар Маскав 7 дакика кам 24,ман вакте блоги ту медаром мехмони просто кайф мекунам бовар кун.хамин хел халоват мебарум ки настрой больше чем 100 мешавад ва шукр мекунам ки хамин хел рафик дорум ки муддати 12 сол боз мешиносумша)))) бовар кун..баъд даврахои чавонимон ба хотир мерасад(Радиои Точикистон))))) имруз боз надежда ба зиндаги кардан дар мухочират зиёдтар шуд))) аа,кстате.. Навруз муборак бошад дустам..

    • Салом, дустам! Наврузи Шумо хам муборак бошад.Худованд шуморо хамеша сарбаланду муваффак нигох дорад. Ба хама бародарони дигар хам САЛОМ ва бехтарин ТАМАНИЁТ!!!

  4. Салом Алейкум,.
    Акаи Субхон мехостам, ки як сайти наве дар интернет пайдо шударо аз назар мегузаронидед ва бахо медодед.
    Саломату комёб бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: