10 нуктаи мухим барои як рохбари муваффак!

   Рости гап, ман чанд муддат аст, ки дар мавриди симои рохбари точики  як чизе навиштани хастам. Чи навиштани хастам, хозир хатто барои худам мушаххас накардаам. Аммо менависам. Хатман! Менависам, ки чаро гурусначашмтарин, берахмтарин, магруртарин ….рохбару рохбарчахо факат хаминчо хастанд? Чаро? Чаро агар гуи, ки аз кор мерави, душманат мешаванд? Чаро агар маошатро талаб куни, бадат мебинанд? Ва боз дар мавриди хазор чарои дигар менависам. Агар насиб бошад! Аммо холо ин чо баргардони як маводеро аз хатти форси  дар хамин мавзуъ  мегузорам. Умедворам, ки ба он таваччух мекунед!

Доштани як рохбари хуб метавонад махалли корро ба як донишгох ба маънои вокеи табдил кунад, ки метавонад тачоруби боарзишеро фаро бигирад ва агар рохбаратон хуб набошад метавонад махалли коратонро ба як чаханнам табдил кунад, ки дар ин сурат мачбур хохед шуд авкоти боарзишатонро дар он чо бехуда бигзаронед.

Дар зер 10 нуктае, ки метавонад шуморо ба як рохбари муваффак табдил кунад, ишора мекунем: 

Коркунонатонро хуб бишносед

Агар касд доред ба як рохбари муваффак табдил шавед, бояд коркунони худро ба хуби бишносед ва сухбат кардан яке аз бехтарин равишхои шинохти онон аст. Шумо метавонед бо онхо нахор хурда ва дар бораи мавзуоти мавриди алокаашон сухбат кунед. Харчи бештар ва бехтар коркунони худро бишносед, бехтар метавонед гурухи худро хидоят кунед.     

Махоратхои иртиботии худро бехбуд дихед

Чихати хидоят ва мудирияти созмони худ ниёзманди иртибот бо коркунони худ хастед. Барои ин манзур ба махоратхои иртиботии болои ниёз доред, ки битавонед афкор ва идеяхои худро бо бехтарин равиши мумкини иртиботи ба онхо интикол дихед.  

Хамеша дари утокатон ба руи зердастонатон боз бошад

Хамеша дар чаласоте, ки баргузор мекунед ба зердастонатон сарохатан эълом кунед, ки хамеша дар дастрас хастед ва онон метавонанд хар суол ва нигарони, ки доранд бо шумо дар миён бигзоранд. Мисли рохбароне набошед, ки фикр мекунанд дар сурати боз будани дари утокатон, зердастонатон музохиматон хоханд шуд ва вакти шуморо хоханд гирифт. Боз будани дари утокро фурсате бубинед, ки метавонед ба коркунонатон интикол дихед, ки чи кадар тамоил доред макони корияшонро табдил ба як махалли хеле хубе барои фаъолият кунед.  

Харгиз нигаронихояшонро мавзуи беарзиш каламдод накунед ва мутмаин бошед, ки хеле хуб ба харфхояшон гуш додаед. Гуш додан бояд бо тамомии вучуд бошад.     

Фаъолона рохбари кунед

Рохбарии фаъолона иборат аст: донистани ин ки зердастон чи кор мекунанд ва бидуни ин ки музохимате дар корашон эчод кунед аз тарики таквияти равиши анчоми корашон рохбари кунед. Шумо бояд эътимод дошта бошед, ки онон ба андозаи кофи тавоноии анчоми корро доранд ва ба чои идоракунии корашон, худашонро идора кунед. Идоракунии зердастонатон хеле сахт мешавад, агар шумо аз хассосияти кантролии болои бурхурдор бошед.    

Аз иштибох кардани коркунонатон нахаросед ва бигзоред иштибох кунанд

Ба унвони рохбар, шумо масъули корхои зердастони худ хастед ва хамин тавр масъули иштибохоти онхо. Аз ин ру мумкин аст шумо пешкадам шавед ва яксари дастуруламалхои дакик, шаффоф ва инъитофнопазир тахия кунед, ки аз иштибох кардан пешгири кунед.

Мувозиб бошед, ки коркунонатонро аз иштибох кардан натарсонед. Дар ин сурат мумкин аст онхо барои хар кори чузъи назди шумо оянд.  Дар ин сурат онхо иштиёке ба тасмимгири нахоханд дошт, чун мумкин аст иштибох кунанд, ки мунчар ба ин хохад шуд, ки кормандони шумо муттаки ба шумо бошанд.

Камтар бахравар буда ва бештар вакти шуморо бигиранд. Онон ниёз ба фикр кардан доранд ва барои ин кор ниёз ба ёд гирифтан доранд ва барои ёд гирифтан гохе авкот иштибох кардан лозим аст. Ба онхо эътимод кунед ва хошияхои хатои барояшон дар назар бигиред.

Тафвиз ихтиёр кунед ва абзорхои лозим барои анчоми вазоифашонро дар ихтиёрашон карор дихед

Шумо агар дар анчоми кори хуб хастед чун як рохбар хастед ва ин бад-ин маъни нест, ки тамомии корхоро худатон анчом дихед. Яке аз вазоифи шумо ба унвони рохбар интиколи дониши хуби анчом додани кор ба дигарон аст. 

Агар бо мавзуи тафвиз (вогузор кардани коре ба касе) эхсоси норохати мекунед, метавонед аз вазоифи кучак ва сипас бузуругу бузургтар шуруъ кунед. Мушкилоте, ки агар мумкин аст сари рохашон бошад пешбини ва омузиши кофи дар ин робитаро интикол дихед.

 Дар масири тафвизи ихтиёр, шумо бояд имконот ва абзорхои муносибро дар ихтиёри онон карор дихед. Тафвизи ихтиёр бидуни додани имконоти лозим наметавонад ононро дар анчоми бехтари вазоифашон ёри кунад.   

 Системи ташвик ва танбехи муносиб ва шоистаеро баркарор кунед

Бо шинохти комили коркунонатон бехтар метавонед онхоро ташвик кунед. Ин ташвикхо лузуман аз навъи пули нест ва метавонад ташвикхои содае аз кабили интиколи онон ба вохиде, ки дуст доранд дар он чо фаъолият кунанд, бошад. Ташвик ва танбех ба мавкеъ аз ахамияти басазое дар пешбурди ахдофи созмони бурхурдор аст.

 Аз иштибохоти худ дарс бигиред

Замоне ки корхо тибки барнома пеш намеравад, иштибохро шиносои ва ба коркунони худ тавзех дихед, ки дар сурати анчоми он кор ба равиши дигаре, ин иштибох иттифок намеафтад. Ин амал ба онон нишон хохад дод, ки шумо низ иштибох мекунед ва чи гуна аз он дарс гирифта ва бархурд намекунед. Ба онон ёд дихед, ки аз иштибохоти худ дарс бигиранд.

  

http://www.ido.ir

================================================================

комментариев 7

  1. Шом ба хайр акаи Субхон. Як мавзу мувофики талаб барои мо нависед? Як руз дар барноматон чанд коидаи вакти ба кор даромаданро хонда будед. Агар хамонро дошта бошед дар блогатон мегузоштед?

  2. БЕХТАРИН !!!
    Акаи Субхон хонандагони блоги шумо метавонанд, ки ягон мавзуро пешниход кунанд ва шумо дар он хусус дар блогатон нависед?

    • Салом. Албатта метавонанд. Аммо ман ба завки Шумо мувофик навишта метавонам ё не :)? Вале ба хар сурат кушиш мекунам!!!

  3. Саломалек акаи Субхон. Авало шуморо бо зодрузатон табрик мегуям! Ва ба шумо дар навиштани мавзухои бехтарин дар ин сахифа мувафакият мехохам. Доимо саломат бошед ва барои мо бехтарин мавод ва хамин гуна мавзухои чолиб ва хубу хонданиро пешниход кунед. Дигар ин ки чун медонем, ки пас аз чанд руз соли 2011 фаро мерасад, мехостам дар хамин сахифа рузхои хотирмони худро менавиштед. Чи чиз буд ки бароятон хотирмон буд, ё чи чиз бароятон боиси таасуф буд? Ва чи накшахое акнун дар зехнатон доред?

    • Саломалейк….Барои шумо, ки хеле мехрубони кардаед, саломати ва комёбиро таманно екнам…Хостаи шуморо хатман менависам ва хам дар мавриди накшахоям мхохам навишт…Ташаккур барои шумо!!!

  4. Бисёр суханони пурарзиш. Хамин гуна тавсияхо дар китоби «21 сифати як рохбар»-и Чон Максвил низ дода шудаанд. Лек дарег, ки рохбарони гули камхиради мо ин гуна китобхоро намехонанд ва аз фарханги рохбари миллиунхо фарсах дуранд. Бо зиштии руву кавоки овезон ва шиками дамида барои худ салобюате месозанд. Дагалона харф задану ваъдахои сирф дуругин гуфтан хоси рохбарони точик аст. Мудати фаъолияти рузноманигориам ба утоки кории бисёре аз рохбару рохбарча ворид шуда будам. Ачиб аст, ки аглаби утокхои эшон ду хучраги аст. Агар чашмат афтад хучраи даруни мисли санатория. рохбарон нафакат дар рухсати балки дар рузи кори маишат мекунанд…Дарднок аст..вакте тобеин саг барин медаваду…Болои ин хеч яке аз тобеин гапи хубро намешунавад..Маошро 3 руз ба атъхир диханд..якинан пули корхона дар гардиш аст..дуздии руйи рост…Дар мачлисхо суханони шиормонанд гуфтану аммо дар амал тахти шиори «обро лой кун мохиро дор» кор кардан хоси рохбарони точик аст…Бовар кунед догтарин масъалаи Точикистон ана хамин масъала аст…Ин нафрати халкро зиёд мекунад…Махсусан як насли аблаху авбоштабиат чанд сол боз Точикистонро горат доранд, кдархои арзанда берун аз Ватан….ин масъала дили маро бехузур мекунад….Маданияти рохбари дар Точикистон кариб, ки ба чашм намерасад. Рохбарони мо рузе ба курсии садри корхрнаву вазорат нишинанд, хамон руз худро император Юлий Цезар тасаввур мекунанд…хар гунае хоханд чабру ситам меварзанд….биёед як рейд кунед ва бубинед, ки чи кадар руасову вузарои мо утокхои духучраги доранд….ишратхонахо…..Эээээ бехтараш дар ин бора харф намезадам…мавзуи нафратовар аст.

  5. Руз ба хайр акои Субхон. Як нукта ин чо бисёр чолиб буд, ки хамеша дари утокашон барои зердастон боз бошад, то онхо битавонанд хар суол ки доранд бевосита дар миён бигзоранд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: