Ман ронанда мешавам! (3)

    Ман акнун чанд руз аст, ки дигар на дар фикри биллиард хастаму на дар фикри «Абрикол»!  Хаёлам хамон  «Starex» — ро дар хатсайри 19 то мактаби ронандагие, ки ман тахсил дорам, худам идора мекунам! Имруз шумораи шунавандахои курси мо аз дируза дида, як нафар камтар буд. Аммо хамсабакон нисбат ба хамдигар кушодачехра ва самимитар буданд, онхое бо хамдигар сухбат мекарданд, ки рузхои кабли хатто бо хам саломуалейк намекарданд. Ва имруз онхо маро «шинохтанд»! Ин баъди он буд, ки ман мавзуи дирузаро накл кардам.  Дустдорони барномаи «Субхи Ватан»  ончо низ ёфт шуданд… 

Баъди ин сухбати мо  чанд дакика аз Радио буд. Гуфтанд, ки ман  баъзехоро  дар эфири Радио гуё  «мазох»  мекунам, пурсиданд, ки соати чанд ба кор меоям ва мисли ин…

Хулоса, вакте ки дар мавриди Радио сухбат карданду  барномаву мавзуъхои ким кай гуфтаи маро ба ёд оварданд, хеле хурсанд хам шудам. Чизи дигари тамоман гайриинтизор ошкоргуии муаллими мо ва баёни хакикати зиндагиаш  буд. Ман замони сухбаташ муаллими фанни физикаи мактаби дехаамро ба ёд овардам. У вакти дарс пинхон намекард, ки хоб бар у галаба дорад, масалан,  мегуфт, ки дируз  то дамидани субх болои хонаи навсохташро пушидааст, ё дар гамдумдаравиву ким кадом кори дигар буд.  Дастони аз кор кафидаву шахшулашро то замоне, ки мактаби миёнаро хатм кардему бо даст бо у салом кардем, факат аз дур медидем…

Имруз ман хамин гуна бо мехнат нон ёфтанро дар сухбати муаллим эхсос кардам: дастони у  ва дастони муаллими фанни физикаи ман як ранг дошт. У дар мавриди мушкили зиндаги, махсусан замони дар беморхона будан гуфт. Ба ёд овард, ки чи гуна модари бемори уро танхо хамон вакте бистари карданд, ки ПУЛи хучраи хобро  пештар аз хама пардохт кард…

Тарбияи равони ва рухи хаёли ман, ки дар баробари азёдкунии коидахои харакат дар рох мухим ва зарур аст. Мехрубон будан хам холо мухим аст, худро ба чои нафари дигар тасаввур карда тавонистан бошад зарур асту осон нест, гамшарики касе будан мардонаги аст!

Имруз устоди мо киссаи тамоман ачоиби тахсили нафарони шинохта ва машхурро гуфт. У дар бораи як овозхони машхур,  духтари хеле зебое,  накл кард, ки бо ном ва насаби дигаре дар ин гуна курсхои кутохмуддати ронандаги тахсил карда будааст. Инро факат чанд кас аз рохбарият медониставу халос. Муаллиме, ки бевосита ба у дарс медоду  уро хар руз дар курсии аввал медид, факат рузи охири машгулият мефахмад, ки ин нафар бо ному насаби тамоман дигар дар ин курс тахсил кардааст.  Худи он нафар сабаби ин амалашро факат хоксориву кушиши пинхону пушида будан ва вохима нашудан маънидод карда, хамчунин иброз доштааст, ки баъзехо шояд баъди он, ки ки буданашро мефахмиданд, шояд харфи нохубе хам ба у мегуфтанд. Ин маълум аст, ки шахсони машхур барои хама одамон  баробар азизу мавриди эхтиром нестанд ва ин як чизи табии аст!

Мавзуъи имрузаи мо  «Ухдадорихои умумии мусофирон»  буд. Мисли дируза муаллим дикта карду мо онро ба дафтархоямон навиштем. Акнун он мавзуъро устоди мо факат рузи 24 март  мепурсад.  Аммо дар ин миёна  НАВРУЗ хаст.  Иди Навруз ва Рузи Навро барои хамаи шумо самимона тахният мегуям! Ин гуна киссахо  вобаста ба тахсилам дар курси кутохмуддати ронандаги  дароз хохад буд.  Идомаашро  баъди Навруз ва огоз шудани машгулиятхо  хохам навишт. Агар насиб бошад!!! 

комментариев 8

  1. Бад не…, лек афсус ки нависанда дар нимроха мондааст.🙂

    • Cаломалейк….»Нависанда» факат хост, ки баъди гирифтани хуччати ронадаги дар кучахои шахр осуда ва бетарсу харос гардад🙂 Барои хамин идомаи ин «сериали нимкриминалиро» нанавишт🙂

  2. Салом аки Субхон. Ман гуфтани будам ки агар ронандагиро ёд гиред шояд дигар дар такси кор мекунед ва курсиро ба дигар кас медихед. Чунки ронандахои такси дар як мох мумкин маоши чандмохаи шуморо ба даст меоранд. ))) (шухи)

  3. Табрик аки Субхон. Шумо ронанда мешавед! Ба гумонам ронанда ки шудед курсии Субхи Ватанро ба дигар кас медихед чи? )))

    • Салом…Рости ман нафахмидам, ки ронандагии ман ба курсии Субхи Ватан чи робита дорад :?)

  4. Эээ,муборак шавад хазрат ,насиб бошад правая мегири акнун,масалаи моин пеш аз хариданаш шуштнашро фаромуш накун:-) хатман мешуем:-)..навис брат бисер чолиб ждемс серияхои навбатии ин серили бисер чолиба:-)

  5. Акнун кай праваро мегиред, ки шуштанӣ равем?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: