Зодагони диёри бод

ФАЙЗОБОДИ МАН

(Бозор Собир)

Хӯҷаи Ҳотам зиёратгоҳи Файзободи ман,
Шукр аз тарбияти арвоҳи Файзободи ман.
Бо азони боди Элокаш дарахтон дар намоз,
Дар сари мӯи сафедам коҳи Файзободи ман.
Гар ба девори каҷаш каҷ менишинам бок нест,
Роҳати ҷон як дами даргоҳи Файзободи ман.
Шишаи дорӯст, оре шишаи дорӯи дил,
Шишаи оби ҷароҳаткоҳи Файзободи ман.
Арвуғону лолазораш ҳарду ҳамхуни мананд,
Ҳамгили ман хушгили дилхоҳи Файзободи ман.
Сатри мӯраш сатри мавзуне, ки хоколӯда аст,
Сатри шеъри хокиам дар роҳи Файзободи ман.
Аз ҷаҳон дилмондаам ман, аз ҷаҳон сад бор беҳ,
Нохуни моҳи нави бегоҳи Файзободи ман.

 

Зодагони диёри бод! Мардуме, ки бо ман дар як худуд -нохияи зебоманзару пурфайзи Файзобод таваллуд шудаанд, кисме як замон барои Ватану миллаташон хизмат кардаанду гурухе имруз дар катори мардуми дигари худуди азизи Точикистон барои пешрафту ободии Ватан кор мекунанду захмат мекашанд. Мо ба ин восита хамдигарро хохем шинохт… 

Бародарону хохарони азиз! Ман бо Шумо ифтихор мекунам!!!

===================================================================================

%d1%87%d0%b0%d0%bc%d0%be%d0%bb%d0%b8%d0%b4%d0%b4%d0%b8%d0%bd-%d0%ba%d0%b0%d1%80%d0%b8%d0%bc%d0%b7%d0%be%d0%b4%d0%b0

Чамолиддин Каримзода

 Файз хезад доимо аз хоки Файзободи ман,

Файзи Файзобод бошад хонаи ободи ман!!!

========================================================================

ҲИКМАТ РИЗО, таваллудаш соли 1894, зодгоҳаш деҳаи Ёнахши Обигарм (ҳозира ноҳияи Хикмат Ризо.jpgФайзобод), шоири халқии тоҷик, гӯрӯғлисаро, Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон. Рағбати дуторнавозӣ ва хунёгариро дар дили ӯ пеш аз ҳама падараш Муҳаммадризо ва бародараш Зиё Ризо  бедор кардаанд. ӯ дар маъракаҳое, ки бо иштироки гӯрӯғлихонҳои сарихосорӣ баргузор мегашт, иштирок намуда, тадриҷан худ низ ба гӯрӯғлихонӣ пардохт. Бино ба эътирофи худаш, гӯрӯғлихониро аз шогирди Шукурмаст – Наврӯзи Ҷонмуҳаммад ва Холи Мусофир омӯхтааст. Аз синни 20-солагӣ дар маъракаҳо ҳунарнамоӣ карда, ҳамчун гӯрӯғлисаро ном баровард. Минбаъд ба деҳоти Қаротегин ва Кӯлобу Ҳисор сафар карда, дар ҷамъомадҳои гӯрӯғлихонҳо иштирок намуда, маҳорати гӯяндагиашро сайқал додааст. Соли 1948 фолклоршиносон аз Ҳикмат Ризо 35 достони « Гӯрӯғлӣ»-ро дар ҳаҷми 105 ҳазор мисраъ сабт карданд, ки ин ганҷи бебаҳо дар шӯъбаи фолклори Институти забон, адабиёт, шарқшиосӣ ва мероси хаттии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст. Ба ғайр аз ин ӯ дар ҳаҷми 25 ҷузъи чопӣ афсонаю ривоят ва хотираҳои сабткарда дорад. Соли 1965 ду достони бузурги «Гӯрӯғлӣ»-ро Ҳикмат Ризо дар чор қартаи калонҳаҷм сабт кард, ки он чор бор нашр шуд. Овози ӯ аз соли 1955 дар наворҳои радиои тоҷик сабт шудааст. Соли 1969 дар ш. Душанбе ба муносибати 100-солагии таваллуди В. И. Ленин Конкурси гӯрӯғлисароён доир гашт, ки дар байни 55 нафар гӯрӯғлихонҳои ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ Ҳикмат Ризо сазовори ҷойи аввал шуд.

Ҳифз кардану сурудани достонҳои ҳаҷман калони «Гӯрӯғлӣ», суруду достонҳои мардумӣ ва ғазалу мухаммасҳои зиёди Ҷалолуддини Румӣ, Ҳофиз, Саъдӣ ва дигар саромадони адабиёти классикии форс-тоҷик Ҳикмат Ризоро ба шеъргӯӣ раҳнамун сохт. ӯ дар пайравии асарҳои халқи як қатор шеъру достон эҷод кард. Асарҳои Ҳикмат Ризо дар маҷмӯаҳои ӯ «Суруди Ватан» (1950) ва «Баҳори Тоҷикистон» (1979) гирд оварда шудаанд. Дар достони «Роҳсозӣ ва ободонӣ» меҳнати фидокоронаи роҳсозони роҳи Сталинобод (Душанбе) – Помир, ки шоир иштирокчии он буд, васф шудааст. Дар достони дигари ӯ «Ҷанги ватанӣ» корнамоиҳои ҷанговарони шӯравӣ – ҳамдеҳаҳои диловари шоир васф гардидаанд. Соли 1987 маҷмӯаи достонҳои ӯ дар Москва ба забонҳои тоҷикию русӣ нашр шуд. Соли 1988 киностудияи «Тоҷикфилм» дар бораи Ҳикмат Ризо филми ҳуҷҷатии «Жакон»-ро ба навор гирифт (муаллифи сенария С. Ҳақдодов, режиссёр С. Солеҳов).

Ҳаёти Ҳикмат Ризо ба ҳаёти фарҳангии ҷумҳурӣ пайвасту тавъам буд. ӯ иштирокчии Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар ш. Москва (соли 1949) ва Симпозиуми шарқшиносони ҷаҳон дар ш. Москва (1960) аст. 3-юми феврали соли 1990 дар синни 96-солагӣ дар маҳаллаи Буни Ҳисораки ноҳияи Исмоли Сомонии ш. Душанбе вафот кард. 17 ноябри соли 1990 ба хотири гиромидошти номи Ҳикмат Ризо дар деҳаи Мискинободи ноҳияи Файзобод нимпайкараи ӯро гузоштанд.

=========================================================================

ҶАЛИЛОВ Маҳмадалӣ Ҳукуматович, таваллудаш соли 1958, зодгоҳаш деҳаи Дубедаи Махмадали Чалилов.jpgҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод. Соли 1983 шӯъбаи таърихи Университети давлатии ба номи А. А. Жданови ш. Ленинградро хатм намудааст. Солҳои 1983 – 86 афсар-тарҷумони дастгоҳи асосии ҳарбии Армияи Советӣ дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон, 1986 – 96 журналист, мудири кафедраи таърихи КПСС-и Институти давлатии педагогии ш. Душанбе, аспиранти ҳамин институт, директори биржаи «Сомон»-и ҷанговарони интернатсионалисти ноҳияи Файзобод буд. Солҳои 1996 – 2001 дар дастгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2001 – 20 ба ҳайси сармутахассиси Раёсати робитаҳои байналхалқии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2002 – 04 сармутахассиси шӯъбаи фарҳанги дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2004 ба тариқи шартномавӣ ходими калони илмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ буд. Муаллифи 150 мақолаи илмӣ. Бо орденҳои «Барои хизмат ба Ватан дар Қувваҳои Мусаллаҳи СССР» (дараҷаи III), «Ситораи Сурх», медали «70-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР» сарфароз гардидааст. Ба Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Федеративии Германия, Арабистон, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб ва давлати Қатар сафарҳои хизматӣ кардааст.

=======================================================================

Нуралиев Хайит мурод.jpgНУРАЛИЕВ Ҳаитмурод, таваллудаш 20. 12. 1952, зодгоҳаш деҳаи Чилчаи ноҳияи Файзобод, омӯзгор, варзишгар. Устоди варзиши СССР оид ба гӯштини дзюдо, Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикисто оид ба гӯштини миллӣ, Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1975 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро ро бо ихтисоси муаллими тарбияи ҷимонӣ ва гӯштини тарзи дзюдо хатм кардааст. Солҳои 1975 – 76 омӯзгор дар ноҳияи Куйбишев (ҳозира ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ), 1976 – 77 муаллими мактаби № 13-и шаҳраки Обигарм, 1977 – 81 директори мактаби варзишии ноҳияи Файзобод, 1981 – 89 раиси комитети варзиши ноҳияи Файзобод, 1989 – 90 муаллими Омӯзишгоҳи касбҳои техникии № 24, 1990 – 95 раиси комитети варзиши ш. Роғун, 1995 – 2000 коргари МКТБ-и Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2000 – 02 сардори Раёсати корҳои хоҷагидории Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2002 – 06 ноиби ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон буд. Аз соли 2006 ба ҳайси декани факултети варзиши ҳамин донишкада фаъолият дорад.

=======================================================================

ТОИРОВ Урватулло (Урватуллои Тоир),  10. 05. 1942, зодгоҳаш деҳаи %d1%83%d1%80%d0%b2%d0%b0%d1%82%d1%83%d0%bb%d0%bb%d0%be-%d1%82%d0%be%d0%b8%d1%80Ҳаймаҳмадии ноҳияи Файзобод, адабиётшинос, доктори илмҳои филология (1997), профессор (1998). Соли 1966 Университети давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1966 – 67 рӯзноманигори рӯзномаи «Маориф ва Маданият», 1967 – 90 муҳаррири калони илмӣ ва мудири редаксияи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик, 1990 – 94 дотсент, 1994 – 98 мудири кафедраи фолклоршиносӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷик, 1998 – 2002 профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 2002 – 06 сардабири маҷаллаи «Маърифат», ҳамзамон аз соли 2007 роҳбари гурӯҳи кории «Энсиклопедияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» буд.

Тоиров У. ба таҳқиқи масоили умдаи адабиётшиносии тоҷик – таҳаввул ва сайри таърихии қасида дар адабиёти тоҷик, арӯзу қофия машғул шуда, дар ин мавзӯъҳо таҳқиқоти судманд, монографияҳову қомусҳо, беш аз 850 мақолаи илмӣ таълиф кардааст. Соли 1990 дар мавзӯи «Таҳаввул ва такомули қасида дар адабиёти тоҷик» рисолаи номзадӣ ва соли 1997 дар мавзӯи «Таҳаввул ва такомули арӯз дар назария ва амалияи шеъри форсӣ-тоҷикӣ» рисолаи докториро ҳимоя кард. «Фарҳанги истилоҳоти арӯзи аҷам» (1991), «Рисолаи иншо» (дар ду ҷилд, 1992), «Қомуси қофия ва арӯзи шеъри Аҷам» (1994), «Таҳқиқ ва таълими арӯз» (1995), «Фарҳанги истилоҳоти қофия» (1997), «Офтобе дар миёни сояе» (китобҳои 1 – 2, 1999), «Каломи манзум» (2005), «Роҳе ба сӯи ғалат» (2007), «Анвоъ ва авзони шеъри халқии тоҷикӣ ( 2007), «Адабиёти тоҷик» (ҷилди 1, 2010), «Адабиёти тоҷик» (ҷилди 2, 2001) аз ҷумлаи навиштаҳои ӯянд. Ба қалами ӯ дастурҳои таълимӣ оид ба таърихи адабиёти классикии форс-тоҷик, назмшиносӣ тааллуқ доранд. Матни якчанд осори гаронбаҳои адабиёти классики форс-тоҷик – «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ (ҳамроҳи профессор Худоӣ Шарифов), «Ал-мӯъҷам»-и Шамси Қайси Розӣ, «Меъёр-ул-ашъор»-и Насируддини Тӯсӣ, «Фунун ва саноеъи адабӣ»-и Ваҳидиёни Кошифӣ, «Бадоеъ-ул-афкор»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Рисолаи рубоӣ»-и Мулло Саъдуллоҳро бо таҳқиқ ва шарҳу тавзеҳ таҳияву мунташир сохтааст. Ҳамчунин барои донишкадаҳои олӣ «Назмшиносӣ», (ҳамроҳи Х. Шарифов), ва барои мактабҳои миёна чанд китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ – «Адабиёти тоҷик» барои синфи 7 (2002), «Адабиёти тоҷик» барои синфи 10 (2008; ҳамроҳи М. Солеҳов ва Р. Шарифов)-ро таълиф кардааст. Тоиров У. узви Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ буда, ба 5 аспирант роҳбари илмист. Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, ордени «Нишони Фахрӣ» ва нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

=========================================================================

Мухаррама.jpgШАРИФОВА Муҳаррама, таваллудаш 20. 02. 1968, зодгоҳаш деҳаи Ҷонварсӯзи ноҳияи Файзобод, сароянда. Соли 1990 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст. Аз соли 1989 сарояндаи ансамбли «Дарё»-и Комитети радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Беш аз 90 суруду таронаҳояшро дар хазинаи тиллоии телевизион ва радио сабт кардааст. Дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок мекунад. Ба давлатҳои узви ИДМ, Туркия ва Қатар сафари ҳунарӣ карда, санъати овозхонии тоҷикро муаррифӣ намудааст. Барои хизматҳои бисёрсолааш дар соҳаи санъат соли 1999 бо Грамотаи Фахрии Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2006 бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

==========================================================================

ШАРИФОВ Боймурод Бобоевич, таваллудаш 2.12. 1964, зодаи ноҳияи Файзобод, адабиётшинос, номзади илми филология (1995), дотсент (1997). Соли 1989 факултети _avatar180.jpgфилологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1989 – 90 лаборанти калони Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1991 – 94 лаборанти калон, стажёр – муҳаққиқ ва 1994 – 98 аспиранти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, 1996 – 98 муовини декани факултети филологияи тоҷик оид ба тарбия ва илм, 1998 – 2003 ҳамзамон ба фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ рӯзноманигор ва ҳуруфчину тарроҳи компютерӣ, 2003 – декабри 2004 муовини декани факултети филологияи тоҷик, декабри 2004 – 07 декани факултети филологияи тоҷик буд. Солҳои 1999, 2007 (се моҳ) ва 2008 барои корҳои илмию тадқиқотӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кардааст. Муаллифи 1 китоб ва зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ. Самти фаъолияти илмиаш таҳқиқи афкори адабӣ ва танқидии суханварони асримиёнагии форсу тоҷик мебошад.

==========================================================================

АСОЗОДА.jpgАСОЗОДА  Хайрулло 25 марти соли 1956 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1978 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис — сохтмончӣ ва соли 1988 Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкентро бо ихтисоси ташкилотчии ҳизбӣ хатм кардааст.Фаъолияти меҳнатиашро соли 1978 аз вазифаи устои Раёсати сохтмони «Роғунгэсстрой» оғоз намуда, баъд то соли 1984 дар вазифаҳои саркор, саркори калон, сардори қитъаи Раёсати мазкур кор кардааст.Солҳои 1984 — 1990 дар вазифаҳои масъули ҳизбӣ дар ноҳияи Файзобод, шунавандаи мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкент ва котиби озоди кумитаи ҳизбии сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Роғун фаъолият намудааст. Солҳои 1990-2004 дар вазифаҳои гуногуни муҳандисию техникӣ ва роҳбари Раёсати сохтмони «Роғунгэсстрой» кор кардааст.Солҳои 2004-2009 ба ҳайси сармуҳандиси Раёсати сохтмони «Монолит-3» ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Монолитстрой» ва сардори департаменти сохтмон, робитаҳои беруна ва маркетинги ҷамъияти саҳомии «Корпорация Сомон Душанбе» адои вазифа намудааст.Аз соли 2009 муовини якуми Директори генералӣ ва аз моҳи январи соли 2010 то ноябри соли 2013 дар вазифаи Директори генералии ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Роғунгэсстрой» фаъолият намудааст.Узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати панҷум.Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2013 вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад. марти соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

==========================================================================

ЧАҚАЛЗОДА Қиёмиддин, таваллудаш 28. 04. 1945, зодгоҳаш деҳаи Хуванди ноҳияи К.Чакаловjpg.jpgФайзобод, актёр, Ҳунарпешаии халқии Тоҷикистон (2008). Соли 1975 факултети актёри драма ва кинои Институти давлатии санъати Тоҷикистонро хатм намудааст. Аз соли 1975 инҷиниб дар Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ ба ҳайси актёр фаъолият дорад. Дар ин муддат дар саҳнаи театри ба номи А. Лоҳутӣ бисёр нақшҳои ҷолиб ва хотирмон офаридааст. Куряткин («Ҷарроҳӣ»-и А. Чехов), Зайн ибни Умайдо («Ишқи араб»-и П. Мериме), Шарифов («Интихоби домод»-и Ҳ. Содиқ), Кӯзагар («Роҳзан ва кӯзагар»-и М. Бахтӣ), Сухсуров («Садо аз тобут»-и А. Қаҳҳор), Гумоштаи сиёсӣ («Алломаи Адҳам»-и С. Улуғзода), Шайх Низомиддин («Зебуниссо»-и Ш. Қиёмов ва М. Шералӣ), Оқсақол («Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ), Қарабой («Гилеми кабуд»-и Т. Аҳмадхонов), Ашӯр («Хонашерони майдонғариб»-и Ш. Қиёмов), Халил-афандӣ («Айнӣ»-и Ғ. Абдулло), Гӯрков («Гамлет»-и В. Шекспир), Атаман Дор («Кӯзаи гӯё»-и А. Абӯбакр), Искандар Маҳкамов («Кӯпрук»-и Ф. Ниёзӣ), Мишка Земсов («Бозиҳои бераҳмона»-и А. Арбузов), Азизулло («Фарзанди Осиё»-и Р. Қудратов), Маҳкам («Исёни арӯсон»-и А. Аҳмад), Суламӣ («Рудакӣ»-и С. Улуғзода), Ширинкор («Шоҳ Лир»-и В. Шекспир), Генерал («Бо имзои Ленин»-и А. Атобоев), Туманчиков («Авлиё ва осӣ»-и М. Варфоломиев), Тешабой («Лайлатулқадр»-и Ю. Акобиров), Раҳимов («Дар чорсӯ»-и Н. Табаров), Сатторов («Ҳақиқати талх»-и С. Сафаров), Шер («Заргӯши доно»-и Ш. Қиёмов), ӯрмонқамиш («Мардҳо намегирянд»-и Ҷ. Қуддус), Қосид («Эдип»-и Софокл), Ҳасанлӣ (Қиёми Лоҳутӣ»-и А. Атобоев), Қаровул («Худкардаро даво нест»-и М. Холов), Шодиқулов («Ҷияни хира»-и Ш Солеҳ), Лақай («Парвози Сабзабаноз»-и М. Муҳаммадиев), Саргурба («Қиссаи аҷибу ғариб»-и Т. Аҳмадхонов), Аброр («Афсонаҳои мӯйсафед»-и Н. Абдуллоев), М. Қосимов («Драмаи миллат»-и С. Аюбӣ), Муҳаммади Башоро (« Шоҳ Исмоил»-и М. Бахтӣ), Олим («Мусофир»-и Н. Абдуллоев), Даврон («Сӯробҳо»-и Н. Табаров), Ҳумон ва Ҳаҷир («Зуҳури навини Сӯҳроб»-и Ф. Умаров), Мудир Қайсар («Тахти султон Маҳмуд»-и Ш. Солеҳ), Эрбуқохон («Темурмалик»-и М. Бахтӣ), Угаров («Бист дақиқа бо фаришта»-и А. Вампилов), Холмат («Бой ва Хизматгор»-и Ҳ. Ниёзӣ). Бо нишони сарисинагии «Аълочии маданияти СССР» сарфароз гардидааст.

========================================================================

Дилшод Мачити.jpgДИЛШОДОВ Мачитӣ, таваллудаш 4. 10. 1950, зодгоҳаш деҳаи Кенҷаободи ноҳияи Файзобод.  Солҳои 1968 – 70 коргари колхози ба номи Орҷоникидзе, 1970 – 72 дар хизмати ҳарбӣ, 1972 – 81 ҳисобчӣ ва иқтисодчии Раёсати хоҷагии қишлоқ, 1981 – 85 нозири комитети назорати халқии ноҳияи Файзобод, 1985 – 92 котиби комитети ҳизбии совхози ба номи Орҷоникидзе, 1995 – 99 раиси колхози «Вашгирд», 1993 – 2000 сармутахассиси идораи кишоварзии ноҳияи Файзобод, 2000 – 04 раиси комитети Иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии ноҳияи Файобод ва сардори хоҷагии деҳқонии «Сайдон» буд. Аз декабри соли 2004 ба ҳайси мудири шӯъбаи иҷтимоӣ- иқтисодии КМ Иттифоқи касабаи Комплеси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

==========================================================================

АЛИЕВ Дӯстмурод (19. 4. 195, деҳаи Муллобароти ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Дустмурод.jpgФайзобод – 18. 5. 1985, ҳамон ҷо), сароядаи тоҷик (тенори лирикӣ), Ҳофизи халқии РСС Тоҷ. (1979). Хатмкардаи факултети маданию маърифатии Институти давлатии санъати Тоҷикистон (1974). Солҳои 1974 – 75 дар сафи Армияи Советӣ хизмат кардааст. Аз соли 1975 то охири умр роҳбари бадеии дастаи ҳунарии Хонаи маданияти ноҳияи Файзобод буд. А. мусаннифи зиёда аз 60 суруду таронаҳост. Асоси репертуари ӯро мавзӯъҳои мухталифи замони мо доир ба васфи Ватану меҳнат, диёри хушманзар, фидокориҳои мардуми шуҷоатманди мо, тараннуми муҳаббати поки инсонӣ ва ғ. ташкил медиҳанд. Сурудҳои «Туро ман дӯст медорам» (шеъри Лоиқ), «Баҳор омад» (шеъри халқӣ), «Махзани дурдона» (шеъри А. Баҳорӣ), «Моҳи рухсорат» (шеъри Сайидо), «Ноз», «Мастона ба ноз омадаӣ» (шеъри Кошиф), «Садқаи чашмони ту» (шеъри Ш. Ҳайрат), «Савсани Ҳусн» (шеъри А. Воситзода) аз оҳангҳои ӯ буда, басо дилнишинанд. А. чун актёр низ дар чандин пйесаҳои якпардагӣ як қатор нақшҳо офаридааст, ки беҳтаринашон Зиёпонсад («Оилаи аксар»-и Т. Аҳмадхонов), Ориф («Бародарон»-и С. Саидмуродов), Эшони Иллоанта («Иллоанта»-и А. Атобоев) мебошанд. Ба Ҷумҳурии Демократии Афғонистон (1984) сафари ҳунарӣ кардааст.

==========================================================================

%d0%b3%d1%83%d0%bb%d0%b8%d0%b7%d0%be%d1%80-%d0%ba%d0%b0%d0%b1%d0%b8%d1%80%d0%be%d0%b2%d0%b0КАБИРОВА Гулъизор, таваллудаш соли 1919, зодгоҳаш деҳаи Чуваи ноҳияи Файзобод, омӯзгор, Муаллими хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1960). Омӯзишгоҳи педагогии ш. Душанберо хатм карда, дар мактаби № 7 деҳаи Хоҷамард ба ҳайси муаллим фаъолияти кориро оғоз намудааст. Баъд солҳои 1940 – 47 дар мактаби деҳаи Чува ва аз соли 1947 дар мактаби миёнаи деҳаи Хамисавра ба таълиму тарбияи насли наврас машғул шудааст. Барои хизматҳои шоёнаш бо ордени Байрақи Сурхи меҳнат, медали «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин», ду медали «Ветерани меҳнат» ва ифтихорномаҳои ҳукуматию давлатӣ сарфароз гардидааст.

==========================================================================

БОЗОР Собир, Шоири халкии Точикистон, таваллудаш 20. 11. 1938, зодгоҳаш деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод, %d0%b1%d0%be%d0%b7%d0%be%d1%80-%d1%81%d0%be%d0%b1%d0%b8%d1%80шоир. Соли 1962 факултети таъриху филологияи Универистети давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои тӯлонӣ ходими адабӣ ва мудири шӯъбаи рӯзномаи «Маориф ва Маданият» (то соли 1975), мудири шӯъбаи назми маҷаллаи «Садои Шарқ» (1975 – 79) ва аз соли 1979 ҷонишини раиси Шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Ҳоло дар ИМА зиндагӣ ва кор мекунад. Аввалин шеърҳояш соли 1960 ба табъ расидаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои «Пайванд» (1972), «Оташбарг» (1974), бо хати форсӣ – 1984, «Гули хор» (1978), «Мижгони шаб» (1981), «Офтобниҳол» (1982), «Бо чамидан, бо чашидан» (1987), «Чашми сафедор» (1992), «Гулчини ашъор» (ба форсӣ, Алҳудо, Эрон), «Шеъру шоире агар ҳаст» (2006), «Аз гули хор то симхор», (2003). Бозор Собир шоири лирик аст. Тамоми мавзӯъҳои ашъораш ба олами ҳиссиёт сахт вобаста мебошанд. Пайванди ҳастии инсон, халқ бо Ватан мазмуни ғоявии бисёр шеърҳои ӯро ташкил медиҳанд. Дар як қатор шеърҳои ӯ, ки ба мавзӯи Ватан оиданд, сифатҳои қаҳрамониву фоҷиабори таърихи халқу Ватан, муборизаи аҷдоди халқи тоҷик, фарзандони барӯманди ӯ баҳри озодиву ободӣ ба ҷилва меоянд. Як силсила шеърҳои ӯ ба васфи Тоҷикистон, зодгоҳ кӯҳистони диёри офтобиамон бахшида шудаанд. Ашъори Бозор Собир дар ташаккули шеъри муосири тоҷик нақши намоён гузоштааст. Намунаҳои ашъораш ба забонҳои русӣ, украинӣ, ӯзбекӣ, арманӣ, гурҷӣ, литвонӣ тарҷума шудаанд. Аз осори Ҷ. Байрон, А. Рембо, П. Неруда, Г. Аполлинер, Х. Расол, С. Есенин, Э. Межелайтис, М. Светлов, А. Орифов ва дигар адибони хориҷӣ ба забони тоҷикӣ тарҷумаҳо дорад. Бо Грамотаҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Ҳуббулватани шамолҳо – Файзобод,

Ҳуббулватани кулолҳо – Файзобод.

Дар ҳар қадаме ғизолчашме дидем,

Ҳуббулватани ғизолҳо – Файзобод.

  *******

Ҳелок на чашма, чашми Файзобод аст,

Чашме, ки замин бар осмон бикшодаст.

Сад мртаба узр, Ҳофизи Шерозӣ,

Серобтар аз чашмаи Рукнобод аст.

  *******

Устуни замин тираки Файзобод аст,

Аз дастаи сабзи тешаи Фарҳод аст.

Он дастаи тешае, ки дар санг шикаст,

Тирак шуда дастаҳои дигар додаст.

  *******

Ҳар кӯза, ки аз хоки лаби Ҳелок аст,

Ҳамхоки ман асту ҳамчу коғаз пок аст.

Аз кӯзаи пушти ман мапурсед маро,

Хоке, ки ба сар задам ман, аз он хок аст.

========================================================================

  ҲАКИМОВ Мироҷиддин Дӯстмуродович, генерал-майор, таваллудаш 31. 10. 1967, зодгоҳаш Меърочиддин  Хакимов .jpgдеҳаи Муллотуғмаи ноҳияи Файзобод, ҳуқуқшинос, мушовири давлатии адлияи дараҷаи сеюм. Соли 1989 факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Солҳои 1989 – 91 ассистенти кафедраи «Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистика»-и факултети ҳуқуқшиносӣ, 1991 – 93 аспиранти Университети давлатии Тоҷикистон, 1993 – 94 прокурори шӯъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба амнияти дохилию берунӣ ва муносибатҳои байналмилалии Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1994 – 97 прокурори ҳарбии Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Сарпрокуратураи ҳарбӣ ва аз моҳи март то майи 1997 покурори ҳарбии шӯъбаи назорати судии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1997 – 2003 муовини сардор ва 2003 – 10 сардори Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии Файзобод № 11 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, муовини раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон, узви гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бундестаги Германия ва гурӯҳи Парлумонии САҲА мебошад. Бо медали «Ҷасорат» ва унвони «Корманди фахрии мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

==========================================================================

 Пулод  Абдурахмонов  — соли 1927 дар кишлоки Субулоки нохияи Файзобод таваллуд шудааст. Миллаташ точик, аъзои ХКИШ, маълумоташ миёна.  Фаъолияти мехнатиашро  ба хайси колхозчи сар карда, соли 1958 ба макоми сарвари бригадаи колхози «Калъаи дашт-2» расидааст. Бригадае, ки у сарвари мекард, хар сол хосили рекордии картошка руёнида, ухдадорихои ба зима гирифтаашро барзиёд ичро мекард. Борхо голиби мусобикахои сотсиалисти гаштааст. У нисбат ба худу коргаронаш хеле серталаб буда, пайваста барои баланд бардоштани савияи дониши умумии онхо кушиш мекардааст. Пулод Абдурахмонов барои нишондихандахои баланди истехсоли сазовори унвони «Кахрамони мехнати сотсиалисти»  гашта буд. 

Абдураҳмонов Пӯлод депутати Советии Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 8 – 9) буд. Бо ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо, Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

==========================================================================

Усмон Шарифзода  — Шоири халкии Точикистон, соли 1945 дар дехаи Элокдараи нохияи  Файзобод таваллуд шуда буд. Соли 1964 у мактаби миёнаи №80-и нохияи Ленин (холо Рудаки)-ро хатм мекунад. Фаъолияти мехнатиашро аз газетаи «Комунна»-и нохияи Ленин огоз мекунад. Баъдтар солиёни зиёд дар газетахои «Хакикат, «Пионери Точикистон», «Точикистони совети» ва мачаллаи «Машъал» кор мекунад.

Мачмуи ашъораш бо номхои «Риштаборон», «Умре дар рох», «Дили модар», «Хонаи Ишк», «Дафтари хуншори Сомон» ва гайрахо чоп шудааст.

Ман ба Файзободу кӯҳу чашма пазмонам ҳанӯз,

Мисли Дашти Моҳтобӣ синабирёнам ҳанӯз.

Чун замони кӯдакиам чашми гирёнам ҳанӯз,

Мӯи шабгун шуд сафеду тифли нодонам ҳанӯз

Дар савобу дар хатои карда ҳайронам ҳанӯз,

Кӯҳҳояш дар хаёлам роҳгардон мешаванд,

Пешпой хӯрда, гӯё чаппагардон мешаванд.

Чашмаҳо дар ҳарф меоянду гирён мешаванд,

Дар миёни гиряҳошон боз хандон мешаванд,

Ман дар ин асрори кӯҳу чашма ҷӯшонам ҳанӯз.

Чашмаҳояшро якояк ман ҳисобӣ мекунам,

Орзуҳоро ба ҳар як чашма обӣ мекунам,

Нақши ҳарсанге хаёли як китобе мекунам,

Дар мақоми кӯҳу чашма изтиробе мекунам,

Масти овози дутори Абдураҳмонам ҳанӯз.

Зиндагонӣ мисли чашми ёр гардон будааст,

Саҳнаи афтударафте баҳри мардон будааст,

Заҳр дар гул пош дода, гул ба домон будааст,

Пур зи ишқу орзуву оҳу армон будааст,

Меравам дар худ фурӯ, лаб зери дандонам ҳанӯз.

Сангу хокашро зиёрат карда ҳоҷӣ мешавам,

Ҳамчу дар Каъба ибодат карда, ҳоҷӣ мешавам,

Тавбаю шукру надомат карда, ҳоҷӣ мешавам,

Бар Ватан сидқу садоқат карда, ҳоҷӣ мешавам,

Ҳофизи хоки диёрам, покимонам ҳанӯз.

Бобу ҷаддам як замон аз мулки Хатлон омада,

То ба Хатлон омада, аз Оли Сомон омада,

Мулк бар мулке кашон чун ашки мижгон омада,

Ҳолиё дар селаи вақте чу Усмон омада,

Ман зи Файзободаму дар аҳди Сомонам ҳанӯз.

==========================================================================

Шамс Гуломов  — соли 1926 дар дехаи Чуваи совети кишлоки Дубеда дар оилаи дехкон таваллуд шудааст. Маълумоти ибтидоиро аз  соли 1937 дар зодгохаш гирифтааст. Баъдтар идомаи тахсили ибтидоиро дар дехахои Доров ва Дашти Марзо мегирад. Синфи 4-ро дар дехаи Сари Сафедхок хатм мекунад. Соли 1944 барои хизмат ба сафи Куввахои Мусаллахи шурави даъват мешавад. Дар Чанги Дуюми Чахони ширкат мекунад. Хамон солхо ба давлатхои Польша, Венгрия, Руминия, Чехославакия, Булгория, Австрия ва Олмон меравад ва барои расидан ба галаба мечангад.

Соли 1959 ба Донишкадаи хочагии кишлок дохил шуда, соли 1964 он муассисаро бо ихтисоси агроном хатм мекунад. Аз соли 1965 то соли 1967 ба корхои илми машгул мешавад. Аз мохи сентябри  соли 1967 то соли 1980 дар вазифаи Директори совхози сабзавоткории нохияи Оржоникидзеобод (имруз Вахдат) кор  карда,баъд дар нохияи Файзобод ба хайси агроном фаъолияти худро давом медихад. Голиби чандин мусобикахои сотсиалисти гаштааст. Помидори машхури Файзобод махсули кору захмати хамин дехкони асил аст.

==========================================================================

Восеев Абдулазиз Ганҷович — зодаи деҳаи Қанғели (дар тарҷумаи тоҷикӣ ноҳамвор мешудааст, аммо рустои ҳамвору обод, вале сершамоли ноҳияи Файзобод ба шумор меравад). Санаи таваллудро бо иштибоҳи як корманди ҷамоати Вашгирд дар шаҳодатнома 6-уми августи соли 1983 навиштаанд (волидонаш рӯзи дақиқи ба дунё омаданашро 24-уми январ мегўянд, ба ҳар сурат шукрона мекунад, ки соли таваллудашро иштибоҳан 1324 нанавиштаанд. Аммо ахиран дар шиносномааш ҳарфи «л»-ро аз номаш фаромӯш карданд, ҳоло расман Абдуазиз мебошад).

1-уми сентябри соли 1990 хонандаи синфи якуми мактаби таҳсилоти умумии ҳамагонии №21 буд. Соли 2001 номаи камол гирифта, ҳамон сол ба ДДМТ, факултаи журналистика ва тарҷумонӣ дохил шуд. Соли 2006 донишгоҳро хатм намуд. Ҳамкориро бо ВАО аз рӯзномаҳои «Оила», «Қалам» (нашрияи факултаи журналистика) ва «Студент» шурӯъ кардааст (солҳои 2001-2003). Муҳаррири бахши фароғатии нашрияи «Сабз дар сабз» (2003), муҳррири бахши хабарии радиои «Ватан» (августи 2004-декабри 2005), муҳаррири идораи фароғатӣ ва мусиқии радиои «Ватан» (январи 2006 то августи 2006), муҳаррири бахши хабарии «Русское радио-Ориёно» (сентябри соли 2006 то августи 2007), журналист-продюсери радиои иттилоотии «Имрӯз» (августи 2007 то феврали 2010), хабарнигори ҳафтаномаи «Озодагон» (марти 2010 то ҳоло).

==========================================================================

Сафарбег Кабиров. Модараш накл кардааст, ки у 7-уми ноябри соли 1985 дар дехаи Кабкрези нохияи Файзобод ба дунё омадааст. Хамон руз душанбе будаааст. Аммо мисли Абдулазизи Восеъ дар шаходатномаи таваллуди у санаи маулудашро 15 ноябр навиштаанд. Сафарбег мегуяд, ки намедонад, ки ин айби котиби чамоат аст ва ё айби падараш?

Хатмкардаи мактаби №5-и зодгохаш аст. Баъди ба даст гирифтани номаи камол хуччатхои худро факултаи журналистикаи Донишгохи Милли Точикистон супорида, соли 2008 онро хатм мекунад. Аз 6-уми июни соли 2006 то соли 2010 дар хафтаноми «Начот» ва баъдтар дар Радиои «Имруз» кору фаъолият кардааст. Хамзамон корманди Маркази иттилоотию тахлилии «PRESS-PONARAMA» буд. Холо (2017) дар  рузномаи «Имрӯз News» кор мекунад.   Оиладор ва сохиби 2 писар  аст.

==========================================================================

Мухиддин Кабири – Соли 1965 дар дехаи Касамдараи нохияи Файзобод таваллуд шудааст. Падараш Тилло шеър хам менавишт, ки замони чанг онхоро гум мекунанд. То синфи 8 дар мактаби миёнаи №15 тахсил мекунад. Баъд ба техникум омор дохил мешавад.Ихтисоси аввалаш иктисодчии хочагии кишлок аст. Дар Гурчистон хизмати аскариро адо кардааст. Дар он чо «кинолог» буд. Ба ин назар аст, ки вакте ки бо сагхо кор мекунед, дарк мекунед, ки онхо нисбат ба одамон боадолаттаранд. Ним соли дигар дар Кутаиси дар махбасхона махбусонро посбони мекунад. Он махбаси режими сахт барои чинояткорони махсус хавфнок буд. Баъди хизмати аскари дар совхози «Октябр» кор кардааст. Маошашро хам ба ёд дорад – 70 сум. Вакте ки ба бригадир дар мавриди баланд кардани маошаш мурочиат мекунад, у мегуяд, ки «хамин хам бас аст барои ту. Зеро ту маълумоти хуб надори, агар савод медошти, дехкон неву иктисодчи шуда кор мекарди!» Хамин чиз уро ба нанг меорад ва ба хулосае меояд, ки вай бояд исбот кунад, ки ба чи кодир аст. Баъди ин дохил мешавад ба Университети Давлатии Точикистон ба номи В.И. Ленин. Соли 1996 Академияи дипломатии Вазорати Умури Хоричии Руссияро хатм кардааст. М. Кабири ба ёд меорад, ки бори охир аз падараш соли 1980 – замони 15 сол доштанаш пул гирифтааст. Бо он 27 сум либос мехарад. Он вакт мухассили техникуми омор буд. Аввалин кадамаш дар рохи озодии иктисодиро у хамон тухмфурушиаш дар синфи 6 медонад. Он вакт аз пули фуруши он ба ахли оила тухфа мехарад. Замони донишчуи бо ним маош кор карда, хамчунин стипендияи Ленини мегирифт. Икрор мешавад, ки мехохад лахзае инсони одди бошад – на дар мавриди сиёсат, балки дар бораи оила ва волидонаш фикр кунад. Баъзан бо наклиёти чамъияти мегардад. М. Кабири дар чое ба ёд овардааст, ки чи гуна як вакт ба деха ба аёдати волидонаш рафту баъди аз масчид хаста баргаштани падараш пойхои уро махс карду молид то вакте ки падарро хоб бурд. Ба андешааш дар чанд муддати охир ин бехтарин амале буд, ки у анчом дод. Мегуяд, ки миёни анбухе, ки хама якранг фикр мекунад, дергох буда наметавонад. Ба футбол ва теннис таваччух дорад. Баъзан ба гуштингири хам меравад. Дустдори китобхои таърихи аст.

==========================================================================

Зайниддин Мухиддинов 15 январи соли 1950 дар дехаи Саройи нохияи Файзобод таваллуд шуда буд. Баъди хатми мактаби миёна дар ончо мураббии пионерон буд. Соли 1970 ба шуъбаи шабонаи факултаи физикаи Донишгохи Давлатии Точикистон дохил мешавад. Баъди хатми Донишгох муаллим ва баъдтар Директори мактаб таъин мегардад.

Аз соли 1980 котиби масъули газетаи «Хакикат» («Насими айём») -и нохияи Ленин (холо Рудаки) буд. Аз соли 1983 то соли 1984 дар макоми Сармухаррири хамин газета фаъолият мекунад. Мохи майи соли 1994 Раиси колхози ба номи Сайфиддин Пулодови нохияи Ленин интихоб мешавад. Узви Иттифоки журналистони Точикистон буда собикаи 14 солаи журналисти дошт.

Шаби 14 марти соли 1995 шахсони номаълум — Зайниддин Мухиддиновро аз хона бароварда ба катл мерасонанд. У намояндаи мардум дар Парлумон буд.

==========================================================================

Сафарали Рачабов 2 сентябри соли 1955 дар нохияи Файзобод таваллуд шудааст. Солхои 1973-77 дар Донишкадаи Давлатии омузгори тахсил кардааст. Аз соли 1983 то 89 дар Донишкадаи хочагии кишлок гоибона тахсил мекунад. Аз соли 1972 то соли 1973 дар совхози «Калъаи дашт» кор мекунад. Соли 1977 як муддат дар мактаб фаъолият кардааст. Аз мохи октябр соли 1977 то декабри 1980 дар вазифаи Директори клуби варзиши ва техникии нохияи Файзобод кор мекунад. Солхои 1980-86 Директори комбинати байнимактабии таълими-истехсолии хамин нохия буд. Аз соли 1986 то соли 1990 дар вазифаи Директори ОКТ №24 фаъолият кардааст.

Солхои 1990-95 намояндаи мардум, котиб, муовини раис ва аз соли 1992 Раиси кумитаи Шурои Олии Точикистон оид ба тартибот, конунгузори ва хукуки инсон буд. Соли 1995 вакили мардуми аз хавзаи интихоботии Мискинобод №55 интихоб мешавад. Аз 6 апрели соли 1995 то соли 2000 Раиси Мачлиси Олии Точикистон даъвати аввал буд.

Аз мохи январи соли 2000 дар вазифаи Вазири маорифи Точикистон корро давом медихад. Аз мохи феврали соли 2005 вакили мардуми дар Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Точикистон аз ХХДТ руи хавзаи ягонаи умумичумхурияви интихоб мешавад. 5 октябри соли 2011 бар асари сактаи калби вафот кардааст.

Маросими ҷанозаи собиқ райиси МН, собиқ вазири маориф ва раиси Кумитаи МН соати 11-и 6-уми октябр дар масҷиди марказии пойтахт баргузор шуда, ҷасади марҳум дар қабристони Лучоб ба хок супорида шудааст.

==========================================================================

Шарифов Умедчон Абдукаримович —30-юми декабри соли 1984 дар чамоати шахраки Файзободи нохияи Файзобод дар оилаи хизматчи таваллуд шудааст. Соли 1991 ба мактаби миёнаи тахсилоти хамагонии №1, ба номи Исмоили Сомонии нохияи Файзобод ба синфи аввал ќабул шуда, соли 2002-юм онро бо бахои аъло хатм намудааст. Худи хамон сол хуччатхои худро ба факултаи «Хуќуќшиноси»-и Донишкадаи иќтисодии Точикистон супорида, пас аз супоридани имтихонхои дохилшави донишчўи соли аввал мегардад. Соли 2007-ум Донишкадаи иќтисодии Точикистонро бо ихтисоси «Хуќуќшинос» ва дипломи аъло хатм намудааст. Аз соли 2007 инчониб дар кафедраи «Таъмини хуќуќии фаъолияти иќтисоди» (собиќ кафедрахои «Хуќуќи андоз ва сохибкори», «Хуќуќи сохибкори» ва «Хуќуќи иќтисоди)-и Донишкадаи иќтисодии Точикистон ба хайси ассистенти кафедра фаъолият дорад. Унвончуи ДМТ. Дар хаёти илми, назарияви, методи ва чамъиятии Донишкада фаъол буда, муаллифи 2-китоби дарси ва якчанд маќолаи илми аст. Аз мохи августи соли 2012 муовини декани факултети «Менечмент ва хуќуќи молияви»-и ДМИТ оид ба илм аст. Оиладор.

Шугли дустдошта – китобхони, варзиши сабук, театр ва интернет.

Гоххо модараш таърихи номгузориашро ба ёд оварда накл мекунад, ки вакте ки у тавлид ёфтааст, хешу табори модараш, аниктараш тагои модараш гусфанде забх намуда, ба у Муродулло ном мегузоранд, аммо падараш хангоми шаходатномаи таваллуд гирифтан, ба у Умедчон ном мегузорад То хол хешу пайвандони модараш уро Муродулло ва наздикони падараш бошанд, Умедчон ном мебаранд. Дар мактаб, куча (бештари авќот) ва коргох бошад, у Умед аст.

=========================================================================

Сайрам Бакозода -Номзади илмхои филология (2011) — 14 феврали соли 1977 дар нохияи img_20160830_111711Файзободи Точикистон дар оилаи зиёи ба дунё омадааст. Соли 1994 мактаби миёнаро хатм карда, худи хамин сол ба Донишгохи Омузгории Точикистон, ба факултаи филологияи точик дохил шудааст. Аз овони чавони хануз ба таърих ва адабиёти халки точик ва чахон шавку хаваси зиёд доштааст. Баъди хатми Донишгох як сол дар Донишгохи мазкур ба хайси муаллими хурд дар факултахои гайрифилологи фаъолият карда, соли2001-ум ба шуъбаи аспирантураи Институти забон ва адабиёти ба номи Рудакии Академияи илмхои ЧТ хуччатхояшро месупорад. Худи хамин сол барои чустучухои корхои илмияш дар мавзуи «Таърихияти эчодиёти Сотим Улугзода» ба Институти адабиёти чахонии ба номи М.Горкий ба шахри Маскав равона шуда, тули як сол ончо мемонад.

Аз соли 2002 то соли 2006 дар Маркази кудакон ва наврасони шахри Душанбе, сармухарририи рузномаи бачагонаи «Насли наврас»-ро ба ухда дошт.

Аз мохи феврали соли 2006 ба хайси мухаррир ба Идораи барномахои фарханги фарогатии телевизиони Точикистон даъват карда мешавад. Дар аввал ба хайси мухаррир дар барномаи наврасон «Манора» фаъолияти худро огоз карда, пас аз се мох нахустбарномаи муаллифиаш бо номи «Сарнавишт» ва кахрамони аввалинаш нависандаи бузург ва таърихнигори точик Сотим Улугзода пешкаши тамошобинон гардонида мешавад.

Хамчун мухаррири варзидаи Гурухи эчодии «Симо» силсилабарномахои «Сарнавишт» аз хаёти мардони бузурги таърихи, онхое, ки чабри таърих зиёд дидаанд накл карда мешавад. Шириншох Шотемур, Нусратулло Махсум, Сотим Улугзода , Чалол Икроми, Фазлиддин Мухаммадиев, Буриниссо Бердиева, Абдукодир Мухиддинов, Беназир Бхутто ва дигарон он симохое хастанд, ки дар барномаи «Сарнавишт»-и Сайрам Бакозода ба тамошобинон аз наздиктар ошно карда шуданд.

Барномаи дигари Сайрам Бакозода, ки байни тамошобинон махбубият пайдо карда буд, «Садои хамватан» буд, ки аз хаёти точикони бурунмарзии шахрхои Киргизистону Маскав омода шуда буд ва хеле хотирмон ва таъсирбахш хам буд.

Аз мохи феврали соли 2010 Сайрам Бакозода ба хайси сармухаррири гурухи эчодии СИМО фаъолият дошта, тули ин муддат барномахои нави «Шоми диёр», Таъкид дар мавзуи худшиносии милли, «Накшхои сухангу» дар мавзуи либоси милли, «Тавозун» дар мавзуи баробарии гендери, «Оханги умед» инчунин дар рузхои чашнхо дар якчояги бо гурухи эчоди барномаи мустакими Тамосро пешкаши тамошобинон мегардонад. Рисолаи илмии худ дар мавзуи «Таърихияти насри Сотим Улугзода»  химоя карда, номзади илм ва дотсент мебошад.С.Бакозода муаллифи ду китоб, 1 монография ва 10 маколаи илми аст.
Айни замон (2017) дар вазифаи муовини якуми директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. 

Накша дорад киссаи зиндагии  кахрамонхои барномаи «Сарнавишт»-ро дар шакли як китоб чамъовари карда, нашр созад. Инчунин орзуи таъсис додани мактаби махсуси журналистикаи худро дорад. Оиладор, сохиби як духтар бо номи Шируя ва як писар бо номи Билол аст.

=========================================================================

Аминов Хўчаназар Файзуллоевич 20-уми марти соли 1972 дар дехаи Элоки нохияи Файзобод ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи раќами 11-и нохияро соли 1989 хатм карда, соли 1990 ба факултаи журналистика ва тарчумонии Донишгохи Давлатии Точикистон (холо Донишгохи миллии Точикистон) дохил шуда, ин муассисаи олии таълимиро соли 1995 бо ихтисоси журналист хатм намудааст.

Баъди хатми донишгох ба Телевизиони Точикистон ба кор омада аз мохи августи соли 1995 ба хайси мудири бахши хабарнигорони Телевизиони Точикистон ба кор ќабул карда мешавад.

Солхои 1996-1999 ба хайси мухбири махсуси Телевизиони Точикистон дар вилояти Хатлон кор кардааст.

Аз соли 1999 то соли 2004 хамчун мухаррири варзидаи идораи барномахои иттилоотии Телевизиони Точикистон фаъолият карда, аз мохи марти соли 2004 то мохи марти соли 2005 дар вазифаи сармухаррири идораи барномахои иќтисодии Телевизиони Точикистон ифои вазифа намудааст.

Аз мохи марти соли 2005 то мохи ноябри соли 2008 ба хайси муовини сармухаррири идораи барномахои иттилооти фаъолият карда аз 4-уми ноябри соли 2008 то инчониб сармухаррири идораи барномахои иттилоотии шабакаи якуми Телевизиони Точикистон мебошад.

Хизматхои арзандаи Аминов Хўчаназар (Хўчаназари Аминиён) дар сохаи журналистикаи телевизион соли 2006 бо мукофоти давлати- Ифтихорномаи Президенти Чумхурии Точикистон ќадр карда шудааст.

Аминов Хўчаназар хамчунин дар давоми фаъолияти кории худ дар Телевизиони Точикистон барои хизматхои арзанда ба ифтихорномаи Кумитаи Телевизион ва радиои назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон сарфароз гардонида шуда, соли 2009 бо нишони «Аълочии Телевизион ва радио» мукофотонида шудааст.

==========================================================================

Акбаров Неъматулло (Неъматуллоҳ Акбар) (14 январи 1986 – деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод). Неъматуллои Акбар.jpgФориғуттаҳсили факултаи журналитикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2003–2008). Стипендиат-коромӯз, сипас корманди шуъбаи реклама ва маркетинги ҶСК «Ориёнбонк» (2005–2010). Роҳбари Иттиҳодияи эҷодии филмҳои мустанади Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» (2010–2013). Сардори шуъбаи методии Муассисаи давлатии Маркази кӯдакон ва наврасони ш. Душанбе. Аз соли 2015 ба инҷониб муҳаррири пешбари редаксияи фарҳанг, маърифат, корҳои ҳарбӣ, варзиш ва туризми Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, ҳамзамон аспиранти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ҶТ. Таҳти роҳбарии номзади илмҳои таърих Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ ва машварати доктор Манучеҳр Муштоқ Хуросонӣ дар мавзӯи «Ҷангафзорҳои тоҷикон дар асрҳои миёна» рисолаи илмии номзадӣ менависад. Неъматулло муаллиф ва ҳамкоргардони 5 филми ҳуҷҷатӣ ва илмию оммавӣ: «Ду дасту як дил» (дар бораи тарҳи муштараки Тоҷикистону Эрон – Неругоҳи «Сангтӯда-2»), «Асри мавҷ» (бахшида ба соли фарҳанги техникӣ), «Ҷилваи ҳусн» (доир ба фарҳанги либоспӯшии тоҷикон), «Махзани илм» (бахшида ба 60 солагии Академияи илмҳои ҶТ), «Тоҷикматлубот: 90 сол» (аз таърихи таъсис ва фаъолияти «Тоҷикматлубот») буда, дар як филми ҳунарӣ низ роли қаҳрамони марказиро иҷро намудааст. Ба ҳунарҳои размӣ ва санъати тасвирӣ алоқаи зиёд дорад. Мақолаҳои илмӣ ва расмҳои кашидаи ӯ дар Донишномаи Миллии Тоҷик нашр шудаанд. Қаҳрамони кёкушинкаи ш. Душанбе (2012) ва Осиёи Марказӣ (2016) мебошад.

==========================================================================

Чалилов Аскар Шарифбекович- 25 марти соли 1972 дар нохияи Файзобод таваллуд шудааст. Хатмкардаи Мактаби мусикии нохияи Файзобод ва Донишкадаи санъати Точикистон ба номи М. Турсунзода. Аммо таърихи дурусти таваллудашро у 27 феврал мегуяд. 25 март хамон рузе буд, ки бибии Зулайхо барои наберааш шаходатномаи таваллуд мегирифт. Аскар барои он уро ном гузошта буданд, ки замони тавлиди у падараш дар аскари буд. Хабари писардоршавиашро у дар Чита шунида буд. Соли 1987 тахсилро дар омузишгохи мадани- равшаннамоии нохияи Ленин (холо Колечи Фарханги нохияи Рудаки) давом медихад. Баъди хатми он муассиса соли 1990 ба сафи Куввахои мусаллах даъват мешавад. Ним соли омузиши аввалияро дар Чеченистон сипари кардааст. У хатто барои идомаи хизмат дар Олмон кушиш кардааст. Мегуяд, ки мехост ба Олмон равад ва дар баробари адои хизмат як асбоби баркии мусики хам бихарад. Баъди он ки муваффак намешавад, хохиши дар Батуми идомаи хизматро мекунад. Он вакт дар ончо вазъ на он кадар ором буд. Вале у ихтиёри хамин минтакаро барои идомаи хизмат интихоб мекунад. Баъди адои хизмат корро ба хайси омузгори фанни мусики дар мактаби миёнаи раками 5 (дехаи Кабкрез) огоз мекунад. Баъд боз ду соли дигар рохбари махфили мусикии омузишгохи касби техникии раками 24-и нохияи Файзобод буд. То соли 1999 дар мактаби мусикии бачагонаи ба номи Дустмуроди Али кор мекунад. Соли 1999 хам ба Донишкадаи санъати Точикистон ба номи М. Турсунзода дохил мешавад ва хам дар Ансамбли давлатии раксии «Лола» ба кор огоз мекунад. Баъди 5 соли фаъолият дар Иттиходияи эъчодии гуруххои консерти ва хунари ба кор мепардозад. Холо дар ин муассиса фаъолият ва эчод дорад. Муаллифи як албоми таронахо ва чандин оханг аст. Сарояндахои машхури имрузи Точикистон- Малика Саидова, Хабибуллои Мирзошариф, Мухаррама Шарифова, Сафаргул Юсуфова, Шахроми Абубакр, Сарабеки Рахмон, Садбарг Хасанова, Садбарг Ашурова ва дигарон охангхои эчодкардаи уро сурудаанд. Бо Хунарманди мардумии Точикистон Парда Косимов 5 сол хамкори кардааст. Таронахои «Ачаб гул», «Модар», «Занги охирин», «Ёри мара бин..(Файзигул Юсуфова)», «Алла» (Малика Саидова), «Точикистон» (Сафаргул Юсуфова), «Хусни ду олам» (Шахроми Абубакр), «Мову ту» (Шахроми Абубакр ва Нигина Амонкулова) махсули эчоди Аскар Чалилов аст. Оиладор ва сохиби 6 фарзанд аст.

=======================================================================

Амирбекзода Ҳабибулло, 7-уми октябри соли 1979 дар ҷамоати деҳоти Дарагиёни %d1%85%d0%b0%d0%b1%d0%b8%d0%b1%d1%83%d0%bb%d0%bb%d0%be-%d0%b0%d0%bc%d0%b8%d1%80%d0%b1%d0%b5%d0%ba%d0%b7%d0%be%d0%b4%d0%b0ноҳияи Файзобод дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст.Соли 1996 мактаби миёнаи №60-и ноҳияи Синои шаҳри Душанберо бо баҳои хубу аъло хатм намуда, худи ҳамон сол ба факултаи ҳуқуқшиносии ДДМТ дохил шуда, соли 2001 онро бо ихтисоси ҳуқуқшиноси байналхалқӣ хатм намудааст. Сипас, соли 2001 бо роҳхати ДДМТ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор рафта, то соли 2008 дар вазифаҳои котиби маҷлиси судӣ, мутахассиси дараҷаи аввал оид ба парвандаҳои гражданӣ, ёрдамчии Раис, мушовир, сардори шӯъбаи арзу шикоятҳо, Сардори шўъбаи ҷамъбасткунӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба судҳои поёнӣ фаъолият намуда, аз соли 2008 то соли 2010 дар вазифаҳои мутахассис, сармутахассиси шўъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандон ва сармутахассиси шўъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намуда, аз соли 2010 то соли 2015 дар вазифаи Роҳбари Дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.

Ҳамзамон, соли 2010 ба факултаи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (маълумоти дуюм) дохил шуда, соли 2013 онро хатм намудааст.

Инчунин, унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар мавзӯи «Санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқ: ҷанбаҳои умумии назариявӣ» кори илмӣ намуда истодааст.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2015 ба ҳайси муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

======================================================================

%d0%ba%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%bc%d0%b0%d1%82-%d1%88%d0%b0%d1%80%d0%b8%d0%bf%d0%be%d0%b2

ШАРИПОВ Каромат Бакоевич, 1-уми апрели соли 1963 дар Файзобод ба дунё омадааст. Соли 1984 омузишгохи олии харби-сиёсии Симферопольро хатм мекунад ва бо роххат ба Казокистон фиристонида мешавад. Ончо хизмати низомиро дар макоми муовини кумандони маркази таълими идома медихад. Аз мохи июни соли 1986 шомили хайати фармондехии гурухи гарбии низомиёни шурави дар Олмон буд. Соли 1989 мактаби олии хизбии назди КМ ХКИШ хатм мекунад. Аз соли 1993 то соли 1996 хизматро дар хайати нерухои сулххохи Русия идома медихад. Соли 2001 бо даъвати гурухи хамватанон дар ФР сарварии Бунёди дастгирии зодагони Точикистон – «Точик-диаспора»-ро ба душ мегирад. Муассиси газетаи «Овози точикистонихо» («Голос таджикистанцев») аст.

 12 майи соли 2003 дар Маскав конфронси 2-юми зодагони Точикистонро дар мавзуъи «Вазъи мухочирони мехнатии точик дар фазои пасошурави» ташкил мекунад. Махз дар хамин конфронс Созмони Байналмиллалии Чамъиятии «Лигаи мардумии точикон» ташкил карда мешавад ва у сарварии он созмонро ба душ мегирад. 10-уми ноябри соли 2007 чаласаи аввали халкиятхои Точикистонро бо ширкати намояндагони кишвархои гуногуни дунё  баргузор мекунад. Дар чараёни хамин чаласа карор дар бораи таъсиси Созмони чамъиятии умумирусиягии «Мухочирони мехнатии Точикистон» кабул карда мешавад ва у якдилона сарвари он харакат интихоб карда мешавад. 10-уми декабри соли 2008 бошад, он чунбиши мухочирони кори  сабти давлатиро мегузарад ва барои фаъолияти конуни  хукук пайдо мекунад.

Соли 2010 Академияи хизмати давлатии Шимоли Кафкоз (ш. Ростови лаби Дон)-ро бо ихтисоси «Идоракунии махалли ва давлати»  хатм кардааст.

26-уми сентябри соли 2010 дар Крым, дар шахри Севастополь Конфронси байналмиллалии муассисони харакати «Мухочирони мехнатии Точикистон»-ро бо ширкати сарварони диаспорахои точикони ФР, Украина, Белорусия ва Казокистон баргузор мекунад.

 «…Я разучился спать, потому что в течение десяти лет доступен для мигрантов все 24 часа в сутки. Я решаю их проблемы! Обо мне нехорошо отзываются и мародеры от милиции, для которых трудовой мигрант является добычей. И работодатели, которые не платят трудовым мигрантам, заработанные ими деньги….» (Каромат Шарипов)

======================================================================

Аминов Абдулфаттох – 5-уми апрели соли 1981 дар дехаи Бобои Валии нохияи Файзобод, Чумхурии Точикистон дар оилаи зиёи ба дунё омадааст. Соли 1998 мактакби миёнаи № 9-и дехаро хатм намуда. Худи хамон сол ба факултети филологияи Донишгохи давлатии омузгории Точикистон ба номи Кандил Чураев (холо ба номи Садриддин Айни) дохил мешавад. Соли 2003 баъди хатми донишгох дар кафедраи умумидонишгохии забони точикии хамон донишгох ба хайси асистенти кафедра фаъолияти кориро огоз намуда ба факултетхои гайрифилологи аз фанни забон ва адабиёти точик дарс мегуяд.

Соли 2006 ба шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рудакии Академияи илмхои ЧТ барои дохил шудан аспирантура хуччатхояшро месупорад. Баъди дохил шудан ба аспирантура бо унвони «Пайдоиш ва мавкеъи анъанаи гулбазм дар чашни арусии точикон» рисолаи илми гирифта барои тадкикоти он солхои 2007-2008 ба нохияхои гуногуни чумхури аз кабили; Кубодиён, Шахритус, Кумсангир, Чиликул, Фархор, Балчувон, Восеъ, Рудаки, Варзоб, Вахдат, Файзобод, Панчакент, Тавилдара ва Дарвоз сафархои хизмати менамояд.

Соли 2007 маколаи аввалини илмиаш бо номи «Гулбазм хамчун падидаи ичтимои – фархангии солхои 90-уми асри гузашта» дар мачмуаи «Вахдати мили ва инъикоси он дар фолклори точик», ки ба 10-солагии иди Вахдат бахшида шудааст, нашр мегардад. Соли 2009 бошад маколаи дигараш бо номи «Баъзе хусусиятхои илмии анъанаи гулбазм» дар мачалаи Ахбори Академияи Илмхои Чумхурии точикистон чоп мешавад.

Соли 2009, баъди хатми аспирантура дубора ба Донишгохи омузгори ба кор даъват мешавад. Аз мохи феврали соли 2009 ба хайси мутахассиси шуъбаи кор бо чавонони Донишгох корро огоз намуда, аз мохи марти соли 2010 инчониб дар вазифа мудири шуъбаи фарханги донишгох, хамзамон муаллими калони кафедраи умумидонишгохии забони точики фаъолият намуда истодааст.

Мачмуаи аввалинаш бо номи «Таронахои гулбазм» дар арафаи чопшави карор дорад. Инчунин бояд дар моххои наздик рисолаи илмиашро дифоъ намояд. Оиладор, сохиби се фарзанд бо номхои Рабони, Зулола ва Зулхия.

==========================================================================

Шарифов Парвиз Одилшоевич -03. 06. 1986 дар дехаи Сари Сафедхоки нохияи Файзобод таваллуд шудааст. Дар оила фарзанди нахўстин аст. 1-уми сентябри соли 1993 ба мактаби миёнаи №24 и нохияи Файзобод ба синфи 1 ќабул шуда, соли 2004 онро хатм намудааст. Дар давраи мактаби аз синфи 9-ум то синфи 11, яъне 3 сол дар озмуни чумхуриявии мактаббачагон аз фанни риёзи иштирок намуда, чойхои намунавиро ишѓол мекард. Дар аввал хело мехост, ки як математики хуб шавад, вале баъди хатми мактаб ба хулосае омад, ки иќтисодчи шавад, чунки иќтисодиёт бе матиматика, яъне хисоб хеч аст. Баъди хатми мактаби миёна ба факултаи молиявию иќтисодии ДМТ, ихтисоси 060400 «Молия ва ќарз» дохил шуда, соли 2009 онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Дар айёми донишчўи низ дар озмуни чумхуриявии донишчуён аз фанни иќтисод иштирок карда, чойхои намоёнро ишгол мекард. У аз зумраи иштирокчиёни фаъоли барномаи зехнии телевизионии «Интеллект-Шоу» буд. Аз соли 2009 инчониб дар ЧСК «Точиксодиротбонк» кор мекунад ва феълан аспиранти курси дуюми ДМТ аст. Оиладор. Парвиз шикори мохи ва сайдро хеле дуст медорад.

=========================================================================

Шоира Рахимзода. Дар Файзобод дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 2004 мактаби Шоира Рахимзода.jpgмиёнаи  раками 1-и маркази нохияро хатм намуда, худи хамон сол ба ДМТ дохил мешавад. Соли 2009 Донишгохро бо ихтисоси «Иктисодчи-менечер»  хатм кардаам.  Дар баробари дар Донишгох тахсил намудан, аз соли 2004 фаъолияти эчодияшро дар  Телевизиони Точикистон аз идораи «Субх» огоз кардааст. Баъди як муддат корро дар идораи иттилооти идома медихад. То имруз харчанд борхо кушиш кардаст, ки  фаъолияташро дар  самти иктисод идома дихад,  аммо мехри телевизион уро нагузоштааст, ки он даргохро тарк кунад. Маълумоти дуюми Шоира Рахимзода «Хукукшинос» аст. Он ихтисосро баъди хатми Донишгохи Миллии Точикистон ба даст овардааст. Алъон дар курси 4-уми Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти ЧТ тахсил дорад.

Шоира бо симои зебову точиконаи хеш, нутки буррову фасех ровии чандин лоихахои телевизони, махфилу маърака ва чаласаву нишасту консертхои сатхи баланд буд. Бо як катор мукофоту ифтихорномахои сохави сарфароз шудааст.    

=========================================================================

Ғафуров Ҷамшед Сатторович

Соли 1971 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Таҳсилоти миёнаро дар мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонии рақами 1-и ноҳия гирифтааст.

Донишогоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимиро бо ихтисоси мӯҳандиси сохтмон хатм кардааст.

Аз соли 1993 фаъолияти худро дар ширкатҳои ба бунёди газопровод ва нефтепровод машғул оғоз намуда, аз мутахассиси оддӣ то ба вазифаи директори генералӣ расидааст. Дар кишварҳои Россия, Белорус, Украина, Туркия, Алҷазоир, Испания ва Қазоқистон фаъолият намудааст. Дар гузоштани се рекорди ҷаҳонӣ оид ба васли қубурҳои газгузар дар як басти корӣ шахсан иштирок намудааст. Охирин рекорди мутлақи ҷаҳонӣ, ки дар давоми як басти корӣ 262 пайванди қубур анҷом дода шуд, дар Қазоқистон сурат гирифт ва онро мутахассисони марҳилаи 3-юми бунёди газопроводи «Қазоқистон-Хитой» дар ҳайати ширкати «КазСтройСервис» зери роҳбарии Ҷамшед Ғафуров моҳи августи соли 2009 гузоштанд. Бояд зикр кард, ки дар ҳайати ин гурӯҳ 22 нафар мутахассисони дараҷаи олии байналмиллалӣ аз Тоҷикистон низ ҳастанд, ки аксарияти онҳо фарзандони Файзобод мебошанд ва маҳз бо дастгирии Ҷамшед Ғафуров ба ин зина расидаанд.

Ҷамшед Ғафуров аз моҳи августи соли 2011 директори генералии СГК-ТПС-7 «Стройгазконсалтинг» таъин гардидааст.

==========================================================================

Восеев Қурбонназар Қувватович

01 марти соли 1971 дар деҳаи Тӯсафи ноҳияи Файзобод дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Замоне, ки дар радиову телевизион фаъолият дошт, ба ҳамин хотир Тӯсафӣ тахаллус гирифта буд. Мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонии рақами 21-и ноҳияро соли 1988 бомуваффақият хатм намуда, ба идораи рӯзномаи ноҳиявии «Набзи Файзобод» ба ҳайси мусаҳҳеҳ ба фаъолият оғоз менамояд. Охири ҳамон сол мухбири рӯзномаи мазкур таъин мегардад.

Солҳои 1989-1991 дар сафҳои артиши Шӯравӣ дар Украина ва Ӯзбекистон хизмат кардааст.

Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Солҳои 1994-1999 дар мактабҳои миёнаи рақамҳои 46 ва 21-и ноҳияи Файзобод ба ҳайси омӯзгор фаъолият намудааст.

Солҳои 1999-2003 дар шабакаи радиои «Садои Душанбе» ва солҳои 2003-2009 дар Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун – аз хабарнигор то муовини сармуҳаррир кор кардааст.

Дар ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» кор кардааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

========================================================================

Акбар Кенҷаев. 4 марти соли 1983 дар рустои Кенҷаободи ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Дар омади гап бояд гуфт, деҳае, ки ӯ зода шудааст номи бобои ӯро дорад. 1 сентябри соли 1990 аввалин маротиба паси мизи мактабӣ нишаст ва соли 2001 мактаби №21-и ноҳияро хатм намуд. Худи ҳамон сол донишҷӯи донишгоҳи техники Тоҷикистон шуд. То як сол қабл аз хатми мактаби миёна мегуфт журналист мешавад, аммо 12 моҳи ахир фикру андешаашро як бора тағир дод ва ҳоло пушаймон нест аз ихтисоси гирифтааш. Соли 2006 донишгоҳро бо ихтисоси инженер-технолог ба итмом расонд. 3 июли соли 2006 дар корхонаи воҳиди давлатии Лоиҳакашию истеҳсолӣ ва банақшагирию меъмории ноҳияи Файзобод ба ҳайси техник-меъмор ба кор шурӯъ кард. Ҳоло бошад, сармутахассиси шӯъбаи меъморӣ аст.

=========================================================================

РАУПОВА Нигина, таваллудаш 21. 05. 1945, зодгоҳаш деҳаи Шерамони ноҳияи Файзобод. Нигина РауфоваҲофизи халқии РСС Тоҷикистон (1977). Фаъолияти эҷодиаш дар маҳфили ҳаваскорони Иттиҳодиияи истеҳсолии матоъҳои пахтагии ш. Душанбе оғоз ёфтааст. Баъд аз ғолибият дар азназаргузаронии ҳаваскорони санъати ш. Душанбе (1969 – 70) барои кор ба яке аз клубҳои шаҳрӣ даъват гардид. Солҳои 1971 – 75 сарояндаи ансамбли суруду хореографии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва ансамбли «Гулшан» (1975 – 76), аз соли 1976 сарояндаи Ансамбли мақомхонон ва баъд ансамбли «Дарё»-и Комитети РСС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ буд. Раупова Н. овози дилнишину ҷолиб дошт, сурудро бо услуби хос месароид. ӯ махсусан дар иҷрои суруду таронаҳои ишқӣ-лирикии халқӣ, инчунин дар сурудани офаридаҳои оҳангсозони тоҷик маҳорати баланд дошт. Сурудҳои халқӣ – «Ёрат манам», «Қадат баланд аст ёр», «Ман садқаи ту», «Намепурси номи ман», «Духтари каҷтоқӣ», « Нозам ба чашмонате», «Ошиқам» (оҳанги Ф. Одинаев, шеъри Лоиқ), «Аскарбача» (оҳанги Х. Абдуллоев, шеъри А. Қодирӣ ), «Бӯи гул» (оҳанги З. Шаҳидӣ, шеъри М. Турсунзода), «Ишқи хубон» (оҳанги М. Сафармамадов, шеъри халқ), «Кош медидам туро» (оҳанги Ҷ. Обидов, шеъри халқ) ва ғайра дар иҷрои ӯ писанди шунавандагон гардидаанд. Ба сурудҳои «Хуш омадед», «Наргиси шаҳло»  «Файзобод», «Рубоиёт» худаш оҳанг бастааст. Ҳамроҳи Ансамбли рубобчизанон ва ансамбли рақсии «Лола» ба Белоруссия, Молдова, Украина, Франсия, Афғонистон, Эрон сафарҳои ҳунарӣ кардааст. Дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (1966). Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. 

 21 декабри соли 2010 дар синни 65 солаги аз олам чашм пушидааст.

=========================================================================

Фазлиддин Асозода

Фазлиддин Асозода

Фазлиддин Асозода, 1-уми июни соли 1980 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1997 ба факултаи рӯзноманигорӣ ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) дохил шуда, соли 2003 таҳсилро ба анҷом расонидааст. Солҳои донишҷӯӣ бо ҳафтаномаҳои «Ҷавонони Тоҷикистон», «Оила» ва рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҳамкорӣ мекард. Баъди хатми донишгоҳ муддати 1 сол дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошт. Солҳои 2004-2005 дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба ҳайси муҳаррири шӯъбаи иқтисодӣ кор кардааст. Баъдан ба сифати муҳаррири масъули ҳафтаномаи «Реклама-сервис», ҷонишини сардабири ҳафтаномаи иттилоотиву сиёсии «Нигоҳ» ва муҳаррири «Нигоҳ», сармуҳаррири бахши тоҷикии АМИТ «Ховар» фаъолият дошт. Аз моҳи майи соли 2009 то сентябри соли 2010 ҷонишини сармуҳаррир ва сармуҳаррири ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «Пайкон». Аз моҳи сентябри соли 2010 то моҳи сентябри соли 2011 сармуҳаррири Оҷонсии иттилоотии TojNews буд. Аз сентябри соли 2011 инҷониб муҳаррири ҳафтаномаи «Фараж» аст. Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2008). Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2012). Оиладор, соњиби ду фарзанд- Мехроб ва Мухаммадчон.

==========================================================================

АНВАРЗОДА Сунатулло,  01.01.1978 дар ноҳияи Файзобод дар оилаи Сунатулло Анварзодахизматчӣ ба дунё омадааст.

Солҳои 1984 — 1994 мактаби миёнаи №1 нохияи Файзободро хатм намудаст.

Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ихтисоси иқтисодчӣ-менеҷер, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ аъло хатм кардааст. Илова ба ин, дар чандин донишгоҳҳои соҳавии дохил ва хориҷи кишвар такмили ихтисос кардааст. (аз ҷумла Ҷумҳурии Ҳиндустон, Шоҳигарии Тайланд, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Ҷумҳурии  Туркия, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қирғизистон.

Фаъолияти кории худро соли 2001 аз мансаби муҳосиби шуъбаи баҳисобгирии молиявии Агроинвестбонки ноҳияи Файзобод оғоз намудааст. Сипас, аз сабаби иваз шудани маҳалли зист (шаҳри Душанбе) дар марказҳои шуғли аҳолии ноҳияи Шоҳмансур ва шаҳри Душанбе аз мутахассиси дараҷаи якум то сармутахассиси шуъбаи бозори меҳнати муассисаи давлатии «Маркази шуғли аҳолии шаҳри Душанбе» (бо тариқи гузариш) кору фаъолият намудааст.

Солҳои 2007-2011 дар мансаби сармутахассиси шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ кору фаъолият намудааст.

Солҳои 2011-2012 дар Лоиҳаи ислоҳоти бахши давлатии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Мусоидат ба ислоҳоти хизмати давлатӣ дар Тоҷикистон» дар мансаби мушовири маҳаллӣ кору фаъолият намудааст.

Солҳои 2012-2015 дар мансаби роҳбари барномаи магистрии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудаст.

Солҳои 2015-2016 дар мансабҳои сардори шуъбаи умумӣ ва сардори шуъбаи кадрҳо ва ташкилии Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон кору фаъолият намудааст.

Аз 03 январи соли 2017 дар вазифаи коршиноси маҳаллии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Эрҷис» дар татбиќи Барномаи мутобиќшавӣ ба таѓйирёбии иќлим ва кам кардани таъсири он ба ҳавзи баҳри Арал, ки бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ мешавад,  ќабул гардида, то ҳол кор карда истодааст.

Ғайр аз ин, дар Лоиҳаҳои созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ, Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон, Иттиҳоди Аврупо, Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ), БРСММ (UNDP), OXFAM ва ғ. ба ҳайси ҳамоҳангсоз ва коршинос фаъолият кардааст.

Дар давраи фаъолияти кориааш бо мукофоти соҳавӣ аз тарафи роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маркази шуғли аҳолии шаҳри Душанбе», Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Муаллифи якчанд маќолаи илмӣ буда, рисолаи номзадиашро дар мавзўи «Хусусиятҳои раванди ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳал» омода намуда, барои дифоъ пешниҳод кардааст.

======================================================================

Зулолаи Нур (Мушкинисо Асозода),  зодаи деҳаи Мушкиниссо Асозода (Зулолаи Нур)Муминободи ноҳияи Файзобод. Фориѓуттаҳсили факултаи рўзноманигори ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (солҳои 2001-2006). Чандин сол дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ҳамин деҳа ҳамчун омўзгор фаъолият кардааст. Ҳамкориро бо ВАО-и кишвар аллакай дар даврони донишљўи оѓоз намудааст. Нахустин навиштаҳояш дар нашрияҳои «Ҳамрози ҷавонон», «Ҷавонони Тоҷикистон» ва «Нерўи сухан» ба табъ расидаанд.

Аз соли 2005 то 2006 дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба ҳайси хабарнигор фаъолият дошт. Аз соли 2006 ба ҳафтаномаи «Реклама-сервис» ба кор гузашта, баъдан дар нашрияҳои «Нигоҳ», «Мароми пойтахт», «Бонувони Тоҷикистон», ҳафтаномаи «Пайкон», «Омўзгори ҷавон» ва оҷонсии иттилоотии TojNews фаъолият кардааст. Айни замон бо МТЖТ ва рўзномаҳои он ҳамкори дорад.

Китоби нахустинаш бо номи «Марг ва ҳаёт» соли 2011 ва китоби дигараш таҳти унвони «Роҳ ба сўи худ» соли 2015 ба нашр расидааст. Китобхои дигари ў «Наќш дар маҷро» ва «Аз Эрони бузург ба Тоҷикистони азиз» дар дасти чоп аст.

Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2012). Духтарчаи дустрўяш Шукронаро давлати худ мехонад.

=======================================================================

%d1%85%d0%b0%d0%b1%d0%b8%d0%b1%d1%83%d0%bb%d0%bb%d0%be%d0%b8-%d0%bc%d0%b8%d1%80%d0%b7%d0%be%d1%88%d0%b0%d1%80%d0%b8%d1%84МИРЗОШАРИПОВ Ҳабибулло Бӯриевич, таваллудаш 3. 01. 1966. зодгоҳаш ноҳияи
Файзобод, омӯзгор. Соли 1985 Омӯзишгоҳи мусиқии ш. Душанбе ва баъд Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм намудааст. Баъди хатми донишкада дар вазифаҳои гуногуни шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Файзобод кор кардааст. Таҳти роҳбарии ӯ дар ноҳия театр-студияи ҳаҷвии «Шаҳрошӯб», ансамблҳои мақомсароён, карнайнавозон, фалаксароён ташкил карда шуданд. Ҳоло мудири шӯъбаи фарҳанги ноҳия мебошад. Соли 2008 бо нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

======================================================================

САИДОВА Малика Муродовна, таваллудаш 14. 08. 1968, зодгоҳаш деҳаи Қалъаидашти Малика Саидзода.jpg
ноҳияи Файзобод, сароянда. Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст. Аз соли 1991 дар ансамбли «Ҷаҳоноро» фаъолияит намудааст. Чанд сол  сарояндаи ансамбли «Дарё»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Саидова М. ҳофизаи хушовоз буда, сабку тариқаи хоси сурудхонӣ дорад. Таронахониаш басо пурсӯзу таъсирбахш аст. Бо овози фораму дилнишинаш кайҳост, ки мақбули шунавандагон гардидааст. Барои хизматҳои шоистааш дар соҳаи санъат соли 2007 бо медали «Хизмати шоиста» қадр карда шудааст. Холо ба тичорат машгул аст. 

=======================================================================


АхмадШОх ТаваккаловТаваккалов Ахмадшох Бахромович
  9.09.1982 дар нохияи Файзобод дар оилаи коргар тавалуд шудааст .Соли 1989 кадами аввалини худро ба мактаби миёнаи раками  1-и нохия гузошта, мактаби мазкурро соли 1999 бо мувафакият хатм  намудааст.  Хамон сол  ба ДДТТ  ба номи Абуали ибни Сино дохил шуда,  хамзамон хамчун бародари шавкат  дар Беморхонаи Карияи Боло дар бинои № 4 кор ва фаъолият намудааст. Баъд аз хатми  донишгох соли 2006 мохи август ба  зодгох — нохияи зебоманзари Файзобод баргашта,  ба хайси  духтури кудаконаи Маркази саломатии нохия ба кор шуруъ намудааст. Фаъолияти  кори ва  чусту чоликиаш  уро ба вазифаи пурмасъулият — муовини сардухтури Беморхонаи маркази  расонид .Дар ин вазифа аз 27 .02.2007 то  мохи октябри соли 2010 фаъолият намуда аст. Мохи феврали соли 2010 вакили  мачлиси вакилон дар нохия интихоб гашта,  бо пешниходи раиси нохия  ва фармони Кумитаи  чавонон варзиш ва сайёхии назди Хукумати Чумхури ба вазифаи мудири бахши чавонон варзиш ва сайёхии нохия таъин гашта, дар он вазифа то мохи октябри соли 2011 кор мекунад. Баъдан  боз ба вазифаи муовини сардухтур оид ба  хизматрасонихои  модарону кудакон  гузаронида мешавад ва  то мохи  декабри соли 2012 дар он маком фаъолият мекунад. Баъд ба вазифаи  духтури кудакона дар  шуъбаи таваллудхонаи нохия ба корро идома медихад.  Айни замон хамчун духтури кудаконаи шуъбаи таваллудхонаи  беморхонаи марказии кор ва фаъолият намуда истодааст. Оиладор ва сохиби  2 фарзанд аст писарчааш Мирзо дар синфи 4 ва  духтарчааш Шакира дар синфи 2 мехонанд.

=========================================================================

АМОНОВ Салоҳуддин (тав.  2 июни 1956, деҳаи Элок, ноҳияи Файзобод) — омӯзгор, %d1%81%d0%b0%d0%bb%d0%be%d1%85%d0%b8%d0%b4%d0%b8%d0%bd-%d0%b0%d0%bc%d0%be%d0%bd%d0%be%d0%b2хушнавис. Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики УДТ (1978).

Фаъолияти меҳнатиаш:

солҳои 1978–1980 — ходими илмии Осорхонаи ИТИИПТ,

1980–1992 — ходими илмии шӯъбаи методикаи таълими забон ва адабиёти ПИП,

1992–1993 — муаллими калони кафедраи забон ва адабиёти ИМТИБКМ,

1993–2001 — сармутахассис ва муовини раиси Анҷумани робита бо тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд»,

2001–2006 — хушнавис–таҳқиқгари Бунёди байналмилалии «Айнӣ»,

2006–2010 — котиби илмии Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон.

Аз соли 2012 мудири шуъбаи рушди мактаб (синфҳо)-и  камкомплекти Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон. Ба ҳайси хушнавис чанд китобро хаттотӣ  кардааст.

Осор:

КИТОБҲО

  1. Хрестоматияи адабиёт» барои синфи 8. Д., 1990.
  2. Машқи хат – 1. Д., 1991.
  3. Машқи хат – 2. Д., 1991.
  4. Китоби қироат – 1. Д., 1991 (ҳаммуаллиф).
  5. Китоби қироат – 2. Д., 1991 (ҳаммуаллиф).
  6. Алифбо. Теҳрон, 1991 (ҳаммуаллиф).
  7. Алифбои ниёгон. Китоби дарсӣ барои коллеҷҳои пе­да­го­гӣ. Д., 2010 (ҳаммуаллиф).
  8. Алифбои ниёгон (бо шариктаълиф), Душанбе, 2010.

ҶУЗВАҲО

  1. «Шоҳнома» – ҷилвагоҳи сухан». Д., 2012.
  2. Ёдҳо дар ёдҳо. Китоби хотирот бахш. ба «80-солагии Пажуҳишг. рушди маорифи Акад. таҳсилоти Тоҷикистон». Д., 2013.
  3. «Шукуфаҳои «Дили бемор». Д., 2015.

==========================================================================

КУрбонали Зиёев.jpgЗИЁЕВ Қурбоналӣ (тав.  12 майи 1960, деҳаи Элок, ноҳияи Файзобод) — омӯзгор. Хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти руси УДТ (1984).

Солҳои 1984–1990 — муаллими забон ва адабиёти руси мактаби миёна,

1991–2005 — мушовири шӯъбаи маорифи ноҳ. Файзобод.

2006–2012 — Мудири шуъбаи технологияи меҳнат, санъат, варзиш ва асосҳои амнияти хонандагони ПРМ.

2012–2012 — ходими пешбари илмии Шуъбаи таҳсилоти миёнаи умумии Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон.

Аз соли 2015 мудири Осорхонаи маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон.

Муаллифи 4 дастури методӣ ва зиёда аз 40 мақолаи илмию методӣ доир ба масъалаҳои гуногуни таълим, соҳаи маориф, тадриси фанни тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ дар синфҳои болоӣ ва ғайра.

Бо Ифтихорномаи ВМ ҶТ мукофотонида шудааст (2007).

Осор:

  1. Дастури методӣ (ба ёрии роҳбарони ҳарбии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон). — Душанбе, 2007. 34с.
  2. Ҳуқуқ дар низоъҳои мусаллаҳона. — Душанбе, 2010. 38с.
  3. Методикаи таълими омодагии дифои ҳарбӣ. — Душанбе, 2014. 138 с.
  4. Формы и методы физического воспитания учащихся начальных классов на основе комплексной программы и учебников — Душанбе, 2012
  5. Анализ постановки физического воспитания и военной подготовки в школах Республики Таджикистан — Маҷмӯи мақолаҳо, Душанбе, 2012

==========================================================================

  ЗИЁЗОДА Таваралӣ Нозимпур (тав. 20 августи 1942, ноҳияи Файзобод) — омӯзгор, Зиёев.jpgмуаррих. Доктори илмҳои педагогӣ (2012). Хатмкардаи факултаи таърихи ДДТ (1975). Баъди хатми таҳсил, то соли 1985 дар мактабҳои миёна ва омӯзишгоҳҳои касбомӯзӣ муаллимӣ кардааст.

Солҳои 1985–19993 — муаллими калони кафедраи таърихи Тоҷикистон ва таъриху ҷомеашиносии ДДОД,

1994–2011 — мудири шуъбаи фанҳои ҷомеашиносӣ ва муовини директори Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон оид ба илм.

Муаллифи 11 китоб (аз ҷумла “Асосҳои илмии тарбияи шаҳрвандии хонандагон дар таълими таърихи кишвар”, 2004; “Рушди маърифати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон”, 2007, (бо шариктаълиф); “Методология: гуманизм ба ҷои марксизм-ленинизм”, 2008; “Масъалаҳои илмию методологии мазмуни таҳсилоти фанҳои ҷамъиятшиносӣ”, 2009 ва дигарҳо), барномаҳои таълимии таърих, китобҳои дарсӣ, 3 стандарти давлатӣ доир ба таърих, инсон ва ҷомиа ва ҳуқуқи инсон, 5 дастури таълимию методӣ ва зиёда аз 200 мақолаи илмию методӣ. Дорандаи нишони сарисинагии АМ (2011).

Бо ордени “Шараф” (дараҷаи 1) (2002) мукофотонида шудааст. 

Осор:

  1. Таърихи дунёи қадим (китоби дарсӣ барои синфи 5, Душанбе, 1998);
  2. Таърихи асрҳои миёна (китоби дарсӣ барои синфи 6, Душанбе, 2005, бо шариктаълиф);
  3. Таърихи умумӣ, (китоби дарсӣ барои синфҳои 7, 8, 9, 10, Душанбе, 2005);
  4. Инсон ва ҷомеа, (китоби дарсӣ барои синфҳои 10–11, Душанбе, 2011, бо шариктаълиф);
  5. Ҳуқуқи инсон (китобҳои дарсӣ барои синфҳои 10-11, бо шариктаълиф);
  6. Маърифати шаҳрвандӣ, Душанбе, 2008,
  7. Шаҳрвандшиносӣ, Душанбе, 2010:

==========================================================================

Пиров Рахмон.jpgПИРОВ Раҳмон (тав. 3 июли 1951, ноҳияи Файзобод), омӯзгор, номзади илмҳои физикаю математика (1984), дотсент (1990), узви вобастаи Шӯъбаи тоҷикистонии АИ байналмилалии мактабҳои олӣ (2008).  Хатмкардаи факултаи математикаи ДДОД (1973).

Фаъолияти меҳнатиаш:

1973–1977 — ассистенти кафедраи таҳлили математикӣ

1977–1979 — муовини декани факултаи математикаи ҳамин донишкада.

1979–1982 — аспирант.

1982–1993 — муаллими калон ва дотсенти кафедраи таҳлили математикӣ,

1993–1998 — мудири ҳамин кафедра, 1998-1999 – муовини декани  факултаи математикаи ҳамин донишкада оид ба илм.

2000–2005 — ходими илмӣ, мудири шӯъбаи табиӣ-риёзии ПИП Тоҷикистон.

2006–2008 — сардори шӯъбаи таълим ва муовини ректори ДДОТ

Аз соли 2008 — дотсенти ДДОТ.

Муаллифи 215 мақолаи илмӣ, илмию методӣ ва чанд дастури таълим. Иштирокдори конфиронсҳои илмии ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ дар Новосибирск, Киев, Тошканд, Колорадо, Денвер ва ғайра. Дорандаи нишони сарисинагии АМ (1993).

Бо медали «Меҳнати шоиста» ва ифтихорномаҳои ВМ ҶТ мукофотонида шудааст.

Осор:

  1. Нишондоди методӣ аз анализи математикӣ оид ба корҳои мустақилонаи донишҷӯён (бо шариктаълиф), Душанбе, 1994;
  2. Дастури методӣ оид ба мубодилаҳои дифференсиалии муқаррарӣ (бо шариктаълиф), Душанбе,1998;
  3. Алгебра (китоби дарсӣ барои синфи 9; бо шариктаълиф), Душанбе, 2001;
  4. Алгебра ва ибтидои анализ (китоби дарсӣ барои синфи 10; бо шариктаълиф), Душанбе, 2005.

==========================================================================

МУҲАББАТИ ЮСУФ,  зодгоҳаш деҳаи Заркамари ноҳияиМухаббат ЮСУФИ.jpg Файзобод. Соли 2005 шӯъбаи ғоибонаи факултети рӯзноманигорӣ ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, то соли 2007 дар рӯзномаҳои «Садои мардум» ва «Ҷумҳурият» ба ҳайси хабарнигор  кор кардааст. Аз соли 2007 дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ба ҳайси мудири шӯъбаи илмӣ-методӣ ва маълумотию библиографӣ фаъолият дорад. Ҳамзамон сармуҳаррири рӯзномаи тахассусии «Роҳнамои дониш» мебошад. Соли 2003 китоби нахустинаш бо номи «Пайванди шикаста» ба табъ расидааст. «Зиндарӯд» китоби дуюми ӯ мебошад, ки қиссаи мустанад буда, аз рӯзгори пурфоҷиаи сарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ Қаландаров Мирзораҷаб ҳикоят мекунад.

=======================================================================

16735728_1213277528786143_398198838_oДустмуродов Фирдавси, 03.06.1987 дар нохия Файзобод, дехаи Муллотугма ба дунё омадааст. Соли 1994-2005 дар мактаби раками 6 — ВМФР дар ш.Душанбе тахсил намуда, пас аз хатми он ба Мактаби Олии иктисоди (Высшая школа экономики)-и шахри Москав дохил шуда, онро бо ихтисоси «Иќтисодиёти чахони» дар соли 2010 аъло хатм намудааст. Пас аз хатми донишгох ба шахри Кембричи (Британия Кабир) рафта, сатхи дониши худро дар сохаи «Бизнес админстрайшн» мукамал намудааст. Соли 2013 ба Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия дохил шуда, дар ончо номзадии худро химоя намудааст. Аз соли 2015 дар Хадамоти гумруки назди Хукумати Чумхурии Точикистон ба хайси Сарнозири Раёсати ба танзимдарории тарифию гумруки ва назорати арзи фаъолият менамояд!

=====================================================================

ҲАКИМОВ Акбар Дӯстмуродович, таваллудаш 26. 05. 1963, зодгоҳаш деҳаи Муллотуғмаи Акбари Дустмурод .JPG
ноҳияи Файзобод. Солҳои 1980 – 82 дар маъмурияти кинотеатри Файзобод кор кардааст. Ҳамзамон факултети ҳуқуқшиносӣ ва факултаи молия ва қарзи Университети давлатии Тоҷикистонро ғоибона хатм намудааст. Солҳои 1982 – 89 коргари муассисаи нақлиётии «Тоҷиктрансэкспедитсия», 1989 – 91 таъминотчӣ, 1991 – 93 ҷонишини директор ва 1993 – 95 директори кооперативи «Арча», 1995 – 96 мудири шӯъбаи ҳуқуқ, сардори Раёсати робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва 1996 – 97 муовини вазири Вазорати ғаллаи РСС Тоҷикистон, 1997 – 98 ҷонишини раиси Ширкати давлатии холдингии «Ғалла», 1998 – 2001 директори генералии Комбинати истеҳсолии ордбарории ноҳияи Нов, 2001 – 03 директори генералии Комбинати агросаноатии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли сарвари кулли ҶСК комбинати агросаноатии «Гулистон»-и ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ва ҳамзамон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамин корхона мебошад. Соли 2000 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, соли 2005 аз ҳавзаи интихоботии № 11-и ноҳияи Файзобод вакили мардумӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст ва ба ҳайси муовини раиси Кумита оид ба буҷет, молия ва саноат кор кардааст. Аз соли 2010 ба ҳайси раиси Шӯрои директорони ҶСК холдингии «Ганҷ» фаъолият дорад. Бо ордени Шараф (дараҷаи II) сарфароз гардидааст.

==========================================================================

Мухайё Нозимова.jpgМуҳайё Нозимова, соли 1984 дар оилаи муаллим ба дунё омадааст. Соли 1991 бори аввал ба мактаби миёнаи №15-и деҳаи Ҳайтак ба синфи якум рафта, баъдан таҳсилро дар мактаби №3-и деҳаи Қарабулоқ (ҳозира «Бӯстон») идома додааст. Соли 1993 бинобар кӯч бастани оила ба Душанбе, таҳсилро дар мактаби №24-и идома дода, соли 2002 мактаби №15-и пойтахт бо медали тилло ба итмом расондааст. Ҳамон сол ба Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, факултаи журналистика ва тарҷумонӣ дохил шуда, соли 2007 ин даргоҳро бо дипломи аъло хатм кардааст. Баъди бомуваффақияти хатм, устодон пешниҳод мекунанд, ки ӯ дар ҳамин донишгоҳ ва ҳамин факулта, дар кафедраи забонҳои хориҷӣ ба донишҷӯён аз забони англисӣ дарс гӯяд. Ҳанӯз аз даврони донишҷӯӣ Муҳайё кори худро бо расонаҳои хабарӣ оғоз карда, аввалин таҷрибаи ӯ дар ТВ «Шабакаи аввал» ҳамчун ёвари коргардон буд. Оғоз аз соли 2004 то 2006 ҳамчун хабарнигор дар радиолоиҳаи «Роҳи абрешим», ки бо маблағгузории ЮНЕСКО роҳандозӣ мешуд, кор карда, ҳамин сол кори худро бо Маркази тадқиқотии журналистии Тоҷикистон оғоз намудааст. Дар ин муддат, дар радифи устоди донишгоҳи миллӣ будан, аз хабарнигор дар ҳафтаномаҳои «Фараж», «Овоза» то сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ману ту» (2006-2010) кор кардааст. Оғоз аз соли 2011 Муҳайё муассис ва муҳаррири ҳафтаномаи «Овоза ва ҳақиқат» шуда, фаъолияти худро дар ин самт то 2012 идома додааст. Аз соли 2012 то соли 2016 дар вазифаҳои Ҳамоҳангсози миллии барномаҳои SCOOP (Шоҳигарии Дания) дар Тоҷикистон, сардори шӯъбаи маъюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, мушовири ВАО дар ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон», мутахассис оид ба алоқа бо ҷомеа дар ташкилоти байналхалқии «Фокус Кӯмаки Башардӯстона» (Фонди Оғохон) кор кардааст. Барои баланд бардоштани савия ва маҳорати касбӣ Муҳайё ҳамеша дар семинару тренингҳо ва конфронсҳои ватаниву хориҷӣ фаъолона иштирок мекунад. Дар баробари кори асосӣ, Муҳайё шаш лоиҳаи хурдро, ҳамчун фаъоли ҷамъиятӣ, бо дастгирии сафорати Амрико дар Тоҷикистон барои беҳбудии соҳаи журналистика ва кӯмаки ҷавонон амалӣ намудааст. Муҳайё Нозимова тарҷумони китоби Дебора Поттер «Рӯзноманигории мустақил» ва муаллифи дастурамал барои гузаронидани тадқиқоти журналистӣ «Тадқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон: аз назария то амалия» мебошад. Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

=========================================================================

Анварзода Мавҷуда АНВАРӢ, 2 апрели 1981 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. мавчуда Анвари.jpgЖурналист. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро (рӯзона) бо ихтисоси шарқшинос (гурӯҳи форсӣ) хатм кардааст. Аз соли 2002 то 2007 дар вазифаҳои   муҳаррир-наттоқ ва муҳаррири калони идораи ТВ «Субҳ»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳаррир ва наттоқи бахши хабарии Радиои «Ватан», солҳои 2007 то 2009 мутахассиси кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ фаъолият намудааст. Аз феврали соли 2010 инҷониб ба ҳайси хабарнигор дар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Аълочии Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узви Конфедератсияи Байналмилалии Иттифоқҳои журналистӣ мебошад. Оиладор, соҳиби се писар аст.

=======================================================================

ҚАЛАНДАРОВ Ғоибназар, таваллудаш 10. 05. 1925, зодгоҳаш деҳаи Майдони ноҳияи ГОИБ Мардона.jpgФайзобод, ходими давлатии советӣ, журналист ва публитсист. Коркуни хизматнишондодаи маданияти РСС Тоҷикистон (1975). Фаъолияти меҳнатиаш соли 1941оғоз ёфтааст. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Солҳои 1947 – 52 дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ кор кардааст. Соли 1955 Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ-ро хатм намудааст. Солҳои 1955 – 59 корманди газетаи «Тоҷикистони Сурх», муҳаррири газетаи «Сталинобод», котиби Комитети ҳизбии ноҳияи Марказии Сталинобод, 1959 – 73 мухбири махсуси газетаи «Правда» дар РСС Тоҷикистон, аз соли1977 раиси Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ, Раиси садорати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва аз сол 1974 котиби садорати Иттифоқи журналистони СССР буд. Муаллифи очерку асарҳои бисёри публитсистӣ. Соли 1976 узви КМ ПК Тоҷикистон, депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 8 – 11) интихоб шудааст. Бо орденҳои «Ситораи Сурх», Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи II), Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо сарфароз гардидааст.

=========================================================================

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0ҲАФИЗОВ Исматулло, таваллудаш 10. 10. 1943, зодгоҳаш деҳаи Бунгакиёни ноҳияи Файзобод. Соли 1960 Техникуми статистикии (омор) ноҳияи Орҷоникидзеобод ва соли 1970 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм намудааст. Солҳои 1962 – 65 дар хизмати харбӣ, 1970 – 74 сарагрономи «Селхозтехника»-и ноҳияи Орҷоникидзебод, 1974 – 79 нозири шӯъбаи ташкилии кумитети ҳизбии ноҳияи Орҷоникидзеобод, 1979 – 80 директори «Селхозтехника»-и байниноҳиявии ноҳияҳои Орҷоникидзеобод ва Файзобод, 1980 – 84 мудири хоҷагии қишлоқи комитети ҳизбии ноҳияи Орҷоникидзеобод, 1984 – 86 сардори Раёсати кишоварзӣ,1986 – 89 раиси Иттиҳодияи агросаноатии ноҳияи Орҷоникидзеобод, 1989 – 93 раиси Комитети иҷроияи Совети депутатҳои меҳнаткашони ноҳияи Кофарниҳон (ҳозира ш. Ваҳдат), 1993 – 95 мудири бахши шӯъбаи хоҷагии қишлоқи Совети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1995 – 96 ҷонишини якуми раиси Ассотсиатсияи «Тоҷикселхозхимия»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1996 –2009 директори Корхонаи воҳиди давлатии зотпарварии тухмии кирмаки Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2009 нафақагир. Дар давоми фаъолияти меҳнатиаш 10 маротиба депутати ноҳиявӣ интихоб шудааст. Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медали «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 45», Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

==========================================================================

ЮСУПОВ Ҳабибулло Ғуломович, таваллудаш 15. 02. 1946, зодгоҳаш деҳаи Дарагиёни ноҳияи Файзобод, генерал-майор. Соли 1965 Омӯзишгоҳи ҳарбии ш. Саратовро хатм намудааст. %d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0Солҳои 1969 – 70 дар ш. Золотоусти вилояти Члябински Федератсияи Россия хизмат кардааст. Солҳои 1970 – 98 дар қисми ҳарбии 6593 ВКД СССР ба ҳайси командири взвод, рота, баталион, сардори ситоди полк ифои вазифа намудааст. Соли 1998 муовини фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ ва соли 1999 фармондеҳи Қӯшунҳои ВКД ҶТ таъйин гардид ва дар ин вазифа то соли 2005 кор кард. Солҳои 2005 – 07 командири қисми ҳарбии 5453-и Қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ буд. Ҳоло ба ҳайси мушовири калони фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Соли 2007 бо ордени «Ҷасорат» сарфароз гардидааст.

==========================================================================

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0РАУПОВ Абдураҳим, таваллудаш 23. 12. 1922, зодгоҳаш деҳаи Қанғелии ноҳияи Файзобод, корманди соҳаи маориф, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Соли 1939 ба шӯъба ғоибонаи факултети таъриху филологияи Институти педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко дохид шуд ва ҳамзамон ба ҳайси ҷонишини директори мактаби алоқаи ш. Сталинобод (ҳоло Душанбе) ба фаъолияти меҳнати оғоз намуд. Солҳои 1941 – 42 муаллими мактаби ҳафтсолаи ноҳияи Роҳатӣ буд. Соли 1942 ба хизмати ҳарбӣ даъват шуд .Баъди хатми курси радио-телеграфии ш. Тошканд ба фронт фиристода шуд. То соли 1945 дар ҳайати аскарони ҷабҳаҳои Ҷанубӣ – Ғарбӣ, Сталинград ва 3-юми Украина зидди фашистон ҷангидааст. Баъди ҷанг солҳои 1945 – 48 муаллим ва мудири қисми илмии мактаби миёна, мудири шӯъбаи маориф, мудири шӯъбаи маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Роҳатӣ, солҳои 1948 – 51 нозири шӯъбаи маориф, муҳаррири рӯзномаи «Меҳнати сотсиалистӣ»-и ноҳияи Файзобод буд. Солҳои 1953 – 53 дар Мактаби олии ҳизбӣ таҳсил кард. Солҳои 1953 – 62 вазифаҳои мушовир, мудири шӯъбаи илм, мактабҳои олӣ ва миёнаи КМ ҲК Тоҷикистон, солҳои 1962 – 67 муовини вазири маорифи Тоҷикистон, солҳои 1967 – 68 корманди масъул, мудири шӯъбаи Совети Вазирони Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Аз соли 1988 нафақагири шахсии аҳамияти ҷумҳуриявӣ. Раупов А. дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии ҷумҳурӣ, ш. Душанбе ва ноҳияи Файзобод фаъолона иштирок кардааст. Барои қаҳрамонӣ, садоқат ба Ватан ва меҳнати поквиҷдонона бо ордени Ҷанги Ватанӣ, ду медали «Барои шуҷоат», медалҳои «Барои мудофиаи Сталинград», «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании соҳои 1941 – 45», «Барои шуҷоати меҳнатӣ», «Барои адои хизмати Ватан дар Қувваҳои Мусаллаҳи СССР», «Ветерани меҳнат», Жуков, Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. 5 декабри соли 2001 вафот кард.

==========================================================================

СОБИРОВ Абдуҷалил, таваллудаш 15. 05. 1947, зодгоҳаш ноҳияи Файзобод, набототшинос, номзади илмҳои биология (2000), дотсент. Соли 1976 Университети давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 1970 дар ҳамин донишгоҳ фаъолият дорад. Солҳои 1987 – 88 %d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0муҳандиси шӯъбаи таъминоти илмӣ- тадқиқотӣ, 1988 –  92 сарвари матбааи байни донишгоҳҳои олӣ, 1992 – 96 директори боғи ботаникӣ ва мудири Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии ДМТ, 1996 – 97 сарвари нашриёти «Сино», 1998 – 2004 директори Матбааи байнидонишгоҳӣ дар назди ДМТ, 2004 – 10 дотсенти кафедраи Физиологияи одам ва ҳайвоноти факултети биологияи ДМТ буд. Аз соли 2011 ба ҳайси мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогика фаъолият дорад. Аз фанҳои физиология, анатомияи одам, курсҳои махсуси “Физиологияи мутобиқшавӣ”, “Физиологияи экологӣ”, “Физиологияи системаи функсионалӣ” ва “Физиологияи системаи сенсорӣ” дарс медиҳад. ходими пешбари илм дар гурӯҳи илмӣ-тадқиқотии «Пептид» низ мебошад. Муаллифи зиёда аз 70 таълифоти илмӣ, монография, дастурҳои таълимӣ доир ба физиологияи одам ва ҳайвонот. Китобҳои «Деморфин ва рафтор» (1997), “Ба таври қиёсӣ омӯзиши фаъолияти олии асаби хазандагон вобаста аз фасли сол» (2000), «Экология ва физиологияи рафтор» (2004),  “Маълумотҳо оид ба физиологияи одам ва ҳайвонот” (2004), “Назарияи мутобикшавии рафтор, гипобиоз дар филогенези мӯҳрадорон” (2006), “Машғулиятҳои лабораторӣ аз “Физиологияи одам ва ҳайвонот” (2005, 2011) ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Бо нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», “Аълочии матбуоти Ҷумурии Тоҷикистон” ва ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.

==========================================================================

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0НЕЪМАТЗОДА Амонулло, таваллудаш соли 1941, зодгоҳаш деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод, уламои дини ислом. Маълумоти диниро дар назди волидон, баъдтар дар назди Қорӣ Ҳикматулло, Эшон Аҳмадхоҷа ва Мавлавӣ Муҳаммадҷони Қӯқандӣ гирифтааст. Солҳои 1983 – 89 имоми Масҷиди Шоҳмансур, 1989 – 93 имоми Масҷиди Мавлона Яъқуби Чархӣ, 1993 – 96 сархатиби ҳамин масҷид, аз соли 1996 то охири умр (2010) раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар пешбурди фарҳанги исломӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу созиш дар кишвар саҳмгузор аст.

==========================================================================

ҶАЛОЛИДДИНОВ Асомиддин Саидович, таваллудаш 20. 01. 1952, зодгоҳаш деҳаи %d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0Қошқарии ноҳияи Файзобод, омӯзгор. Соли 1973 Институти давлатии педагогии Душанбе ва соли 1982 Университети марксизм-ленинизми назди Комитети Ҳизби коммунистии ш/ Душанберо хатм кардааст. Солҳои 1973 – 76 муаллим, ҷонишини директор оид ба корҳои таълиму тарбиявии мактаби миёнаи № 22-и ноҳияи Файзобод, 1976 – 80 ассистенти кафедраи назария ва методикаи корҳои пионерию комсомолӣ, ҷонишини котиб, котиби комитети комсомолии Институти давлатии педагогии Душанбе, 1980 – 82 нозир, мудири шӯъбаи донишҷӯёни комитети маркази комсомоли РСС Тоҷикистон, 1982 – 85 нозири шӯъбаи пронаганда ва агитатсияи комитети ҳизбии ш. Душанбе, 1985 – 87 мудири шӯъбаи пропаганда ва агитатсияи комитети ҳизбии ноҳияи Фрунзеи ш. Душанбе, 1987 – 97 сардори шӯъбаи тайёркунии кадрҳои коргарӣ, мудири шӯъбаи иҷтимоиёт ва фарҳанги комитети иҷроияи ш. Душанбе, 1998 – 2004 сардори Департаменти сӯзишвории қисми манзилию истифодабарии двизияи 201-уми армияи Федератсияи Россия дар ш. Душанбе, 2004 – 07 ёвари сардори кулли ҶСП «ТТ мобайл», 2007 – 009 сардори шӯъбаи тиҷоратии филиали Шабакаи алоқаи мобилии ҶСК «Тоҷиктелеком» буд. Аз соли 2009 иқтисодчии қисми манзилию истифодабарии двизияи 201-уми армияи Федератсияи Россия дар ш. Душанбе. Бо Ифтихорномаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст (1994).

==========================================================================

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0ХОҶАЕВ Давлат, таваллудаш 12. 05. 1947, ноҳияи Файзобод, забоншинос, доктори илмҳои филология (2004), профессор (2008). Соли 1972 Университети давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Пас аз хатми университет ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ таъйин гардид. Солҳои 1974 – 75 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардааст. Солҳои 1975 – 83 ассистент ва муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ, 1983 – 2007 дотсенти кафераи забони адабии муосири тоҷики ДМТ буд. Аз соли 2008 профессор ва мудири кафедраи забон ва типологияи ҳамин донишгоҳ мебошад. ӯ аз солҳои 70-уми асри 20 ба тадқиқ ва омӯзиши  сохти наҳвиёти забони адабии тоҷик машғул аст. Оид ба наҳви ҷумлаҳои мураккаби тобеъ як силсила мақолаҳо ба табъ расондааст.

Хоҷаев Д. солҳои зиёд ба афкори забоншиносии классикии тоҷик тадқиқот бурда, дар ин замина якчанд мақолаю рисолаҳои судманде ба табъ расондааст, ки аҳамияти калони назарӣ ва амалӣ доранд. Натиҷаҳои пажӯҳиши ӯ дар рисолаи докториаш – «Афкори забоншиносии тоҷик дар асрҳои X – XVI» (2004) инъикос ёфтаанд. Муаллифи китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» барои синфи IX мактаби таҳсилоти умумӣ, 12 дастуру рисола ва зиёда аз 100 мақола аст. Ҳоло ба 6 нафар аспирантон роҳбарӣ менамояд. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1991), медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст. Аз соли 1995 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.

Осор: Абдусалом Деҳотӣ ва баъзе масъалаҳои забони адабии тоҷик, Душанбе, 1984; Маҷмӯаи машқҳо аз синтаксис ва пунктуатсия, Душанбе, 1990; Калиди дари ганҷ, Душанбе, 1990; Синтаксис ва пунктуатсия, Душанбе, 1990; Дарсҳои забони тоҷикӣ дар синфи IX, Душанбе, 1992; Ташаккул ва таҳаввули забоншиносии форсу тоҷик дар асрҳои миёна, Душанбе, 1998; Афкори забоншиносии Хоҷа Ҳасани Нисорӣ, Душанбе, 2004; Маҷмӯаи саволҳои тестӣ аз забон ва адабиёти тоҷик (ҳаммуаллиф), Душанбе, 2007.

==========================================================================

ОЙМАҲМАДОВ Илҳомҷон Султонович, зодгоҳаш ноҳияи Файзобод, номзади илмҳои %d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0геологияю минералогия. Соли 1998 факултети геология ва соли 2001 аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси минералогия ва кристаллография хатм кардааст. Солҳои 2001 – 03 ходими хурди илмӣ, 2003 – 06 ходими илмӣ, 2006 – 08 ходими калони илмӣ, 2008 – 11 котиби илмии Институти геологияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2011 ба ҳайси ходими калони илмии Институти геология, сохтмони иншооти ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Соли 2006 дар мавзӯи «Минералогия ва шароитҳои термобарогеохимиявии пайдошавии конҳои аметисти пастхамиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ҷанубу ғарбии қаторкӯҳҳои Қаротегин» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Муаллифи як китоби дарсӣ, зиёда аз 40 мақолаи илмӣ. Коромӯзи илмӣ дар Институти геологияи Донишгоҳи техникии Академияи кӯҳии Фрейберг (ҶФГ; 2007 – 08), Маркази геофизикии Потсдам (ҶФГ; 2011) ва Институти омӯзиши пуштакӯҳи Тибети Академияи илмҳои ҶХХ (2011) буд. Дар семинарҳои байналмилалӣ дар Австрия ва Туркия иштирок ва маърӯзаҳо кардааст. Дорандаи Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон байни ҷавонон дар илмҳои дақиқ (2011).Узви Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2011), узви Ассотсиатсияи геологияи тиббии ҷаҳонӣ (аз соли 2006) мебошад.

==========================================================================

ҚАЛАНДАРОВ Кароматулло (Кароматуллои Қаландар), таваллудаш соли 1938, зодгоҳаш %d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0деҳаи Ғашиёни нҳияи Файзобод, номзади илмҳои филологӣ. Соли 1962 факултети фыилологияи тоҷики Институти давлатии педагогии Душанбе (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) ва соли 1966 аспирантураи назди ҳамин донишгоҳро хатм кардааст. Солҳои 1967 – 78 омӯзгори Институти  педагогии ш.. Кӯлоб, 1978 – 2000 мудири кафедраи методикаи таълими ибтидоии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон буд. Дар мавзӯи «Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Муаллифи зиёда аз 100 мақолаҳои илмию методӣ мебошад. Ба қалами ӯ инчунин асари «Ашкҳои Ғашиён» тааллуқ дорад, ки дар бораи таърихи пурфоҷиаву ибратомӯзи зодгоҳи муаллиф ҳикоят мекунад.

Қаландаров К. дар тарбияи шогирдон ва ба роҳи илм раҳсипор намудани  онҳо саҳми калон дорад. Беш аз 100 нафар шогирдони ӯ роҳи илмро интихоб намуда, имрӯз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар содиқона фаъолият доранд. 8-уми июли соли 2007 вафот кардааст.

==========================================================================

ТАШРИПОВ Кароматулло Шарипович, таваллудаш 26. 12. 1962, зодагоҳаш деҳаи Чинаии %d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0ноҳияи Файзобод, номзади илмҳои физикаю математика. Соли 1985 факултети физикаи Университети давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудааст. Фаъолияти кориашро соли 1985 дар Институти физикаю техникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кардааст. Солҳои 1988 – 92 дар аспирантураи ш. Ленингради (ҳозира Санкт-Петербург) Федератсияи Россия ва Институти физикаю техникаи АИ ҶТ таҳсил намудааст. Соли 1993 дар соҳаи физика ва механикаи полимерҳо рисолаи номзадиро ҳимоя кардааст. Ҳоло ходими калони илмии Институти физикаю техникаи АИ ҶТ мебошад. Муаллифи зиёда аз 28 мақолаи илмӣ. Соли 1996 барои дастовардҳои илмӣ бо дипломи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

==========================================================================

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0МУҲИДДИНОВ Қиёмиддин Сайфуддинович, таваллудаш 25. 05 1974, зодгоҳаш деҳаи Тахтиалифи ноҳияи Файзобод, номзади илмҳои техникӣ (2006). Соли 1998 фпкултети механикию технологӣ ва соли 2009 факултети энергетикаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимиро бо ихтисосҳои муҳандис-технолог-механик ва муҳандис-электрик хатм намудааст. Солҳои 1998 – 2000 ассистенти кафедраи «Техникаи гармо ва нерӯгоҳҳои электрикӣ», 2000 – 03 аспирант, 2003 – 09 ассистенти кафедраи «Техникаи гармо ва дастгоҳҳои гармидиҳӣ»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон буд. Соли 2006 дар мавзӯи «Тадқиқи хосиятҳои гармофизикии пахтаи навъи 9326-В ва ҷузъҳои он вобаста бо ҳарорат» рисолаи номзадиро ҳимоя кардааст. Аз соли 2009 ба ҳайси муовини декани факултети энеогетикӣ оид ба илм ва иҷрокунандаи вазифи дотсенти кафедраи «Техникаи гармо ва дастгоҳҳои гармидиҳӣ»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ фаъолият дорад. Муаллифи зиёда аз 19 мақолаю хулоса, корҳои методӣ, китоби дарсӣ ва дастури озмоишӣ мебошад.

==========================================================================

ҚУТБУДДИНОВ Абдулмӯъмин, таваллудаш 5. 05. 1975, зодгоҳаш ноҳияи Файзобод, %d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0журналист, омӯзгор, номзади илми филология (2004). Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1998). Аз соли 1999 дар кафедраи матбуоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор мекунад. Ҳоло дотсенти кафедраи журналистикаи баёналхалқӣ мебошад. Соли 2004 дар чорчӯбаи Барномаи дӯстии ҷавонони Япония ва Осиёи Марказӣ дар Япония коромӯз буд.

==========================================================================

   

САНГОВ Муродалӣ Маҳмадиевич, таваллудаш 14. 12. 1972, зодгоҳаш деҳаи Файзободи %d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0ноҳияи Файзобод, омӯзгор, олим, номзади илмҳои техникӣ. Хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон. Чанд сол ассистент, солҳои 2001 – 04 аспирант, баъдан муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи «Масолеҳшиносӣ, мошинҳо ва дастгоҳҳои металлургӣ»-и ҳамин донишгоҳ буд. Муаллифи 45 корҳои илмию методӣ (32 мақолаи илмӣ, 10 дастуру маводи таълимӣ ва 3 ихтироот), иштирокчии чандинкаратаи конференсияҳои илмӣ-амалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо. Соли 2006 барои дастовардҳо дар соҳаи илмҳои дақиқ бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника сарфароз гардидааст. Айни замон дотсент, сардори Раёсати таълимию методӣ, узви Шӯрои олимон, Шӯрои марказӣ-методӣ, Раиси комиссияи таълимии Шӯрои таълимию методии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ мебошад.

==========================================================================

РАҲИМОВ Фирӯз Файзалиевич, таваллудаш 26. 03. 1978, зодгоҳаш ноҳияи Файзобод, %d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0номзади илмҳои ветеринария. Соли 1999 факултети ветеринарии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм намудааст. Солҳои 1999 – 2000 ординатори кафедраи «Паразитология ва назофоти ҳайвонот», 2000 – 03 омӯзгори ҳамин кафедра, 2003 – 04 мутахассиси пешбари Озмошгоҳи илмӣ-тадқиқотии кафедраи ҷарроҳӣ ва қобилагӣ буд. Аз соли 2004 ба ҳайси муаллими калон ва дотсенти кафедраи «Паразитология ва назофоти ҳайвонот»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур фаъолият дорад. Дар факултетҳои тибби ветеринарӣ, агробизнес ва зооинженерӣ аз фанҳои «Токсикология», «Асосҳои ветеринария» ва «Назофоти ҳайвонот» дарс медиҳад. Соли 2011 дар мавзӯи «Эпизоотология ва иммунопрофилактикаи анаплазмози чорвои калони шохдор ва гӯсфанд» рисолаи номзадиро ҳимоя кардааст.

==========================================================================

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0БОБОХОНОВ Рустам Сатторович, таваллудаш 16. 03. 1967, зодгоҳаш ноҳияи Файзобод, олим – агроном, номзади илмҳои биология, дотсент. Соли 1993 Инситути хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур)-ро хатм кардааст. Солҳои 1984 – 85 коргари бригадаи механиконидашудаи совхози молпарварии ноҳияи Файзобод, 1985 – 87 дар хизмати аскарӣ, 1987 – 88 коргари фабрикаи «Мурғи марҷон»-и ноҳияи Файзобод, 1988 – 93 донищҷӯи факултети меваю сабзавоткорӣ ва биотехнологияи кишоварзии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, 1993 – 96 муаллими кафедраи «Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ», 1996 – 99 аспиранти кафедраи «Физиологияи наботот ва биотехнологияи кишоварзӣ», 1999 – 2005 муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи «Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ» ва ҳамзамон солҳои 2001 – 03 ҷонишини декани факултети «Агробизнес», 2005 – 09 ҷонишини декани факултети таҳсилоти ғоибона, иҷрокунандаи вазифаи ноиби ректор оид ба таҳсилоти ғоибона, 2009 – 10 ҷонишини декани факултети «Боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон буд. Соли 1999 дар мавӯи «Таркиб ва фаъолнокии рибулозо 1,-5 биофосфат – карбоксилазаҳо/оксегназаҳо дар растании солимгардонидашудаи картошка дар вобастагӣ ба ҳосилнокии онҳо» рисолаи номзадиро ҳимоя намудааст. Муаллифи зиёда аз 30 корҳои илмӣ-методӣ ва 2 китоби дарсӣ. Дар тайёр намудани мутахассисони илмӣ саҳми калон доранд. Таҳти роҳбарии ӯ аспирантон ва магистрон оид ба масъалаҳои гуногуни парваришу нигоҳдории картошка дар шароити кӯҳӣ ва наздикӯҳии ҷумҳурӣ корҳои илмӣ анҷом додаанд, ки дар баланд бардоштани истеҳсоли картошка ва амалӣ шудани Барномаи амнияти озуқаворӣ аҳамияти калон доранд.

==========================================================================

ТАҒОЕВ Саидмурод, таваллудаш 20.12. 1941, зодагоҳаш деҳаи Чилчашмаи ноҳияи Файзобод, %d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон. Институти давлатии педагогии Душанбе. Мактаби олии ҳизбии ш. Тошканд ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм намудааст. Солҳои дароз ба ҳайси омӯзгор, мудири шӯъбаи маориф, котиби комитети ҳизбӣ, раиси комиҷроияи ноҳияи Файзобод, котиби якуми комитети ҳизбии ноҳияи Дарбанд, Файзобод ва раиси Ҳукумати ноҳияи Файзобод кор кардааст. Узви комиссияи доимии АБП давлатҳои узви ИДМ оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экология буд. Дар сесияи XVI (1992) раиси комитети аграрӣ ва шуғли аҳолӣ, узви Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Се даъват (1990, 2000, 2005) вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Бо ордени Сталин, медали «Барои меҳнати шоён», медали «Сесияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Грамотаи Фахрии АБП давлатҳои узви ИДМ, нишони «Аълочии мудофиаи граждании СССР» сарфароз гардидааст.

==========================================================================

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0МИРАЛИЕВ Салоҳиддин Раҷабович, таваллудаш 19. 09. 1970, зодгоҳаш деҳаи Бунгакиёни ноҳияи Файзобод, доктори илмҳои тиб. Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004). Соли 1994 факултети муолиҷавии Донишгоҳи давлати тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст. Интератураро дар кафедраи бемориҳои ҷарроҳии № 2-и Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон дар заминаи Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ба номи А. М. Дяков гузаштааст. Солҳои 1995 – 97 ба ҳайси духтур – ҷарроҳи Беморхонаи марказии ноҳия, дармонгоҳи ноҳиявӣ ва Амбулаторияи табибии деҳотии ноҳия фаъолият намудааст. Солҳои 1997 – 2009 мутахассиси пешбари Сарраёсати ташкили ёрии тиббӣ ба аҳолӣ, сармутахассиси Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ, сардори шӯъбаи ёрии госпиталӣ ва махсусгардонидашуда, муовини сардори Раёсати ташкили ҳизматрасониҳои тиббӣ, сардори Раёсати банақшаирӣ, ҳамоҳангсозӣ ва ҷорӣ намудани ислоҳот, сардори Раёсати ислоҳот ва робитаҳои байналмилалӣ, мушовири Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2003 – 05 котиби мушовара ва 2007 – 09 узви мушовараи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз моҳи августи соли 2009 садори шӯъбаи таҳлили сиёсати тандурустии назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамзамон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар кафедраи ҷарроҳии № 1, кафедраи бедошти иҷтимоӣ ва нигоҳдории тандурустӣ бо курси таърихи тиб, кафедраи тибби оилавии № 1 ва № 2 ба ҳайси омӯзгор ва дар кафедраи тибби оилавии № 2 ба сифати мудир фаъолият намудааст. Аз моҳи декабри соли 2010 мудири кафедраи нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб мебошад. Муаллифи 2 китоб, 5 дастури таълимию методӣ ва зиёда аз 80 мақолаву фишурдаҳои илмист. Соли 1999 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Такмилдиҳии усули табобати ҷарроҳии захми сӯрохшудаи меъдаю рӯдаи дувоздаҳангушта» ва соли 2009 рисолаи докториро дар мавзӯи «Масоили тиббию иҷтимоии воридсозӣ ва такмили амалияи умуитиббӣ дар Ҷумҳурии Точикистон» ҳимоя намудааст. Бо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон (2004), Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005) ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (2007) сарфароз гардидааст.

==========================================================================

ҚАЛАНДАРОВ Самандар Достиевич, таваллудаш 18. 02. 1964, зодгоҳаш деҳаи Хоҷамарди %d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод, варзишгар, чемпиони дукаратаи Тоҷикистон (1985, 1986), чемпиони мутлақи Тоҷикистон оид ба дзюдо (1987), Устоди варзишии Иттиҳоди Шӯравӣ дар риштаи гӯштини тарзи озод – дзюдо, самбо, дорандаи медали нуқраи (ҷойи II) Чемпионати ҷаҳон байни собиқадорон (2004). Соли 1985 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 2010 инҷониб мураббии мактаби кӯдакон ва наврасони ноҳияи Файзобод мебошад. Шогирдони бисёре тарбия намудааст, ки дар мусобиқаҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ иштирок карда, соҳиби медалу ифтихорномаҳо гаштаанд ва ифтихори варзиши ноҳияи Файзобод мебошанд. Солҳои 1981 – 89 узви дастаи яккачинии Иттихҳоди Шӯравӣ буд.

==========================================================================

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0САФАРОВ Маҳмад, таваллудаш 20. 5. 1943, зодгоҳаш деҳаи Саройи ноҳияи Файзобод, байтор. Хатмкардаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1968). Солҳои 1968 – 69 ҷонишини сардухтури байтории ноҳияи Комсомолобод (ҳозира Нуробод), 1969 – 80 сардухтури Идораи байтории ноҳияи Файзобод, 1980 – 48 директори савхози ба номи Дзержинский, 1984 – 86 директори савхози «Қалъаидашт», 1986 – 89 ҷонишини директори Заводи давлатии мурғи зотӣ, 1989 – 92 директори ҳамин завод, 1992 – 93 директори генералии Иттиҳодияи «Птицпром»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1993 – 2006 директори Заводи давлатии мурғи зоти  буд. Аз соли 2006 нафақагир. 10 даъват вакили Шӯрои депутатҳои халқи ноҳиявӣ интихоб шудааст. Бо ифтихорномаҳои Вазорати хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

==========================================================================

РОЗИҚОВ Сафар Эргашович, таваллудаш 14. 07. 1962, зодгоҳаш шаҳраки Файзобод. Яке аз %d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0аввалин хатмкардагони мактаби мусиқии ноҳия. Соли 1983 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст. Солҳои 1983 – 93 муаллим, 1993 – 97 директори мактаби мусиқӣ, 1997 – 2003 мудири шӯъбаи фарҳанги Ҳукумати ноҳияи Файзобод буд. Аз соли 2003 дар кафедраи тарбияи мусиқии факултети мусиқӣ-омӯзгории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба ҳайси муаллими дирижёрӣ фаъолият дорад. Соли 1999 бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2000 бо нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

==========================================================================

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0СОБИРОВ Темур, таваллудаш 3. 04. 1940, зодгоҳаш деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод, математики тоҷик, доктори илмҳои физика ва математика, профессор (1977). Соли 1961 факултети физикаю математикаи Университети давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Муддате дар шӯъбаи физикаю математикаи АИ РСС Тоҷикистон кор карда, баъд ба аспирантураи Университети давлатии Воронеж дохил шуд. Солҳои 1968 – 75 муаллими калон ва солҳои 1975 – 77 мудири кафедраи алгебра ва географияи Институти педагогии Воронеж буд. Корҳои илмиаш асосан ба тадқиқи системаҳои муодилаҳои диффренсиалӣ оиданд. Зиёда аз 60 мақолаи илмӣ чоп намудааст. Дар тарбияи олимони ҷавони Тоҷикистон саҳми калон гузоштааст. 23 июни соли 1977 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод вафот кардааст.Яке аз мактабхои миёнаи шахри Вахдат ба номи Т. Собиров аст

==========================================================================

ТАВАКАЛОВ Умар Баҳромович, таваллудаш 28. 06. 1972, зодгоҳаш ноҳияи Файзобод, судяи %d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0тахассуси дараҷаи панҷум. Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (1995) ва факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Соли 1989 – 90 котиби маҷлиси судии Суди ноҳия Файзобод, 1990 – 92 дар хизмати ҳарбӣ, 1992 – 98 иҷрочӣ, сарсудиҷрочӣ (1998 – 2002) ва ёрдамчии раиси Суди ноҳияи Файзобод (2002 – 05) буд. 1-уми октябри соли 2005 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон судяи Суди ноҳияи Файзобод таъйин гардида, то моҳи сентябри соли 2009 дар ин вазифа кор кард. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 сентябри соли 2009 ба вазифаи судияи Суди ноҳияи Синои ш. Душанбе таъйин гардид. Бо чандин ифтихорнома ва раҳматномаҳои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати ноҳияи Файзобод сарфароз гардидааст. Чандин мақолааш оид ба баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон дар рӯзномаҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ ба табъ расидаанд.

==========================================================================

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0РАҲИМОВ Файзалӣ, таваллудаш 1. 01. 1950, зодгоҳаш ноҳияи Файзобод, номзади илмҳои техникӣ, дотсент (2006). Соли 1972 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-гидротехник хатм кардааст. Солҳои 1972 – 74 ассистенти кафедраи иншоотҳои гидротехникии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, 1974 – 76 устои қитъаи сохтмону васлкунии ҳисоби хоҷагӣ, 1976 – 82 роҳбари идораи «Таълимиру сохтмон»-и ноҳияи Файзобод, 1985 – 91 роҳбари Калоннаи механиконидаи сайёри № 37, 1991 – 93 роҳбари трести «Файзободдеҳотсоз», 1993 – 95 муовини роҳбари идораи сохтмони ноҳияи Файзобод, 1995 – 2006 муаллими калони кафедраи «Механикаи сохтмон ва гидравлика», ҳамзамон 1995 – 99 аспиранти ғоибхони Институти математикаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2006 – 07 дотсент, 2007 – 10 мудири кафедраи «Механикаи сохтмон ва гидравлика»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур буд. Аз моҳи сентябри соли 2010 ба ҳайси дотсенти ҳамин кафедра фаъолият дорад.

==========================================================================

ШАРИПОВ Ҳайбулло Исматович, таваллудаш 28. 11. 1961, зодгоҳаш деҳаи Хоҷамарди %d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0ноҳияи Файзобод, варзишгар. Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, чемпиони Тоҷикистон оид ба самбо (1983). Соли 1983 Институти тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар Мактаби варзишии кӯдакону наврасони № 7 фаъолият дорад. Дар мусобиқахои варзишӣ оид ба гӯштини самбо дар шаҳрҳои Перм, Новосибирск ва оид ба гӯштини тарзи озод дар шаҳрҳои Қарағанда, Боку, Москва иштирок намуда, сазовори чойҳои намоён гаштааст.

===========================================================================

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0ҲАИТОВ Ризо Бозорович, таваллудаш 29. 09. 1965, зодгоҳаш деҳаи Чашмасори ноҳияи Файзобод, полковники адлия. Хатмкардаи мактаби милитсияи ш. Душанбе (1988), шӯъбаи ғоибонаи Мактаби олии милитсияи ш. Тошканд (1990) ва факултети роҳбарикунандаи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001). Солҳои 1988 – 90 ваколатдори калони фаврии ШКД-и ноҳияи Марказии ш. Душанбе, 1990 – 93 ваколатдори калони фаврии ШКД-и ноҳияи Файзобод, 1993 – 94 ваколатдори калони фаврӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Сарраёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона ва ҷиноятҳои иқтисодии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Солҳои 1995 – 2007 дар Сарраёсати полиси андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Солҳои 2007 – 09 ваколатдори калони фаврӣ оид ба ҷиноятҳои махсусан муҳими Сарраёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2009 – 10 сардори бахши Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо куррупсияи ҶТ дар вилояти Сугд буд. Аз соли 2010 ба ҳайси муовини сардори шӯъбаи мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд фаъолият дорад. Бо мукофотҳо ва ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.

==========================================================================

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0ҲОМИДОВ Сафар, таваллудаш 12. 03. 1940, зодгоҳаш нохияи Файзобод, ҳуқуқшинос, мушовири адлияи дараҷаи якум, помковники адлия, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон. Хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии Унверситети давлатии Тоҷикистон (1975). Солҳои 1959 – 70 ронандаи автобазаҳои ш. Душанбе, 1970 – 72 муҳандис-механики колхози «Октябр», 1972 – 74 ҳуқуқшиноси управленияи хоҷагии қишлоқи комитети иҷроия, 1974 – 79 судяи иҷрочӣ ва судяи Суди ноҳияи Файзобод буд. Солҳои 1979 – 2000 дар мақомоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Аз соли 2000 нафақагир. Аз соли 2001 ҳамчун адвокати ваколатдор фаъолият менамояд.

==========================================================================

ХОҶАЕВ Исматулло Шарифович, таваллудаш 1. 01. 1954, зодгоҳаш деҳаи Дарагиёни ноҳияи %d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0Файзобод, полковник. Хатмкардаи Институти политехникии Тоҷикистон (1976). Солҳои 1970 – 77 сардори Идораи геодезии НБО-и Роғун, 1977 – 78 коргари дараҷаи 5 ва сардори қитъаи сохтмонии ПМК – 19-и ноҳияи ноҳияи Файзобод, 1978 – 79 сармуҳандиси ПМК – 11-и ш. Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат), 1979 – 80 нозир ва мудири шӯъбаи идеологии комитети Ҳизби коммунистии ноҳияи Файзобод, 1980 – 89 сардори шӯъбаи назорати техникӣ ва сармуҳандиси Заводи химиявии ноҳияи Ёвон, 1989 – 94 сардори қитъаи сохтмонии ПМК – 19 ва сардори Идораи таъмиру прорабии ноҳияи Файзобод, 1994 – 96 раиси Ассотсиатсияи хоҷагиҳои ғайридавлатӣ, 1996 – 97 ҷонишини командири бригада оид ба амнияти ақибгоҳ ва таъминоти техникӣ буд.  Соли 2007 ба ҳайси сардори Раёсати назорати сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт. Бо медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин», «Шуҷоат», «Спитамен» (дараҷаҳои I ва II) ва медалҳои ҷашнӣ сарфароз гардидааст.

==========================================================================

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0ХУДОЁРОВ Тавар, таваллудаш 1. 07. 1927, зодгоҳаш деҳаи Биникулӯтаи ноҳияи Файзобод, ҳуқуқшинос. Солҳои 1942 – 44 оҳангари стансияи Казалински РСС Қазоқистон, 1944 – 47 ва 1951 – 52 иҷрочии Суди халқии ноҳияи Файзобод, 1952 – 68 тарҷумон, мушовири калон, сардори шӯъбаи коргузории Суди Олии РСС Тоҷикистон, 1968 – 69 судяи Суди халқии ноҳияи Регар (ҳозира Турсунзода), 1969 – 72 судяи Суди халқии ноҳияи Файзобод, 1972 – 89 узви Суди Олии РСС Тоҷикистон буд. Бо медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин», «Ветерани мехнат» ва 2 Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. 8-уми июли соли 1989 дар ш. Душанбе вафот кардааст.

==========================================================================

ҶАМОЛИДДИНИ Саидзод, таваллудаш соли 1952, зодгоҳаш деҳаи Кабкрези ноҳияи %d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0Файзобод, омӯзгор, мунаққид ва адабиётшинос, номзади илмҳои педагогӣ. Аз соли 1977 дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумии № 63-и ш. Душанбе ба таълиму тарбияи насли наврас машғул буд. Ҳоло ходими калони илмии Институти забон , адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Доир ба омӯзишу парвариш ва адабиётшиносӣ зиёда аз 300 мақолаву тақриз навишта ба табъ расондааст. Муаллифи рисолаҳои «Ахлоқ ва муошират аз назари Соиб», «Мо ва Носири Хусрав». Мақолаҳои «Шеъри Турсунзодаву ин обшорон зинда бод», «Бозор Собир тасвиргари моҳир», «Сабки сухани Мавлоно» ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

==========================================================================

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0НУРИДДИНОВ Шамсиддин, таваллудаш 22. 01. 19 51, зодгоҳаш ноҳияи Файзобод, номзади илмҳои филологӣ. Соли 1972 факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог, муаллими забон ва адабиёти тоҷик хатм кардааст. Солҳои 1972 – 76 ходими хурди илмии Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон, 1976 – 78 тарҷумон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, 1978 – 84 ходими калони илмии Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон, 1984 – 87 котиби дуюми Сафорати СССР дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон, 1987 – 98 ходими калони илмӣ, мудири шӯъбаи Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ, 1998 – 2007 мудири бахш, мудири шӯъба оид ба корҳои дини дастгоҳи раиси ш. Душанбе ва ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи сардори Идораи фарҳанги ш. Душанбе буд. Аз 29 сентябри соли 2007 мудири бахши анъана ва ҷашну маросимҳои дастгоҳи раиси ш. Душанбе. Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе интихоб шудааст. Бо Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

==========================================================================

ШАРАФОВ Ҷунайдулло, таваллудаш 15. 05. 1964, зодгоҳаш ноҳияи Файзобод, иқтисодчӣ, %d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0номзади илмҳои иқтисодӣ (1990), дотсент (1993). Соли 1984 Университети давлатии Тоҷикистон ва соли 1988 аспирантураи онро хатм кардааст. Солҳои 1984 – 93 ассистент, муаллими калон, 1993 – 2005 дотсенти кафедраи Молия ва иқтисодиёти ҳамин донишгоҳ буд. Аз соли 2005 ба ҳайси сардори идораи молия, меҳнат ва музди кори «Ориёнбонк» фаъолият дорад. Муаллифи зиёда аз 10 таълифот.

==========================================================================

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0ЮСУФОВ Шаъбон Тағоевич, таваллудаш 13. 02. 1960, зодгоҳаш деҳаи Файзободи ноҳияи Файзобод, кимиёшинос, номзади илми химия (1990), дотсент (1992). Соли 1982 Университети давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1982 – 85 таҷрибаомӯз дар ш. Ленинград буд. Солҳои 1985 дар Шӯъбаи илмию тадқиқотии Мушкилоти химияи координатсинӣ ва экологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст. Сипас ба Донишгоҳи технолгии Тоҷикистон гузашта, ба ҳайси муаллими калон, дотсент, мудири шӯъбаи таълим, мудири шӯъбаи тайёрӣ, мудири кафедраи технологияи саноати хӯрокворӣ ифои вазифа намудааст. Ҳоло ба ҳайси декани факултети ҳамин донишгоҳ фаъолият дорад. Соли 1990 рисолаи номзадиро ҳимоя кардааст. Соли 2002 бо нишони сарисинагии «Аълочии маъорифи Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

==========================================================================

ШОЕВ Тилло, таваллудаш 10. 04. 1941, зодгоҳаш деҳаи Чормағзаки ноҳияи Файзобод. %d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0Хатмкардаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1968). Фаъолияти кориашро дар корхонаи сохтмонии СМУ-17 оғоз намудааст. Солҳои 1960 – 63 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардааст. Солҳои 1968 – 69 сармуҳандиси колхози «Октябр», 1969 – 74 сармуҳандиси колхози ба номи Орҷоникидзе, ҳамзамон солҳои 1972 – 73 шунавандаи шӯъбаи тайёрии кадрҳои хоҷагӣ дар назди Инситути хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, 1974 – 79 раиси комитети назорати халқӣ, 1979 – 83 ҷонишини раиси комитети иҷроия, 1983 – 87 директори фабрикаи «Мурғи марҷон»-и ноҳияи Файзобод буд. Шоев Т. асосгузори соҳаи парандапарварӣ дар ноҳия мебошад. Солҳои 1988 – 91 сармутахассиси техникии хоҷагии қишлоқ таъйин шуд. Солҳои 1991 – 93 раиси комитети иҷроия, 1993 – 96 раиси ҷамоати деҳоти Файзобод буд. Соли 1971 вакили Шӯрои депутатҳои халқи ноҳиявӣ, 1986 депутати Шӯрои депутатҳои халқи ноҳиявӣ, 1986 депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб шудааст. Бо медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин», «Барои хизмати шоён» ва ифтихорномаҳои Вазорати алоқа ва КМ ЛКСМ Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

==========================================================================

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0САЙКО Эди Викторовна, таваллудаш 25. 04. 1932, зодгоҳаш деҳаи Обигарми ноҳияи Файзобод, археологи советӣ, доктори илмҳои таърих (1979). Духтари В. А.Сайко. Соли 1956 баъди хатми факултети таърихи Университети давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов аспиранти Институти таърихи АИ РСС Тоҷикистон, солҳои 1961 – 64 ходими калони илмӣ ва 1967 – 70 мудири лабораторияи технологияи тармими (муассисаш худи ӯ буд) ҳамин институт, 1970 – 75 дотсенти кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёнаи  Университети давлатии Тоҷикистон ва аз соли 1975 ходими илмии Интитути археологияи АИ СССР буд. Борҳо дар экспедитсияҳои археологӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон (Моғиён, Кофирқалъа, Ҳулбук ва ғайра) иштирок кардааст. Тадқиқоти Сайко асосан ба таърихи инкишофи техника ва технологияи истеҳсолти ҳунармандии давраҳои қадиму асрҳои миёнаи Осиёи Миёна оид аст. Вай  иштирокчии Симпозиуми байналхалқӣ оид ба археология, таърих ва маданияти Кушониён (Душанбе, 1968), Конгресси 13-уми байналхалқии таърихи илм (Москва, 1971), Симпозиуми СССР – Франсия оид ба археологияи Бохтари Қадим (Душанбе, 1982) ва ғайра мебошад.

==========================================================================

ҶОНОВ Мирзо, таваллудаш соли 1929, зодгоҳаш деҳаи Очилдии ноҳияи Файзобод, генерал-майори милитсия. Баъди хатми мактаби 7-солаи деҳаи Қалъаидашт муддате колхозчӣ буд.%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0 Соли 1949 Омӯзишгоҳи педагогии ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло ш. Ваҳдат) ва соли 1954 Омӯзишгоҳи милитсияи ш. Душанберо хатм кардааст. Солҳои 1954 – 82 милиса ва сардори ШКД-и ноҳияи Роҳи Оҳани (ҳоло Шоҳмансур) ш. Душанбе, 1982 – 85 ҷонишини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1985 – 94 директори мактаби ҳарбии ба номи Суворов буд. Бо ордени «Шарафи Меҳнат» ва медалҳову ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст. Соли 2000 вафот кард.

==========================================================================

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0АМИНОВ Файзалӣ Азимович, таваллудаш 15. 04. 1958, зодгоҳаш деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод, омӯзгор, ҷанговари интернатсионалист. Солҳои 1975 –76 дар ҳайати отряди зиддижолаи ш. Орҷоникидзеобод кор кардааст. Соли 1981 факултети таърихи Университети давлатии Тоҷикитонро хатм кард. Солҳои 1981 – 82 ассистенти кафедраи атеизми илмии ҳамин донишгоҳ буд. Солҳои 1982 – 85 дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ифои вазифа намудааст. Баъд фаъолияти меҳнатиашро дар заводи пахтаи ноҳияи Оҷоникидзеобод идома дод. Солҳои 1988 – 92 дар рӯзномаи «Меҳнати коммунистӣ»- и ноҳияи Файзобод кор кардааст. Аз соли 1992 муаллим ва баъд муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Муаллифи воситаи таълимии «Ҷараёнҳои фалсафаи Ғарб», китобҳои «Фалсафа» (Маҷмӯи саволҳои тестӣ, 2009), «Таълимоти Маркс дар ҳикмати дигаргуниҳои замони муосир» (2011), «Фалсафаи ирратсионалӣ: Артур Шопенгаузер, Фридрих Нитсше» (2011), ҳаммуаллифи «Барномаи таълимӣ» (соли 2002 , аз фанни фалсафа) буда, дар таҳияву навиштани «Барномаи таълимӣ»-и нави мутобиқи стандарти ҳозираи муассисаҳои таҳсилоти олӣ (аз фанни фалсафа) саҳм гузоштааст. Дар 5 соли охир 25 мақолаю тезисҳо ба табъ расонд. Рисолаи илмиаш дар мавзӯи «Проблемаи қобилиятҳои инсонӣ дар доираи назарияи фаъолият» дар арафаи ҳимоя қарор дорад. Аминов Ф. таҷрибаи хуби педагогӣ дошта , шогирдонаш пайи ҳам дар олимпиадаҳои умумиҷумҳуриявии донишҷӯёни мактабҳои олӣ ҷойҳои аввалро ишғол менамоянд. Соли 2011 шогирди ӯ, донишҷӯи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ризои Баҳромзод дар олимпиадаи умумиҷумҳуриявӣ «Ба шарафи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовори ҷойи аввал  гардид ва беҳтарин иштирокчии олимпиада эътироф шуд. Ҳамчун ҷанговари интернатсионалист бо медалҳои «Иштирокчии муҳорибаҳои ҷангӣ», «20-солагии баровардани қӯшунҳо аз Афғонистон» ва ду медали Ҷумҳурии Афғонистон сарфароз гардидааст.

=========================================================================

ҒУЛОМОВ Мусулмон Шамсович, таваллудаш 5. 09. 1965, зодгоҳаш деҳаи Файзободи ноҳияи%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0 Файзобод, номзади илмҳои тиб. Соли 1992 Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намудааст. Пас аз хатми институт ба орденатура дохил шуда, дар кафедраи ҷарроҳӣ кор кардааст. Соли 1994 ба аспирантура дохил шуда, соли 1997 рисолаи номзадиро ҳимоя намудааст. Ҳоло дотсенти кафедраи бемориҳои ҷарроҳии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ҳамзамон духтур – ҷарроҳи Беморхонаи ёрии таъҷилӣ мебошад. Муаллифи 18 мақолаи илмӣ.

=========================================================================

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0ЗАЙДОВ Исматулло Ҳокимович, таваллудаш соли 1954, зодгоҳаш ноҳияи Файзобод, маълумоташ олӣ. Соли 1975 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон)-ро бо ихтисоси агроном ва Донишгоҳи давлатии техникии ш. Тулаи Федератсияи Россияро бо ихтисоси муҳандиси сохтмони иншоотҳои кӯҳӣ хатм намудааст. Солҳои 1975 – 77 нозир оид ба харид ва сифати маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Файзобод, 1977 – 80 дар хизмати ҳарбӣ, 1980 – 82 агрономи калони шӯъбаи Вазорати хоҷагии мева ва сабзавоти Тоҷикистон, 1982 – 84 сарагрономи совхози ба номи Орҷоникидзеи ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳозира Ваҳдат), 1984 – 86 котиби озоди комитети ҳизбии совхози ба номи Орҷоникидзе, 1986 – 89 сардори хоҷагии минтақавии идораи махсуси «Гидроспесстрой»-и ш. Душанбе, 1989 – 90 муовини сардори идораи сохтмонии «Роғунгэсстрой»-и ш. Душанбе, 1990 – 94 муовини сардор ва 1994 – 98 сардори идораи махсуси «Гидроспесстрой»-и ш. Душанбе ва солҳои 2005 –08 раиси ноҳияи Файзобод буд. Дар макоми Раиси шахри Роғун кор кардааст.

Хизматҳои ӯ бо ордени «Дӯстӣ», ифтихорномаҳои ҳизбӣ ва давлатӣ қадр карда шудааст.

=========================================================================

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0ЗУБАЙДОВ Асадулло, таваллудаш 1. 01. 1965, зодгоҳаш деҳаи Файзободи ноҳияи Файзобод, доктори илмҳои тиб. Хатмкардаи Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Солҳои 1988 –89 ҷарроҳи беморхонаи ноҳияи Кофарниҳон, 1989 – 94 духтури беморхонаи ноҳияи Файзобод буд. Солҳои 1994 – 2002 дар ш. Душанбе ба ҳайси ҷарроҳ кор кардааст. Дар ш Москва соли 2001 рисолаи номзадӣ ва соли 2008 рисолаи доктори илмҳои тиббиро ҳимоя намудааст. Аз соли 2008 мудири шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ш. Клини Федератсияи Россия буд.

=========================================================================

КАМОЛЗОДА Сайфиддин, таваллудаш 3. 02. 1970, зодғоҳаш деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод, %d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0номзади илмҳои педагогика (2010). Соли 1992 факултети китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм намудааст. Солҳои 1992 – 93 мудири китобхонаи мактаби таҳсилоти асосии № 39, 1993 – 94 мудири китобхонаи № 15-и шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Файзобод, 1994 – 2010 муаллим, муаллими калони кафедраи китобхонашиносии ДДСТ ба номи М. Турсунзода буд. Ҳамзамон солҳои 1999 – 2004 дар вазифаи ҷонишини сардори раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2004 ба ҳайси мудири Шӯъбаи китобшиносӣ, китобхонашиносӣ ва библиографияшиносии Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот фаъолият дорад. Аз ибтидои соли 2011 вазифаи мудири Шӯъбаи масъалаҳои тарбияи наврасон, ҷавонон ва робита бо оилаю ҷомеаи Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистонро ба зимма дорад. Соли 2010 дар мавзӯи «Китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ дар низоми таҳсилоти Тоҷикистон: вазъият ва проблемаҳо» рисолаи номзади илмиро ҳимоя намудааст. Муаллифи силсилаи мақолаҳо роҷеъ ба масоили вазъи китобу китобдорӣ, нақши китоб дар тарбияи насли наврас, такмили фаъолияти муассисаҳои китобхонавӣ, роҳҳои густариш ёфтани хадамоти китобдорӣ ва ғайра, барномаҳои таълимии «Менеҷменти китобдорӣ (барои донишҷӯёни факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ), «Китобдор, библиограф-омӯзгор» (2009) мебошад. Бо нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2000) ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2004) сарфароз гардидааст.

=========================================================================

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0КАРИМОВ Музаффар, таваллудаш 15. 02. 1949, зодгоҳаш деҳаи Устошамси ноҳияи Файзобод, доктори илмҳои биология, узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон (1994), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2002). Соли 1970  Университети давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1970 – 73 ассистенти кафедраи «Физилогияи растанӣ»-и Универиситети давлатии Тоҷикистон, 1973 – 76 аспиранти Институти генетикаи АИ СССР, 1976 – 86 ходими илмӣ ва 1986 – 88 мудири лабараторияи биохимияи фотосинтези Институти физиология ва биофизикаи растании АИ ҶТ буд. Аз соли 1988 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба ҳайси дотсен, мудири кафедраи технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ноиби ректор оид ба корҳои маъмурию хоҷагӣ, декани факултети боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ кор мекунад. Узви 2 шӯрои дифои рисолаҳои илмӣ: номзадӣ (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ва окторӣ (Донишгоҳӣ аграрии Тоҷикистон) мебошад. Дар давоми 40 соли фаъолияти меҳнатиаш дар пешрафти таълиму тарбия ва илм, тайёр намудани мутахассисони соҳаи агросаноатӣ, маориф ва илм, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва тарғибу ташвиқи сиёсати давлатамон саҳми арзанда гузоштааст. Муаллифи 3 китоби дарсӣ, зиёда аз 140 мақолаи илмӣ ва таълимӣ, 2 патент мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ се нафар рисолаҳои номзадӣ ҳимоя кардаанд. Барои хизматҳои сермаҳсули бисёрсола бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005) сарфароз гардидааст.

=========================================================================

КОМИЛОВ Шукрулло, таваллудаш 12. 08. 1943, зодгоҳаш деҳаи Ҷонварсӯзи ноҳияи %d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0Файзобод. Коркуни шостаи маданияти Тоҷикистон, Корманди шоистаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Устоди алоқаи СССР. Омӯзишгоҳи маданӣ-маърифатии ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ)-ро хатм намуда, дар тарбияи кормандони соҳаи маданӣ- маърифатӣ саҳми муносиб гузоштааст. Баъд Институти омӯзгории ш. Кӯлобро хатм намуда, ба ҳайси директори Хонаи маданияти ноҳияи Файзобод дар ташкили театри халқӣ ва ҷалб намудани ҷавонони боистеъдод кӯшиши зиёд ба харҷ додааст. Сипас муҳаррири рӯзномаи навтаъсиси «Набзи Файзобод», муовини аввали раиси ҷамоати деҳоти Ҷавонон, соли 1972 сардори шӯъбаи алоқаи ноҳия таъйин гардид. Солҳои тӯлонӣ вазифаи раиси комиссияи тафтишотӣ ва раиси комиссияи Ҳизби коммунистии ноҳияро ба ӯҳда дошт. Дар ин давра бо ташаббуси ӯ бинои марказии алоқаи ноҳия ва чандин биноҳои замонавӣ дар деҳот сохта шуданд. Соли 1991 сардори идораи «Душанбеалоқа» ва соли 1996 директои генералии Департаменти давлатии «Почтаи тоҷик» таъйин гардид ва дар интихобу ҷобаҷогузории мутахассисони ботаҷриба саҳми калон гузоштааст.

=========================================================================

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0ҚУРБОНЗОДА Фирдавс, таваллудаш 17. 9. 1940, зодгоҳаш деҳаи Дубедаи ноҳияи Файзобод. Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маъорифи халқи Тоҷикистон. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва Мактаби олии ҳизбиро дар ш. Тошканд хатм кардааст. Дар вазифаҳои муаллими забон ва адабиёти мактаби миёнаи № 2, корманди комитети Ҳизби коммунистӣ, муҳаррири рӯзномаи «Меҳнати коммунистӣ» кор кардааст. Соли 1989 раиси Комитети иҷроияи ноҳия интихоб шуд. Солҳои 1990 – 91 раиси раёсати Шӯрои вакилони халқи ноҳия, 1991 – 95 намояндаи ваколатдори Комитети иҷроияи ноҳия оид ба корҳои дин, солҳои 1995 – 2000 (то ба нафақа баромадан) мудири шӯъбаи иҷтимоиёт ва фарҳанги дастгоҳи раиси ноҳия буд. Қурбонзода Ф. ба кори эҷодӣ низ машғул аст. Рисолаҳои «Зоҳиди Хуросон» (1999), «Вашгирд ёдгории бостон» (2005), «Ҳафтчашма» (2003), «Вашгирд: шаҳри ҳунармандон, тоҷирон ва орифон» (2009), очерки телевизионии «Вашгирд» (2009), тақриз ба рисолаи Баҳори Хуррамзод «Мусаввараҳои нотамом» ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Мақолаҳояш дар китобҳои «Ёде аз Дӯстмуроди Алӣ», «Самараи маорифи сиёсӣ», «Сулолаи Салимподшоҳ» дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, шеърҳояш дар рӯзномаи «Набзи Файзобод» ба табъ расидаанд. Бо медали «Барои хизмати шоиста» ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст.

=========================================================================

МАЛИКОВ Тавакал Саидович, таваллудаш 2. 05. 1962, зодгоҳаш маҳаллаи Чинаии ноҳияи %d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0Файзобод, номзади илми химия (1990). Соли 1984 Университети давлатии Тоҷикистон ва соли 1989 аспирантураи Университети давлатии ш. Москваро хатм намудааст. Солҳои 1989 – 91 ходими илмии шӯъбаи илмию тадқиқотии Мушкилоти химиявии координатсионӣ ва экологии Университети давлатии Тоҷикистон, 1991 – 2001 ассистент ва муаллими калони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, 2001 – 11 сармутахассиси шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз 5-уми майи соли 2011 ба ҳайси сардори Раёсати илм ва иноватсияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Муаллифи 12 мақола ва шаҳодатномаи ихтироот. Бо ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.

=========================================================================

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0МИРЗО МАВЛАВӣ, писари Мирзо Муҳаммадтақии Файзободӣ, таваллудаш соли 1903, зодгоҳаш деҳаи Файзобди ноҳияи Файзобод. Дар Бухоро таҳсил намудааст. Солҳои барқарорсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳи Нусратулло Махсум дар Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ба ҳайси котиб (мирзо, хушнавис) кор кардааст. Академик Абдулғанӣ Мирзоев дар «Ёддоштҳо»-яш Мирзо Мавлавиро ҳамчун яке аз хаттотони хушнавис ном бурда, ӯро устоди худ дар хушнависӣ ҳисобидааст. ӯ як «Ёддошт»-и падари Мирзо Мавлавиро, ки бо хати зебои форсӣ китобат шудааст, аз осорхонаи ш. Ленинград ба Тоҷикистон овардааст.

==========================================================================

МИРЗОЕВ Маҳмадалӣ Раҳмонович, таваллудаш соли 1965, зодгоҳаш ноҳияи Файзобод. %d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0Аълочии маорифи Тоҷикистон (2007). Соли 1986 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро хатм намуда, дар мактаби варзиши ноҳия ба ҳайси мураббии гӯштини тарзи самбо кор кардааст. Моҳи октабри соли 2004 аз гӯштини тарзи самбо чемпиони ҷумҳурӣ ва чемпиони ҷаҳон гардидааст. Ду даъват (солҳо 2001ва 2011) вакили Маҷлиси вакилони халқи ҷамоат интихоб шудааст. Барои заҳматҳои пурсамараш соли 2001 бо ифтихорномаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

=========================================================================

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0МИРЗОЕВ Фидоалӣ, таваллудаш 2. 12. 1954, зодгоҳаш деҳаи Биникулӯтаи ноҳияи Файзобод, полковники милиса. Солҳои 1972 – 73 котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Файзобод буд. Солҳои 1973 – 75 дар қӯшунҳои муҳофизати заддиҳавоии Армияи Советӣ хизмат кардааст. Соли 1981 Университети давлатии Тоҷикистон, соли 1985 курсҳои олии Институти тафтишотии ш. Волгоград ва соли 1988 Институти такмилии ихтисоси кормандони соҳаи тафтишоти Прокуратураи генералии СССР-ро дар ш. Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) хатм намудааст. Солҳои 1981 – 2004 дар мақомоти умури дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои муфаттиш, сармуфаттиш ва сардори бахши тафтишотии Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Файзобод кор кардааст. Соли 2004 ба истеъфо баромад. Аз соли 2005 то имрӯз узви мушовараи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

=======================================================================

МУҲАММАД ЮСУФ, таваллудаш 15. 4. 1943, зодгоҳаш деҳаи Қашқараҳаи ноҳияи Файзобод, %d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0шоир, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1963 Омӯзишгоҳи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ва соли 1970 факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1960 – 81 ходими калони илмии Маркази эҷодиёти халқ ва корҳои илмӣ-методии ҷумҳурӣ, 1981 – 93 директори Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, 1993 – 97 сармутахассиси Маркази эҷодиёти халқ ва корҳои илмӣ- методӣ, 1997 – 2005 мудири шӯъбаи Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ҳоло муҳаррири Муассисаи нащриявии «Маориф ва фарҳанг» мебошад. Ҳамчун мутахассиси соҳаи фарҳанг мақолаҳои бисёри илмӣ- методӣ ба табъ расондааст. Шеърҳояш аз соли 1970 чоп мешаванд. Маҷмӯаҳои ашъораш бо номи «Шӯъла» ва «Ганҷи ҷовид» (2003), «Шоми исёнӣ» (2009) чоп шудаанд. Ҳамчунин мураттиби маҷмӯаҳои дастаҷамъии «Риштаборон» (1984), «Вохӯрӣ» (1992), «Дурахши ҳунар» (2005), «Наврӯзи Роғун» (2010), «Бахтофрин» (2011), «Гулбонги истиқлол» (2011) ва ғайраҳо мебошад. Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

=========================================================================

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0МӯМИНОВ Ҷӯрабег, таваллудаш 2. 02. 1947, зодгоҳаш деҳаи Ҷойникудии (ҳозира Чилчашма) ноҳияи Файзобод, рӯзноманигор, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон (1996), узви конфедератсияи байналмилалии рӯзноманигорон. Соли 1969 Университети давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Солҳои 1966 – 69 дар маҷаллаи «Коммунисти Тоҷикистон» кор кардааст. Аз соли 1969 инҷониб дар нашрияҳои ноҳиявӣ фаъолият дорад. ӯ муаллифи китоби «Файзобод-таърихи қадим ва имрӯзаи он» мебошад, ки ба 70-солагии таъсисёбии ноҳияи Файзобод бахшида шудааст. Китоби дигараш «Таронабазм» соли 2011 ба табъ расид, ки беҳтарин дубайтиҳо, рубоиҳо, ғазалҳо, бадеҳаву тарона ва анвои дигари осори назмии ӯро фаро гирифтааст. Шеъру тарона, ғазалу рубоиҳои зиёди ӯ дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ чоп шудаанд. Ҳаҷвияҳои ӯ мухлисони зиёд дошта, дар асоси онҳо дар ноҳия театр-студияи «Шаҳрошӯб» таъсис ёфтааст. 21 сол сармуҳарири рӯзномаи «Набзи Файзобод» буд. Айни замон нафақагир буда, фаъолияти кориашро ба ҳайси рӯзноманигор дар рӯзномаи «Набзи Файзобод» давом дода истодааст.

=========================================================================

НАСРИДДИНОВ Мирзомуддин Шамсуддинович, тавллудаш 10. 01. 1971, зодгоҳаш деҳаи %d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0Бунгакиёни ноҳияи Файзобод, омӯзгор, номзади илмҳои иқтисодӣ (2008). Соли 1993 факултети мехуникаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси математикаи амалӣ хатм кардааст. Солҳои 1993 – 94 муҳосиби шӯъбаи амалиётӣ – муҳосибавии филиали саҳомию тиҷоратии «Агропромбонк» – «Шарқ»-и ноҳияи Ҳисор, 1994 – 96 дар хизмати аскарӣ, 1996 – 97 сармуҳосиби корхонаи хурди «Рангоранг»-и ш. Роғун ва ҳамзамон омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ш. Роғун, 1997 – 2007 муҳандис – барномасози кафедраи информатика ва эконометрияи факултети соҳибкорӣ ва менеҷмент, муҳандис – барномасози Маркази таълимию ҳисоббароӣ, ёрдамчии ректор, ёрдамчии ректори Маркази компютерӣ, мудири бахши илм ва робитаҳои беруна, муовини декан оид ба илм ва тарбияи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, 2007 – 09 устоди калони кафедраи информатикаи амалии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ва директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи январ то августи соли 2009 декани факултети технологияи информатсионии Донишкадаи технологияи иноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон, аз моҳи сентябр то декабри 2009 сардори шӯъбаи илм ва иноватсияи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, аз декабри 2009 то августи 2010 сардори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон буд. Аз 1 сентябри соли 2010 вазифаи мудири кафедраи системаҳои иттилоотии Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад. Соли 2008 дар мавзӯи «Моделҳо ва методҳои оптимизатсионии идоракунии захираҳои молию моддӣ» рисолаи номзадиро ҳомоя кард. Муаллифи 19 мақолаи илмӣ, 1 монография, 1 мақолаи илмӣ-методӣ ва маводи таълимӣ-методӣ мебошад. Дар конференсия ва форуму семинарҳои байналмилалӣ иштирок ва маърӯзаҳои илмӣ кардааст.

=========================================================================

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0НИЗОМОВ Мӯҳриддин, таваллудаш 2. 02. 1973, зодгоҳаш деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод, адабиётшинос, номзади илмҳои филология. Соли 1995 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 1995 – 96 ассистенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷик, 1996 – 98 аспирант, 1998 – 2000 ҷонишини декани факултети филологияи тоҷик оид ба тарбия, баъд муаллими калон ва дотсенти кафедраи Таърихи адабиёти тоҷик буд. Соли 2002 дар мавзӯи «Масъалаҳои поэтикаи ғазалиёти Фаридаддини Аттори Нишопурӣ» рисолаи номзадиро ҳимоя кард. Аз соли 2007 вазифаи ҷонишини декани факултети филология оид ба илмро ба ӯҳда дорад. Муаллифи 2 китоб, 2 барнома ва 70 мақолаи илмӣ-оммавӣ мебошад. Мақолаҳои «Такомули вазн дар ғазалиёти Аттор» (1997), «Баъзе хусусиятҳои шаклии ғазалиёти Аттор» (2001), «Аттор ва Абусаиди Абулхайр» (2001), «Наврӯзнома»-и Умари Хайём» (2005», «Аттор ва Ҷалолуддини Балхӣ» (2007), ки дар маҷалла ва китобҳои дастаҷамъии «Адаб», «Ҷавонон ва ҷаҳони илм», «Маърифат», «Маводи конференсияи илмии Академияи корҳои дохилии Тоҷикистон» ба табъ расидаанд, доир ба хусусиятҳои эҷодии адибони гузаштаи тоҷик баҳс мекунанд. Бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Осор: Такомули вазн дар ғазалиёти Аттор, маҷаллаи «Адаб», 1997, № 7 – 9; Тазоди ақлу ишқ дар ғазалиёти Аттор, «Ҷавонон ва ҷаҳонӣ дониш», Д., 2000; «Наврӯзнома»-и мансуб ба Умари Хайём, маҷаллаи «Маърифат» 2003, № 1 – 2; Реализми ҷодуӣ дар достонҳои «Силсилатуззаҳаб» ва «Сабҳатулаброр»-и Ҷомӣ, «Паёми Донишгоҳи миллӣ», 2010, № 7 (63); Поэтикаи ғазалиёти Фаридуддин Атори Нишопурӣ, Д., 2011.

=========================================================================

НОЗИРОВ Тоҷиддин, соли таваллудаш  1950, зодгоҳаш деҳаи Дуобаи ноҳияи Файзобод. %d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0Солҳои 1968 – 73 оператори алоқаи почтаи ноҳияи Файзобод, 1973 – 78 муҳандиси узели алоқа буд. Соли 1978 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро ғоибона хатм кард. Солҳои 1978 – 79 зоотехники фермаи № 1, 1979 – 82 зоотехники ноҳия, 1982 – 87 мудири фермаи комплексии совхози «Файзобод», 1988 – 92 директори фабрикаи «Мурғи марҷон», 1992 – 99 раиси Ҳукумати ноҳияи Файзобод буд. Аз соли 2000 директори хоҷагии деҳқонии ноҳияи Файзободро ба ӯҳда дорад.  Чанд даъват депутати Совети депутатҳои халқи ҷамоати деҳот ва Совети депутатҳои халқии ноҳия интихоб шудааст. Бо ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.

==========================================================================

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0НУРУЛЛОЕВ Забҳулло Хайруллоевич, таваллудаш 14. 09. 1960, зодгоҳаш деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод, омӯзгор, номзади илмҳои иқтисодӣ. Соли 1982 факултети иқтисодии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси «Баҳисобгирии муҳосибӣ ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ» хатм намудааст. Солҳои 1982 – 83 лаборанти калони кафедраи «Баҳисобгирии муҳосибӣ ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ», 1983 – 86 ассистенти кафедраи «Ташкили истеҳсолоти кишоварзӣ»-и Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, 1986 – 90 аспиранти Академия кишоварзии ба номи К. А. Тимирязеви ш. Москва, 1990 – 94 ассистент, 1994 – 2004 муаллими калони кафедераи «Баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит»-и Донишгоҳои аграрии Тоҷикистон буд. Аз моҳи ноябри соли 2004 ба ҳайси дотсенти ҳамин кафедра фаъолият дорад. Соли 2004 дар мавзӯи «Таъминоти сармоягузории рушди корхонаҳои пахта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи номзади илмро ҳимоя кардааст.

==========================================================================

ОЙМАҲМАДОВ Гул Нурмаҳмадович, таваллудаш соли 1951, зодгоҳаш деҳаи Дашти Марзои %d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0ноҳияи Файзобод, номзади илмҳои хоҷагии қишлоқ. Соли 1978 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияти кориашро ба ҳайси мудири лабораторияи ҳамин институт оғоз намудааст. Баъд аспирантураро хатм намуда, рисолаи номзади илмро ҳимоя кард. Сипас муовини ректори институт оид ба корҳои хоҷагӣ, солҳои 2000 – 05 ҷонишини якуми раиси Комитети геодезияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2006 – 07 мушовири Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

==========================================================================

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0РАҶАБОВ Сироҷиддин Икромович, таваллудаш 8. 03. 1980, зодгоҳаш деҳаи Яккабеди ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод, номзади илмҳои химия, дотсент. Соли 2003 факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси химик-муҳандис хатм кардааст. Солҳои 2003 – 04 ассистенти калони кафедраи Пайвастҳои калонмолекула ва технологияи химиявӣ, 2004 – 07 аспиранти ҳамин кафедра, 2007 – 08 ассистенти кафедраи Пайвастҳои калонмолекула ва технологияи химия, 2008 – 10 ҷонишини декани факултети химияи ДМТ буд. Аз соли 2010 ба ҳайси мудири кафедраи пайвастҳои калонмолекула ва технологияи химияи ДМТ фаъолият дорад. Муаллиф ва ҳаммуаллифи зиёда аз 30 таълифоти илмӣ, аз ҷумла 14 мақола, ва 16 фишурда. Мақолаҳояш бо забонҳои русӣ ва англисӣ дар кишварҳои мухталиф ба табъ расидаанд.

=======================================================================

Сулаймонова Насима.jpgСУЛАЙМОНОВА Насима, таваллудаш 3. 05. 1983, зодгоҳаш деҳаи Файзободи ноҳияи Файзобод, омӯзгор. Хатмкардаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон (2006). Ҳамзамон солҳои 2004 – 06 дар кафедраи забонҳои Шарқи Дур ва Шарқи Наздики донишкада ба ҳайси лаборант кор кардааст. Солҳои 2006 – 07 методисти шӯъбаи таълим, 2007 – 09 муовини декани ҳамин донишкада буд. Соли 2010 аспирантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм кард. Муаллифи 5 мақолаи илмию методӣ. Рисолаи номзадиаш таҳти унвони «Симои Рӯдакӣ дар ашъори шуарои муосир» тасдиқ шудааст.

=======================================================================

комментариев 39

  1. Метавонам чанде аз фарзандони баруманди диёрро ба Шумо муаррифи намоям: Абдулвохид Назиров,Сафарбек Нуров, Максуд Шоев,

  2. Ассаломалейкум акаи Субхон. Икдоми бехтарин

  3. ФАЙЗИ ФАЙЗОБОДИ МАН

    Қад-қади дарёи Элок дехахои файзхез,
    Даштҳои беканораш сабзпушу дилфиреб.

    Лолазораш рамзи пирӯзии халқи ҷонфидо,
    Кӯҳҳои барфпушаш сарбаландиҳои мо.

    Боғи себу ангураш аз файзи Файзобод маст,
    Оҳӯи саҳрои сабзаш аз буи гулҳост маст.

    Марзи хокашро нигаҳбон авлиёву анбиё,
    Хоҷа Ҳотам шуд зиёратгоҳи халқи Осиё.

    Шаҳди гулҳои баҳораш дорую дармони чон,
    Лаззати ҳар мевааш бемисл дар рӯи ҷаҳон.

    Чаҳғчаҳи мурғони хушхонаш чу сози Дустмурод,
    Кабкакони шӯхи дашташ чун Нигина нағмахон.

    Мебарад дилро ба худ он чеҳраҳои чун парӣ,
    Духтарони маҳвашаш бо як нигоҳи дилбарӣ.

    Зери хоки файзхезаш таърихи Вашгирдшаҳр,
    Рӯи хокаш сохтаанд имрӯзиён бо завқ шаҳр.

    Ин ҳама зебоиҳо хоси диёри файзхез,
    Файзи Файзободи ман бошад ҷаҳонро пайзрез.

  4. Акаи Субхон, дар бораи фарзанди баруманди ин диёр Саймуддин Ашурович Дустов хеч чи нест-ку??? Акаи Саймуддин фаротар аз як нохия мебошаду шахсияти милли аст. Аммо дар Файзобод зода шудааст 🙂

  5. Акаи Субхон намешид Махмадаливу Субхонро хам дар ин сахифа чо мекардед? Ба фикрам ино бисёр сарояндагони хубанд…

  6. салом акаи Субхон оё мардуми Обигармро хам ба зодагони диёри бод рох медихи ё не?

  7. салом ба хамаи дустон, савол ба бачаи кулобие ки рафикони файзободи дорад. Барои чи тарафи нохияхои Кулоб аксарияташ файзободихора гарми мегуянд. харчанд мефахмонем ки ай файзобод то рогун- шахра гарми нестанд онхо намефахманд. банда джахонгири кумсангирии файзободи хастам. боки саломат бошед? ба фикри ман Файзободу рогуну обигарм ин харсе як мардуманд…..

  8. салом Субхон..Чи хел икдоми хуб,кош ман хам аз Файзобод мебудам..Вале Мухаррамаю Малика .. ва дигар кормандони кумитаи тв ва радио магар ба каъри дарё рафтаанд. ё аз сахифаи хотираи шумо тоза шудаанд,?

    • Саломалейк…..Ман бо кумаки чанд нафар дуст зиндагиномаи худуди 30 нафари дигарро омода карда истодаем. Насиб бошад, мегузорам дар ин сахифа.

  9. Субхон салом.Ташаккур хеле кори хуб кардаед.Кош ман хам аз Файзобод ва диёри бод мебудам.

  10. Ассалому алейкум акои Субхон!!! Ба наздики бобочонам — Шамс Гулом аз дунё чашм пушиданд. Бори дигар и сахифаро кушода, расмашро дида ва дар бораи фаъолияташ хонда шод шудам. Ташаккур ба Шумо. Чоятон чаннат шавад Бобочон!!!

  11. Салом аллайкум, Субхон! Аз дидани блоги Шумо хеле шод шудам ва ифтихор аз он дорам, ки падари ман хам зодаи Файзободи зебоманзари дехаи Кабкрез хастанд. Агар малол набошад, чунин пешниход дорам, ки дар сахифаи худ, боз дар бораи фарзандхои баруманди Файзобод — Бозор Собир, Малика Саидова, Зиёзода Таварали, Дустмурод Али каме ёдрас менамудед.

  12. Салом бахама хамдиёрон минатдорам аз Субхони Чалил барои маълумотхои чаовардааш мо бо ин номдорони диёр фахр мекунем ва хохем кард.

  13. Бобои Субхон, дар ин сахифа факат дар бораи зодагони диёри файзбор менависед ё язнахоро хам дохил мекунед? Мегуянд, ки эхтирому самимияти мардуми Файзобод нисбати язна беандоза аст, рост-ми ин гап?

    • Саломалейк….Бале рост аст! Масалан, ба кариби Шурои фарзандони Файзобод ба хулосае омадаст, ки барои хамаи «язнахо» хар руз 1 истакон шир «за вредность» тухфа кунад 🙂 Аз ин дигар икдоми самимонатар мешавад?

  14. Акаи Субхон, харчанд бо шумо хамкори дорам, аммо хамин сахифаро нав хондам. Рости ман хам яке аз зодахои Диёри бод хастам (ин ибора ба ман хеле писанд омад). Ман зиёд мехостам, ки дар ин сахифа бошам, аммо як принсипе, ки дар зиндаги дорам, ба ин ичоза намедихад. Яъне ман ягон маротиба ба ягон кас ичоза намедихам ки дар бораи махалли ман пурсад ва ман хам аз касе намепурсам, чунки хама аз як Ватанем. Шояд бо мурури замон худам аз Шумо хохиш кунам, ки маро хам ин чо чой кунед )))
    Ба хар хол сипос ба Шумо!
    МН

    • Саломалейк….Ин сахифа барои он нест, ки мо худро аз дигарон, ки як чо бо мо чузъи ин ВАТАНанд, чудо кунем, балки, ман мехохам бо ин рох барои хама хамдехаву хамшахрхоям, ки барои ободи ва пешрафти ин ВАТАНи махбуб хамаруза талошу кушиш мекунанд,, СИПОС баён кунам! Ба Шумо хам! Ман хеле мехохам, ки акси шумо хам ин сахифаро зеб бидихад! Саломат бошед!!!

  15. Добрый день Субхон! Очень интересная страничка! А увидеть достойнейших личностей Файзабада было приятнее в двойне!!! Всех благ и удачи Вам!))

  16. САЛОМ АКАИ СУБХОН

  17. Субхон, ин гушаатон барои онхое ки мехоханд бо фарзандони баруманди Файзобод ошно шаванд. хеле ва хеле муфид аст. Сайрам вокеан хам, меарзад, ки дар катори аввалинхо дар ин сахифа чой гирифта бошад. Ба андешаи ман имруз дар телевизиони мо аз бонухо сохибистеъдодтаринаш хамун аст. Шахсан ман мухлиси у. Метавонед ин ихлоси маро ба у расонед.

  18. Мебахшед, ин ба фикрам блоги Субхон Чалилов аст. Барои бо алфавит ва дигар зодагони ифтихории Файзободро чо додан ягон фарзанди бекортари Диёри Бод машгул шавад.
    Ба хар хол акаи Субхон хамту ному насаби зодагони ифтихории Файзободро хамту «список»-барин нвишта монед. Вагарна хамватанонамон Шуморо аз маслихату айбчуи гурезон мекунанд)))))))

  19. Салом алейкум Акаи Субхон.
    Бисёр сахифаи хуб дар сомонаатон чой кардаед. Фикр мекунам шахсони обруманди ин диёр зиёданд.
    Акаи Субхон мана дар сахифаатон чой накарден ку…… ))))

    • Салом…Ба ёдатон бошад, ман хамин чиро ба Шумо пешниход карда будам, аммо Шумо ё хоксори кардед ва ё ….назаратон нагирифт 🙂

  20. Parviz bachai khusrucha budai!

  21. Салом ровии дустдошта Субхони Чалил! Шуморо ба кушодани ин сахифаи нав муборак мегуям. Ба фикрам кори некеро анчом дода истодаед.
    Вакте ки «Коментария»-хои мухлисонро хондам, маколи «Аз ки нолем?, аз мост, ки бар мост!» ба хотирам расид. Модом, ки ин тавр бошад, пас хочати аз Галустяну «Наша Раша» нолидан нест.
    «Рахмати зиёд», бародар «Ватандор»! Барои «бахо»-и додаатон ба ин бародарон. Чи хеле, ки Субхон гуфтанд ва дар эфир хам борхо такрор мекунанд, Маскавро дар як руз насохтаанд-ку, дигар ин ки ба фикрам назари Шуморо хамчун ВАТАНДОР ба баъзе хамватаноне, ки дар чодахои гуногун хануз навкадаму навкаламу навкоранд, ба фикрам таъсири хуб надорад. Шумо ё наттоки хубед ё нисбати дигар хамватанон «НАЗАРИ ХУБ» ё ин ки «ЧАХОНБИНИИ ВАСЕЪ» доред. Шахсан ин навиштахои Шумо ба ман хамчун як мухлис мисли боруте, ки муаллифи сахифа зикр намудааст, мерасад.

  22. Дорогой Субхон!

    Честно говоря, в общем, мне ваш сайт понравился, кроме именно вот этой рубрикию. Ну невозможно это !!! не думал, что вы докатитесь до такого низкого уровня. Извините меня, писать про какого-то ассистента из Налогового института — это невыносимо!!!! а я тут хотел увидеть действительно достойных сынов Файзабада, как например Бозор, а не этих чуваков, людей похожих на них везде полно вокруг ! отбирайте истинно достойных, и не только с Вашгирда.

    • Саломалейк….Барои ибрози назар ташаккур! Бояд бигуям, ки Маскавро хам дар як руз насохтаанд ва ман хам кам -кам маводро барои ин сахифа чамъ карда истодаам. Насиб бошад, акс ва расми бехтарин фарзандони диёри бодро ба наздики дар ин сахифа чо мекунам. Онхое, ки аввалтар аз хама рози шуданд ва зиндагиномаи худро фиристонданду ман дар ин сахифа чо кардам гунох надоранд-ку ?!
      Ба кариби-хамон вакте ки ман ичозати онхоро гирифтам, дар ин сахифа зиндагинома ва акси Бозор, Малика, Мухаррама, Нигина Рауфова, Ч. Каримзода, Киёмиддин Чакалов, Саъди Шариф, генералхо Хабибулло Юсуфов ва Мерочиддин Хакимов….ва боз садхо фарзандони баруманду арзандаи диёри бод пайдо мешавад! Иншооллох!!!

    • Ватандор, если Субхон этих людей разместил в своем блоге это уже что-то значить. Бозор Собир или Чакалов когда-то тоже были «чуваками», но такие же люди как Чалилов их «раскрутили». Доживем увидем.
      Уважаю таких людей как Чалилова которые уважают свою семью, предков, земляков… и ими дорожат.

      • «Бузургонро Бузургон зинда медоранд!» Дар ин радиф ба Шумо бародар Фаридун ташаккури зиёд барои фикрхои чолибатон.

  23. Саломалейк… Ин хам фикри хуб аст, аммо…ман мехостам, ки хамин гуна расму холномаи хар нафареро, ки пайдо кардам, инчо гузорам. Хаёл мекунам, ки касе аз зодагони диёри бод бо ман чанг намекунад, ки «чаро сурати маро поёнтар аз касе гузошти, ки дар макому вазифа аз ман поёнтар аст… » Вале боз як чизи дигар: биёед, хамон колабхоро як бор шиканем ку чи холат ба миён меояд. Чи гуфтед? 🙂

  24. Лекин Субхон бародар малол нашавед ки хамаи инхо хам шояд хизмат кардаанд аммо мисли шумо нафари ПАТРИОТро дар миёни инхо надидаам!!!

    • Саломалейк….:) Акнун бояд гуям, ки он диёрро хама обу боду хоку сангу чубаш «патриотофар» аст….Ман хама чиро аз онхо омухтаам , харчанд ки аксарияти онхоро аз наздик надидаам 🙂

  25. Дар таърихи Наршахи хам ин диёр тахминан ба ин маъно, ки: «..хамчун мавзее миёни куххо чойгир аст ва дарёе аз он чо мегузараду хамеша боди фораме мевазад, » васф шудааст. Хтто аз иклими мувофики он барои баъзе намуди зироатхо накл шудааст.

  26. Дар «Шохнома» ду маротиб аз Вашгирд ёд мешавад. чое мисраъи аввал бо «…Висагирд » тамом мешавад ва дар радифу кофияи хамин ном мисраъи дуюм бо «..лашкар гирд» анччом меёбад. шукли дурусти байт хотирам нест, аммо маънои зи Сугду омуву Висагирд лашкар гирд овардани кадом як шохро Фирдавси тасвир кардааст. (хато накунам достони Хокони Чин)
    чои дигар дар мавриди забони форси Фирдавси ба чанд мавзеъ ишора кардааст, ки он чо форсигуён буданд. Радифи чанд шахр Вашгирд хам хаст. (Дориюш дар як матлабаш ин порчахоро навишта буд. «Нигох» дар посух ба проф. И. Усмонов)

    • агар хато накунам ин Шохи одил Фаридуншох бошад. Чун Фаридун зодаи Вашгирд буда, ва Логои Ливояш калаи Гов будааст. Каламрави Вашгирд то заминхои имрузаи Кулоби бостонирониз дар бар мегирифтааст. Аз инчост, ки байни Кулобу Файзобод шабохату монанди бисёре мавчуданд. Дар ин ду нохияи Точикистон фархангу суханрониву маданияту оиладориву номхои хосаву чинси яканд.
      Шояд хамин бошад ки дустони наздики мани кулоби файзободихо бошанд)))))))))

  27. Салом акаи Субхон. Бо таъсиси ин бахш, фикр мекунам, кори неке анчом медихед.
    «Диёри бод» агар ишорат ба Файзобод хаст, пас чои шакку шубхае надорад. Ба тасвиру ба ташбеху ба тамлех хам ин ном мувофик аст. Аммо номи бостонии ин мавзеъ Вашгирд (Вишгард, Висгард) будааст, ки аз калимаи авастоии «Виса»-ошик ва «гарда»-шахр бармеояд. Яъне шахри ошикон. (Вокеан хамон «город»-и руси вожаи авастои аст). Ба таъбири дигар дар забони пешониёни мо низ гарда маънои шахр дошт. Хатто Вашгирдро Сиёвашгирд хам гуянд. Ин ишорат ба шахре аст, ки Сиёваши достони онро сохта будааст. Дар «Шохнома» хам аз ин кисса ёд шудааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: