6 марти соли 2011

    Имруз якшанбе аст. Ман чи гуна дидан мехостам ин рузро?   «Харакати мошинхо дар роххо манъ аст, мардум аз субх рохат дар хиёбону гулгаштхо пиёда сайр мекунад, барномахои телевизиони пахш намешаванд, барои он, ки мардум ин руз бояд дар сахрову майдону хавои тоза бошанд, дар харакхои зебо ва рохати гулгашхои орому покиза одамони зиёдеро дидан мумкин аст, ки ба мутолиа машгуланд, гурухе сураткаши мекунанд, гурухи дигаре бо кудаконашон хар гуна бозиро фикр карда, бози доранд, дар гулгашту хиёбонхои сокит хар хунарманде хунару истеъдодашро нишон дода истодааст -касе гитара менавозад, касе скрипка, касе дар атрофаш  гурухеро чамъ карда, ройгон дар кадом мавзуъ сухбату тавсия медихад,   мардум хамин руз бо маслихати пешаки ба мехмони ва аёдати наздикон мераванд, театру осорхонаву  синамохонахо ба кабули мардум омодаанд ва масалан, агар касе оилави ба театр равад, арзиши  билет барояш 50% арзон аст, дар хар махалла як синамохонаи болокушодаи тобистона хаст,  ки дар он бехтарин филмхо намоиш дода мешаванд, аз хама мухим касе ба касе халал намерасонад….» Бас аст ба фикрам, ки агар давом бидихам,  шояд гиряам меояд….

Имруз дар мавриди хохиши зистан ва баъзан гум шудани он, гирифтории мардхо, тафовут миёни Умари Темур ва Леди Гага, сомонахои эхтимолии  Вазорату Кумитахо ва шинохти кахрамонхову  «кахрамонхо» навиштаам.

  • Станислав Ежи ЛЕЦ  /Stanislaw Jerzy LEC/ —нависандаи  поляк таваллуд шудааст (1909)

«Баъзан вакт  хохиши зистан гум мешавад, вале ин маънои онро надорад, ки зистан намехохи!»

 Станислав Ежи Лец

 

  • Валентина Владимировна НИКОЛАЕВА-ТЕРЕШКОВА –аввалин зан кайхоннавард, Кахрамони Иттиходи Шурави, ки мохи июни соли 1963 бо киштии кайхонии «Восток-6» ба кайхон парвоз карда буд, таваллуд шудааст  (1937)

Хама чо ороми буд. Касе ба назар намерасид. Бори охир ба ончо ду сол кабл марде  (Ю. Гагарин) «сари кадам» омадаву рафта буд. Аз пушти он мард ба ончо зане (В.Терешкова) омад.  Он вакт дар кайхон  хама ашёву моддахо  хайратзада буданд, ки он мард ба ин  зан чи ваъда карда будааст, ки аз пушташ то кайхон омад???

 

  • Татьяна БУЛАНОВА – поп-овозхони рус таваллуд шудааст (1969)

        Буланова! Нафаре, ки бар хилофи «баъзе овозхонхо»  медонад, ки сайт чи аст, почтаи электрони ва Интернет чист? Боре бо сарояндаи машхуре сухбат мекардам. Гуфтам, ки агар сурудхои наватро  бо почтаи электрони фиристи, ман онхоро дар эфир пахш мекунам. Медонед, чи гуфт?

        «Не, брат, почтаи мо то шумора чум дар 1 мох меорад у сурудхора , лучше худум ягон руз дискда гирифта меорум🙂 ».  У намедонист, ки фарк миёни почтаи оди (номахои когази) ва почтаи электрони (Интернет)  мисли фарк миёни Умари Темур ва Леди Гага аст! 

     

  • Маликаи Британия Елизаветаи 2 замонави будани худро исбот кардани шуда, аввалин сомонаи интернетии шохиро кушод (1997)

        Ба кариби  макомоти давлатии кишвари мо хам сохиби сомонаи интернетии худашон мешаванд. Ман барои сомонахои нави онхо чанд номро пешниход мекунам, агар хоханд кабул кунанд:

       

        Кумитаи холатхои фавкулода – «Селобча!»

        Вазорати мудофиа – «Дар тарафи тобон бош!»

        Кумитаи кор бо занон – «Хаёт ин муошират аст!»

        Бонки Милли – «Трамплин»

Вазорати маориф – «Давоми галстук!»

        Вазорати наклиёт — «Боз хам наздиктар!»…

        Вазорати корхои дохили – «Аз панчара дори нигох…»

        Вазорати тандурусти – «Зиндаги чист? ХУНи дил хурдан…»

        Вазорати молия – «Ман намерам, очае, ба худо намерам очае…»

        Вазорати хочагии кишлок – «Мо анорем, бале донаи норем бале…»

        Кумитаи ТВ ва Радио – «Биёед, эй рафикон, дарс хонем…»      (ба фикри шумо чаро китобхонаи миллиро махс пахлуи хамин кумита меоранд??? 🙂 )

        Муассисаи давлатии ТВС – «Бехуда хорам мекуни…»

Акнун шумо хам метавонед ин руйхатро давом бидихед!

  

  • Газетаи «Правда» бо сарлавхаи  «Страна должна знать своих героев»  нашр мешавад, ки он солхои тулони ба шиор табдил ёфта буд.

Маълум мешавад, ки ин тачриба «аз кадим» омадааст, ки агар мардум «ба хуби»  касе  ва чизеро нашинохт, мачбури шинос мекарданд. Як рузи  чоршанбе ва ё панчшанбе (рузи нашри газетахо!) ба куча мебароед, ки дар тамоми газетахо – аз чумла  «Правда»,  «Искра» ва «Бухорои шариф» факат хамон як маводро нашр кардаанд.

 

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: