20 феврали соли 2011

         Фосила хамон гуна, ки чизи хуб аст, ба хамон андоза боз хуби надорад.   Ман метавонам бо фосила аз бадкирдору хавфноке  худро аз фано шудан начот бидихам ва аммо агар миёни ману иттилоъ фосила аст, пас он вакт ман худам хавфнок хохам буд. Дируз як нафаре вобаста ба ким кадом бахси судии идораашон бо кадом газетае сухбат мекард, бахс мекард ва идораашонро хак  мегуфт. Аммо вакте пурсидам, ки бахси суди дар кадом мавзуъ аст, изхори беиттилоъи кард. У намедонад, ки «онхо» барои чи бо каси дигаре бахси суди доранд?!

Чанобони рохбар ва сарвар! Шумо дар хамин гуна холатхо ва хам ба хотири иттилоъи бештари кормандонатон, ки дигар дар кучахояшон симои идораву вазоратхонаи шумо хастанд, иттиолоъ ва маълумоти дуруст ва заруриро дар ихтиёрашон бигзоред, ки худрову шуморову коргохатонро шарманда накунанд!

Ин навбат дар хусуси он чизе, ки дигар моро ба хайрат намеорад, доир ба таъсири ном ба акл, вобаста ба накхату бенакхати ва дар мавриди бузургони мошинсавор навиштаам.

  • Дар Лондон аввалин музоядаи шароб (вино) баргузор шудааст (1673)

         Ба назари шумо холо чи гуна музояда ташкил шавад, ки мардум ба ончо мераванд? Ба фикрам мардуми моро дигар бо ягон чиз ба хайрат оварда намешавад. Онхо хама чиро дидаанд: хам сарватмандони акнун камбагалро, хам камбагалони акнун бойро, хам пушти хам депутатиро аз як оила, хам сенарияхои филми Голивудро дар ичрои махбусон ва хам бо трактор дар пеши чашми кудакон вайрон кардани хонаву чои хоби онхоро…

 

  •          Дар Петербург Донишкадаи омузгори ба Донишгохи омузгори табдил дода шуд (1819)

         Ба назари шумо агар ман мурги тухмовари хонаамонро як руз холаву пагох амма гуям, зардии тухмаш зардтар мешавад, ё он калонтару бо намак мешавад?

  

  •          Дар ВКД Руссия коллексия буйи чинояткорон таъсис дода шуд (2004)

Маълум мешавад, ки тарзи зиндаги ва кору вазифае, ки нафаре  мачбури сохиб шудааст ва ё ба у бовар карда додаанд, ба ин дарача ба шахс таъсир дорад, ки хатто буйи махсуси худро ба бадани инсон мегузорад. Аз ин нуктаи назар шояд кормандони макомоти кудратии Точикистон хам баъзехоро аз буйи газ, буйи казино, буйи варакахои таблиги, буйи гурез ва мисли инхо дарёфт карда бошанд?

 

  • Ферруччио ЛАМБОРГИНИ – саноатчии итолиёи вафот мекунад (1993).  У нафере буд, ки мошинхои киммати варзиширо сохта буд.

         Хаёлам у медонист, ки як замоне киммату манзалати инсонхо ба сохт ва тамгаи мошинашон вобаста мешавад. Шумо Доро Начот, Зиё Абдулло, Бозор Собир, Ворис, Хошим Гадо… ва дигаронро аз хамин гурух савори  мошини тамгаи Ламборгини тасаввур карда метавонед?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: