1 марти соли 2011

   Бахор хам омад! Харчанд хама медонад, ки холо мумкин аст, ки хатто барф низ биборад, харчанд хама селобу харобихои бахори гузаштаро ёд дорад, аммо ба хар сурат ин фаслро интизор мешаванд…Хаёлам, ки он умед дорад, тароват дорад, гулрези дорад… Огози Бахорро барои хамаи Шумо самимона муборак мегуям! Мехостам, ки он огози сарсабзи ва барору саъодататон бошад!!!

Имруз дар мавриди  пешгуихо, маслихати муфаттишон ба кормандони ТВ, андозбанди ва лиму, матоъ ва иффат, кори Радио ва аксияи нави кормандони ТВ-хо навиштам!

  • Настрадамус китоби пешгуихои худро нашр кардааст. Холо хам ба пешгуихои у бовар доранд ва такя мекунанд, аммо акнун маълум кардан душвор аст, ки у вокеан хам истеъдоди худодод дошт ва ё факат бемор буд.

        Холо чанд сохае хаст, ки вобаста ба он агар каме тасаввурот бошад, метавон кариб хама чиро пешгуи кунед. Масалан, ширкати тими футболи Точикистон дар Чемпионати чахон, ба кайхон рафтани аввалин хамватани мо, пайдо шудани 20-30 шабакаи Радио ва Телевизион дар кишвари мо хамон мавзуъхоест, ки бисёрихо вобаста ба он мушаххас ва аник пешгуи карда метавонад!

 

  • Дар даромадгохи хонаи худ ровии машхури ТВ — Владислав Листьев кушта мешавад (1995)

Мегуянд, ки баъди хамин ходиса шумораи барномахои телевизионии хуб ва идеяхои чолиби телевизиони кам шудааст. Ва хам мегуянд, ки муфаттишон ба хама кормандони шабакахои ТВ пинхони мурочиат кардаанд, ки ба хотири рух надодани хамин гуна ходисахо аз тахияи барномахои чолибу шавковвар ки боиси ракобат мешавад, даст бикашанд. Мардуме, ки табиату богу куху даштро дуст медорад, кам нест-ку?!

  

  • Дар Париж як гурух андозчамъкунандахоро лату куб кардаанд (1382)

        «Дар куча озмун баргузор шуда истодааст. Рови як лимуро оварда ба мардум, ки чамъ шудаанд,  мегуяд ки касе онро бо даст чафида оби бештаре ба ин истакон чамъ кунад, сохиби тухфа мешавад. Марди пахлавончуссае баромада лимуеро ба истакон мечафад. Истакон ними шарбати лиму мешавад. Рови он нафарро таъриф карда баланд мегуяд, ки боз ки мехохад ин амалро ичро кунад. Як марди харобаке баромада мехохад кувваи худро санчад. Ба у лимуи дигаре додани мешаванд. Аммо у мегуяд, ки ба ман хамон лимуи шахси пештар чафидаро дихед. Хамон лимуи чафидашударо у дигарбора мечафад. Истакон пури об мешаваду лабрез мегардад. Рови ва мардум хайрон мешаванд. Рови мепурсад, ки «бародар, шумо чи кора хастен?» У мегуяд, ки ман корманди идораи андозам!!!🙂»

 

  • Амрикои  Альберт Берри бори аввал дар дунё бо парашют аз тайёра чахидааст (1912)

Эълони гайриоддие, ки дар ким кадом газета нашр шуда буд: «Парашюти навро мефурушам. Факат як бор истифода шуда, кушода нашудааст. Камтарак дог дорад!»

 

  • Хукумати Англия ба занхо супориш дод, ки либоси сабук бипушанд  ва матоъро зиёд сарф накунанд. Артиш  ба матоъ ниёзи шадиде дошт (1940)

        Яъне  хукуматдорон чангу вазъияти низомиро бахона карда, ба занхо пешниход мекунанд, ки либоси тунук пушанд. Хамин гуна либосхои хариру нафису мини-юбкахо пайдо шудаанд. Аммо имруз бошад, дигар намедонанд, чи кор кунанд, ки мардумро боиффату мастура кунанд! Ё ки медонад, максад аз сарфакунихо шояд об додани чашм аз тани нимаурёни занхо ва духтарон буд? 

 

  •  Дар Нэшвилл аввалин Радиои тичорати дар дунё — «W47NV» ба пахши барномахояш огоз кардааст (1941)

Режиссёр дар Радио,

Имшабро сахар кардаст.

Чаро зан намегирад,

Компютер зарар кардаст!

  

  • Дар Канада конуне, ки мувофики он бояд сохибони антенахои мохворави лицензия мегирифтанд, бекор карда мешавад (1983)

        Эълон аз ким кадом нашри хабари: «Телевизонхои кишвар дар якчояги аксияи наверо барои мардуме, ки мехохад, чои кори доими дошта бошад, эълон мекунад. Барои хар антенаи мохворави, ки шумо аз болои боми бинохои истикомати канда  ба поён хаво медихед, 25 сомони пул пешниход карда мешавад. Хамчунин барои онхое, ки баъди партофта шуданашон аз болои бинохо ва ё хангоми тасодуфан афтидан аз ончо маъюб мешаванд, аробачаи маъюби тухфа карда мешавад»

 

Один ответ

  1. Салом Субхон,агар Худо насиб гардонаду як 10000000 $ кор кунам ё ки аз ягон чой ёбам ё ки варианти охирон…дуздам :-))) хатман барои ту як радиои шахсии «Юмор FM»кушода бо тамоми тачхизоташ такдим мекунам,агар шунавам ки боз мардуми (ТВТ)-ро))))) гам медихи ин навбат кушиш мекунам ,ки номзадиатро ба вазири Фарханг шудан пешниход кунам…:-))))))) Ё Худо насиб гардонад иншооллох…Боши дустам саломат…бахор нав муборак бошадат…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: