Киссаи фарзанди 17-ум!

         Дар таърихи рушди илм бисёр ихтирооти бузург маъмуланд. Вале на хамаи онхоро дар як саф бо ихтирои Менделеев, кимиёдони барчастаи рус, гузоштан мумкин аст. Харчанд аз кашфи конуни даврии у солхои зиёд сипари гаштаанд, хеч кас гуфта наметавонад, ки кай маънои «чадвали машхури Менделеев» то хадди охир «хазм» мешавад. Читать далее »

Мухочирон ва мухочират!

         Ба хама маълум аст, ки мухочират кардан ба кишвархои дигар барои кор, хусусан ба Русия чанд сол аст, ки давом дорад. Сабабхо хар гуна мешаванд, вале агар хато накунам, аксари мардуми точик, хатто занхо хам  бештар ба хотири пайдо кардани чои кор ба Русия мераванд. Мутаассифона, баъзехо гирифтори фиреби корфармо мешаванду хакки кори худро ногирифта бармегарданд, баъзеи дигар бошад бо сабабхои гуногун ё саломатии худро аз даст додаанд, ё ин ки чисми бечони онхоро ба ватанашон меоранд.     

Маълумоти поёниро ман аз сахафоти гуногуни интернет чамъ овардам, ки шояд барои шумо шавковар бошад. Читать далее »

Як пора аз зиндагиномаи Пабло Пикассо!

Пабло Пикассо на танхо рассоми хуб буд, балки донандаи хуби забони бонувон хам буд. Бисёре аз бонувон худашон аввалин шуда изхори мухаббат мекарданд. Ва хангоме, хис мекарданд, ки акнун ба у лозим нестанд, ё худкуши кардаанд, ё бакияи умри худро дар девонахонахо гузаронидаанд. Читать далее »

Мусбатандеши ва натичаи он дар зиндаги!

      Хар иттифоке, ки дар зиндагии мо пеш меояд аз назари мо ё хушоянд аст ё нохушоянд. Пас хар амре метавонад боиси хушхоли ва ва хушбахтии мо ва ё боиси нокоми ва норохатии мо шавад. Мусбатандеши ба мо кумак мекунад, ки битавонем тагйироти муфиде дар рафтор, гуфтор, кору зиндагии худ эчод кунем. Читать далее »

Тафовути занон ва мардон

Тафовут байни зан ва мардро на факат дар либоспуши ё дар зохир дидан мумкин аст, балки тафовут байни зану мард дар зехн, эхсосот ва тафаккур низ дида мешавад.

Чунонки мухаккикон ва донишмандону равоншиносон андешахои худро дар хусуси тафовутхои зан ва мард аз назари идрок: идроки шунавои, кудрати бинои, эхсос ва идроки буёи, кудрати чашои, тафаккури ибтидои, тафаккури халли масъала, тафаккури файласуфона, аз лихози хуш ва гайра баён кардаанд. Читать далее »

Чаро дигаронро тахкир мекунем?

Мо точикон хазорон хусусияти хубу нек дорем, аммо дар баробари ин хусусиёти хуб гохе низ ба вижагихое бармехурем, ки чандон хушоянд нестанд. Бархе аз мо дар хона, коргох, мактаб, куча ва ё чои дигар одат дорем, ки дигаронро тахкир кунем, ба таври мисол барои дигарон ном бигзорем ё бо таъна ва киноя ба онхо неш ва захми забон бизанем… ва гайра. Читать далее »

Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!! (8)

     Мардумонат одату урфу анъанаи хубу шоистае доранд, ки тули солхо онхо хифз мекунад. Аммо наметавон гуфт, ки одату урфу анъанаи ношоистае надоранд. Мо надоштахоеро, ки бояд дошта бошем, зиёд дорем, мисли он, ки доштахоеро, ки бояд надошта бошем, кам надорем! Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!!

Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!! (7)

         Дилам хун мешавад, агар касеро дар кучахоят бо дасти суи мардум дарозшуда мебинам! Шумо хам инро мебинед? Аммо хазор дасти дигаре, ки ба киссаи мардум дароз мешавад, аз чашм пинхон мемонад. Ин дили хунро хуншортар мекунад…

Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!!

Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!! (6)

     Точикистон! Ту диёри мардуми ба сурат ва ба сират зебои! Туро аз  сад обу оташ азизу шахиду авлиёат хифз карданд!  Мардуми  худододат зиёданд! Аммо бадгу ва бадниятонат низ, ки  чун магасе хамеша руи захмхои хануз шифо наёфтаат менишинад, кам нестанд! Онхоро ободихоят, баландихоят, шукуфтанхоят, пару болат мекушад!

Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!!  

Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!! (5)

      Ман наметавонам чудо кунам, ки барои чи туро дуст медорам! Ман наметавонам гуям, ки фалон дарёатро дуст дорам ва фалонашро на, ман намегуям, ки ин канорат бехтар асту он кунчат на. Ту саросар зебои, хар кунчат чун нигини накшини як халкае гардани дунёро зеб медихад, ту монанд надори!

Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!!

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.

Join 39 other followers