26 феврали соли 2011

    Чи бояд  бошад ва чи на? Чи бояд хамеша бошад ва чи муваккатан? Дидед, ки ин ду суол аз чихати маъни ва мантикаш ба хам монанд нест! Бояд офтоб бошад, руз бошад ! Вале он вакт хам мо наметавонем гуем, ки бояд офтоб доимо бошаду  шаб тамоман набошад! Ин чанд чиз меояду меравад ва «речаи корашон»-ро инсоният тагир дода наметавонад. Одамон бошанд, метавонанд, ки худашонро тагир диханд. Хама тагир хурданхо бояд ба тадрич ба ИНСОН шудан биёрад, инсони комил! Инсони комил бошад  ба хаёли ман онест, ки медонад: чи бояд бошад ва чи на, чи бояд хамеша бошад ва чи муваккатан!

Имруз дар мавриди  «крыша» -и баъзе мансабдорон,  «матоъ»-и истифодаи васеъ ва миёнравони мардуми мухрбадаст навиштам! 

  • Надежда Крупская –хамсари В. Ленин,сарвари «Главполитпросвет»  (1920-29 гг.)  таваллуд шудааст (1869)

       

Зан каллаи сад мардаки мансабдор аст,

Зан «тавсия»-ву «мухр»-у  ба гардан бор аст.

Безан бударо садкаи мансаб бикунанд,

Зан бахри тумору куфу суф даркор аст!!!

  

  • Леви Страусс  — нафаре, ки «джинс» -ро фикр карда буд, таваллуд шудааст (1829)

        Ин матоъ (агар тозааш бошад!) бо сахтиаш ба иродаву ба гапгирихои марди оддии коргаре монанд аст.  Уро дар хона хам «мепушанд», дар сафар хам «мепушанд», дар мачлис хам «пушидан»  мумкин асту  дар кори сахро хам!

 

  • Президенти хамонвактаи ФР Б. Н. Ельцин А. Руцкойро ноиби худ оид ба  хочагии кишлок таъин мекунад (1992)

        Гумонам, ки хам дар Руссия ва хам дар Точикистон аз хамин гуна муовинхо бисёр чиз вобаста аст. Масалан, аз онхо вобаста аст, ки мардум чи тавр бо замини наздихавлиги таъмин мешавад, ки чанд пул бояд бидихад, ки замини бештареро барои истифода бигирад?  Аммо мардуме, ки замин ва хонааш гайриконуни дониста мешавад, бояд барои он амалаш факат худаш чавоб гуяд? Чи кор хам мекард дигар? Нашавад ошкоро гуи, ки ба ки чанд доллар доди? Хамин тавр не?

Муовинхо зинда бошед! Миёнравхо хам хамчунин! Зинда бошеду бубинед, ки  кору фаъолияти  имруз  «пурмахсулатон»  фардо чи гуна натича меорад!!!

 

 

  

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: