8 марти соли 2011

  У  аз замони обистан буданаш номи Субхонро дуст медорад. Ин номи писарчаи хамсоя будааст. Баъд у хам Субхондор  мешавад. Хамон хавас дар дилаш гул мекунад. Субхони у бо дуои хайраш мактабхон мешавад. Баъд орзуи донишчу дидани Субхонаш дар дили у пайдо мегардад…. У барои хамкурсони Субхони  аллакай донишчуаш хар хафта курутобу шакаробу ош мепухт. Пулхои дар гушаи румолаш шикаста, ки ба суи Субхони донишчу дароз мешуданд, аз пеши назараш дур намешаванд.  Баъд у хама чизеро ки орзу мекард, дид. Ва хам дид он чизеро, ки тамоман барои Субхонаш орзу намекард. «Худтон обод бошанд, давлати ман» — гуфту худро тасалло дод. Субхони хазор кас дубору себор зан гирифтааст.  «Субхон» -и баъдиро  аз Субхони худаш Эхсон ном гузошт. Барои бахту саодати додарону хохарони Субхонаш ягон чиро дарег надошт, хама чиро сарф кард, сухт, тамом кард….Хатто дилашро…(духтур пеши танур истоданашро хам манъ кард, ки ба дилаш гарони наорад…)

Имруз хам у то сари рох аз пуштам омад. Ду нони гармам дод, мисли замони донишчуи ва ичоранишиниям: «Бо очат кай нон мебандад, бачам, бар хамира …» Ба шахр овардам нонхояшро! Нав аз канораш омадам ва боз дилам дар хумораш танг аст, пазмонаш шудам.  Имруз акнун аз хамон ду нони тануриаш хонам буи модар мекунад…

Имруз дар мавриди рузи чавонон, курбони яхдон ва саги ким кадом устои сартароше навиштан.

 

  • Рузи чавонон аст имруз (Замбия)

Дар кишвари мо 23 май рузи чавонон аст. Баъди дигар шудани хама  чиз хам чанд акида дигар нашудааст: холо хам аксарият фикр мекунанд, ки чавонон аз ухдаи ичрои корхо ва вазифахои мухим намебароянд, холо хам фикр мекунанд, ки унвону чоизахоро бояд факат дар пири ба мардум дод.

Вале кафомонии чомеаро бошад факат бори чавонон мекунанд. Ин вокеан хам ачоиб аст…

 

  • Рузи гиромидошти курбониён (Либерия)

Ин мурочиати донишчуи ичоранишин аст, ки чанд руз аст,  бо зани  аз шавхараш чудошудаи сарватманде шинос шудааст:

Туро дар гушнагихо ёфтам ман,

Дигар хар руз пазмони ту гардам.

Биёр харчи зи анвои гизои,

Ки ман курбони яхдони ту гардам!

 

  • Дар Нью Йорк бори аввал дар Амрико барои доштани саг литсензия чори мекунанд (1894)

        Дукони сартарош. Дар кунчи дукон саги у бо ду пои кафо нишаста ба марде, ки сохибаш муйи сари уро кутох карда истодааст, нигохи шубхаоваре карда истодааст. Мард ба усто мегуяд:

        -Усто,  ба фикрам хамин саги шумо холо маро мегазад?

Усто уро ором карда мегуяд:

        -Не, натарсед, намегазад. Вай хар руз хамин чо нишаста хангоми кори ман нигох мекунад, ки кай ман як гуш ним гуши мизочонро мебураму у давида мехурад!

 

                        Иди модарро барои хамаи Шумо МОДАРОНИ АЗИЗ самимона табрик мегуям. Саломату комёб бошед, ки файзи рузгори мо аз файзу баракати шумосту аз кафхои бо дуо пуратон!!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: