23 феврали соли 2011

   Имруз Рузи Артиши Милли аст! Барои хамаи онхое, ки мехри ВАТАН дар дилашон хасту кам намешавад — ин руз МУБОРАК  бошад! Либоси низоми  хам ба бар надошта  барои  ВАТАН чон нисор кардан  мумкин аст.  Мисли ин,   ба бар либоси низоми доштахоеро хам кам надидем, ки садокати заифе доштаанд. Мехр, садокат ва имону ифтихор аз  ВАТАН факат бо либос ва худнамоиву зури бозу нест. ВАТАНро аклхо хифз мекунанд, ВАТАНро ташаббус обод мекунад, ВАТАНро садокат машхур мекунад. Ва хушбахти аст, агар он Артиши аклхо, Артиши ташаббусхо ва Артиши садокатхо бошад!

Имруз дар мавриди рохе, ки онро на хама медонад,  майдонхое, ки барои футбол нест, бозии патенти нашудае бо номи «кидатис»,  аз миён ба дор овехтан ва «мушкили» точир будан навиштаам.

  • Казимир ФУНК /Casimir FUNK/ — биохимики поляк таваллуд шудааст. Калимаи «витамин» -ро у фикр кардааст (1884)

        Ташшакур барои он, ки у калимаи «витамин»-ро фикр кардааст. Ва хам мо аз онхое, ки калимахои  «доллар»,  «евро», «мансаб»  ва мисли инхоро фикр кардаанд, миннатдорем. Лекин пурсидани хастам, ки  мо ба он чизе ки онхо фикр кардаанд, чи гуна дастраси пайдо кунем?

        

  • Виктор Андреевич ЮЩЕНКО собик Президенти Украина тавалуд шудааст (1954). У солхои 1993 то 1999 сарвари Бонки Украина, аз соли 1999 то соли 2001 нахуствазир буд. Номзади улуми иктисод аст.

 

Чоркунчаи  дорои ду дар МАЙДОН аст,

Гавгову шиору шуру шар МАЙДОН аст.

Майдон набувад факат барои футбол,

Хар гах бикафад ба санг сар МАЙДОН аст!!!

  

  • Майори англис Уолтер УИНГФИЛД барои бозии наве бо номи Sphairistike патент мегирад. Холо он бозиро чун ТЕННИС медонанд.

        Бозихо хар хел мешаванд – теннис, гольф, биллиард. Тачрибахо нишон медихад, ки миёни инсонхо вактхо охир гайр аз ТЕННИС бозихои патенти нашудае хам хаст, ки чонибдорони кам надорад. Масалан,  «кидатис», «пешпонис», «подставис»…

 

  • Дар Девоншир (Англия) чинояткор Чон Ли баъд аз маротибаи 3-юм ба дор овехтан хам зинда мемонад. Баъд хукми катли уро ба хабси абад иваз мекунанд (1885). Ин ходиса дар таърих беназир буд.

        Хаёлам, ки он замон хам бо пул хама чиро хал кардан мумкин буд. Ва шояд бо пора хамон банди дорро ба гардани он нафар неву ба миёнаш баста бошанд. Гардани «гафс»-и Саддом он бандро токат карда натавониста буду….

 

  • Дар Чикаго Клуби байналмилаллии точирон – Ротари-Клуб таъсис меёбад (1905)

        Точирон зиндагии «рангин»-е доранд: пул бошад, дустдоштахо хастанд, тафтишгарон меоянду хурсанд мераванд, хамсар мехрубон аст. Агар пул нест, дустдоштахо  «занято»  хастанд, тафтишгарон меоянду намераванд ва хамсар  шабу руз «сардард»  ва монда аст…

комментария 4

  1. Салом Субхон, бовар кун хамаи чизе навишти, асоси вокеи дошта, дар баробари хамаи он боз вокеахои таърихи дар пеши чашмам гуё зинда гузаштан …дар масалаи лицензияи «кидатис «ту бояд аз тарафи гастарбайтерис ва шахсони бепулис ба чоизаи НОБЕЛИС пешниход шави-ссс )))))))) зинда боши брати ман…..)))))))))

  2. Салом акаи Субхон , ба чузъ гуфтани калимаи АХСАН чизи дигаре ба фикрам намеояд. Ин кадар гапро шумо чи хел фикр мекунед. Дар вокеъ рузи Артиши миллии ЧТ муборак бошад. Саломату комёб бошед!!!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: