29 феврали соли 2011

   Кадом вакте мегуфтаанд, ки дар рузи 29 феврал, ки дар чор сол як бор меояд, нафарони сехргару на оди таваллуд мешаванд. Аз тарси он, ки кудакони  дар ин руз таваллуд шударо шояд кисмати на соддае интизор бошад, мардум  рузи таваллуди кудаконашонро дар хуччатхо ё 28 феврал менавишт ва ё 1 март. Нафароне буданд, ки мардуми дар ин руз таваллуд шударо сохибистеъдод ва нобига хам мегуфтанд. Аммо кам нестанд нафароне, ки бовари доранд – ин рузро инсонхо барои дурустии хисобхо фикр кардаанд ва он комилан одди аст, хеч хусусияти фавкулода надорад! Дар дунё расман дар хуччатхои таваллуди  худуди 0,069 % ахолии сайёра, ки тахминан  4 миллион нафарро ташкил медиханд, рузи тавлидашон 29 феврал навишта шуда будааст. Рузи 29  февралро Рузи Касьян хам меноманд ва мегуянд, ки хосияти хуб надорад. Дар баъзе кишвархои аврупои бошад ин руз чун Рузи Освальди мукаддас  кайд карда мешавад. Занхо имруз метавонад, ки ба мардхо никох ва оиладориро пешниход кунанд. Агар мард рози нашавад, мачбур аст, ки чарима супорад.  Ин анъана аз Ирландия сарчашма мегирифтааст. Дар як катор кишвархои дигари аврупои то асри 18 ин руз тамоман гуё вучуд надошт, рузе буд бе статуси хукуки. Он вакт дар ин руз на маош медоданд, на кадом муомилоти пули сурат мегирифт, на шартномаву карордод ба имзо мерасониданд ва на ба касе карз  медоданд. Буданд нафароне, ки шаби 29 феврал ва 1 март ба кафи даст тухми хомро  пахш мекарданд. Ва бовари доштанд, ки марг ва нокоми  бо ин рох дур мешуд. Хулоса, ки дар миёни 28 февралу 1 март дар чор сол як бор 29 феврал хам хаст. Он хам ба кавли мардум «як рузи Худо» аст ва чор сол пас меояд. Дигар мухим нест, ки мо мехохем ва ё не, мо аз он метарсем ё не!!!

Имруз дар мавриди шумора ва гум шудани хисоб, асрори бадбахтии мард, маоши волидон ва фарбехии кудакон, шохмот ва кобилияти зехнии занхо навиштаам.

  • Герман ХОЛЛЕРИТ /Hermann HOLLERITH/ таваллуд шудааст (1860). У нафарест, ки аввалин мошинаи хисоббарори – табуляторро ихтироъ кардааст.Баъдтар ширкате ки у ташкил карда  буд, баъди чанд бор такмил ёфтану омехта шудан ба ширкати бузурги IBM табдил меёбад.

        Табулятор ва калькулятор чизи хуб аст. Самтхое хаст, ки бе ин гуна тачхизоти хисоббарор ончо кор пеш намеравад. Ин дубайти барои гурухи махсуси духтаронест, ки дар  рохи Караболо «навбатдор» хастанд:

Дар рохи Караболо,

Ду чашми хумор дори.

Калькулятор овардум,

Бигу чандта ёр дори?

  

  • Дар Шотландия конуни нав чори гашт: марде, ки ба зани изхори мухаббат кардааш оиладор шудан намехост, бояд ки чарима месупорид (1288)

        Хамин гуна занхо аввалтар аз хама эрка ва баъдтар нисбат ба мардхо берахм шуданд. Ин макол шояд баъди хамин гуна «бологузорихо» пайдо шуда бошад: «Занро бояд ба руи даст бардошт, ба гардан бошад,  худашон савор мешаванд!»  

 

  • Касри Сафед эълон дошт, ки кудакони амрикои аз хад зиёд фарбех шудаанд (1960)

        Кудакони амрикои маълум мешавад, ки барои гову молашон аз адирхо антоку алаф намеоранд, маълум мешавад, ки онхо бо хару ароба барои овардани об намераванд, маълум аст, ки барои тахсил  ба  мактаби дехаи хамсоя намераванд, фарбех, ки шуда бошанд, маълум мешавад, ки волидонашон чои кори нагз доранду  пули хуб мегиранд ва хар чизе, ки дили кудаконашону худашон хост, мехаранд. Сабаб -чои кор ва маоши волидонашон аст -онхоро ихтисор карда ва ё ба кори бе даромаде гузаронидан лозим аст!

  

  • Вера Менчик –аввалин зан-Чемпиони дунё оида ба шохмот таваллуд шудааст (1906)

Мард ними шаб ба хона меояд. Хамсараш мепурсад, ки «дар кучо буди?». У чавоб медихад, ки дар хонаи як чураам шохмотбози карда шишта будем. Зан, ки мисли хама занхои дигари дунё кобилияти хуби буёи доштааст, мегуяд, ки «о аз баданат буйи атри занона меояд ку ?»  Мард хам худро аз даст надода,  мегуяд :  «чи мехости, ки аз баданам буйи шохмот биёяд?  :) »

Мегуянд, ки шохмот  барои инкишофи кобилияти зехнии одамон фоидаовар аст. Ин тавр бошад, хама занхоро мисли  Вера Менчик ба шохмот бояд чалб кард! Харчанд, ки миёни мардхо хам нафароне, ки бовар доранд,  «дар каллаи холи дониши зиёд чо мешавад»  кам нестанд.

 

комментария 3

  1. Акаи Субхон, хамин духтарои дежурнии караболора ё аз хад зиёд нагз мебинед ё катъиян чашми дидан надоред, ки тез-тез ба ёд меореншон.:)

    • Саломалейк….Гап сари ин аст, ки мо дар хамон бинои наздикии «точка»- и онхо идораи кори дорем. (Ин берун аз Радио!) Ва хар шоме, ки дертар аз ончо берун мешавам, мебинам, ки радиои кадом ронандаи таксиро баланд карда ракс карда истодаанд🙂 Акнун худатон фикр кунед, ки ин чиз барои ман писанд аст, гиряовар аст ё нанговару хандаовар ???

      • Ба фикри ман хар чахор:
        — писанд, ки Радио кудрати «дежурнихо»-ро низ ба вачд оварданро дорад;
        — гиря ба холи зори духтарони саргардону гаранги точик;
        — нанги мардонаги нисбати танфурушии точикдухтаронамон дар хонаи худ;
        — ханда ба ахволи таксист.

        Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: