Чанд далел вобаста ба шаробу майхораги!

   Имрузхо дар бештари кишвархои дунё  дар самти фуруши шароб баъзе махдудиятхо  амал мекунанд ва хам чори шуда истодаанд.  Аммо ба ёди Шумо хам шояд бошад, ки дар гузаштаи на чандон дур дар кишвари мо хам баъзехо хамсояву хамдехаи худро барои шаробхори ва майнуши худашон «бе суду бе тафтишот» чазо медоданд. Маълум мешавад, ки дар гузаштаи дур хам хамин гуна мушкили будааст ва барои мубориза бо ин зухурот ва  ин гунахо роххои ачоибу гайриоддиро хам фикр карда будаанд. Вале чизи маълум ва рушан ин аст, ки то ин дам ягон роху тачриба боиси пурра нест шудани зухуроти майзадаги нашудааст. Хаёлам, ки дар гузашта  хам мисли имруз хам пулдор менушид ва хам камбагал, хам марду хам зан…. Акнун шумо хам ошно шавед, ки бо мардуми майхору «шароби»  дар гузашта чи гуна рафтор мекардаанд! 

  • Дар Хинди кадим ба шаробнушоне, ки ин одати худро  бас кардани набуданд, нукра, мис ва гудохтахои дигар менушонданд.
  • Карли бузург шаробхоронро аввал дар алохидаги чазо медод, баъд дар холи такрор шудан дар назди мардум. Агар ду карат чазо бетаъсир мемонд, он шаробхорро катл мекарданд.
  • Дар Англия дар огози асри гузашта маллохони майзадаро либоси чиркину чанда пушонида, ба гарданашон навиштаи  «Майзада» овехта ба ичрои корхои сиёх мачбур мекарданд.
  • Соли 1220 то карни мо императори чини Ву Венг эдикте интишор карда буд, ки мувофики он хар касеро, ки масту махмур дастгир мекарданд, бояд ба катл мерасонданд.
  • Дар солхои сиюми асри ХХ дар пойтахти Мексика-шахри Мехико префекти пулис  супориш дода буд, ки хар шахси мастро аз куча бардошта то ба хушёрхона бурданаш ба навор бигиранд. Агар у бори аввал чунин маст ба даст афтида бошад, наворро ба худи у нишон медоданд. Вале вакте ки у бори дигар маст ба даст афтид, навори то хушёрхона бурдани уро ба дустону пайвандонаш нишон медоданд.
  • Дар Техас мувофики конунхои кухна ба шахс ичозат дода мешуд, ки рост истода на зиёд аз 3 култ оби чав нушад. Баъди ин у бояд хатман менишаст. Гап сари он аст, ки дар Техас беш аз 3 култ шаробу оби чавро бе хурок кабул кардан, майзадаги дониста мешуд. Яъне, шумо агар нушидан мехостед, бояд хатман хурок фармоиш медодед.
  • Дар бар ва кахвахонахои Вена то хол автоматхое хастанд, ки барои хушёртар шудани мастхо кумак мекунад. Хангоми гирифтани тангахои майда аз сурохии махсуси он  автомат буги спирти навшодир хорич мешавад, ки он боиси хушёр шудани шахси маст мешудааст.
  • Беш аз 100 сол кабл дар губернияи Самараи Русия одати ачоибе буд: шахсеро, ки дар холати масти халок мешуд, ба хок намесупориданд. Он часадро дар дарё ё чангал мепартофтанд. Онхо ба ин хулоса буданд, ки ин гуна нафарро ба хок супоридан боиси паридани файзу баракати замину хосил ва хушксоли мегаштааст.
  • Дар Спартаи кадим мувофики супориши хукуматдорон як мансабдор бояд сари чанд вакт зиёд нушида маст мешуд ва дар кучахои шахр мегашт, то дигарон онро дида ба худ сабак гиранд ва  мисли у нашаванд!!
  • 

Ба чои охирсухан:   «Майзадае ба шишахои холии атрофаш   афтида  нигариста, гуфтааст: Дунё ачиб будаст, ман пур мешаваму меафтам, Ту боши холи мешавиву меафти …»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: