9 марти соли 2011

 Ман як вакт киссаи мардеро шунида будам, ки омодааст барои кудаконаш «муаллими ханда» киро кунад. У ба ин назар будааст,  ки кудакони забондону замонави ва аз хар чихат таъмин хам бе доштани завки шухикуни ва дарки хазлу зарофат, яъне шухтабиат набуда,  наметавонистаанд, ки комил бошанд. Шумо чи фикр мекунед: он мард хеле зиёд пул дораду чои сарфкуниашро намеёбад ? На!  Харчанд маълум аст, ки истеъдодро бо пул ба кудак додан номумкин аст, аммо он мард кушиш мекунад. Ин сад фоиз мукобили амалу беамалии нафаронест, ки ба будани кадом чавхаре дар калби тифлонашон хатто бовари надоранд. Хамин гуна  орзухо мемиранд ва пайвандон бегона мешаванд! Кудаконро бо орзуву имкону шароиташон набояд инкор кард!!!

        Имруз дар мавриди баробарии хавфи парвози аввал бо аввалин тангенсавори, будан ва бошидан, имтихонхои пулаки, пули манзили ичораи нафарони зебову дидани ва аз муд рафтани рубоиёту шеъру газал навиштаам.

  • Юрий Алексеевич ГАГАРИН –аввалин кайхоннавард дар дунё таваллуд шудааст (1934)

Ба кайхон рафти ту бо тарс, ба тарс дар дахр мегашти,

Ба мисли он, ки бо тангем, ту дар ин шахр мегашти!

 

  • Роберт БОШ /Robert BOSCH/ мухандиси олмони, асосгузори ширкати BOSCH вафот кардааст (1942)

Агар хохи, ба рохат боши ту, BOSCH,

Гуломи урфу одат боши ту, BOSCH.

 Чу аз сабр аст ширин меваву бор,

Каси пурсабру токат боши ту, BOSCH.

 

  • Чарльз ГРЭМ аз Нью-Йорка барои ихтироаш – дандонхои сунъи патент гирифтааст (1822)

        Мурочиат ба табиби дармонгохи дандонпизишки, ки дар даромадгох истода намегузорад, ки шумо дафтарча кушоеду пулро ба хазина супоред ва ё ба назди табиби дигаре биравед :

Табибо, кан зи хар як кандани дандон 20 сомону 30 сомон,

Ки дар хар имтихони пулакии ту гунохи мост!

 

  • Ульяна Семенова  бескетболбози рус, чемпиони олимпи, кадбаландтарин зани шурави  (2м 10 см) таваллуд шуда аст (1952)

        Бо ин  кадбаландиву зебои шояд мисли он, ки имруз аст, пули манзили ичораи уро  кадом коргохи давлати пардохт мекарду худаш бо мошине мегашт, ки арзишаш пули ду хонаги дар Душанбе аст. Ин чиро нафарони оди фахмида наметавонанд. Барои он, ки ин гуна  «фавкулодахо»,  ки хам дар варзиш  хастанду хам  дар шоу-бизнес худашон акнун кайхо боз дигар «оди» нестанд!

 

  • Дар Филадельфия барои куттии кучагии номахо патент мегиранд (1858)

Ошики кунун ба сад хазор ранг бошад,

Руймолаки гулдузи дигар нанг бошад.

Не хат, на рубоиву на як мисраи шеър,

Дар куттии номахо факат чанг бошад.

 

комментария 2

  1. Офарин, Субхон, шеъри ачиб навишти … » Табибо, кан зи хар як… » )))) Лекин ман ба як чи хайрон, ки Шумо ин кадар сирру асрорро аз кучо медонед? ))) Ба фикрам чанд руз пеш назди духури дандон рафта буди? )))

    • Салом..Рости ман чанд сол аст, ки барои дандонхои худам ба назди духтури дандон нарафтаам, аммо барои кудаконам хар чанд мох як бор меравам. Хозир агар шумо хам камтар таваччух кунед, кариб ки хама сирру асрор дар варакахои эълони симчубхои канори роххо хам хаст🙂

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: