4 марти соли 2011

  Мо ду гурух актёронро дорем — як гурух дар театрхо кор мекунад, гурухи дигар кору машгулияти дигар доранд. Гурухи аввал дар киса дипломи актёри доранд, гурухи дуюми он гуна диплом надоранд, гурухи аввал дар мавсимхо ва намоишномахои  театри  фаъолият мекунанд ва накшофари мекунанд, гурухи дуюм хар руз дар миёни мардум накши касеро бози мекунанд, гурухи аввал мардумро тарбия мекунанд, гурухи дуюм мардумро ба шуру нифок меоранд, гурухи аввал факат дар сахнаи театр никоб дорад, гурухи дуюм доимо никоб доранд ва бо никоб хатто хоб мераванд…

Имруз вобаста ба  маъракаи «дарахтрангкуни»,  дар мавриди микрофони озод ва имконияти «чазодихи» -и шоирон навишта,  мисраи шеъриеро бароятон пешкаш кардам, ки  даромадгохи толори чаласаи депутатхо овезон нест.

  • Имруз дар Тайвань фестивали дарахтшинони будааст.

Дар кишвари мо гайр аз маъракахои дарахтшинони боз як маъраки дигар  — дарахтрангкуни хам будааст. Як руз кадом дустам гуфт, ки дар кадом нохияе барои аз рохбарон гап нашунидан баъзе  нафарони «эчодкор»  арчахои каблан шинондашударо, ки кайхо хушк шуда буданд, ранг кардаанд! Ранги сабз бо истифодаи балончахои рангдор!!!

 

  • Дар СССР аввалин интихоботи альтернативии вакилони мардуми баргузор шудааст (1990)

Зи холи мардумон ТУ бохабар бош,

Ба дил умед биёвар, чун сахар бош!

Миёни хобу бедорони пурхоб,

Ту аз бедорхо бедортар бош!!!

 

  • Ихтироъкори амрикои Эмиль Берлинер микрофонро сохтааст (1877)

         Мо  акнун дар бораи ихтироъкори микрофон маълумот гирифтем. Вале ки медонад, ки хамон «микрофони озод» -ро ки ихтироъ кардаву  «сохта»  бошад? 

  

  • Шоири рус М. Лермонтов барои шеъри «Смерть поэта» ба хабс гирифта мешавад (1837)

         Маълум мешавад, ки шоиронро хам барои навиштахояшон ба хабс гирифтан мумкин будааст! Барои ин акнун донистани маънии як дунё калимахои тамсили ва ташбеххо лозим меояд.  Дар шеър хама чи мисли газета  соддаву равшан нест ку? Ончо барои ба хабс гирифтани шоире бояд исбот кунанд, ки масалан хамон  мисраи  «биё, лаби об равем..»  ба кадом максад гуфта шудааст? Агар максади пок  набошад, пас он шиорро мешавад, ки бо дастрасии кодекси чиноии кишвар барои суикасд ба чони одам ва ба об партофтани часад гунахкор кард.  Ё худ  «буят ба машомам ояду маст шавам..»  гуфтани кадом шоиреро хам ташхис кардан мумкин аст. Ин кадом бу аст? Дар холе ки маълум аст, ки он ба буи сигор ва нос, ки масти меоранд,  монанд нест?

Один ответ

  1. Салом чаноби вазири фарханги блогдори… дар масалаи ихтирои Микрофони озод хаминро гуфтаниам ки ин мушкилкушои нафарони зиёде шуда имруз дар хамон шабакаи телевизионие ки бештар мирофони озод ,намоиш дода мешавад ,чандин касон кушиш мекунанд ки дар навохии дури ЧТ барои сабти ин «барномаи вокеан хам чолиб»ононро ба сафари хизмати фиристонанд))))..ман хаминашро медонам ки як нафар донишчуи факултаи журналистикаи ДМТ-ро ба кор гирифтанд дар як идораи бонуфузи ТВТ баъд пурсиданд ки ягон барнома ,ягон лоиха пешниход карди?? гуфт ки як барномаи хело чолибро чанд руз шуд ба ман бовар карданд дар кучои хамин барнома ..стендап додан кулай аст?? ман гуфтам номи барномаро гуй..чавобаш чунин бад….ММИКРОФОНИ ОЗОД,,:-)))))))))))))))))))))

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: