Калимоте, ки набояд ба кудакон бигуед!

  Кудакон зехни хеле гиро доранд ва хама чиро тез кабул мекунанд ва  то дер  фаромуш намекунанд. Мо аксар вакт  хангоми газаб бо гуфтани хар гуна калимахо онхоро гуё ба рохи рост хидоят кардани мешавем, бехабар аз он, ки баракс кардем! Шумо ба ёд биёред, ки дар кудаки  ва наврасиатон чи лакаб доштед?  Имруз бовар мекунед, ки доштани хамин гуна лакаб дар оилаи Шумо хатои волидонатон буд? Зеро табиист, ки хамон вакт ва хатто имруз низ он ба рухияи Шумо таъсир дошт ва дорад! Кудакон бояд НА хама  чиро фаханд, махсусан он чизеро, ки бояд дертар фахманд ва он чизеро ки бояд тамоман нафахманд!  Харчанд ин имрузхо кариб, ки номумкин аст. Кучахои мо  хама чи дорад, аз он чумла он чизе, ки бояд  кудак  онро надонад ва нашунавад. ЧИ калимот аст он, ки кудак бояд онро нашунавад? Дар зер сухан дар хамин маврид аст.

1. Гузоштани исм ба бачахо: «лол (гунг)» ё «бачаи бад».

Агар кудаконро номхое монанди «ахмак» ва «танбал» ва… биномед бовар мекунанд, ки дорои ин сифот ва хусусиёт аст. Ба иллати осебе, ки ба кор бурдани ин номхои манфи ба шахсияти бачахо ворид мекунад эътимод ба нафси у аз байн мебарад. Агар кудаке ба сифати «зишт» номида шавад, мумкин аст аз хузур дар чамъ ва бози бо дигарон худдори кунад.

Бо чумлае мусбат таваччухи бачаро ба рафторе маътуф кунед, ки бояд тагйир дихад. «Ин уток номураттаб аст» ё «когазу каламхоят руи замин аст ва бояд чамъ шавад».

2. Тард (дур кардан) кардани бачахо: «эй кош ба дунё намеомади» ё «хеч кас туро дуст надорад».

Тард кардани бачахо нишон додани нафрат ё тамоил ба чудои аз онхост. Барои як кудак дуст дошта нашудан аз тарафи фарде, ки уро ба дунё оварда ба маънии дуст надоштан аз тараи хама афрод аст. Он чи, ки як кудак бояд бидонад ин аст, ки падар ва модар бидуни хеч кайду шарте дусташ доранд.

Чи бояд гуфт? Хар руз бо у гуфтугу кунед ва бигуед «дусташ доред» ва дар огушаш бигиред.

3. Манфибофи: «лаёкати чизеро надори ё чои ту зиндон аст».

Бачахо бо калимот ва чумлахое, ки ба онхо мегуем, бузург мешаванд. Як пажухишгар бо иддае зиндони гуфтугу ва мусохиба кард. Аз онхо пурсид, ки ба чанд нафар аз онхо хангоми бачаги гуфта шуда, ки зиндони хоханд шуд? Бо камоли тааччуб дарёфт, ки такрибан бо посухи хамаи онхо ба ин суол мусбат буд. Волидайн бояд ояндаи хуберо барои бачахо тарсим ва пешбини кунанд.

4. Гунахкор кардани бачахо хангоми зохир шудани мушкилот: «ту далели даъвои ману падарат хасти».

Гунахкор кардани кудак хангоми мушкилот ба ин маъни аст, ки у ба далели коре, ки ба дигарон анчом додаанд сарзаниш мешавад, бачахо хадафи осон ва дар стресс барои ба гардан гирифтани таксири дигар аъзои хонавода хастанд. Агар бачахо бояд ёд бигиранд, ки масъулияти корхояшонро ба ухда бигиранд, мо бояд намунае аз масъулиятпазири дар баробари иштибохот ва заъфхоямон бошем.

Чи бояд гуфт? Агар асабони шудед ба махзи ба даст овардани хунсарди, аз кудак маъзарат бихохед ва масалан бигуед: «бубахшед, даъвот кардам, имруз хаста будам».

5. Интизороти нобачо: «бахоят паст шуда, ту факат бояд бахои аъло бигири».

Падар ва модароне, ки аз фарзандони худ интизороти бечо доранд онхоро мачбур мекунанд, ки бехтарин бозикун бошанд ё дар мактаб бахои аъло бигиранд. Паёме, ки пушти ин амал пинхон шуда ин аст, ки ту дар мактаб ба андозаи кофи хуб нести. Доштани интизори бечо танхо эътимоди ба нафси кудакро аз байн мебарад.

Чи бояд гуфт? Бо таъкид ба нукоти мусбат бигуед: Мушкили надорад, чун ту тамоми саъйи худро карди ва хар инсоне, ки мумкин аст иштибох кунад, саъй кун иштибохотат дар оянда камтар шавад, лузуме надорад хамеша ва хама кас бахои аъло бигиранд.   

6. Мукоиса кардани «чаро мисли писари холаат нести?», вакте ба кудак мегуед, ки рафтораш мисли хохараш хуб нест.     

Тухми хасодат ва баддилиро айни фарзандони худ мекоред. Бачахо набояд дар хонавода мукоиса шаванд, чун дар мукобили хохарон ва бародарони худ эхсоси беарзиши ва бад буданро хоханд дошт. Хатто, таърифи мусбате хам метавонад хамин натичаро дошта бошад. Вакте мегуед: «ту дар бозии футбол аз бародарат бехтари» хамон эхсоси мукоиса ва носозгориро байни онхо ба вучуд меоваред.

Бехтар аст бигуед: Ту дар бозии футбол ба андозаи бародарат хангоме, ки ба синни ту буд, хуб хасти.

7. Шармзадаги: «бояд аз худат хичолат бикаши. Монанди як кудак рафтор мекуни. Наметавонам бовар кунам, ки аз ин гурбаи кучак метарси».

Хангоми хичолат, кудак эхсос мекунад нукс дорад ё белаёкат аст. Модархо бо ангушт гузоштан руи нукоти заъфи кудак, монанди шабидрори уро тахкир мекунанд.

Бехтар аст бигуед: «Гиря накун, ту дигар бузург шудаи. Гурба онкадар хам тарснок нест».

8. Тахдид кардан «Агар наёи меравам ва ин чо танхо мемони, ё агар ду бора ин корро анчом дихи, ба пулис мегуям туро бибарад».

Тахдид гуфтан чумла ё калимаи игрокомезе аст, ки падару модар а кор мебаранд, то кудакро битарсонанд, монанди ин чумалот: «агар дуруст рафтор накуни, тамоми устухонхоятро мешиканам» тахдид мучиби тарс дар кудак мешавад ва у эхсос мекунад, ки дар мухите ноамн ва пур аз душман зиндаги мекунад. Тахдид ба танхо гузоштани кудак барояш бисёр дарднок ва сахт аст, чун у бисёр хассос аст ва барои ниёзхои эхсоси ва аввалияи зиндаги бо падару модараш ниёз дорад.

Он чи бояд гуфт:  Ба бачахо бояд хушдор дод, на тахдид, хушдор вокеи ва маъкул аст. Бо гуфтани чумлаи «агар… дар натича…» ба у хушдор медихед, ки набояд ба рафтори бади худ идома дихад. Монанди «агар дубора хохаратро бизани, дигар набояд бо у бози куни».      

<Баргардон аз хати форси — http://www.persianv.com/nozadan

Один ответ

  1. Бехтарин маводро навиштед акои Субхон!
    Дар асл хам чунин аст, ки мутаасифона мо дар кучахо мешунавем ки чи тавр баъзе модарон кудаконашонро бо хамин гуна номхои кабех фарёд мекунанд ки банда аз гуфтанаш худдори мекунам. Ва тарбияи кудак низ гумон мекунам ки бештар аз худи волидонаш вобаста аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: