Тафовути чапдастхо аз ростдастхо!

   Аз руи тахкикот ва андешахои донишмандон, ки дар бораи чапдастхо ва тафовути онхо аз ростдастхо (инчунин бохуш будани онхо), дар чанд сомонаи гуногун пайдо кардам, кам-кам аз андешахои онхо ин чо аз форси баргардон ва аз руси тарчума карда шудааст. Як чиро таъкид кардан мехохам, ки бо овардани ин матлаб мо гуфтани нестем, ки ростдастхо нисбат ба чапдастхо кундзехнтар хастанд, зеро донишмадони машхури зиёде низ аз ин кабил хастанд, ки дар бораи онхо суханони бисёре гуфтан мумкин аст! 

Чапдастхои бохуш

 Дар гузашта ба ин далел ба дасти чап «дасти шайтон» мегуфтанд, ки дар ростдастхо ба унвони як дасти азкорафтода ва бемасраф шинохта мешуда ва тамоми кудрат ва тавоноии фард дар дасти рост будааст. Чапдастхо дар акаллият карор доранд ва танхо худуди 10 дар сад аз чамъияти чахониро ташкил медиханд. Чапдасти ба далели кудрати бештари нимкураи рости магз аст, дар холе ки дар ростдастхо кудрати нимкураи чап бештар аст. Тамоми он даста аз афроде, ки чапдаст хастанд, дар кисматхои мушаххасе аз магзашон нисбат ба ростдастхо пешрафтатаранд. Афроде хастанд, ки ба рохати метавонанд ду корро хамзамон ба хуби анчом диханд, мисли сухбат кардан ва ронандаги. Бад нест чанд нуктаро ки дар мавриди афроде, ки чапдаст хастанд бидонед: То чандин сол кабл хам афроде, ки чапдаст буданд, барои дигар атрофиёнашон чои суол доштанд ва бахс дар мавриди он ки чапдастхо бохуштаранд ё ростдастхо, мухаккикон назароти мутафовитеро мавриди ин мавзуъ эълом карданд. Исботи ин мавзуъ, ки онхо ба рохати метавонанд аз паси ду кори фикри хамзамон бароянд, дар тахкикоти густурдаи мачаллаи «Хуш» собит шуда ва зохиран шаке хам дар мавриди он вучуд надорад. Тахкикот дар Донишгохи миллии Австралия низ нишондихандаи он аст, ки чапдастхо маъмулан хангоми ёдгирии забон аз хар ду нимкураи магзашон истифода мекунанд ва ин дар холе аст, ки ростдастхо факат аз нимкураи рости худ кумак мегиранд. Ду нимкураи магз дарвокеъ шабехи хам хастанд. Онхо дар мавриди дарёфти иттилоот дакикан яксон амал мекунанд ва як рохкорро барои тахлил дар назар мегиранд. Аммо маъмулан вазоифе хамчун ёдгирии забон маъмулан дар яке аз онхо сурат мегирад, ки дар мавриди чапдастхо зохиран хар ду ин ду нимкурахо фаъол хастанд. Дигар минтакае, ки дар магз нуктае комилан мушаххас дорад, хамон дарёфти иттилоот аст, ки маъмулан дар самти рости бадан анчом мешавад. Ба ин маъно, ки аз самти рост иттилоот ворид шуда ва ба нимкураи чап меравад, то мавриди тахлил карор бигирад ва иттилооте хам, ки аз кисмати чапи бадан ворид шудаанд, ба нимкураи рост меравад ва дар он чо мавриди тахлил карор мегиранд, ки дар хар ду холат магз онхоро дарёфт мекунад ва пас аз таркиби онхо дастуреро барои шунидан ё дидан содир мекунад.

Чапдастхо ва мушкилоти онхо

Дар 30 соли гузашта аз ин руз барои боло бурдани сатхи огохии умум нисбат ба мавзуи чапдасти дар чахон истифода шудааст ва чапдастхо барои хифзи анчумани худ фурушгоххо ва хатто сайтхои хосро дар Интернет рохандози кардаанд. Нишонахои чапдасти ё ростдастиро метавон вакти баланд кардани даст дар синф, партоб кардани туб, мисвок задан, шона кардан, хангоми духтан ва гайра ном бурд. Мухаммадризо Сайфиддин, ки донишчуи риштаи меъмори аст, низ мегуяд: тахияи имконот ва тачхизоти махсуси чапдастон дар мукоиса бо ростдастон бисёр гарон ва ноёб аст, ки ин табъизи бисёр сангине аст. Вай изхор дошт: ба далели ин ки теъдоди чапдастхо дар марокизи донишгохи кам аст, масъулон таваччухе ба тахияи имконот барои онхо намекунанд. Инчунин у мегуяд: чапдастон низ наметавонанд ба далели нобуди кайчии махсуси чапдастон аз кайчии маъмули барои мавориди мавриди ниёз истифода кунанд. Каёнарс афзуд: бо ин хол, чапдасти ба таври комил ирси ё женетики нест, балки авомили мухитии рушду нуму ва хатто шароити ичтимои ва фарханги низ дар он дахолат дорад. Касоне ки бо дасти рост кор мекунанд маълум нест, ки аз бадви таваллуд ростдаст будаанд ё баъдан ва ба иктизои шароит ва авомили мухити ростдаст шудаанд. Вай изхор дошт: ташхиси чапдасти ва ростдасти дар афрод ва ин ки касе вокеан чапдаст ё ростдаст аст, чандон осон нест ва наметавон ин ду гурухро бо итминон аз хам чудо намуд ва ба хамин далел баровард нисбати ин ду гурух дар чомеа мушкил аст. Вай бо ишора ба ин ки гуфта мешавад худуди 10 то 15 дар сади аз мардум чапдаст хастанд, афзуд: дар сади бисёр кучаке хам хастанд, ки чап ва рост барояшон фарке намекунад. Мегуянд чапдастхо бохуштаранд, вале хануз шавохиди илмии кофи барои он вучуд надорад!

Чапдастони машхур

Ин чо шумо метавонед бо номхои онхо аз касбу кори гуногун бе душвори ошнои пайдо кунед:

Сиёсатмадорон ва низоми:

Гай Юлий Цезарь, Александр Македонский,  Тиберий, Япанку Локу, Жанна Д’Арк,  Карл Великий,  Наполеон Бонапарт,  Отто Бисмарк,  Бенджамин Франклин,  Уинстон Черчилль,  президентон  Форд, Рональд Рейган,  Джорж Буши калони,  Джорж Буши хурди,  Билл Клинтон,  Фидель Кастро, Махатма Ганди,  Бенджамин Метаньяху,  Коллин Пауэл,  Альберт Гор малика  Виктория,  Барак Обама.

Донишмандон ва бозаргонон:

Леонардо да Винчи,  Альберт Эйнштейн,  Исаак Ньютон,  Никола Тесла,  физиолог Павлов, Генри Форд, Билл Гейтс,  Рокфеллерхо,  Гарри Каспаров,  Нэйл Армстронг (кайхоннавард),  Джек Потрошитель.

Рассомон:

 Рафаэль (Раффаэлло Санти),  Леонардо да Винчи — рассом, мучассамасоз, меъмор, навозанда, файласуф… Микеланджело — мучассамасоз, шоир… Пабло Пикассо, Альбрехт Дюрер,  Огюст Роден, Питер Пауль  Рубенс,  Анри Тулуз-Лотрек.

 Бозигарон:

 Чарли Чаплин,  Мэрилин Монро,  Грета Гарбо,  Брюс Бокслейтнер,  Джим Керри,  Том Круз,  Роберт Де Ниро,  Дэвид Духовны,  Анжелина Джоли, Мила Йовович,  Николь Кидман,  Джулия Робертс,  Брюс Уиллис,  Сильвестр Сталлоне,  Дрю Берримор,  Вупи Голдберг,  Лиза Кудроу,  Деми Мур,  Вин Дизель,  Киану Ривз,  Хью Джекман,  Бен Стиллер,  Мэттью Перри,  Морган Фриман,  Джош Хеоллоуэй,  Билл Мюррэй,  Джамель Деббуз,  Оуэн Уилсон,  Тиль Швайгер,  Джейсон Стэтхэм,  Гаспар Ульель,  Пирс Броснан,  Микки Рурк,  Скарлетт Йоханссон,  Сара Джессика Паркер, Джулианна, Мур Джессика Альба, Кейт Хадсон,  Дениз Ричардс,  режиссёр Джеймс Камерон,  Антон Камолов.

Навозандагон:

Никколо Паганини,  Людвиг Ван Бетховен,  Вольфгант Амадей Моцарт,  Фредерик Шопен,  Роберт Шуман, Сергей Рахманинов,  Сергей Прокофьев, Энрике Карузо,  Пол Маккартни,  Дэвид Боуи,  Мирей Матье,  Курт Кобэйн (Nirvana),  Фил Коллинс,  Селин Дион,  Боб Дилан,  Джими Хендрикс,  Рики Мартин,  Роберт Плант,  Стинг, Эминем,  Джорж Майклс.

Нависандагон ва файласуфон:

Аристотель,  Фридрих Ницше,  Франц Кафка,  Ганс Христиан Андерсен,  Александр Пушкин,  Лев Толстой,  Владимир Даль,  Льюис Кэрролл,  Герберт Уэллс,  Марк Твен,  Джеймс Кэмерон,  Николай Лесков.

Варзишгарон:

Корри Сандерс (муштзан),  Моника Селеш,  Мартина Навратилова,  Диего Марадона,  Бобби Чарльтон,  Йохан Круифф,  Пеле,  Рууд Гуллит,  Мишель Платини,  Марко Ван Бастен,  Олег Блохин,  Оскар Де Ла Хойя,  Мэнни Пакьяо,  Ласло Папп… ва дигарон.

http://www.aftab.ir http://www.vmrpcr.ir http://www.seemorgh.com http://www.levshei.net

комментария 4

  1. Салом акай Субхон! Пеш аз хама сипосгузорам барои чунин як матлаби чолиб. Дар хусуси ашхоси чапдастони кишвар андешаи ман ин аст,ки ин гуна шахсиятхо (олимон, нависандагон, варзишгарон ва хоказо) вучуд надоранд, шояд вучуд дошта бошанд хам аз сад ду ё се фисадро ташкил медиханд, зеро агар ин гуна ашхоси чапдаст то андозае бошанд хатман аз чониби ВАО матлаберо дар бораашон ба нашр мерасад. Ин фикри ман аст. Акай Субхон бо ин фикр чи анеша доред?

  2. Шом ба хайр. Акаи Субхон аз чапдастон дар байни донишмандони худамон хам ягон кас буд ё хаст? Чунки дар байни ин номхо надидам? Донистан мехостам.

    • Саломалейк….Ман хамин чиро пайдо карда натавонистам, аммо акнун хаёлам онхое, ки ному насаби донишмандони чапдасти моро медонанд, инчо навишта мекунанд. Каблан сипосгузорам!

  3. Салом акаи Субхон. Рости гап маълумоти ачиб гирифтам, хусусан дар бораи чапдаст будани номгуи чанд нафар, ки ин чо овардед.
    Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: