22 феврали соли 2011

  Шуморо аз хар чизе, ки дар атрофатон рух медихад, чи чиз бештар хайрон мекунад? Ва оё чизе, ки баъди хайрони Шуморо вокеан хам ба фикр кардан водор кунад, хаст?

Ман хайронам, ки чаро барои созмонхои хоричии мукими Точикистон дар самти интихоби кормандони махалли низоми муайяне нест: аксарияти онхо на факат  точик нестанд, ки гумонам садокаташон хам шубхаовар аст, тибби  имрузи мо пулаки аст ё бепул ва ё нимпулаки,  ки медонад, ки чанд фоизи хатмкардахои Донишгохи Тибби  ва табибону ходимони тибби точиканд, комиссияи чамъиятие, ки аз ин пас барои омузиши дарачаи эхтиёчи аризадихандахо барои пораи замин бо шумораи 20 нафар таъсис меёбад, магар барои раиси Хукумату чонишини вай бегона хоханд буд, дар холи дар  навохии кишвар набудани  як заводу хатто сехи истехсоли дар дастгоххои Хукумати нохияхо нигох доштани 20-30 нафар мудиру рохбару сардор  зарур аст???

Имруз дар мавриди доллар ва пулодро об кардани он,  оби шуру  пешонаи шур, курбонихои чинояту курбонихои мухаббат ва гармихои «бе гази табии ва бе барк» навиштаам.

  • Америго ВЕСПУЧЧИ /Amerigo VESPUCCI/-бахрнавард вафот кардааст (1512). Америка –аз номи хамин бахрнавард аст. У дар Севилье дар сини 58 солагиаш аз табларза вафот кардааст.      
  • Джордж ВАШИНГТОН /George WASHINGTON/-аввалин президенти ИМА таваллуд шудааст (1732). Сурати у дар пули  $1 мавчуд аст.       

        Мети ту нишон ба нуги ангушт маро,

        Бори гами ту халтае дар пушт маро.

        «Сомони биёр»  гуфтиву нимкушта шудум,

        «Доллар дори?» — гуфтани ту кушт маро!                 

  

  • Артур ШОПЕНГАУЭР /Arthur SCHOPENHAUER/ —файласуфи олмони таваллуд шудааст (1788)

        «Сарват мисли оби бахр аст: хар кадар зиёд нушед, хамон кадар бештар ташна мемонед»

                                                                                                                                                                        Артур ШОПЕНГАУЭР

  

  • Парвози тайёрахоро аз болои кароргохи Президенти Амрико –Касри Сафед манъ мекунанд (1935)

        Бозор Собир агар бо Президенти Точикистон вомехурд, пешниход мекардааст, ки фаъолияти ХНИТ-ро манъ кунад. Биёед як бор фикр кунем, ки  чиро манъ кардан мумкин аст, ки ба манфиат бошад? Пешниходи ман: Бигзор кормандони БДА ронандагони коидавайронкунро манъ кунанд, гунохашонро фахмонанд, аммо онхоро ягон хел чазо додаву чарима карда натавонанд!!!

  

  • Имруз рузи байналмилаллии дастгирии курбониёни чиноят аст.

        Баъзан чунин ба назар мерасад, ки дар олами чиноят намояндагони он хамдигарро бештару хубтар химоя ва хифз мекунанд.Ва шояд барои хамин онхо «Рузи байналмилалии дастгирии курбониёни конунхо» -ро надоранд!

  

  • Анна Керн – дустдоштаи А.С.Пушкин таваллуд шудааст (1800). «Я помню чудное мгновенье» барои у навишта шудааст.

        Дустдоштахо гумонам аз пайдоиши олам то имруз хастанд. Аввалхо мархои ошик ба онхо гандум медоданд, баъдтар барои  онхо шеъру достон менавиштанд, баъдтар онхоро аз хар балову офат химоя мекарданд….

Имруз ин «робита» хам замонави шудааст : барои  дустдоштахо холо  мачалла мекушоянд, мошин тухфа мекунанд, пули манзили ичораашро медиханд, барои пахши  сурудхояш мусоидат мекунанд…

Пушкин агар холо дар Точикистон мебуд, аз алам ва шармандаги мемурд: «дустдоштахо»-и имруз шеърро намефахманд!!!  

 

  • Сокинони давлати Конго чанд тан устодро бо чурми чодугари …сангсор карда буданд (2003)

        Навиштачот дар пушти дарвозаи як муллое, ки ба гарми ва хунуки кардан машгул буд:

        «Кондиционер. Зима-Лето»

 

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: