Бахона!

 Махфилу иду чашн  хамеша хостани ва гуворо аст. Боз махсусан агар мисли махфили кормандони мо бахшида ба Иди Модар ташкилкунанда ва сарпарасташ номаълум бошад. Яъне барои ин махфил мардхо дар радио пул чамъ накардаанд ва хам аз маоши онхо хам дираме кам намешавад. Хулоса, ки хаёлам кадом баракате дар будани бонувон ва духтарони Радиои мо буд, ки ин махфил бо хама рукнхояш осон ташкил шуд. Душвор албатта мисли хама махфилхои дигар ба хона гусел кардани «мехмонон» аст. То он чо холо вакт хаст. Акнун мархамат, ба махфили идонаи кормандони  Радиои «Ватан», ки бахшида ба 8 март ташкил шуда буд!!!

 Чамъ овардан ва ё дурустараш гирд овардани чанд нафар холо дигар  осон нест.  Холо мехмонон мепурсанд, ки  «баъд  мошин хаст, ки моро то хона бибарад?»  Ва албатта меоянд, хатто агар гуед, ки  «на, мошин нест ва шуморо бо мошин гусел карда наметавонам!».  Ин ба хамкорони мо дахл надорад, зеро онхоро баъди махфил таксии каблан кирошуда  то хонаашон бурд. Хулоса, ки мо гирд омадем! Холо касе он дастурхонеро, ки пешхизматони  «Абрикол» барои мо оростаанд, гайри ман касе надидааст. Ва агар чизе аз он барои чанд тан хамкори «нозук» -и мо писанд наояд,  мушаххас аст, ки ман бояд «чавоб» гуям. 

         Аз хама ачоиб дар махфилхои кормандони мо хамин чиз аст, ки мо ончо хам бе фикри Радио буда  ва дар мавриди он бахс нокарда наметавонем. Ба ёди ман хаст, ки дар Рузи тачлили иди Радио дар яке аз тарабхонахои шахр хамкорони ман дар холати «ачоиб» маро бо он гунахкор мекарданд, ки «ту дар макоми Директори барномахо буданат духтари ким кадом раисро,ки хамкорамон буд, аз кор озод карди ва хуб накарди!». Мо дар хамин гуна махфилхо мефахмем, ки ки хуб ракс мекунад, ки сарпуши шампонро бо осони кушода метавонад, ки ба кадом идораи дигар ба кор рафтани будааст ва хонаи ки дар кучо чойгир аст…

        Мисли он, ки агар барои марди шароби гусфанд курбон куниву шароб наори рози намеравад, мо ба хулоса омадем,  ки хама дастурхону раксу раккосаву раккосу Хунармандони Шоиста, ки мо дар ин тарабхона фарохам сохтем, бе ГУЛ бе МАЪНИ мешавад. Харчанд, мушаххас аст, ки ГУЛ чои ПУЛро гирифта наметавонад! ПУЛ акнун имсол то ин дарача мавкеи мухимтареро касб кард, ки чанд тан хамкорони мо дар хона гуфтаанд, ки «мо имсол ягон идро тачлил намекунем, пулхоеро, ки барои иду чашнхо сарф мешавад, ба бучаи оила ворид мекунем!»  Дуруг гуфтаанд, ки хамсаронашон чанчолро набардоранд….

     Гулхои садбарги сурху сафед дар як лахза огуши гарми духтарони хамкори моро зеб дод, накхати онхо фазои губоролудаву сигоролудаи ресторанро муаттар кард!

Дар мавриди нархи гул дар Душанбе хар чашну ид менависанд ва мегуянд. Ба назарам чунин аст, ки гулПуруши хам мисли занбурпарвари манфиати зиёде дорад, мардуме, ки ба он машгуланд, фоидаи хубе ба даст меоранд. Аммо дар ин махфил мухим на нархи ГУЛ, балки он буд, ки духтарони хамкори мо табассум кунанд, рози бошанд ва хурсанд шаванд. То чи андоза мо ба ин чиз муваффак шудем, ман наметавонам гуям!

   Чанд муддат аст, ки дар хамон ошёнае, ки Радио мо чойгир аст, хайати эчодии хафтаномаи нави шахрии  «Вечёрка»  хам чанд утоки кори ичора   гирифтааст. Бо мо бори аввал онхо дар тачлили 23 феврал якчоя  буданд ва мо ба хулосае омадем, ки онхоро хамчунин ба тачлили Иди Модар — 8 март хам даъват кунем. Баъзехо аз миёни мардхои хамкори мо ба ин пешниход баъди фахмидани он, ки дар он идора 6 нафар зану духтар кор мекунанд, хеле бо хушнуди бархурд карданд. Боз 6 нафар ба Радио пайваст мешавад, боз 6 нафар ба Мо мепайвандад, мо имкони хуб дорем, ки хамон ду чавонписари  бечораи донишчуро, ки хамкори онхо хастанд, «начот» бидихем!

   Ва вокеан хам онхое, ки ба баргузории шавковари як махфили «омехта»  бовари доштанд, хато накарданд.  «Вечёрка» ва  «Ватан»  тез ба хам унс гирифтанд, забонашон мисли забони ирониву точике  барои хамдигар фахмо буд.  Мусикии орому таскинбахш калбу чону рухро навозиш мекунад, хотироти ширинеро бедор месозад…

Дар он тарабхона гайр аз хамкорони мову дустони мо мехмонони дигаре хам буданд, ки баъдтар дар мавриди таваччухашон ба Радиои мо ва барномахои он сухбат карданду эхсоси гуворои доштаашонро пинхон карда натавонистанд.

Хамин тарабхонае, ки дар он махфили идонаи мо мегузарад, дар хамсоягии ман аст. Ман кариб хар руз мехмонони он тарабхона, сарояндахо ва ракосу раккосахои онро мебинам, ки вориди ончо мешаванд. Тобистонхо бошад, садои суруду тарона то як поси шаб то хонаи «дарун» хам меояд. Маро чизи дигар хайрон мекунад:  мешавад  дар холате, ки садои хамнишини худро аз он чониби миз кариб, ки тамоман намешунави,  гизо бихури ва истирохат бикуни??? Чи гуна мумкин аст, бо садои баланде, ки аксари тарабхонахои мо доранд, руху майнаву чисми аз кори рузона хасташударо баркарор куни? Аз канори баъзе ресторанхо гузашта шахс хайл мекунад, ки дар кадом дехаи дурдасте дар туйи домоду арусие карор дорад….

Аммо дар махфили мо ин гуна набуд — хама чи меъёр дошт — хам суруд, хам тарона, хам гизову хам нушобаву хам ракс!

Мо дар Радио кушиш мекунем, ки нафарони вокеан хам арзанда ба хайати мо шомил шаванд. Онхо дар катори дигар талаботе, ки дар хама коргоххо хаст, бояд шухтабиат, хозирчавоб  ва мушкилнописанд бошанд.  Шарифбек (Dj Max)  хамин гуна чавон аст.  У бори аввал аст, ки бо мо дар хамин гуна махфилхо мешинад, аммо аз кушишхои аввалаш  фахмидан мумкин аст, ки у ба гурухи  мо тез мутобик хохад шуд.

Ба худатон гуфта истодаед, ки Шарифбекро дар кучое дидаед? Бале, хато накардед! У хамон нафарест, ки дар Донишкадаи забонхо тахсил мекунад ва як вакт дар  «МАХЗАР»  накши СУБХОН Чалиловро бозида буд.

Баъди он, ки номи уро ман дар руйхати хохишмандони кор дар Радиои «Ватан» дидам, хануз бо худаш сухбат накарда,  ба дилам гуфтам, ки у хохиши кор кардан дорад. Зеро касеро бе он, ки  ба вай таваччух надошта боши, таклид ва танкид кардан мумкин нест. Холо кораш хуб аст — хар нимаруз  дар барномаи табрикии «Бароят бахт мехохам» мардуми сохибчашнро аз номи дустонашон табрик мегуяд. Аммо хамин кораш хуб набуд, ки нишастанро аз махфили аввал аз канори бонуи зебои…..шавхардоре сар кардааст🙂

Тахмин мекунам, ки у дар ин маврид чизеро намедонад, мисли шумо — агар хамин чо ман намегуфтам, ки ин бону  оиладор аст, шумо метавонистед пай баред, ки у вокеан хам  оиладор аст????

Идораву коргоххоро факат метавонанд шахсоне идора кунанд, ки иродаи устувор ва усули замонавиву пешрафтаи рохбари доранд. Бо иродаи ноустувор ва усулхои на замонавиву на пешрафта хам коргаронро «идора» кардан мумкин аст, аммо ояндаи он гуна идоракуни он кадар рушан нест.

 Кристер-хамсари Вера (Директори Радиои «Ватан») дар бораи тамоми урфу одат ва анъанахои точики маълумот дорад, миёни хамкорони мо уро дар хар махфилу нишастхо дидан мумкин аст!  Язнаи шведии МО  чанд сол аст, ки дар Точикистон зиндаги мекунад ва гумонам табиати диёру  зебоихои кишвари мо уро афсун кардааст.  Акнун дар бораи афсуни зебоии духтарони Точикистони дигар хочат ба чизе гуфтан нест — худатон дар акс мебинед!!!

      Шумо хис кардаед, ки тичорат бо зебои пешрафта мешавад? Масалан, ман медонам, ки аксарияти мардхо дар бозор нони духтар ва ё зани зеборо мехаранд, чаккаро аз духтару зане мехаранд, ки кошони кашидаву чехраи кушода дорад…Харчанд маълум аст, ки завки инсонхо хар гуна аст ва  «маъшуки ман он аст, ки ба наздики ту зишт аст…»

Духтароне, ки дар ин тарабхона барои хамкорони мо хизмат карданд, хамин гуна зебо буданд. Ду дастагулро Мо курбони хамон зебои ва лутфи онхо кардем!

Ман медонам, ки дар кишвари мо хам хамин гуна курсхои омузиши нозукихои кори тарабхона ва кабули мехмонон ташкил шудааст. Харчанд маълум аст, ки на хама хохиши дар тарабхонаву мехмонхона кор карданро доранд.

Чанд касбу ихтисосе хаст, ки намояндахои он то чое симои мардум ва миллати моро муаррифи мекунанд — кормандони фурудгох, ронадагони мошинхои хизмати ва такси, кормандони тарабхонаву мехмонхона, намояндахои ширкатхои сайёхи ва гайрахо.

Аммо афсус, ки муаррифгарон на хамеша метавонанд, ки ин корро содикона бикунанд ва на хамеша хохиши онро доранд, ки нигохи марди хоричие дар мавриди Точикистон чониби мусбат тагир бихурад. Ходисахои муносибат бо мардум дар фурудгоххо, натичаи хамкорихои тичорати ва мушкилихо аз ин муносибот хатто ба сахафоти хафтаномахои точики хам рехта буд…. 

Маълум аст, ки дар як коргох хама баробар масъулиятшиносу  муваффак намешаванд. Ин дар коргохи Шумо хам хамин гуна аст, дар Радиои Мо хам!

Илхом Кенчаев —  дар ин махфил намедонист, ки   баъди чанд соати он   у ба  «собик корманди мо»  табдил меёбад. Шумо фикр накунед, ки у дар он махфил ба рохбари Радио, ки зани зебо аст,  изхори мухаббат кард ва ё дар он махфил махмур касеро норохат сохт. НЕ!!! Ва хатто хамин ишора бо ангуштонаш  хам боиси аз кор рафтанаш нашудааст.

Факат мушкил хамин аст, ки баъзан зарурати нигох доштани баъзе штатхои кори намемонад. Тамом! Аммо ин гуна ихтисорхоро кабл аз хамин гуна махфилхои зебо анчом додан, хеле аламовар мебуд. 

Аммо шумо кушиш кунед, ки хар чизе, ки аз кору касбу машгулиятатон  медонед, барои хамкорони дигаратон биомузед ва комилан ба он андешаи галат, ки гуё баъди ба дигарон додани донишу тачрибаатон шумо нодаркор мешавед, бовар накунед ва бепарво бошед.  Мардхои баномус намакшинос мешаванд, устодро хор шудан намемонанд ва ба вафову садокат хиёнат намекунанд!  Мисли он, ки баъзехо барои «Ватан» хама чиро курбон кардаанд — хам нури чашмрову хам вакту хам истирохату хам хама  чизро…

     Хулоса, ки хамин гуна баъди чанд  муддати нанишастанхо хам»Ватан»он  бо хам бо бахонаи 8 март  ва Иди Модар   «шиштанд».  Ки рози буд аз ин нишаст ва ки на, намедонам. Аммо мушаххас аст, ки хамкоронро хамин гуна иду чашнхо муттахидтар, мехрубонтар ва шинохтатар мекунад….

 Модарони азиз ва хохарони гироми!!! Бе Шумо будан беранг будан  аст. Бе буй  хам! Бе Шумо зиндаги тамъи худро гум мекунад, бе шумо оханги зистан ба торхои дил чур намешавад….

Он руз хам рузи Шумо буд, парерруз хам ва имруз хам рузи шумост! Агар  расидан ба фардо моро насиб мекунад, фардо  хам Рузи Шумо аст!

Акнун  худатон муайян кунед, ки кай Рузи Мардхо аст — рузе,  ки барои аввал ба Шумо изхори мухаббат ва дустдори мекунанд, рузе, ки ба хонаатон хостгор мефиристанд ва ё хамон рузе, ки   маошашонро «ба тантана»  ба дастатон медиханд?🙂

Рузхои 9, 10, 11, 12 ва 13-уми март хам рузхои хубанд, аммо онхо банд хастанд — аз хамин сол сар карда хафтаи баъди 8-уми  мартро хафтаи  «Баркароршави ва ба худ омадан « эълон мекардаанд….

Аммо дар охир ин чанд сурат аз махфили идонаи кормандони Радиои «Ватан» чун «десерт»!

 

Ракси нафаре, ки пулхои аз бонк карз гирифтаашро имруз баргардонидааст!

 



Хунарпешаи Шоистаи Точикистон Хасани Хайдар дар махфили мо чанд тарона ичро кард!

 



Ресторан хосияти ачоиб дорад: шахс фаромуш мекунад, ки бо каси тамоман дигар оиладор аст...

 



Онхо аз аввал ин тавр набуданд...ба хамааш шавхаркуни гунахкор аст.

 



Дидед, онхо аз аввал тамоман дигар буданд...

 



Аличон Чураев ва Махмуд Солиев-собикадорони радио!

 

Нахустин сарчамъии баъди "кризис"!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: