«Журналистика – ин касб барои мардуми боистеъдод аст!»…

Ин мусохиба чанд муддат кабл дар мачаллаи «Садокат» нашр шуда буд.

Вобаста ба хаёти шахсиатон чизе гуед?

        -Ман дар Файзобод таваллуд шудаам. Хатмкардаи Донишгохи Миллии Точикистон. (Ихтисоси «мухандиси сохаи Радиофизика ва электроника») То соли 2002 дар Радиои Точикистон, дар идораи Чавонон ва наврасон ба хайси коромуз, мухаррир, чонишини сармухаррир ва и.в. Сармухаррир фаъолият кардам. Аз соли 2003 дар Радиои «Ватан» кор мекунам. Холо вазифаи Директори барномахои хамин радиоро ба душ дорам. Оиладор буда, ду писарчаи нозанин дорам — Аличон ва Эхсон. Continue reading

Одоби сухбат бо телефон

  Телефонхои мобили чунон зиёд шудаанд, ки онро  хама чо дар дасти хурду калон мебинем ва хар кас хар гунае, ки хохад аз он истифода мекунад. Яъне, чи хеле ки хохад сухбат мекунад – хохад баланд гап мезанад, хохад мусикии телефонашро (ба он нигох накарда, ки ба касе халал мерасонад ё не), баланд монда гуш мекунад… хулоса, хар гуна ки ба у писанд аст. Ин холатро на факат дар куча, балки дохили автобусу дигар воситахои наклиёт низ дидан мумкин аст. Ва фикр мекунам, ки кариб хама ин чизро медонанд ва хочат барои шарху эзохи он нест. Шояд сабаби хамаи ин надонистани одоби сухбат бо телефон бошад? Намедонам!

Continue reading

19 марти соли 2011

  Борхо мешунавам, ки мардум аз дигаршавии харакату хислати дустонашон шиква ва шикоят мекунанд. Ин ачиб аст: магар калонсолу бузургу ботачрибаву чахондида шуда, дигар нашудан мумкин аст? Яъне ки дигар шудан ногузир аст! Мухим – ба кадом самт ва зери таъсири кадом хаводис дигар шудан аст. Ба ки (ва чи гуна нафар) табдил ёфтани   инсонхо хам гумонам аз хамон чи вобаста аст.

Имруз дар мавриди бадаргаи сиёси, домоди нафарони «калон»  будан, гимнастика барои «баъзехо» ва фарзандони боги падару доги падар навиштам. Continue reading

21 феврали соли 2011

     Дируз хамсарам дар мавриди ким – кадом зане гуфт, ки бо у дар дармонгохи дахонпизишкии кудакона сухбат кардааст. Он зан ба хамсари ман гуфтааст, ки «мо барои тахсили ду кудакамон, ки яке 5 солаву дигаре чанд сол аз у калонтар аст, солона 22,5 хазор доллар пардохт мекунем…»

У бовар кардааст…(Шояд рост бошад, аммо ман бовар накардам!) Мегуфт, ки «вазифаи баланд ва пули бисёр доштан хуб аст, мошинаи киммати чомашуи мехари, хавли мехари, чанд хона мехариву ба ичора медихи, либосу пушоку зиёд мехари». Баъди он, ки орзухояшро шунидам, гуфтам, ки «бо ин орзу ва ниятхое, ки ту дори, хаёлам вакти мансабдор буданам хам ман аз порагири мемирам, ки баъд барои хамаи он пул расад!!!»

Ин навбат дар мавриди сарояндахои «депутатзеб», киссаи момаи Иззатмо, радиохо барои ба ёд овардани замони гузашта, «чаррохии плостики» дар телевизионхо, сохтмон ва пешпардохт, манъкуниву   ичозатдихихо, гуногунрангии зоологи ва рузи Забони Модари навиштам. Continue reading

Интихоби ман (ТВ «Бахористон»)

       Ин сухбат чанд руз пештар аз тарики Телевизиони «Бахористон» пахш шуда буд. Дар доираи як лоихаи телевизионие бо номи «Интихоби ман» наврасони мактаби кариб,  ки дар тамоми мавзуъхо савол доданд. Дар поён шакли кутохшудаи ин сухбатро меорам. Continue reading

29 августи соли 2010

   Агар амиктар назар бикунем  рузхо хамаги новобаста аз боду борон ва гарду чангашон хубанд. Вокеан хам агар дар табиат хама чи хамин гуна мисли хаво тагир наёбад, хаёлам ки мардум бемору бехол мегарданд ва …мемиранд! Имруз дар мавриди писари аммаи бародарзодаи амаки угайи бобои як овозхони точик, риш, либоси аврупои ва Вазорати маъориф, аввалин Радио дар Канада, бомбаи атоми ва тахсилоти гоибона навиштаам…

Continue reading

Робитаи рух бо хат!

       Имзо ва ё соядаст хам таърихи тулони дорад ва холо бе он хеле душвор ва хатто хандаовар аст. Хануз чанд аср кабл хунармандони чопони дар хамон махсулоти сохтаашон имзо ё мухри худро мегузоштаанд, ки он хамон махсулотро бозоргир ва серхаридор мекардааст. Яъне мардум аз хамон тамга пай мебурдаанд, ки ин махсулот дасти омода шудааст ва новобаста ба киммати гаронаш онро харидори мекардааанд.  Холо хам мегуянд, ки чопонихо мухрхои ороишёфтае доштаанд, ки  аксар вакт дар бастаи калидхояшон бо худ гирифта мегарданд. Графология-илмест, ки робитаи бевоситаи хусни хати инсонро ба хислату хулку атвораш меомузад. Аз имзо хам мутахасисон баъзе чизхои ба сохиби он вобастаро фахмида метавонистаанд. Хануз император Нейрон дар бораи касе гуфта буд, ки  «ман аз ин шахс харос дорам, зеро хусни хаташ баёнгари хиёнаткории у аст!» Continue reading

Духтари Душанбе-келини Аврупо!

      У дируз бори аввал якчо бо Зафар Абдуллоев-хамкасби мо- ба Радио омад. Дидадаро, хушсухбат ва озодандеша намуд. Уро барои фардо (яъне хамин руз!) ба эфир даъват кардем.  Зарина Точибоева ному насаби у аст. Бештар аз 15 сол аст, ки дар Аврупо зиндаги мекунад. Як замон- кабл аз чанги шахрванди ба студияи актёрии  Давлати Худоназар шомил шуда будааст. Ва хамон мехри санъату хунар баъди гардишхои зиёд уро боз овард ба Донишгохи театрии  Цюрих, Швецария. Холо у дар баробари тарчумони форси ва русси будан, мухассили соли дуюми хамин донишгох аст… Дар хамон вакте ки ваъда карда буд, омад. Ба хар сурат хаёл кардам, ки инчо таъсири хамон фарханги таъхирнописандии олмони буд, ки уро бе таъхир овард  ба  «Ватан».  Дар зер  матни кариб  дигаргун нашудаи сухбатеро меорам, ки бо у анчом додам. Он чанд акси  Заррина  аз сомонаи у ва  интихоби худаш аст.  Continue reading

Рузе, ки буи алам дорад…

    Имсол Рузи Радио ва хам солгарди мавлуди Радиои «Ватан» бо марги бехтарин овозхон -Зулфикори Азиз рост омад.  Зулфикоре, ки бо садову бо таронаву охангаш аз рузи аввали овозхон шуданаш эфири радиоро рангину барномахои онро хостани мекард, дар арафаи Рузи Радио аз олам рафт… Continue reading

Дахони пушида-сад танга?

    Чанд руз пештар президенти Венесуэла иброз дошт, ки барномаи нави бе вакту соатеро бо номи «Ногахон бо Чавес»  барои шунавандахои Радио пешниход хохад кард. Яъне, он барнома метавонад, дар дилхох вакти шаб ва руз пахш шавад. У гуфтааст, ки «харфи гуфтани ва мавзуъхо барои сухбат зиёданд».  Чанд вакт кабл ин президент дар барномаи дигараш — «Ало, президент»  бештар аз 8 соат бо мардум сухбат карда буд. Бе танаффус. Continue reading

Отслеживать

Get every new post delivered to your Inbox.

Join 4 838 other followers