Захми танбех дар равони кудакони мо мемонад!

   Тарбияти фарзандон бузургтарин ташвиши волидайн аст. Чаро ки шахсият ва рафтори инсонхо ба андозаи зиёде метавонад онхоро дар оянда тазмин кунад. Дарвокеъ тарбияти сахех яке аз бузургтарин кумакхои волидайн ба фарзандашон аст. Хама падару модархо мехоханд дар киболи фарзандашон бехтарин рохи тарбиятеро пеш бигиранд ва хатохои худро кохиш диханд ва камтар дучори иштибох шаванд.

Танбех яке аз равишхои тарбияти аст ва баъзе вактхо волидайн бидуни ин ки бихоханд, онро ба кор мегиранд ва бидуни огохи аз таъсироти он, фарзандони худро танбех мекунанд. Гохе низ пеш меояд волидайн бо ин ки медонанд танбех асароти хубе бар фарзанди онхо надорад, ба таври нохудогох онхоро танбех мекунанд. Шояд донистани бархе хакоик ва иттилоот рочеъ ба танбех ва осори он бар фарзандатон битавонад ба шумо дар интихоби равише бехтар дар тарбияти фарзандатон кумак кунад.

  • Танбех чист ва чи гуна амал мекунад

Танбех, мухаррики озордихандаест, ки агар пас аз рафтори хосе аъмол шавад, эхтимол вукуи он рафторро ба таври муваккат кохиш медихад. Мо ба таври нохудогох аз чизхое, ки озорамон медихад, дури кунем ва рафторхоеро ки мучиб мешаванд дар мавкеияте хос танбех шавем, анчом намедихем. Аммо масъалае, ки дар танбех вучуд дорад, асари муваккатии он аст. Яъне, то вакте мухаррики озордиханда вучуд дорад, фард аз рафтори мавриди назар худдори мекунад ва ба эхтимоли зиёд дубора ва дар мавкеияте дигар ба он рафтор руй меоварад.

Бештари волидайн дуст доранд фарзандоне аз хар назар комил дошта бошанд ва бахусус барои рафтор ва тарбияти фарзандони худ хассосанд. Барои хамин аст, ки вакте рафтори баде аз фарзандашон сар мезанад, уро танбех мекунанд, аммо оё танбех кардан метавонад волидайнро ба хадафашон бирасонад?

  • Асароти танбех бар кудак

Хамон тавр ки гуфтем асари танбех бар рафтор муваккати аст ва наметавонад барои хамеша рафтореро аз миён бибарад, аммо гайр аз он, танбех асароти баде ба кудак мегузорад.

–  асаргузории равони: танбех кардан, эътимод ба нафси кудакро хадаф мегирад ва гохе боиси эчоди эхсоси гунохи шадид дар у мешавад. Эхсоси хашму пархошгари (чанчол) дар ин кудакон бештар аст ва гохе ба нафрат аз танбехкунанда меанчомад ва ихтилоте аз кабили шабидрори, афсурдаги, васвос, ихтилол дар иштихо ва хоб ва… дар камини ин кудакон аст. Дар бехтарин холат, танбех ба бачахо дуруггуи ва андохтани гунох ба гардани дигаронро ёд медихад.

кундзехни: танбех боис мешавад бачахо камтар тавоноихояшонро бовар дошта бошанд ва иззати нафсашон поин меояд ва бо таваччух ба эхтимоли бурузи ихтилолоти ва набуди ангеза ба эхтимоли зиёд адами пешрафт дар мактаб дар интизори ин кудакон аст.

маъюсу дилхунук то охири умр: чун ин кудакон хамеша дар маърази сарзаниши волидайни худ карор доштаанд, эхтимол дорад афроде маъюсу дилхунук ва гушагир бор биёянд ва эхсоси сархурдаги ва ин ки мавчуде ба дард нахурад хастанд, хамеша бо онхо бошад ва онхоро озор бидихад. 

панох бурдан ба дигарон: ин бачахо ба хотири ин ки аз тарафи хонаводаи худ хадди акал дар зохир мавриди пазириш карор намегиранд, ба суръати чаззоб афроде мешаванд, ки аз онхо таъриф кунанд ё онхоро бипазиранд ва хамеша аз ин ки харфхои худро ба волидайнашон бизананд, метарсанд ва ба афроди дигар панох мебаранд.

Диккат кунед, ки бадтарин танбех, навъи бадании он аст ва бештарин аворизро дорад ва анвои дигари танбех низ хар кадом ба навбати худ метавонанд як ё чанд асари манфи дошта бошад. Дар мавориде низ мумкин аст аз хама инсонхо мутанаффир шаванд ва натавонанд равобите хуб бо дигарон баркарор кунанд.

  • Дар баробари рафторхои бад чи кунем?

Бисёре аз волидайн мехоханд бидонанд агар карор аст дар баробари рафторхои бади фарзандашон уро танбех накунанд, бояд чи рафтор ва аксуламале дар баробари у дошта бошанд. Аввал аз хама бояд ёдатон бошад, ки шумо мехохед рафторхои номатлубро аз хизонаи рафтории фарзандатон пок кунед, на ин ки онро дар зохир аз байн бибаред. Тавре ки фарзандатон дар хузури шумо аз он рафтор ичтиноб кунад ва вакте шумо ки дарвокеъ омили танбехкунанда хастед, набудед дубора он рафторро аз сар бигирад. Барои ин ки ин иттифок наяфтад, чанд рохнамои барои шумо медихем:

  • Дунболи рохи хал бошед

Ба чои инки мудом нахйи кунед, ба фарзанди худ пешниход дихед ва кумакаш кунед. Барои мисол дар мавриди кудаке, ки руи деворхо хат мекашад ва аз ин кор лаззат мебарад, ба чои танбех фазое аз деворро когаз бичаспонед ва аз у бихохед руи он кисмат наккоши кунад, на ин ки каламхояшро аз у бигиред ва уро аз наккоши кардан боздоред.  

  • Синни кудакро дар назар дошта бошед   

Фарзанди шумо чандин сол аз шумо кучактар аст. Гохе вакт волидайн аз як кудаки 3 сола таваккуъ доранд, ки монанди худашон рафтор кунад. Пас хамеша сатхи таваккуоти худро аз фарзандатон мутаодил кунед.

  • Маншаи рафторхои номатлубро биёбед

Шояд чолиб бошад, ки бидонед аксари рафторхои номатлуби бачахо аз мушохидоте аст, ки аз рафтори волидайни худ доштаанд. Пас ба рафтори худ ва касоне ки кудак бо онхо иртибот дорад диккат кунед, то бифахмед фарзандатон барои чи ин рафторро анчом медихад.

  • Бетафовут бошед

Гохе лозим аст дар баробари бархе рафторхо бетафовут буд. Хатман дидаед бачахо баъд аз ин ки кори хатое мекунанд, басуръат ба волидайни худ нигох мекунанд ва аксуламали онхоро чуё мешаванд. Ин нишон медихад, ки онхо медонанд, ки кори хатое кардаанд ва гохе барои чалби таваччухи онхо даст ба ин аъмол мезананд. Пас дар баробари рафторхои нописанди кудакони хурдсол бетафоут бошед.

  • Эхтиромхоро хифз кунед

Агар фарзанди шумо ёд бигирад дар баробари фарёдхои шумо фарёд бизанад ё дар баробари танбехи шумо у низ ба шумо эътироз кунад, дар оянда низ ба шумо беэхтироми хохад кард. 

  • Бо фарзанди худ хамеша дуст бошед

То ба хол шуда, ки шумо дустатонро ба хотири коре танбехи бадани карда бошед ё сараш дод бизанед ва сарзаниш кунед? Шумо барои ин ки дустатонро мутаваччехи кори иштибохаш кунед, боэхтиёт ва дустона ба у тавзех медихед, ки кораш иштибох аст ва хеч гох тунду бархурд намекунед. Пас бо фарзанди худ низ чунин бошед ва бигзоред хамеша бехтарин дусташ бимонед ва бо шумо рохат бошад.  

  • Аз равоншинос кумак бихохед

Агар натавонистед рафтореро дар кудакатон аз байн бибаред ва нигарони рафтор ва аъмоли у будаед, аз як мушовир ва равоншинос кумак бихохед, то шуморо рохнамои кунад ва шумо битавонед бо камтарин осеб рафторхои фарзандатонро матлуб кунед.

Хар гох хостед фарзандатонро танбех кунед, ёди даврони кудакии худ ва волидайни худатон бикунед ва эхсоси кудакатонро дарк кунед, то ёдатон биёяд танбех таъсироти манфии зиёде дорад.

Ах хамин сахифа баргардон шудааст — http://www.iraninfoweb.com/oloome-ensani     

комментария 3

  1. Асалом. Баъди хондани мисрахои охир кудакиам ба ёдам омад. ))) акаи Субхон ёди шумо хаст ки модаратон шуморо сарзаниш карда бошанд? ё барои кадом коре шуморо бо химча зада бошанд? Шояд аз кудакиатон хотирае ачибе боки мондааст?

    • Салом…Хотирахои ачоиб кам набудан ва аксарияташро ман дар сахифаи МАН (хамин блог) навиштаам.

  2. Бехтарин навиштахо!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: