Киссае аз авроки зард!

     Ин киссаро ман 11 сол кабл навишта будам. Он вокеи набуда, факат махсули хаёли ман аст. Он вакт дар Радиои Точикистон коромуз будам. Барои навиштани сенарияи барномахо аз ончо варакхои зардча мегирифтем. Намедонам, ки ин хаёл аз кучо пайдо шуд, ки гуна ба навиштани он сар кардам… Дар  миёни хама  чизе, ки кадом вакте навишта будам,  ин гуна навишта факат як то аст. Ва хамон авроки зард холо хам чун ёдгор аз як давраи хуби  хаёту кори  ман махфуз аст! Соли 2011 аз руи хамин кисса  ва бо маблаггузории ТВС коргардон Мухаммадрабии Исмоил филми бадеиеро бо номи «Эхзон» ба навор гирифт ва шоми 8 марти соли 2012 бори аввал аз хамин шабакаи телевизиони намоиш дода шуд!

      Имрўз деха намуди дигар дошт. Шамоли харрўза, ки чангу гарди пайрохахоро бар сару рўи рохгузарон бод мекарду шохаву навдаи дарахтонро ором намегузошт, гўё имрўз  ба хоб рафта буд. Деха зери нурхои  офтоб  равшаниву  сафои дигаре дар худ дошт. Кўдакон низ имрўз  аз  дигар  рўзхо  дида, шоду масрур  буданд, зеро амаки  Хабиб тўй дорад, духтари ягонааш-Гулчахонро ба шавхар медихад ва гўё  ин тўйи  кудакони  деха бошад, дар хавлии амаки Хабиб даву тоз мекарданд,  болои  дарахту  болои  бом  мебаромаданд, баланд якдигарро садо кардаву механдиданд.    

        Амаки Хабиб пеши дар истода хамдехагон ва мехмононро, ки акнун меомаданд, пешвоз мегирифт. Ў ёру ошно ва хешу пайвандони зиёд дорад.  Аз ин рў  ду  хафта  пеш онхоро ба тўй даъват карда буд. Аз симои  ў  маълум буд, ки хеле  хурсанд аст. Баъзан наздиконашро, ки яке дасти мехмононро об мегирифту, дигаре  хуроку нон оварда,  болои кату таги мачнунбедро  назора  мекард,  саросема  ба  ошхонаву гох ба сўи дигар  мефиристод. Ў марди ќоматбаланду зебоест ва чомаву тоќии нав ба бар кардааш ба зебоии ў хусни дигаре зам карда буд. Ба ќавли худаш  устухони  ў  ханўз аз наврасиаш  дар кору бори деха, алафдарави ва  хезумкашиву дехќони хеле  сахт шудааст. Дар гуштингири низ дар деха  касе бо ў баробар шуда  наметавонад. Бачахои  хамсоли Гулчахон аз амаки Хабиб сахт метарсиданд ва ба Гулчахон, ки худ духтари шармгину камгап буд, муносибати хуб доштанд.

         Амаки Хабиб барои тўйи Гулчахон хонаву хавлиро ба ќавли худаш «лухтак» барин карда буд. Имрўз дар як хона мехмонхои зан, дар дигараш хаќќу хамсояхо ва бародару хохарзодахояш нишаста буданд. Дар мехмонхона бошад дугонахои Гулчахон бо сару садо ва хандаи баланд  суруд  мехонданду мераќсиданд, либосхои арўсии Гулчахонро гох ба ќади  уву, гох ба ќади  худ  чен  мекарданд ва  аз чехрањои онхо пай бурдан мумкин буд, ки хар яки онхо низ хушбахт  мебуд, агар чунин тўй мешуд. Вале Гулчахон худ  ѓамгин буд ва  инро  чехраи хастааш нишон медод. Хеле кам харф мезад, ќариб, ки намехандид. Гўё  чизеро  гум  карда бошад, даруни  чевон, миёни китобхо ва даруни  чанд бастаеро тагу рў мекард…

      «-Хозир ман меоям» -гуфтани ў дугонахояшро ба ташвиш овард. Ў ба кучо мерафта бошад, хама  ку чамъанд, ѓайр аз ин  худи онхо кори маърака, шустушў, рўбучин ва ѓун доштани дастурхонхоро низ анчом дода  буданд. Гулчахон  аз дари калон берун баромада, ба суоли падараш амаки Хабиб, ки пеши дар рост истода буд, «хонаи  хамсоя  меравам, кор дорам», гуфту ба даричаи хурди хонаи хамсоя ворид гашт. Рўи хавлии хамсоя мурѓи зиёд дона мечид. Дар хона дигар касе набуд, сохибхоназан, ки ба хонаи онхо рафтуои ќарин дошт, аз сахар ба модари Гулчахон ёри мерасонд, дастурхони  мехмононро  кушода,  савѓои  онхоро  чудо  мекард, боз чои он каме кулчаву нону ќанд ва боз чанд хел матоъ низ гузошта аз нав мебаст.

      Гулчахон аз дари калони хонаи хамсоя баромада бо рохи нисбатан камодами поёни масчиди кўхна ба ќафо нигох накарда тез-тез рох мерафт. Ба  хоку  чанге, ки пойпўш ва пояшро зер карда буд, хатто назар хам  намекард. Хамин, ки гардиши теппаи болои  масчиди  кўхнаро панох  шуд, гўё осуда шуда бошад, ки ќадамзаниашро охиста карду чангу хоки  пояшро  афшонд, рўймоли сарашро низ аз нав баст. Он тараф  ѓайр  аз  гуристони деха дигар на хонае буду на ягон одаме. Рост ба даричаи  ќабристон  наздик шуд. Бо кушодани он дарича гўё гирехи аламу ѓуссааш кушода шуд. Паст-паст мегирист. Оби дидагонаш, ки дона-дона  ба  замин  меафтид, аз  дарду  хасрати гаронаш дарак медод. Миёни ќабристон хеле боэхтиёт ќадам мезад. Дар сояи мачнунбеди як канори  дигари  ќабристон, рў ба рўи гуре, ки гирдаш бо чизе  махкам набуд, омада ќарор гирифт. Он ашки дона-дона акнун беист мерехт. Гулчахон он чо бо ду зону нишаст. Аз кафи дасташ  сурати хурдеро, ки тули  рох аз араќи  панчааш  нам  гирифта  буд,  бар  рўи  сабза ниход. Ин  расми Мурод буд, ин гўр низ манзилгахи ўст, Муроде, ки Гулчахонро хеле дўст медошт, Муроде, ки соле ќабл, чанд рўз  пеш аз тўяш  фавтида  буд, Муроде,  ки  ишќи  Гулчахон ханўз аз нахустин дидор ба  дилаш  чо  гирифта  буд, Муроде, ки Гулчахон барояш талху зор мегирист ва чашм аз расмаш намеканд. Мурод низ гўё бо нигохи пурмехру  мухаббаташ  Гулчахонро  тасалло  медод. Он  дарди  нихоне, ки  дар дили  ў  хона карда буд, бо рохи гулуяш печида-печида, ох мешуду  нола  мегашт  ва  фазои  хомўши  ќабристонро  фаро  мегирифт.

      -Муроди ман! Кош ин нигохи ѓамангезат маро мекушт, ки аз дарди фироќат  то  кунун  азият мекашаму намемирам, кош фариштаи чонситон он рўз пеши ман низ меомад ва ин чонро бахри чашмони зебоят, бахри лаззати канорат, хатто зери хок таќдим мекардам…

Ай  Муроди «бепарво»-и ман! Мархабо, биё  ба тўйи  арўсат, намебини, хама  чамъанд, танхо ту нест ончо…  Агар  наомадани хасти,  пас  ин  хама  гулхои  дар  атрофат  чамъ кардаро  чи  мекуни?   Муроди  ман! Баъди  маргат  муроде  надорам, чуз он, ки кунчи  ин мазор пахлўят хок бишавам…

      Харчанд Гулчахон намехост, ки ўро касе ин чо бинад ва падару модарашро дар рўзи тўяш шармсор кунад, вале ўро кадом ќуввае намегузошт, ки   аз чо хеста  сўи  хона ояд. Ин шояд  мухаббати  поку  самимии  Мурод  буд,  ки  дар  дили  кайхо аз  дунё  мондааш, ханўз  чой дошт. Гулчахонро андешахои зиёд пахш карда буд.

      -Охир  чаро  ману  Мурод  ба висоли  якдигар  нарасидем, ин магар бахти  сиёху  таќдири  бади  ман  нест, ки  Мурод фаќат се рўз пеш аз тўйи  ман   аз олам чашм  пўшид,  чи гуна метавон назар  кард, ваќте  Муроди  чавонмаргро  ба  руи курпаю болишти бо сад орзў  барои  тўяш  дўхтаи  модари  ман  мехобонанд, ин дили санги ман аз чи пора нагашт, он рўзе, ки тобути ўро ин чо меоварданду чомаи домодиаш рўи онро «зеб» медод, чи тавр  мани бадбахт, ки бе ў хатто лахзае  зиста наметавонистам, тули ин як сол намурдаам…

      Гулчахонро  факат омадани касе  ба худ овард. Он нафар  додарчаи хурдии Мурод буд, ки дар даст сатилчаи об дошт. Ў хар субх сари манзили Мурод  меомад  ва гулхои атрофи  Муродро,  ки худаш шинонда буд, об мерехт.

       — «Апаи  Гулчахон, имрўз дар хонаи шумо тўяй?» –гуфтани додарчаи Мурод  алами  кўхнаи Гулчахонро тоза карду захми ханўз шифо наёфтаи хичри Мурод дар синааш аз нав хуншор гашт.

      -О  чони апа, охир Худо рахми бе падару бе  модарии  шумора нахурду  нахост Муроди мо зинда бошад ва ман тавонам сари туву апаи туро модарона сила бикунам, барои шумо хуроку нон пазам, шуморо  аз азоби  хам  падару  хам  модари  угай халос кунам-гуфт бо гиря Гулчахон.

      -Апаи Гулчахон, Мурод дига ах зинда намешава? –Боз пурсид додари Мурод, ки аллакай аз гиря овозаш гирифта буд. Гулчахон  намедонист чи чавоб бигўяду чи кор бикунад. Кўдакро сахт ба оѓўш кашидаву ба тамоми овоз гиря мекард…

       -Азизчон, апаат холо дар кучо аст, пурсид Гулчахон аз додари Мурод.

      -Апаам дар хона гиря дора, мега, ки агар Мурод зинда мешид,  имрўз бисту ду сола мешид, бо гиря оби чашмонашро пок карда чавоб дод додари Мурод.

      Ин  сухани  Азиз боз як зарбае буд, ки Гулчахонро девона мекард. Дар хаќиќат имрўз рўзи мавлуди Муроди  чавонмарг аст.

      Гулчахон  дигар  ба  хона  баргаштан  намехост, якчо бо Азиз ба гулхо об  рехтанд. Симои Мурод  лахзае  аз  пеши назараш  намерафт, суханони ширини ў беист дар гўшаш садо медод:

-Шайтонаки ман, шайтончаи ман…

Гулчахон барои он, ки мардум боз чизи дигаре нагўянд, рох сўйи хона пеш гирифт. Аз беруни  ќабристон  бори  охир  сўйи  ќабри  Мурод  нигох кард. Азиз рўйи сабза дузону нишаста гиря мекард…

Гулчахон  бо хамон  рохи  омадааш  тез-тез  ќадам зада,  аз  хавлии хамсоя сўйи хонаашон дида дўхт.

-«Хеч  кучо  нарафтааст,  дар хонаи  хамсоя, хозир меояд, нав аз пеши ман гузашт» -шунида шуд овози падараш. Ў чангу гарди сару рў ва пойпўшашро афшонда, баъд аз даричаи хонаи хамсоя баромада, ба хонаашон даромад.

-Гулчахон, бачам, очаатро ташвиш карди, рав, ки туро бинад, -гуфт падари Гулчахон, амаки Хабиб.

Ба пурсиши дугонахояш низ чавоби мушаххасе  гуфта натавонист. Назди онхо аз дигар боб гап кушод…

      Амаки  Хабиб  ба  хама  хонахо  ва дастурхонхои рўйи хавли назар карда, ба хохарзодахояш фармон медод, ки ин ё он чизро баранд, ба фалон чо чойи сиёху ба чойи дигар  чойи кабуд баранд, ё табаќхои холиро чо ба чо карда, ба лаби чашма пеши занхое, ки ба шустушў машѓул буданд, гузоранд. Амаки Хабиб назди ошпазхо омад. Аз чойники чойе,  ки бо  табаќчахои ќанд,  маѓзу мавиз ва мева барои ошпазхо оварда буданд, ба пиёла чой рехта, ба сарошпаз, ки як мўйсафеди  тануманди  салладор  буд  хитоб кард:

-Бобои Камол, хамин  ду  деги  ошу як деги шўрбо мерасад, боз шарманда нашавем?

-Хабибчон, бачам, хеч дар ташвиш набош, бобои Камолат дар маъракахояш  чанд одам  меояду  бояд  чанд  дег  ош  монад, аллакай шаб дар хобаш мебинад-гуфт бобои Камол.

Хама аз ин гап хандиданд. Ба бобои Камол хама бовар дорад, ў маъракахои чанд дехаи гирду атрофро хеле хуб мегузаронад, одами исрофкор нест!

-Бобои Камол, кабобро барои мехмонони хамрохи шах меомада тезтар  кунед,  аз  рохи  дур  меоянд, хамин, ки нишастанд, хўрокро кашидан  даркор,  зеро  мехмонро  интизор  кардан  хуб  намешавад, гуфт амаки Хабиб.

-Хабибчон, гуфтам, ку ин тарафаш кори мо, ту рафта бо мехмонхо машѓул шав, чавоб дод бобои Камол, ки бо пешдоманаш дастони равѓанолудашро пок мекард.

Модари Гулчахон аз анчомхона, берун  омада, амаки Хабибро садо кард:

-Хабиб, Хабибулло, гуфт  наздик  омада  модари  Гулчахон, «як табаќ ошу  як  нон  хонаи  хамон  Саиди  дахмарда  равон  кун,  бечора  занаш ду рўз шуд дар хамин чо хизмат карда истодааст, кудаконаш гурусна набошанд?!»

-Хозир як касро равон мекунам, чавоб дод амаки Хабиб ва боз гашта сўйи ошпазхо рафт.

Зани  Саиди  дахмарда Гулчахон ва оилаи онхоро дўст медошт. «Одамони  хубанд»  мегуфт.  Доим ба  Гулчахон  мегуфт,  ки «ту тўй шави,  хамаи  нону  кулчаи  тўятро  худам  мебандам»  ва  як  рўз  пеш аз тўй бо дигар занхо дар пухтани нону кулчаи тўй аз субх то бегох ёри расонда буд. Имрўз  хам  ба  модари  Гулчахон ёри медод, чаќкон аст, дасташ ба хама мерасад.

        Аз хонаи  калоне,  ки  Гулчахон бо дугонахояш он чо менишастанд, садои  доира  меомад,  дугонахои  Гулчахон  таронахои  арўси мехонданд. Гулчахонро  ба  таври дигар-гушворахои  калон ба гуш, тангахои  нуќрагин  ба  гардан,  дастмонахои  пурнаќшу  нигор  ба даст арўс мекарданд, мўйхои сиёху ѓафсашро шона мезаданд ва фаранчиашро  ба  тартиб  меоварданд…

Донахои ашк аз чашмони ба замин духташудаи Гулчахон рўи куртахои арўсиаш  меафтид. Ў ин хамаро аз пушти пардаи ашк тамошо мекард. Ва касе  хатто  ин  лахза  тасаввур  карда  наметавонист, ки ин ашки хичрон аст аз  Муроди номуродаш, ў танхо дар фикри Мурод аст ва ин лахза охирин суханони Мурод, ки чанд соат ќабл аз маргаш гуфта буд, дар гўши ў садо медод:

-Гулчахон, бо ин зебоият агар рўзи тўй либоси арўси ба бар куни, аз фаришта касе фарќат намекунад, баъд пеш-пеши мо хама мераќсанд, вале  Азиз  гумонам дар  хамон  чо  хам аз дасти ман дошта меистад…

Ў  кай медонист, ки Азиз болои ќабраш кўдакона, бо дарду алам гиря мекунад, кай медонист, ки падару модари равоншодаш ўро дар он чо пазмон гаштаанд, кай медонист….кай…

Овози мардони зиёде баланд шуд. Амаки Хабиб бо хамсараш домоду ќудохоро пешвоз мегирифтанд.

Дугонахои арўс хар кадоме кўшиш мекард, аз тиреза шахро бинад, яке дигареро навбат намедод.

-Гулчахон, шах як озода аст, ќадбаланд, мўи сараш чапа кардаги, сабзинаи хушрў,-гуфт яке аз дугонахои Гулчахон, ки аз хама гапдону хушсўхбат ба назар мерасид.

Хар кадоми онхо ба таври худ ба шаху чўрахояш бахо медоданду Гулчахонро ором намегузоштанд. Вале……..

Гулчахон  дигар  чизеро  дидану  шунидан намехост. Мехост Мурод гўяду фарёд занад, худро ба об партояд, ба оташ андозад, ба дор овезад…

-Ох, Муроди наосудаи ман! Ѓами чудои аз падар хеле барваќт ќалби кўдаконаи  туро хуншор карда буд, ту аз мехри падари ханўз сер нагашта, дили  бегунохи  кўдаконаат дар  хумори дўстдориву навозишхои падарат гум мезад, боз марги модарат сарбории ѓаму кулфати ту шуд ва дар дунё ба чизе умед  намонд…

Ин ѓам кўхро талќон кунад, дарёро бисўзонад. Сабаби марги ту ин ду ѓами бузург буд, ки хеле дардовару нахостанист….

Намедонам  марги  туро  чи  гўям, нишони  бевафоият, хости офаридгор, ё  ќисмати  талхи  ману  хохару додараки дустрўи ту…

Мехмонон  аллакай  хўрок  хўрда  каме  куфти  рохро  бароварда  буданд. Бо маслихати хам, ќудохо мехостанд маросими никох оѓоз шавад.

-Барваќтар  шавад,  хубтар,  он  чо  низ  тўй аст, мардум интизоранд, гуфт падари домод.

Гулчахон ин лахза ба марг рози буд. Кош он косаи оби никох косаи захре  мебуд, ки ў аз дилу чон нўш мекард…

Чашмони  аз  гиря  варамидаву  ашкхои талхи шашќатораш зери фаранчи пинхон гашт. Домод хеле шод сўяш меомад, Гулчахон хатто тасаввур  карда  наметавонист, ки  ин чавон хатто як нигоху як хандаву як сухани Муродро иваз карда тавонад, он ќадар хичил буд, ки гўё вопасин рўзи хаёташ бошад.

Мутрибону  сарояндагон  тамоми санъату салиќаи худро истифода карда, «ёр-ёр»-у «арўсбаророн»-ро месуруданд. Вале дар кунчи дили  харобу  хастаи  Гулчахон  он  мурѓе,  ки соле  ќабл  муќим  гашта  буд, ханўз таронаи андўху ѓам месуруд. Хушу хаёлаш ба  ќабри Мурод, ба гулхои  сурху  сафеди  рўи он, ба  Азизи  хубрўяк, ба  хохари Мурод  банд буд. Хис мекард, ки онхо дигар касе надоранд, дигар касе  агар онхоро ранчонад, Гулчахонро намеёбанд, ки кўмак пурсанд, агар сад гурусна монанд хам Гулчахони дигаре нест, ки якеро хўрок бидихаду барои дигари  хўроку  нон  фиристад. Гулчахон  низ гўё  ин лахза аз чахон майли рафтан дошт…

Назди дар муллои деха  аз бобои  Камоли  ошпаз  , ки  ба сину сол  хурдтар буд,  барои  навхонадорон  дуои  хайр  пурсид.

-Худо  як  бахту  иќболи  нек ато кунад, сербачаву кача шаванду ќушапир гарданд, омин Оллоху Акбар!

-Аспи шахро биёред, нидо кард бародари шах.

       Зери суруду мусиќи домоду арўс ба асп нишастанд. Сухану таманиёти табрики аз хар сў ба унвонии ахли оилаи амаки Хабиб шунида мешуд.

Ба  назари Гулчахон  он  чунон мерасид, ки гўё чисми бечони ўро мебурда бошанд, чону дилаш кайхо дар ёду дар суроѓи Муроди номуродаш бадар рафта буд.

Гурухи  кўдакон аз ќафои аспи домоду арўс шодикунон меомад. Рохи онхо  аз  назди  дари  хонае  мегузашт, ки Мурод он чо зиндаги мекард. Гулчахон ин рохро ба хаёлаш аллакай  мепаймуд.

Овозу хуруши  чашма  ба  гўши  Гулчахон  расид,  ин  хамон  чашмае буд,  ки канори он бо Мурод нишаста бо  якдигар  роз  мегуфтанд, тарона  мехонданд. Баъди  ин чашма гардиши хонаи падари угайи Мурод  мешавад.  Вакте ки падари Мурод вафот карда буд, модараш дар ин деха шавхари дигар кард. Баъди чанд муддат модари у низ вафот мекунад ва падари угаи Мурод зани дигар мегирад. Хамин тавр он мард ва он зан барои Муроду хохару додарчаш угай  ва бегона буданд. Гулчахону домод  баъди  андак ваќт ба хонаи падари Мурод  наздик  шуданд. Гулчахон ягон чизи ѓайриоддиро интизор набуд.  Вале  садои  гиряи  хохари  Мурод  чун суханони вопасини худи Мурод ба дилу хотираи Гулчахон чо гашт. У миёни хавлии барои онхо тамоман бегона, миёни падару модари угай ба расми дасташон, расми Мурод,  ки Азиз аз рўи ќабри Мурод ёфта буд, нигох карда, хеле чигарсўз нола дошт:

-Акаи  беарўси  ман, акаи  ѓамдидаву  ѓамсўхтаи  ман, акаи армонии ман, кучо  барем  мо  сареро,  ки  як  умр  сарвару соябоне наёфт, акаи хушруву дилсўзи ман…

Гулчахон аллакай хеле баланд мегирист. Мурод мегуфту мегирист, аз домод  хатто  ёд   намекард, парвое  надошт. Домод, ки аллакай кайхо ин ќиссаи ѓамолударо медонистааст, аз асп фуромадаву пеши онхо рафт, тасаллояшон дод, аз падару модари угайи онхо дуои рухсати онхоро хост.

         Мардуми деха, ки аз поён истода, дар баландии баромадгохи деха намоёншавии  аспи  домоду  арўсро  мунтазир буданд,  якбора ду асп -аспи  домод,  ки  сафед буд ва аспи сафеди холдори  Муроди чавонмаргро дида, хайрон шуданд ва то дергох пай бурда натавонистанд, ки  он  ду  каси  дигар- яке  калонтару дигари  хурдтар,  кихо буданд, ки аз  паси арўсу домод  пушти  теппа панох гаштанд…

комментария 3

  1. Дастатон дардро набинад, акаи Субхон! Вокеанхам киссаи пурхасрату чонсузу дилрешкунанда.Харчанд бофтаи хаёл бошад хам, аммо дар зиндагии мо ин гуна ошикони ноком кам нестанд. Худованд хамаи дилдодагонро ба висоли хам бирасонад!!!

    • Саломалейк…Саломат бошед! Ман хам мехохам, ки хама дилдодагон ба мурод бирасанд ва «хаёлхову бофтахо» барои зебо шудани зиндагии хаёливу бофтаи мо мусоидат кунанд!!!

      • Э кош ошикони хозираро худованд каме хам бошад бомехру окибат кунад))) ман факат дустодриро мепарастам ва хохони онам ки чавонони хозира бовафо гардад,,, ва дуст доран аз тахти дил))агар да хоб медидам шаби рузи чудоиро,,, хавас асло намекардам дар олам дустдориро((((

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: