Чанд нишонаи хиёнати як мард.(на Факат барои занхо!)

Мутаассифона, падидаи накухидаи хиёнат дар бархе аз мардон мушохида мешавад, ки дар нихоят мучиботи тахрифи равобити хонаводаро фарохам хохад овард. Дар ин кисмат ба чанд нишонаи хиёнат дар мардон ишора мекунем. Ин алоим (аломатхо) мумкин аст шуруи киссае гамангез бошад, пас саъй намоед хавоси худро бештар чамъ кунед.

Нишонахои хиёнати як мард

1. Афзоиши соати кори.

Бештарин муддат замоне ки ба кавли у ба далели изофаи кори ё чаласа сари кор мемонад, яке аз нишонахои мухим аст. Ин фурсати хубе аст барои мулокот ва карорхои ошикона.   

2. Тафаккури зиёд ва хира шудан.

Ба тозагии зиёд дар фикр аст, маъмулан ба як нукта хира мешавад ва дар афкори худ фуру рафта. Оё мушкили коре дорад? Бо касе даъвояш шуда? Агар на, пас аз хоби харгуши бедор шавед.

3. Камхарфи ва сардмизочи.

Яке аз нишонахо ин аст, ки у дигар дар хона харф намезанад ва ё бисёр камхарф шудааст, бо шумо ба сарди бархурд карда ва эхсосоти шуморо бемаъни меангорад ва дигар харфхои ошикона намезанад. 

4. Махфи кардани телефони дасти ва зангхои бечавоб.

Телефонашро хеч гох аз худаш дур намекунад, хангоми ба у занг задан ба суръат сурогаш рафта ва ба ороми сухбат мекунад.

5. Тухмат ба хиёнат.

Аз кадим гуфтаанд «даст пеш бигир то наяфти» ва «кофир хамаро ба кеши худ пиндорад».

Бале, у шуморо ба хиёнат муттахам мекунад, дар холе, ки хеч далеле надорад. Чун худ чунин афкоре дар сар дорад, ин тавр меангорад, ки шумо низ ба дунболи качрави ва такаллуб хастед. Занг заданхои бемаврид, саволпеч карданхои пай дар пай ва бемантик метавонад нишонаи мухиме барои хиёнат дар у бошад.

6. Чангу сарзаниш.

Хангоме, ки аз у мепурсед «Чаро дер карди?» ё «Чаро телефони мобилиат хомуш буд?» у бо лахне тунд ва чехраи барафрухта шуруъ ба тавчехи шумо мекунад ва бо стресс посухи саволро медихад. Барои хар мавзуи беахамияте шуруъ ба бахонатароши ва тундхуи мекунад. «Он ки аз хисоб пок аст, аз мухосаба чи бок аст?» хар кадар посуххо бо лахни оромтар ва мантикитар баён шаванд, эхсоси сахех будани онхо бештар таквият хохад шуд.      

7. Эхсоси гунох ва шармандаги.

У ба далели гунохе, ки дар мавриди шумо муртакиб шуда, эхсоси гунох ва азоби вичдон мекунад, бинобар ин вакте хадяе ба у медихед ва ё кори гайримунтазирае барояш анчом медихед, чехрааш мункалиб (вожгун шуда) шуда ва алоими (аломатхои) шармандаги дар чехрааш мавч хохад зад.  

8. Тагйири шахсият ва шакли зохири.

Навъи либос пушидани у тагйир мекунад, чумалоти чадид баён мекунад, харакоти мутафовит аз у сар мезанад, соати хоб ва бедорияш тагйир мекунад, гизохои чадиде талаб мекунад. У мехохад мутобики майли дигаре рафтор кунад, либос бипушад, харф бизанад, гизо бихурад ва …

9. Афзоиши ногахонии соати кори дар интернет.

Имруза интернет ва аслихаи бисёр кавии он, яъне «чат» василае мутмаин ва амн барои радду бадали харфхои ошикона ва албатта, дарди дилхои шабона барои ушшоки тоза ба хамрасида ва ё нарасида талакки гардад.

  • Натича

Гарчи нишонахои зикршуда ба хеч унвон далели катъи барои хиёнати мардон махсуб намегардад, донистани онхо барои пешгири аз хиёнат пеш аз вукуъ муфид мебошад. Фазои хонаводаи худро бо садокат ва самимият гармтар ва чаззобтар намоед.

Вокеиятгаро бошед:  Агар хамсари шумо дорои яке аз нишонахои боло буд, далел бар ин аст, ки «эхтимолан» чизе дар ин робита галат мебошад ва лузуман далел бар иттихоми (тухмати) нихои нест. Дар хар хол бо хондани ин макола фурсате муносиб барои шумо пеш меояд, то битавонед бархурд ва дидгохи мантикитаре нисбат ба масоил дошта бошед. Мавзуи мухимтар ин ки ичозат надихед он чи, ки мумкин аст танхо як хисси хасодат дар шумо бошад, боиси харобии афкоратон дар мавриди хамсаратон шавад, чаро ки иштибохангори ва натичагирии зудхангом мумкин аст як робитаро барои хамеша  аз байн бубарад, пас хама хакоикро пеш аз ру ба ру шудан бо вай дар назар дошта бошед.

http://www.persianv.com  — Баргардон аз хатти  форси

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: