15 январи соли 2011

    Ин сахифаро як муддат омода карда натавонистам. Гох вакт намеёфтам ва гохо хохиш надоштам. Имруз хам вакт ёфтаму хам хохиши чизе навиштан пайдо шуд. Ё ин шояд таъсири барфи аввал буд?  Барфе, ки кудаконро бештар шод кард… Аммо мо – насли калонсолтарро  дигар барфи деринтизору Бобои Барфи ва хатто «старый Новый Год» хам наметавонад хурсанд кунад. Зеро мо дар сохтакорихои худ гум шудаву гумон мекунем, ки манбаи шоди ва хушихо барои мо  дар ким кадом дури ва баланди аст! Кудакон бошанд, дигаранд. Онхо медонанд, ки шоди ва фарах гох дар хоку сангу чуб ва гохо дар барфу об аст, хеле наздик ба онхо ва хам дастрас…

  •  Рафик Нишонов таваллуд шудааст (1926). У Раиси Шурои Миллатхои Шурои Олии СССР (1989-91) ва котиби аввали КМ Хизби коммунисти Узбакистон буд (1988-89)

Рафикон! Аз мо дар ин дунё факат мухаббату мехр НИШОН мемонад! Биёед, бо хам мехрубон мешавем! Мехрубони НИШОНИ хиради волои мо аст! 

  • Пётри 1  ба хамаи дарбориён супориш дод, ки  хатман костюм пушанд (1700)

Вокен хам «дуруст» аст: вакте ки шахс костюм пушида, галстук ба гардан меовезаду ришашро доимо метарошад, боаклу босавод ва ватандуст мешавад. Либос чизи аз хама мухим аст. Он чизе, ки ба назар намерасад, масалан акл ва шуур вай ба таври автомати ба чизи беахамият ва на мухим табдил меёбад!

  •   Президенти Точикистон Э. Рахмон карореро дар бораи «Мухочирати мархилавии ихтиёрии оилахои чавон аз ВМКБ ба нохияхои Кабодиён ва Бешкенти вилояти Хатлон»  ба имзо расонида буд (2001)

Мегуянд, ки аксарияти ин гуна оилахо боз ба минтакахои каблии зиндагии худ баргаштаанд. Хаёл мекунам, ки иллат дар руасои навохии кишвари мо аст, ки  бо мардуми тахчоии худ забон ёфта наметавонанд ва ё ба зур забони хамдигарро меёбанд. Чи гуна мешавад, ки оилахоро аз  навохии дигар, ки баробар ба «хоричихо»  хоханд буд, истикболи гарму кумаку аёдат кунанд?  

  •  Софья Ковалевская – математик, нависанда, аввалин зан-академики рус таваллуд шудааст (1850)

Дустони ман накл карданд, ки холо хам дар Точикистон  баъзе нафароне, ки химояи рисолахои номзади ва доктории дигарон аз онхо вобаста аст, аз руи принсипхои кухнаи хамшахриги амал мекунанд: хамшахрияшон набошед, тамом, миллион бор кори илмиатон «мегардад». Дар аксари маврид агар зан «аввалин»  бошаду  чизе аз у вобаста шавад ва у зодагони минтакахои дигарро барои ким кадом буссаи  гирифта ва ё ногирифтаи як дустдоштаи даврони чавониаш, ки аз хамон минтака буд, бад бубинад, дигар сохтори муаасисахои илмиро сад бор иваз кардану нав кардан хам бефоида хохад буд!   

 

комментария 4

  1. Салом! Бехтар мебуд ба харфхои точики хам ахамият медодед. Боки Худо нигахбон!

  2. Салом акаи Субҳон,
    бисёр ҳам мавзӯъҳои ҷолиб дорӣ, махсусан пас аз тамошои қисми аксҳоят тахминан 2 соат фақат хандидам. Истеъдоди лоиқи таъриф, лекин як чиро мехоҳам арз кунам, агар қабул дорӣ: ту худат журналист ҳастӣ, забондон, барои ҳамин камтар кӯшиш кун ба имлои забони модарӣ аҳамият бидеҳ. Боқӣ муваффақиятҳои нав ба нав насибат бод!

    • Саломалейк….Ташаккур ба Шумо, ки назаратона менависед. Вале, агар мушаххас менавиштед, ки кадом хатои имлои дорам,ки бояд ислох кунам, ман аз Шумо хеле миннатдор мебудам! Барои Шумо хам муваффакият мехохам!

      • Бори дигар салом акаи Субҳон.
        Умедворам эроди ман ба Шумо озоре наоварда бошад.
        Ман умуман дар назар доштам, чанд ҷо калимаҳои русӣ ва ҳам лаҳҷавӣ хондам. Маҳбуб ҳам нисбати истифодаи ҳарфҳои тоҷикӣ гап задаанд, ки ҷои қабул аст.
        Чунки ба фикрам бо ман розӣ мешавед, агар ман гӯям: ҳар чи қадар забонро поку тоза нигаҳдорем, пояндагии онро бачанд абадӣ мегардонем.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: