Чаро асабони мешавем ва роххои мукобила бо асабоният чист?

    Чаро асабони мешавем? Асабоният чист, решаи он дар кучост ва бехтарин вокуниш дар баробари он кадом аст? Инхо суолхоеанд, ки доиман барои мо ва атрофиёнамон хангоме, ки асабони мешавем матрах мегардад. Иртибот омили мухиме дар зиндаги аст, ки моро ба дигарон пайванд медихад ё аз дигарон чудо мекунад.  Асабоният чист?

Асабоният чист?

 
Вакте аз чизе хушамон намеояд асабони мешавем ва бад-ин васила нохушнудии худро иброз мекунем. Эхсоси норизояти дар мо тавлиди энержи мекунад, ки дар натича моро водор мекунад, амалеро анчом дихем, ки он амал метавонад манфи ё мусбат бошад. Асабоният натичаи калофаги аст. Вакте бар сари рохи худ монеае мебинем, дучори калофаги мешавем. Ин калофаги моро асабони мекунад ва саъй мекунем, ки бо энержии хосил аз асабоният монеаро аз сари рохи худ бардорем.
Асабони мешавем чун мехохем харфи мо пазируфта шавад. Мавзуе, ки омили аксари ихтилофот миёни зан ва шавхархост.
Асабоният дар бисёре аз маворид реша дар сархурдагихо, махрумиятхо ва танбеху тахдидхое дорад, ки дар даврони кудаки барои мо иттифок афтодааст. Кудак идомаи зиндаги ва амнияти худро дар волидайни худ мебинад, хатто агар уро бечо танбех ва тахдид кунанд, у мачбур аст барои чалби мухаббат ва химояти онон сукут кунад ва ин мавзуъ метавонад дар зехни у хашме ба вучуд оварад, ки чорае чуз саркуб кардани он надорад. Инчунин хашме боиси эчоди энержие мешавад, ки барои солиёни дароз дар кудак захира мегардад, то замоне ки у бузург шуда метавонад сари пои худ биистад ва ин хисси хашм ва асабониятро бар сари хамсар ва фарзандон ё хамкорон холї кунад, бидуни ин ки худ мутаваччехи он шавад.

Натоичи асабоният:

 
Бисёре аз авкот аз ёфтани иллати кинаварзи ё нафрати худ нисбат ба дигарон очизем. Намедонем чаро аз шахсе мутанаффир мешавем ва чи гуна метавон аз ин танафур озод шуд: решаи ин кина асабонияти аст, ки дар вучудамон ба сурати музмин (доими) нухуфтааст ва то омили он рафъ нагардад, ин танаффур ба чои худ боки хохад буд. Тамасхур, ришханд, интикодхои танзолуд ва тахкир мавзуотеанд, ки метавонанд натичаи асабоният бошанд. Вакте ки наметавонем амали касеро ба шакли дигаре талофи (чуброн) кунем, ба тамасхур ва интикоди танзолуд ва гайра мутавасил мешавем.

Шевахои кохиш ва контроли асабоният:

 
1. Авотифи осебдида ва тарсро, ки боиси ба вучуд омадани асабоният мешаванд бишносед.

 
Ба хотир дошта бошед, ки асабоният боиси тарси навъе хисси ноумеди мешавад, бархе аз равишхо ё ахдофи мухим мавриди хамла карор мегиранд ва шумо эхсос мекунед контроли худро бар авзоъ аз даст медихед. Шояд дуст надошта бошед ба эхсосоти осебдида ва тарси худ эътирофот кунед, зеро фикр мекунед ин эътироф нишонаи заъфи шумост. Вале ин эхсосот ба шумо кумак хоханд кард, арзишхо ва ахдоферо бишносед, ки мавриди хамла ва тахдид карор гирифтаанд.
Хангоме ки эхсоси тарс ва осеб мекунед, чи тасовир, афкор ё масоиле бо онхо хамрохи мекунад, ё онхоро ба вучуд меоварад? Огох бошед, ки дар чи мавкеиятхое контроли худро аз даст медихед ва асабони мешавед. Вакте фахмидед, ки чи чиз мунчар ба асабонияти шумо мешавад дар садади чилавгири аз эчоди чунин мавкеиятхое бароед ё ин ки ёд бигиред, чи тавр бо ин шароит канор биёед.
2. Эхсоси хамдарди ва дарки худро бештар кунед.

 
Агар тасмим гирифтаед асабонияти худро нисбат ба афрод кохиш дихед, аввалин кадам, талош барои дидани мавкеият аз зовияи диди онхост. Ба таври маъмул рохи тахти контрол карор додани асабоният, дарки вазъият, зовияи дид ва далели эътикодот ва рафторхои дигари афрод аст.
3. Аз асабоният, ба чои осеб расондан ба дигарон ба унвони ангеза истифода кунед.

 
Агар хадафи шумо тагйири рафтори дигарон аст, метавонед аз подошхо ва танбеххо барои таъсиргузори бар рафтори онхо истифода кунед. Шумо ин корро аз руи интиком ё асабоният анчом намедихед, ки ба онхо дар ёдгирии рафторхо кумак кунад. Он кадар сабр кунед, то оромиши худро ба даст оваред. Баёни далоили хамрох бо хифзи хунсарди аз танбех кардан ба асабоният муассиртар аст. Дар бисёре аз мавкеиятхо, подошхо муассиртар аз танбеххост.
4. Ба чои он ки асабони бошед, саъй кунед хушхол бошед «асабонияти ман беш аз он ки ба ту осеб бирасонад барои худи ман зараррасонанда аст».

Пофишори бар асабоният, натоичи махраби дигаре низ дорад, ки шомили таъсироти манфи бар бадан ва дур шудан аз хушихо ва лаззатхои лахзаи хозир аст. Шумо наметавонед дар як замон хам хушхол бошед хам асабони. Ин кор гайримумкин аст. Бинобар ин факат як интихоб доред: ё асабоният ё хушхол будан.
Афроде, ки аз руи одат асбониятро интихоб мекунанд, зидагии ошуфтае доранд. Барои тасаллут бар асабоният ин чумалотро ба худ ёдовари кунед ба худ бигуед «чаро вакте метавонам хушхол бошам асабониятро интихоб кунам?» Аз ин равиш барои контроли асабонияти худ истифода кунед. Илова бар он собит шудааст, ки асабоният аз соири авомил бар калб асари манфи дорад.
5. Бидонед, ки чангу чидол боиси ташдиди асабоният мешавад.

 
Ба афроде фикр кунед, ки ба шумо хамлаи физики карда ё ба шумо бад ва берох гуфтааст, ин тачриба чи гуна аст? Асабоният метавонад хашме тулонимуддат ва дар натича фосилае миёни шумо ва фарде, ки ба шумо хамла кардааст эчод кунед ва низ метавонад эътимоди шуморо поин биёварад ва тарсе хамешаги, аз ин ки дубора мавриди осеб карор бигиред дар шумо ба вучуд оварад. Як нишонаи бузург таваккуф барои худ тасаввур кунед. Кабл аз хамла ба фард ё сухбат кардан аз руи асабоният ба авокиби он фикр кунед, саъй кунед хамдарди кунед. Бехтарин манзурхои уро дар назар бигиред, хунсард ва сиёсатмадор бошед.
6. Дар хангоми асабоният факат кофи аст каме диранг кунед.

 
Барои диранг кардан метавонед бигуед: «ман ба замон ниёз дорам, то дар бораи он чи мехохем дар борааш сухбат кунем, фикр кунам. Ман мехохам дар ин маврид боз хам сухбат кунем».
Агар тарафи мукобил намехохад сухбатро канор бигзорад бар хости худ пофишори намоед ва махалро тарк кунед ва агар мушохида кардед, ки тарафи мукобили шумо хеле норохат шуда, бар худ созандае бо шароити пешомада надорад як замон вакфа ва истирохат барои худ таъйин кунед. Аз дирангхо барои ба даст овардани хунсардии худ истифода кунед.
Асабоният боиси боло рафтани сатхи энержи ва барангехтаги мешавад. Анчоми фаъолиятхои энержизо боиси озод шудани энержи мешавад. Метавонед бо анчоми фаъолиятхои энержизо бар асабоният галаба кард. Варзиш кунед, пиёдарави кунед, бидавед. Фаъолияти чисмони ва кори бадани дошта бошед.
7. Бо касе, ки метавонад ороматон кунад харф бизанед.

 
Хамеша касеро барои дарди дил кардан дошта бошед, чи дар дохил ва чи дар хорич аз махалли кор. Дар ин мавокеъ саъй кунед, ки бо у сухбат кунед. Дуруст нест, ки хамаи эхсосоти худро дар худ нигох доред ва берун накунед. Бо ин кор саломатии шумо ба хатар хохад афтод. Бо дусте самими дар мавриди ин мушкилот сухбат кунед, то у ороматон кунад ва контроли худро бозёбед.
8. Ба ёд дошта бошед:


Хангоми асабоният бо харфхо ва корхои нодуруст дигаронро норохат накунем!

Баргардон аз форси -http://farrokheftekhar.blogsky.com

комментария 3

  1. Салом акаи Субхон. Бисёр суханони чолиб, хондани ва дуруст буд.

  2. Хуб буд!

  3. Ташаккур акаи Субхон. Маводи хуб!!!!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: