28 феврали соли 2011

    Мо одатхои хуб зиёд дорем. Шояд бештар аз одати нохубамон. Баъди он  ки куфл аз лабхо бо шикастани сохтори шурави шикаста шуд ва кушишхои ошкоро гуфтан аз чониби як -ду босаводу колабшикан анчом дода шуд,  хама гумон кард, ки метавонад хама чиро гуяд ва бо хама кас дар хама мавзуъ бахс кунад. Баъди якчанд сол аксарият, ки доираи фахмиши худро на он кадар васеъ ёфтанд, аз бахсу бе фоида гуфтан  дур шуданд ва хам холо онхое, ки дигар дарк кардан, ки хамсухбатхо аксаран гуфтаи онхоро намефахманд, дигар намегуянд. Аммо онхое, ки фахмиши хеле танг доштанду доранд, холо хам хар кучо, ки ду касро дар сухбат ёфтанд, бахсеро ба миён меоранд ва дар он хама гуна андешаи дигаронро инкор мекунанд. Мушкил ва бадбахти хамин аст, ки барои онхо мавзуъ мухим нест -кайхон аст он, геология аст, чанги шахрвандиву «маршировка»-и донишчуён ё  вазъияти Либияву Миср аст… Аммо он руз андешаи як донишмандро хондам, ки гуфтааст: «Агар хохи ки туро гуш кунанд, хомуш бош!!!»

Имруз дар мавриди «роххои шлагбаумдор», сабаби дар кучахои шахр набудани мардуми мансабдор ва сарватдор, андоз аз хучрахои махбасхона ва духтарони паричехраи точик навиштаам.

  • Светлана Иосифовна АЛЛИЛУЕВА — духтари  Сталин  таваллуд шудааст (1926)

        Нафаре гуфта буд, ки бехтарин рохи карера –дар оилаи зарури таваллуд шудан аст! Вале он нафар ба хеч вачх наметавонист гуяд, ки дар оилахои «на он кадар зарури» таваллуд шудан, сабаби нарасидан ба макому зинахои баланд хохад буд! Ва ин тавр хам нагуфта буд. Хаёлам, ки рохи пешниход кардаи нафаре ки дар огоз гуфтам, охиста-охиста дигар аз «муд» меравад ва ба тадрич роххои дигари  бехатару  бе «шлагбаум» пайдо мешаванд.

 

  • Нахуствазири Щвеция Улоф Пальме дар як кучаи Стокгольм аз чониби ношиносе  ба катл мерасад (1986). Чинояткорон пайдо нашудаанд.

        Акнун сабаби дар кучахои Душанбе кам ба назар расидани мардуми мансабдорро фахмидед? Дар як мусохибааш коргардони хуби мо Барзу Абдураззоков гуфта буд, ки имруз дар кучахои шахр нафарони вокеан хам бузургро  дидан мумкин нест. Аммо мардуми сарватдору мансабдор  (ки ба назарашон бузург хам хастанд!) дар мавриди дигарон чи фикр дошта бошанд?  Шояд мегуянд,  ки  «дар кучахои шахри мо факат мардуми  оди ва ношиносе мегардад»  ва ё шояд дилашон нашавад, ки бо пойафзоли аз Аврупову Амрико харидаашон дар кучахои шахр бигарданд!

  

  • Чаласаи вакилони мардумии СССР барои таъсиси хочагихои  хусусии дехкони ичозат медихад (1990)

        Бубинед, ки имруз новобаста ба хама гуна кушишу талошхои якбора чанд макоми кудрати фуруши замин ва муомилоти гайриконуни бо замин кам намегардад. Хаёлам факат як рох мондааст, ки мардуми вазифадор бо адолат гардаду хак ба хакдорон бирасад: чори кардани хабси абад барои нафароне, ки ба муомилоти гайриконуни бо замин, ба заминфуруши ва таксимоти нодурусти беадолатонаи замин машгул мешаванд. Илова бар ин ачоиб мебуд, агар барои хар метри квадратии он хучраи махбас аз у бо хамон ченаке, ки у заминро мефурухт, андоз барои «истифода» ситонида мешуд!!!!

 

  • Дар Миср барои мардони мусулмон оиладоршави бо занону духтарони яхудиро манъ мекунанд (2001)

        Такдим ба духтари зебои точик, ки дар иффату  зебои ва хунарманди хамто надорад:

 

Гар шох бошам, Ту точи сар боши маро,

Дар гушнагиям нони камар боши маро.

Умеди маниву ман ба ин умедам,

Дар шодиву гам ту  бар ба  бар боши маро!

 

 

 

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: