Ассанж.Тобовар ба хама чиз!

WikiLeaks-ро холо кариб хама медонад, аммо на хама медонад, ки асосгузори он ки асту чи зиндаги дорад. Максади у дастрасии хама ба хабару иттилоъ аст.

 Чулиан Ассанж дар Австралия тавлид шуда, ба воя расидааст. Ончо у физика ва математикаи назариявиро омухтааст. Худи Ассанж дар бораи соли тавлидаш мегуяд, ки «солхои 70-ум аст». Онро 1971 мегуянд. Чулиан Ассанж бо сумкаи пурборе сари китф кору фаъолияти худро «журналистикаи илми»  мегуяд. У метавонад, ки тамоми руз хобида, тамоми шаб кор кунад.  

Чулиан Ассанж нимшухиву нимчидди мегуяд, ки вай табиатан барои мукобилият тобовар зода шудааст.    

 Волидони у дар як рохпаймои бар зидди чанг дар Вьетнам бо хам шинос шудаанд. Падараш дустдори ашадии мотосиклхо буда, ихтисоси меъмори дорад. Модараш як вакт бо асп ба идораи мири шахр ворид шуда, бо ин рох нисбат ба бастани рохи аспгузар дар шахр эътироз баён кардааст. У як вакт рассом, актриса ва модел буд.

Чулиан Ассанж туи хаёти худ кушидааст, ки аз касе вобаста набошад. То 39 солаги хонаву дар надошт. Дар ду сумка-дар яке компутар ва дар дигаре либосхояшро хамрохаш гирифта мегашт. Чизе, ки барояш лозим аст бо худ мегирад ва дар бораи он , ки дар кучо имшабро сахар меукнад, фикр намекардааст. Аз навраси ба Интернет ва воридшави ба почтахои дигарон шавк доштааст. Баъди он ки фахмид, ки физику математикхо хама гунна маълумотро ба харбиён ва ходимони разведка мефурушанд, хохиши ба илм машгул шуданро фаромуш кард.

WikiLeaks-соли 2006 пайдо шудааст. Чулиан Ассанж 9 нафар зердаст дорад. Аммо у худро на муассис, балки сармухаррири он сомона мегуяд. Ин сомона бештар аз тамоми ВАО-и олам маводи махфиро нашр кард. У дергох аст, ки ба ИМА нарафтааст. Соли гузашта хамин гуна овозахое хам пахн шуданд, ки разведкаи амрикои макони зисти уро муаяйн карда истодааст. Дар Net  маводи шавковареро нашр мекард, ки хукуматдоронро хатто ба ташвишу тахлука меовард.

Чулиан Ассанж дар ду руз 1 бор гизо хурда, дар манзилхои пинхони дар Исландия ва Кения мезист.

 Баъди 1 соли тавлиди Чулиан Ассанж модараш-Клер бо директории як театри сайёр оиладор мешавад ва оилаи онхо акнун доимо дар сафар буд. Дар 8 солагии Чулиан Ассанж модараш аз хамсараш чудо шуда, ба як мусикачи дил мебандад. Баъдтар маълум мешавад, ки он мусикачи ба сектаи «Оила»  шомил будааст.  Аъзоёни он секта бояд ки кудакони худро ба асосгузори секта бидиханд. (Сектаи мазкурро бо газетаи «Оила» омехта накунед!)

Модари Чулиан Ассанж – Клер аз ин чиз тарсида мегурезад. То 16 солаги у дар хар кучо зиндаги мекард. У дар 37 мактаб ва 6 донишгох тахкил кардааст. У дар факултаи физика ва математикаи донишгохи Мельбурн тахсил мекард. Тахсилро бо сабабхое, ки дар болотар гуфтем, ба охир намерасонад. Дар 20 солаги уро барои «шикастани» шабакаи компутари ширкати Nortel ба хабс мегиранд. У дар номааш ба маъмури он сомона навишта буд, ки  «Бо системаи шумо кор кардан шавковар буд. Мо ба он ягон зарар нарасондем, баракс, баъзе чизхоро хатто хубтар хам кардем. Хохиш ба пулис мурочиат накунед!»

Баъди ходисаи хабсаш дар 20 солаги хамсараш бо тифли хурдсолаш уро тарк мекунанд. Чулиан Ассанж азоби рухи кашида, хатто дар касалхонаи рухи хам бистари мешавад. Чанд муддат бо модараш зиста, баъд хатто дар богу гулгаштхо шабро руз мекунад. Баъдтар у барои баргардонидани писараш судбози мекунад. Як вакт уро бо чурми горати 500 хазор доллар аз Ситибонк гунахкор мекунанд. Вале исбот карда наметавонанд. Барои ташкили ВикиЛикс Чулиан Ассанж гурухи калони барномасозонро ба хонааш даъват карда, чанд муддат  шабу руз кор мекунанд. Хона пури рахти хоб буд, хатто ошхона хам дару девор бошад, пури варакчаву ёддошт. Аввалин маводе, ки соли 2006 нахустин бор дар ВикиЛикс нашр шудааст, «Карори суди исломии Сомали дар бораи катли мансабдорони хукумати буд». Баъзан холате мешуда, ки муйи сари уро хангоми кор карданаш дар компютер кутох мекардаанду ба тартиб меовардаанд.

Чулиан Ассанж сенарияи як филмро хам хеле кабл аз пайдоиши худи филм нашр карда будааст. У хеч гох манбаи иттилои хабару маълумотхоро ошкор намекардааст.

WikiLeaks сервери ягона надорад. Мавод дар шакли фишурда дар компутархои тамоми кунчу канори олам партофта шудааст, хамин гунае, ки худи сохибони компютер намедонанд, ки чи гуна маълумотро онхо дар компютерашон нигох медоранд. Чойи зисти Чулиан Ассанжро то замони боздошташ хатто наздиконаш намедонистанд. Пардаи хучраи хоби у доимо «кашида»-ву холатхое хам мешудааст, ки у шабро дар фурудгоххо руз мекардааст.

  Орзуи Чулиан Ассанж дилхох маълумотро барои хар каси хохишманд дастрас кардан будааст. У мехохад, ки журналистон мисли олимон бо ва дастраси ва истифодаи тамоми манбаъхои маълумоти кор кунанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: