Аз худ берун!

Баъди он, ки дар Интернет дар мавриди аз манзилхои худ берун шудани бештар аз 50 нафар сокинони яке аз хобгоххои пойтахт навиштанд,  инак мехонам, ки ду нафар факат дируз даст ба худкуши задаанд-яке дар нохияи Рудаки  дигаре дар вилояти Сугд. Аз огози сол то хамин руз тибки иттилои расми дар Точикистон 95 нафар даст ба худкуши задаст.  Дируз дар деха яке аз пайвандони мо мегуфт, ки мардум барои сохиби замин  шудан, ба хамон чое рафтанд, ки акнун хукуматдорон мехостанд  ба таксимот шуруъ кунанд. Ва дигар он корро давом надода хама «пароканда» мешаванд. Маро факат мардуми аз макомоти дахлдор норози ба ташвиш меоранд.

Барои чи ин зухуротро нодида мегирем? Вобаста ба замин ва хонасози, чаппа кардани манзилхои аллакай сохташуда-хам дар навохии атроф ва хам дар Душанбе вактхои охир дар ВАО зиёд мавод нашр мешавад. Дируз ман шохиди навбатпои пушти дари рохбари нохияамон будам. Пирони барчоманда, кампиракхои солхурда ва хатто маъюбонро хам дидам, ки бо ароба меистоданд. «Замин гирифтан» максади асосии аксари онхо буд. Ман хам дар канори онхо истодам. Дунёи дигар доранд онхо. Медонам, ки барои онхо дигар на замин лозим асту на хона ва на хавлиие. Хамаги факат барои гуфтани дарди писару духтару келинашон омада буданд. Гумони голиб хамин аст, ки онхо истодагари кардан, мачбур кардан ва дар зарурат гиря карданро хуб медонанд. Чи кор кунанд дигар?

Маро дар 20 сония «чавоб» доданд. Маълумам шуд, ки он заминхо барои мардуми маркази нохия нест. Берун рафтам  ва «рафтам берун»:

-Маълум аст, ки ягон хел хабс ва муборизаи «беамон» дар мавриди  нест кардани заминахои хукуквайронкуни дар самти таксимоти  замин ва сохтмони манзилхо натичаи хуб ва дилхох надода истодааст. Ё шояд хамин аст, натичаи «дилхох». Намедонам! Ачобатро бубинед, ки мардум хама медонад -«просто так» сохиби замин шудан миёншикан ва дар аксар маврид номумкин аст, мардум хатто медонад, ки бо кадом рох метавон сохиби замин шуд, ки дар халли ин ё он проблема дар самтхои гуногун метавонад, ки миёнрави кунад ва кумакрасон бошад. Шумо хам ба ёд доред сахифахои газетаи «Пайкон»-ро, ки чанд хафта пушти хам пур аз чавобу эроди як камбагал ва макомоти дахлдори як нохияе буд, фаромуш накардаед, ки чи гуна мардуми Буни Хисорак кушишхои аввалини омодагиро барои «бог»-е тамошо мекарданд, акнун агар ба махаллаи 46-уми пойтахт равед, мебинед, ки чи гуна мардум дар зери осмони кабуд зиндаги мекунад. Ман намегуям, ки айби ки асту ки гунахкор аст. Ин бахс чойи дигар дорад, аммо мехостам бипурсам, ки магар хамин рохи хал буда метавонад? Мардум аксаран дилсард мешаванд, норизои дар чомеа бештару бештар мегардад. Магар вазифаи хамон мансабдор ва мутассади нест, ки пештар аз сохтмон ба у ичозати сохтаро надихаду назорат кунанд, ки дар «худуд»- и у ки чи месозад? Кадом нафарон бояд барои баланд бардоштани сатхи зиндагии мардуми одди, ки холо аксариятро ташкил медихад, талош кунанд?… Ки барои ки хизмат мекарда бошад?  Ман намефахмам!  Чаро касе намебинад, ки мардум баъди як муддати бо карори хукуматхои нохия сохиби замин шудан, онро фурухтаанд? Пас маълум мешавад, ки вакти ба у додани хамон китъаи замин вазъ ба назар гирифта нашудааст. Зеро агар у вокеан хам ба замине барои сохтмони хона зарурат медошт, онро баъди муддати кутохе намефурухт!!!

Имруз дар Душанбе мардумро барои он, ки хаки ичораро напардохтаанд, аз манзил берун кардаанд. Ин кор дар хобгох сурат мегирад. Сохиби он медонад, ки холо барои шояд ягон 50 соли дигар мардумеро, ки дар он уток ва дар он шароит рохат зиндаги мекунад, рохат ёфта метавонад. Хама дар он шароит зиндаги карда наметавонад. Аммо инчо гап сари кадри инсон меравад. Ба проблемаи онхо ду се радио ва ТВ-е тавачух мекунад, ки махали нест. Маводи хубе аст он! Худихо инро бояд пинхон кунанд. Мухим инчо гунохи ки будан нест, мухим хамин аст, ки бояд ба инсон чун болотарин ва кимматтарин офарида муносибат карда шавад. Имруз хамин руи асфалт дарс таёр карданхои кудаке ба

Акс аз сомонаи Радиои «Озоди»

равону рухияи вай таъсир намекунад? Мекунад! Фардо бошад, мегуем, ки наврасони мо бадкахранду чиноят содир мекунанд ва миёни мактабхо занозани ва кордкаши мекунанд! Ё ояндаи Точикистон факат мардуми хонадору чои хобдоштаанду халос?

Ман дируз бо чанд каси дигар, ки аз даводав хаста шудаанд, сухбат кардам. Яке мегуфт, ки ман барои сохиби як вачаб  замин шудан ким кадом муллои машхурро ба назди рохбарони хукумат овардам, баъди он кадом шахсияти дигарро восита кардааст, вале бенатича. Дар назди у сухан дигар аст, баъди рафтан у сухан тамоман дигар. Яъне бубинед, ки мардуми одди аллакай медонад, ки факат вокеият ва холу шароиташ сабаб ва далел шуда наметонад, ки у парчаи заминро барои сохтмони манзил сохиб гардад. (Шояд ба мардуми камбагал барои он  камтар замин барои сохтани хона медиханд, ки вай  бо хонахои пастаку безебе, ки месозад, тархи шахру нохияро вайрон мекунад!)

Баъди хамаи ин чи гуна мардуми одди метавонад, ки сад фисад аз хукуматдори махаллаш рози бошад? Бехтарин вариант хамон интихоботи боадолат ва шаффофи раисони хукуматхои махал аст. Имруз лоакал пурсиш хам намегузаронанд, ки доираи бовариро ба худашон хамон раису хукуматдорон фахманд. Факат мефахмем, ки касе худро ба дор овехт ва касе худкуши кард. Заминахо барои ин метавонад, ки гуногун бошад. Ва хамин хастагихо аз беадолати ва бетаваччухи низ метавонад, ки заминаи хамин гуна андешахо бошад.

(Ачиб, чанд фисади раисони шахру навохи ба рейтинге, ки як вакт хафтаномаи «Нигох» тартиб дода буд, рози бошанд?)

Бо оддитарин сабаб дар кишвархои дигар барои мардуми масалан дар заминларза осеб дида ва ё хамонхое, ки хешу пайвандонашон дар дохили накбе дармондаанд, равоншиносу рухшинос даъват мекунанд ва онхо барои дастгирии мардум кушиш мекунанд. Ку бубинед, ки дар махаллаи 46 чанд равоншинос кор карда истодааст, ё мардумеро, ки (бо гунохи касе хам ки бошад!) хонавайрон мекунанд, ки дастгирии рухи мекунад? Ин чизи хеле мухим аст, ки камтарин таваччух ба он зохир мешавад. Шояд умуман таваччух ба он зохир намешавад.

Мушкили дигар хамин аст, ки вокеан хам холо маълум нест, ки ки барои  ки бояд кор кунад- мансабдор барои мардум ва ё мардум барои мансабдор? Рост аст, ки мардум бисёр чиро намефахмад. Масалан ман агар дируз медонистам, ки заминхои акнун чудошуда факат барои мардуми кадом чамоати дигар аст, ба хеч вачх ба кабули он рохбар намерафтам. Хамин хам тартиби нодурусти идоракуни аст, зеро мардум гунахкор нест, ки намедонад. Вакте ки ман дар РАДИО кор карда наметавонам хамин гуна маълумотро бигираму пахн кунам, як бечораи дахмарда чи хел дар ин маврид иттилоъ дошта бошад?

Аз суи дигар мардум мешунавад ва бо ду чашми сараш мебинад, ки «мардуми дигар» чи кор карда истодаанд, дар кучо чи гуна беадолати аст, чи хел бояд «амалу рафтор» кард… Хамин гуна хисси бадбини ва норизоият сар мезанад ва бузург мегардад!

Баъди он ки ман дар соли рафта ба навохии зиёде рафтам ва хатто чанд руз мехмон хам будам, ба хулосае омадам, ки шояд имруз будани Раис, муовини аввал, муовинхо, раиси дастгох ва  ин кадар корманд дар дастгохи хукумати навохии мо шарт набошад. Бовар кунед, ки хамин навохии тобеи марказро 1 нафар метавонад, ки идора кунад. Бовар кунед, ки ин факат ба манфиати кор аст:

  • Он сарфаи пул, мол, мошину кисмхои эхтиёти ва сузишвори аст;
  • Он боиси лоакал кам шудани порахури ва беадолати мешавад, зеро имруз дар аксар маврид кариб тамоми аъзоёни хукуматхои махали барои мардуми оддии он минтака раис ва рохбару фармондех аст;
  • Хешу таборбози, музоядахои худ ба худи, монополияи авлоди ва махалхо дар хама самтхо аз байн меравад;
  • Бовари ба хукумати чумхури, ки назорати марказиро чори мекунад, бештар мешавад;
  • Мардум медонад, ки проблемаи уро бевосита дар марказ мешунаванд ва дархол хал мекунанд;
  • Дигар барои халли кадом масъала мардуми бечора воситахои гуногун аз чумла  «мулло ва шахсони машхур» -ро дархост ва  зора карда намеорад;
  •  Дигар мардумро алам намекунад, ки «хамшахри худам маро «кидать» кард, корамро буд накарду пора талаб кард!»
  • Сохтакори, лагандбардори ва суистифода камтар мешавад. Бовар кунед, ки мардум дар нохияхо ин кадар дигар гулому бечораи рохбаре намегардад ва  назди онхо  шаш кад низ намешавад. Рухияи гуломи ва бечораги хеле чизи бад аст, ки ба думболаш факат нокоми меорад!
  • Бовар кунед, ки мардуми норози, ки ман холо хам дар фикри онхо хастам, кам мешаванд…

Факат акнун дар ин самт варианти хубтару бехтарро бояд кофтаву пайдо кард. Зеро агар хамин гуна давом кардан бигирад, хаёлам, ки бо доштани 93%  кухсор мо якдигарро аз ин пас факат барои як порча замин мекубему мекушем. Худо нигах дорад!!!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: